МЕНЮИ АСОСИИ WINDOWS

Related Articles

ИзображениеТавре ки қайд карда шуд, дар Панели масъалаҳои Мизи кории системаи Windows тугмаи Пуск мавҷуд аст. Ҳангоми

Изображениенишондиҳандаи мушро ба болои ин тугма гузоштан, информатсияи ёрирасони Начните работу с нажатии этой кнопки (Корро аз пахш кардани ин тугма шурӯъ намоед) пайдо мешавад. Пас аз пахш кардани тугмаи чапи муш дар экран пайдарпайии нишонаҳои номдоре пайдо мешавад, ки онро Менюи асосии системаи Windows меноманд (Расми 9). Менюи асосии Windows яке аз элементҳои асоситарини идоракунии система ба ҳисоб меравад. Бо ёрии бандҳои Менюи асосӣ тамоми амалиёти ба система вобастаро иҷро намудан мумкин аст.

Дар меню пайдарпайии нишонаҳо ва бандҳои ба онҳо мувофиқ дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати  – секунҷаи тирчашакл гузошта Расми 9. Менюи асосии системаи

Windows шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин банди меню ба зербандҳо тақсим мешавад. Барои дидани рӯйхати зербандҳо нишондиҳандаи мушро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати ками вақт рӯйхати зербандҳои банди меню ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню мегӯянд.

Тартиби интихобкунии бандҳои менюи асосӣ чунин аст:

  1. нишондиҳандаи мушро ба сатри лозимии меню мегузорем;
  2. агар сатри интихобшуда фақат аз як банд иборат бошад, он гоҳ тугмаи чапи мушро як маротиба пахш карда, зуд сар медиҳем;
  3. агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, банди лозимиро интихоб менамоем ва тугмаи чапи мушро як маротиба пахш менамоем.

Панелимасъалаҳо (Панель задач – Taskbar) яке элементҳои асосии идоракунии системаи оператсионии Windows ба шумор меравад. Ин панел дар қисми поёнии Мизи корӣ ҷойгир буда, дар он элементҳои зиёди идоракунӣ ё информатсионӣ ҷой дода шудаанд. Яке аз элементҳои хеле муҳими Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Оғоз – Start) ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.

Дар Панели масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо ё программаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳои муваққатан раванди корашон қатъгардонидашуда, нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи лозимиро аз панели масъалаҳо ҷудо намоем.

Дар Панели масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат расонад. Ба ғайр аз ин тугма, дар системаи Windows, барои клавиатураро аз реҷаи русӣ ба лотинӣ ва баръакс баргардонидан, аз пахши якҷояи тугмаҳои Alt ва Shift истифода мебаранд. Агар ҳангоми пахши ин тугмаҳо реҷаи клавиатура тағйир наёбад, он гоҳ тугмаҳои Ctrl ва Shift -ро санҷидан лозим аст.

Ҳамин тариқ, аз Панели масалаҳо дидан мумкин аст, ки чӣ миқдор объектҳои система кушода шудаанд. Баъзан нусхаҳои зиёди як ҳуҷҷат кушода мешаванд, ки ин албатта ба фоидаи кор нест. Ҳангоми кушодани шумораи зиёди ҳуҷҷатҳо суръати кори компютер сусттар мешавад ва дар хотираи фаврии он фазои холии корӣ камтар мемонад. Дар ин маврид информатсияи дар Панели масъалаҳо маҳфузбуда имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои нолозим сари вақт пӯшида шаванд.

Дар Панели масъалаҳо ҳамчунин тугмаҳои индикатсионии программаҳои системавӣ ҷой дода мешаванд, ки онҳо характери информатсионӣ доранд. Масалан, индикатори вақти ҷории компютерӣ аз ҷумлаи чунин тугмаҳо ба ҳисоб меравад.

Агар барои коркарди ҳуҷҷатҳо майдони кории васеътар зарур бошад, он гоҳ Панели масъалаҳоро аз экран муваққатан бардоштан мумкин аст. Ин амалро бо ёрии командаи Менюи асосӣ ПускНастройкаПанель задач и меню «Пуск»… (ОғозТанзимкунӣПанели масъалаҳо ва менюи «Оғоз»…) амалӣ гардонидан мумкин аст. Ҳангоми иҷрои ин команда равзанаи робитавии Свойства: Панель Задач (Хосиятҳои Панели масъалаҳо) кушода мешавад. Дар ин равзана тугмаи қабатии Параметры панель задач (Параметрҳои панели масъалаҳо)-ро пахш намуда, дар квадратчаи сатри Автоматически убирать с экрана (Ба таври автоматӣ аз экран бардошта шавад) аломати байрақча –  мегузорем. Пас аз пахши тугмаи Ok Панели масъалаҳо аз экран бардошта мешавад. Агар мо хоҳем, ки Панели масъалаҳои пинҳоншударо дар экран бинем, кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба хати ҳудудии поёнии Мизи корӣ гузорем. Ҳангоми ба дигар ҷо бурдани нишондиҳандаи муш, Панели масъалаҳо аз нав аз экран ғайб мезанад. Барои аз нав дар Мизи корӣ барқарор кардани Панели масъалаҳо зарур аст, ки командаи болоиро аз нав такрор намоем ва аз квадратча аломати -ро бардорем.

Қайд намудан зарур аст, ки Панели масъалаҳо метавонад дар дигар қисмҳои ҳудудии Мизи корӣ (рост, чап, боло) низ ҷойгир шавад.

671
Нет комментариев. Ваш будет первым!