ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «САБАД»

Related Articles

ИзображениеПрограммаи системавии Сабад (Корзина – Recycle

Bin) – объекти махсуси системаи оператсионии

Windows ба шумор рафта, барои муваққатан нигоҳ доштани объектҳои несткардашудаи система хизмат мерасонад. Барои ин программа дар Мизи кории Windows нишонаи Изображениепешбинӣ карда шудааст.

Системаи Windows чунон сохта шудааст, ки ҳангоми несткунии файлу папкаҳои нолозим, онҳо аслан аз диск пурра нест карда нашуда, балки дар қисми хотира, ки онро программаи Сабад идора мекунад, ҷойгир карда мешаванд. Объектҳои ба Сабад ҷойгиркардашуда дар оянда аз рӯи зарурат барқарор карда мешаванд ё аз диск бе бозгашт нест карда мешаванд. Агар дигархелтар карда гӯем, ҳангоми несткунии объектҳо онҳо аслан дар диск боқӣ мемонанд, вале танҳо бо ёрии программаи Сабад дастрас карда мешаванд. Агар объектҳо аз Сабад нест карда шаванд, он гоҳ онҳо аз диск низ пурра нест карда мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои объектҳои несткардашуда Windows 10% ҳаҷми диски винчестерро ҷудо менамояд. Агар ҳаҷми ҳамаи объектҳои несткардашуда аз 10% ҳаҷми винчестер зиёдтар шавад, он гоҳ система ба таври автоматӣ объектҳои пештар ба Сабад партофташударо аз диск нест менамояд.

Барои несткунии объектҳо аз имкониятҳои муш ё равзанаҳои робитавӣ истифода мебаранд. Масалан, объекти дар Мизи корӣ ҷойгирбударо бо усули кӯчониш нест намудан мумкин аст. Барои ин нишонаи объектро қайд намуда, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаи объектро ба болои нишонаи Сабад мегузорем ва тугмаи мушро сар медиҳем. Дар натиҷа, дар экран равзанаи робитавие пайдо гардида, аз мо мепурсад, ки дар ҳақиқат ҳам мо объекти қайдшударо нест карданӣ ҳастем ё не? Агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ объект ба Сабад партофта мешавад. Дар мавриди пахши тугмаи Нет (Не) бошад, амали несткунии объект иҷро намешавад.

Агар объекти нестшаванда дар равзанаи ягон папка ҷойгир шуда бошад, он гоҳ аввал онро ҷудо мекунем ва баъд тугмаи рости мушро пахш менамоем. Дар равзанаи робитавии пайдогашта сатри Удалить (Нест карда шавад)ро пахш менамоем ва ба мисли амалҳои несткунӣ дар Мизи корӣ, амалиётгузарониро давом медиҳем.

Барои барқароркунии объектҳои саҳван несткардашуда ё аз объектҳо пурра тоза кардани Сабад, аз равзанаи программаи Сабад истифода мебаранд. Равзанаи Сабадро бо пахши дукаратаи нишонаи он дар Мизи корӣ ё бо ёрии программаи Компютери ман ва ё программаи Роҳбалад кушодан мумкин аст (Расми 39).

Изображение

Расми 39. Равзанаи программаи Сабад

Объектҳои барқароршавандаро дар майдони кории равзанаи Сабад ҷудо карда, баъд командаи менюи он ФайлВостановить (ФайлБарқарор карда шавад)-ро истифода бурдан лозим аст. Барои аз диск нест кардани объектҳои алоҳида, аввал онҳоро ҷудо ва баъд командаи ФайлУдалить (ФайлНест карда шавад)-ро амалӣ гардонидан лозим аст. Командаи ФайлОчистить корзину (ФайлСабад тоза карда шавад) бошад, ҳамаи объектҳои дар Сабад маҳфузбударо аз диск пурра нест менамояд, ки онҳо дигар имконияти барқароршавӣ надоранд.

ЭЗОҲ:

  • Ҳангоми ба Сабад партофтани объектҳо хеле эҳтиёткор будан зарур аст, то ки объектҳои истифодабарандагони дигари компютерро нест нанамоед.
  • На ҳама вақт объектҳои несткардашударо имконияти барқароркунӣ вуҷуд дорад.
  • Набояд фаромӯш кард, ки дар қатори объектҳои несткардашаванда, метавонанд программаҳои системавии Windows низ ҷой дошта бошанд. Несткунии ин программаҳо бошад, метавонад системаи компютериро аз кор барорад!
316
Нет комментариев. Ваш будет первым!