ПЕШОЯНДҲОИ in, at, in front of, behind

Феъли «to be» инчунин аз макони ҷойгиршавии инсон, ҳайвонот ва ашё хабар медиҳад. Пеш аз овардани мисолҳои лозимӣ якчанд пешоянди маконро шарҳ медиҳем.


Пешоянди «in»

Пешоянди in ба тоҷикӣ «дар», «дар даруни», «дар дохили» тарҷума мешавад.

In the room — дар хона,

in the street — дар куча,

in the box — дар даруни куттӣ.


Пешоянди «at»

Пешоянди “at” ба тоҷикӣ “дар”, “дар назди” тарҷума мешавад. Шумо каме болотар мушоҳида кардед, ки пешоянди “in” ҳам “дар” тарҷума мешавад. Пас дар кадом маврид пешоянди “in” ва дар кадом лаҳза пешоянди “at” истифода карда мешавад? Пешоянди “аt” ҳамон вақт маънии “дар”-ро ифода мекунад, ки ашхос дар маконе бо мақсади муайяну мушаххас қapop дошта бошанд. Ҳоло се мисол бо пешоянди “in” ва се мисол бо пешоянди “at” оварда, фарқияти пешояндҳои мазкурро аён месозем:

1. The boys are in the street. — Бачаҳо дар кӯча мебошанд.

2. Akram is in the room. — Акрам дар хона аст.

3. The girls are in the garden! — Духтарон дар боғ мебошанд.


1. The students are at the institute. — Донишҷӯён дар донишкада мебошанд.

2. The teacher is at the lesson. — Омӯзгор дар дарс мебошад.

3. The workers are at the plant. — Коргарон дар корхона (фабрика) мебошанд.


Дар се мисоли аввал бо кадом мақсад дар кӯча, хона ва боғ будани ашхос аниқ нест. Лекин дар се мисоли охир, ки аз пешоянди “at” истифода шудааст, ба мо хуб равшан аст, ки донишҷӯён бо мақсади хондан дар донишкада, омӯзгор бо мақсади таълим додан дар дарс ва коргарон бо мақсади кор кардан дар корхона карор доранд.

Пешоянди “at” он вақт бо маънои “дар назди” меояд, ки сухан аз хусуси ашё равад:

at the window — дар назди тиреза.

at the blackboard — дар назди тахтаи синф.


Пешоянди “in front of”

Ин пешоянд “дар пеши”, “дар рӯ ба рӯи” тарҷума мешавад:

in front of the shop – дар пеши мағоза,

in front of the university — дар рӯ ба рӯи донишгоҳ.


Пешоянди “behind” [биҳайнд]

Ин пешоянд “дар паси”, “дар пушти”, “дар қафои” тарҷума мешавад:

behind the door — дар паси дар,

behind the wall — дар паси девор.


Акнун тасрифи феъли “to be” — ро бо истифодаи пешояндҳои зикршуда ба воситаи ҷумлаҳои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволӣ аз назар мегузаронем:

Ҷумлаҳои тасдиқӣ

She is in the street.

Ashraf is in front of the door.

I am behind the door.

They are at the university.


Ҷумлаҳои инкорӣ

Sobir isn’t in the room.

We aren’t behind the wall.

Olim and Said aren’t in front of the shop.


Ҷумлаҳои саволӣ

Is Karim in the street? Yes, he is.

Are they behind the wall? No, they aren’t.

Am I in the bedroom? No, you aren’t.


Саволҳои махсус

Ҳоло саволҳои махсусро бо воситаи калимаи саволии “where” [вэя] месозем. Калимаи “where” ба тоҷикӣ “дар куҷо?”, “ба куҷо?” тарҷума мешавад. Мо дар мисолҳои зерин калимаи “where” — ро бо маънои “дар куҷо?” истифода хоҳем кард.

Where am I? — You are behind the tree.

Where is she? — She is in the street.

Where is Madina? — She is in front of the shop.

Where are Murod and Rustam? — They are at the institute.


Хотиррасон мекунем, ки ҳангоми дар таркиби ибораю ҷумлаҳо истифода кардани пешояндҳо пас аз онҳо артикли муайянии “the” истифода карда мешавад.

431
Нет комментариев. Ваш будет первым!