Феълҳои модалӣ дар забони англисӣ

Дар матлабҳои гузашта мо сиғаи амрии феълҳои забони англисиро аз назар гузаронидем. Дар ин дарс бошад, феълҳои модалиро шарҳ медиҳем. Аввал нигоҳе ба феълҳои модалии забони модариамон меафканем, то ки фаҳмиши феълҳои модалии забони англисӣ осон гардад. Феълҳои модалӣ гуфта, он феълҳоеро меноманд, ки дар алоҳидагӣ қобилияти иҷро намудани вазифаҳои феълро надоранд. Феълҳои модалӣ он вақт вазифаеро иҷро карда метавонанд, ки дар паҳлуяшон феълҳои асосӣ низ истода бошанд. Ба ибораи дигар феълҳои модалӣ дар алоҳидагӣ маънои пурра ва мафҳуми дурустеро ифода карда наметавонанд. Дар забони тоҷикӣ яке аз феълҳои модалӣ феъли “тавонистан” мебошад. Ба ҷумлаҳои зерин назар афканед:

Ман расм кашида метавонам.

Рашид давида метавонад.

Онҳо шумурда наметавонанд.

Чӣ хеле ки аз мисолҳои боло аён аст, феъли модалии “тавонистан” пас аз феълҳои асосии “расм кашидан”, “давидан”, “шумурдан”, ки дар шакли сифати феъли қаpop доранд, омадааст ва танҳо дар якчоягӣ бо онҳо аз иҷроиши амале хабар дода истодааст. Ин ҷо шумо каме бошад ҳам, дар бораи феълҳои модалӣ маълумот пайдо намудед. Акнун онҳоро дар забони англисӣ дида мебароем.

Дар забони англисӣ феълҳои модалиро “Modal Verbs” ном мебаранд. Ҳамчунин хотирнишон месозем, ки ҳар як феъли модалии забони англиси ибораҳои муродифи худ, яъне ибораҳои ҳаммаънои худро доро мебошанд. Ибораҳои муродифи феълҳои модалӣ бо худи феълҳои модалӣ ҳаммаъно буда, дар вақтҳои лозимӣ метавонанд, ки феълҳои модалиро иваз намоянд.

Ҳоло ҳар як феъли модалии забони англисӣ ва ибораҳои муродифи онҳоро ба таври алоҳида аз назар мегузаронем.

Феъли модалии “саn”

Феъли модалии “may”

Феъли модалии “must”

890
Нет комментариев. Ваш будет первым!