ТАРЗҲОИ БАКОРДАРОРИИ ПРОГРАММАҲО ДАР WINDOWS

Related Articles

Пайдошавии равзанаи Мизи кории системаи Windows

(Расми 2) дар экран шаҳодати он аст, ки истифодабарандаи МЭҲ аллакай ба муҳити ин системаи оператсионӣ ворид гаштааст. Пас аз воридшавӣ ба система, истифодабаранда имконият пайдо менамояд, ки ягон программаро ба кор дарорад ва бо ёрии он масъалаи муайянеро ҳал намояд. Бояд қайд кард, ки аксарияти программаҳое, ки то имрӯзҳо истифода бурда мешаванд, то пайдоиши системаи Windows сохта шудаанд ва онҳо бевосита дар муҳити ин система кор карда наметавонанд. Чунин программаҳо асосан барои муҳити системаи оператсионии MS DOS сохта шудаанд, ки онҳоро Dos-программаҳо мегӯянд. Пеш аз ба кор даровардани ин гуна программаҳо дар Windows, аввал системаи MS DOS-ро ба кор омода месозанд. Программаҳои барои системаи Windows сохташударо Windows-программаҳо мегӯянд.

Дар системаи Windows имкониятҳои фаровони ба кор даровардани программаҳо вуҷуд доранд. Интихоби ин ё он усули бакордарории программаҳо аз худи истифодабарандаи компютер вобаста аст. Программаҳоро ба воситаи менюи асосии система, нишонаи ҳуҷҷатҳои ба воситаи ин программаҳо сохташуда, ярлики программаҳо, папкаҳои Компютери ман ё Роҳбалад ва ғайра ба кор омода сохтан мумкин аст.

ИзображениеБакордарории программа бо ёрии менюи асосӣ. Дар Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Оғоз)-ро пахш карда, ба менюи асосии система ворид мешавем. Нишондиҳандаи мушро ба сатри Программы (Программаҳо) гузошта каме интизор мешавем ва аз рӯйхати пайдогардидаи

программаҳо Расми 36. Интихобкунии программаи Microsoft Word ба

программаи воситаи менюи асосӣ

лозимиро интихоб менамоем. Масалан, дар расми 36, тарзи интихобкунии программаи Microsoft Word нишон дода шудааст. Ин программа пас аз пахши тугмаи чапи муш ба кор медарояд ва равзанаи он кушода мешавад (Расми 37).

Бакордарории программа бо ёрии нишонаи ҳуҷҷат. Чунон ки пештар қайд кардем, ҳар як ҳуҷҷат бо ёрии ягон программаи амалӣ сохта мешавад. Ба ин гуна программаҳо таҳриргарҳои матнӣ, таблитсаҳои электронӣ, системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба кор даровардани чунин программаҳо, ба нишонаи ягон ҳуҷҷати ба воситаи онҳо сохташуда, бо ёрии муш ду маротиба таъсир мерасонем. Дар натиҷа, программа ба кор медарояд ва дар равзанаи он информатсияи дохили

Изображение

Расми 37. Намуди матн дар равзанаи программаи Microsoft Word ҳуҷҷат нишон дода мешавад.

Бакордарории программа бо ёрии ярлики он. Системаи Windows имконият медиҳад, ки барои ҳар як программа ва ҳуҷҷатҳои ба воситаи онҳо тартибдодашуда ярлик сохта шавад ва онҳо дар Мизи корӣ ё дохили ягон папка ҷойгир карда шаванд. Барои ба кор даровардани программа кифоя аст, ки ба воситаи муш ба ярлики он ё ярлики ҳуҷҷати ба воситаи он сохташуда, ду маротиба таъсир расонем.

Бакордарории программа бо ёрии папкаи Компютери ман. Папкаи программаи Компютери ман имконият медиҳад, ки аз дискҳо программаҳои зарурӣ кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Барои амалӣ шудани ин мақсад зарур аст, ки пеш аз ҳама худи программаи Компютери ман ба кор дароварда шавад. Дар дохили папкаи ин программа нишонаҳои дискҳои компютер ва папкаҳои системавӣ ҷойгир шудаанд. Аз байни онҳо нишонаи дискеро интихоб менамоем, ки дар он программаи зарурӣ ҷойгир аст. Бо пахши дукаратаи тугмаи чапи муш равзанаи диск кушода мешавад ва дар он нишонаҳои объектҳои дохили он нишон дода мешаванд. Аз байни нишонаҳои папкаву зерпапкаҳои диск нишонаи объектеро интихоб менамоем, ки дар он программаи даркорӣ ҷойгир шудааст. Бакордарории программа бо ёрии папкаи Роҳбалад. Таъиноти аслии программаи Роҳбалад худ аз кофтуков ва бакордарории программаҳо иборат аст. Дар баробари ин амалиёт ин программа имкониятҳои фаровони дигари кор бо объектҳои системаро соҳиб аст. Усули кори программаи Роҳбалад дар Windows бо усули кори қабати программавии Norton Commander дар MS DOS хеле шабоҳат дорад. Тарзи бакордарории программаву ҳуҷҷатҳо дар Роҳбалад аз тарзи бакордарории онҳо дар программаи Компютери ман ягон фарқе надорад.

315
Нет комментариев. Ваш будет первым!