Шумораҳои тартибӣ — Ordinal number

Шумораи тартибиро дар забони англисӣ “Numeral Ordi­nal” ва ё “Ordinal number” меноманд Аввал назаре ба шумораҳои тартибии забони модарии хеш меафканем. Шумораҳои тартибии забони модарии мо вақте ба даст меоянд, ки агар дар охири шумораҳои миқдорӣ суффиксҳои “ум” ва “юм” ҳамроҳ кунем:

Якум, сеюм, чорум, бисту дуюм.

Шумораҳои тартибии забони англисӣ низ бо қоидаҳои ба худ хос сохта мешаванд. Се шумораи тартибии аввал, яъне якум, дуюм, сеюм ба шумораҳои миқдории як, ду, се тамоман монандӣ надоранд.

Муқоиса кунед:

one — якfirst — якум
two — дуsecond — дуюм
three — сеthird- сеюм

Барои ба даст овардани шумораҳои тартибии боқимонда бошад, як қоидаи муайян риоя карда мешавад, ё худ барои ҳосил кардани шумораҳои тартибии боқимонда дар охири шумораҳои миқдори бандаки “th” ҳамроҳ мешавад.

Шумора дар забони англисӣ. Шумораи миқдорӣ — инҷо хонед

Масалан, барои ҳосил кардани шумораи тартибии чорум охири шумораи “чор” — “four” бандаки “th” часпонида, шумораи тартибии “fourth” -ро ба даст меорем:

чорум — fourth

панҷум — fifth

шашум — sixth

ҳафтум — seventh

ҳаштум — eighth

нуҳум — nineth

даҳум — tenth

ёздаҳум — eleventh

дувоздаҳум — twelfth

сездаҳум — thirteenth

чордаҳум — fourteenth

понздаҳум — fifteenth

шонздаҳум — sixteenth

ҳабдаҳум — seventeenth

ҳаждаҳум — eighteenth

нуздаҳум — nineteenth

бистум – twentieth

сиюм -thirtieth

чилум — fortieth

бисту якум -twenty-first

сию дуюм — thirty-second

панҷоҳу шашум — fifty-sixth


Дар мисолҳои боло ҳангоми ҳамроҳ кардани суффикси “th” дар охири шумораҳо тағйиротҳои зерини имлои ба амал омаданд. Яъне дар рақамҳои “five” ва “twelve” ҳарфи “v” ба “f” табдил ёфтааст ва садоноки “е” аз охири он ду шумора аз байн рафтааст.

Муқоиса кунед:

five — панҷfifth-панҷум
twelve -дувоздаҳtwelfth -дувоздаҳум

Дар охири шумораҳои даҳӣ бошад, пеш аз ҳамроҳ кардани суффикси “th” аввал садоноки “у” ба таркиби ҳарфҳои “ie” иваз карда мешавад:

twenty-twentieth

thirty — thirtieth

sixty- sixtieth

Хотирнишон месозем, ки ҳангоми истифодаи шумораҳои тартибӣ дар дохили ибораву ҷумлаҳо ҳамеша пеш аз шумораҳои тартибӣ артикли муайянии “the” гузошта мешавад.

Масалан:

the first street — кӯчаи якум

the tenth car — мошини даҳум

the twelfth of May — дувоздаҳуми май

the second day — рӯзи дуюм

for the first time — бори аввал, аввалин бор

484
Нет комментариев. Ваш будет первым!