ШУМОРА дар забони англисӣ. Шумораҳои миқдорӣ
Шумора миқдор ва тартиби чизеро ифода менамояд Онро дар забони англисӣ “Numeral” меноманд. Шумораҳо ду хел мешаванд шумораҳои миқдорӣ ва шумораҳои тартибӣ. Ҳоло мо шумораҳои миқдориро шарҳ медиҳем. Шумораи миқдориро дар забони англисӣ “Numeral Cardinal” ва ё “Cardinal number” мемоманд. Аввал шумораҳои миқдориро аз як то дувоздаҳ дида мебароем:
як — оnе[ван]
ду -two[тy:]
се — three [сри:]
чор — for[фо:]
панҷ — five [файв]
шаш- six [сикс]
ҳафт-seven [севн]
ҳашт-eight [эйт]
нуҳ — nine [найн]
даҳ -ten [тен]
ёздаҳ — eleven [илевн]
дувоздаҳ – twelve [твелв]
Шумораҳои миқдории аз сездаҳ то нуздаҳ дар охирашон суффикси “teen” мегиранд:
сездаҳ-thirteen [сути: н]
чордаҳ-fourteen [фо: ти: н]
понздаҳ-fifteen [фифти: н]
шонздаҳ — sixteen [сиксти: н]
ҳабдаҳ — seventeen [севнти: н]
ҳаждаҳ-eighteen [эйти: н]
нуздаҳ- nineteen [найнти: н]
Дар охири шумораҳои даҳӣ суффикси “ty” ҳамроҳ карда мешавад:
бист — twenty [твенти]
си — thirty [сути:]
чил — forty [фо: ти]
панҷоҳ — fifty [фифти]
шаст — sixty [сиксти]
ҳафтод- seventy [севнти]
ҳаштод — eighty [эйти]
навад- ninety [найнти]
Барои ҳосил кардани шумораи миқдории аз бисту як то наваду нуҳ мо аз воҳидҳо, яъне рақамҳои аз як то нуҳ ва шумораи даҳӣ истифода мебарем. Масалан, барои ҳосил кардани рақами бисту як мо аз шумораи даҳии “twenty” ва рақами “one” истифода мекунем. Якчанд мисол:
21 — twenty one
29 — twenty nine
42 — forty two
37 -thirty seven
66 — sixty six
98 — ninety eight
54 — fifty four
73 — seventy three
81 — eighty one
99 — ninety nine
Чӣ тавре ки аз мисолҳои болоӣ дида истодаед, дар сохтани шумораҳои мураккаб байни даҳиҳо ва воҳидҳо тирча гузошта мешавад. Рақами сад “one hundred” мебошад. Ҳангоми сохтани шумораҳои аз сад то ҳазор байни садиҳо ва даҳиҳову воҳидҳо пайвандаки “and” гузошта мешавад:
101 One hundred and one
112 One hundred and twelve
132 One hundred and thirty two
200 two hundred
248 two hundred and forty-eight
300 three hundred
320 three hundred and twenty
780 seven hundred and eighty
847 eight hundred and forty-seven
999 nine hundred and ninety- nine
Рақами ҳазор “one thousand” номида мешавад.
1000 one thoushand
1004 one thoushand and four
2515 two thoushand five hundred and fifteen
3000 three thousand
4796 four thousand seven hundred and ninety-six
8918 eight thousand nine hundred and eighteen
9999 nine thousand nine hundred and ninety-nine
200 000 two hundred thousand
1 000 000 one million
Инак, мо шумораҳои миқдориро аз як то як миллион аз назар гузаронидем. Истифодаи шумораҳои тартибиро инҷо метавонед мутолиа намоед.