The Present Indefinite Tense (замони ҳозираи номуайян)

The Present Indefinite Tense, истифодаи феълҳои асосӣ дар замони ҳозира

Дар маводҳои гузашта мо аллакай бо феълҳои забони англисӣ сарукор доштем. Лекин асосан феълҳои модалӣ ва ёридиҳанда мавриди истифодаи мо қарор гирифта буданд. Мо намудҳои зикршудаи феълро дар замони ҳозира шарҳ дода будем.

Лек то ҳоло дар бораи замони ҳозираи феъл дар забони англисӣ, намудҳои он, тарзи истифодаи он маълумоти кофӣ надодаем. Акнун аз ин дарс шурӯъ намуда, мо ҳар як замони феълро дар забони англисӣ ба таври бояду шояд аз назар мегузаронем. Чӣ тавре ки аз мавзуи дарсамон аён аст, мо ҳоло “The present indefinite tense” -po шарҳ медиҳем. Агар номи ин замони феълро аз англисӣ айнан ба тоҷикӣ тарҷума кунем “Замони ҳозираи номуайян” ҳосил мешавад. Лек “The present indefinite tense” — и забони англисӣ аз рӯи маъно ва вазифаи худ ба замони ҳозира-оянда” -и забони тоҷикӣ мувофиқат мекунад. Он вазифаеро, ки дар забони англисӣ “The present indefinite tense” иҷро менамояд, дар забони модарии мо “Замони ҳозира-оянда”-и феъл иҷро мекунад. Пас минбаъд мо “The present indefinite tense” — и забони англисиро “Замони ҳозира-оянда” ном мебарем. Барои осонии кор аввал замони зикршудаи феълро дар забони модарии хеш мухтасар шарҳ медиҳем. Замони ҳозира — оянда амали доимии ба замони ҳозира алоқамандро мефаҳмонад, ки он кори доимӣ, маъмулии инсон аст.

Диққат кунед:

  1. Ман дар донишгоҳ таҳсил мекунам.
  2. Падарам дар беморхона кор мекунад.

Чӣ хеле ки аз маънои чумлаҳои боло дарк карда истодаед, “дар донишгоҳ таҳсил кардан” ва “дар беморхона кор кардан” аз амали доимии шахсҳо хабар дода истодаанд, чун амали доимӣ он машғулиятҳои номбаршуда дар гузашта иҷро мешуданд, ҳоло ҳам иҷро шуда истодаанд ва дар оянда низ иҷро хоҳанд шуд. Бояд қайд кард, ки “Замони ҳозира-оянда” ё худ “The present indefinite tense” инчунин амалеро ифода мекунад, ки маҳз ҳозир бояд иҷро шавад. Ба ҷумлаҳои зерин назар афканед:

  1. Мо имрӯз ба деҳа меравем.
  2. Парвиз бегоҳӣ меояд.
  3. Шаҳло дар соати 5 дарсашро тамом мекунад.

Азбаски мо феълҳои модалӣ ва ёридиҳандаро шарҳ додаем, ҳоло замони ҳозира-ояндаи феълро бо истифодаи феълҳои асосӣ аз назар мегузаронем. Шумо огоҳ ҳастед, ки дар замони ҳозира феълҳои модалӣ ягон хел тағйирот қабул накарда буданд, феъли ёридиҳандаи “to be” шаклҳои “am”, “is”, “are” ва феъли ёридиҳандаи “to have” шаклҳои “have”, “has” қабул карда буданд. Пас феълҳои асосӣ дар замони ҳозира чӣ гуна истифода мешаванд? Феълҳои асосӣ гуфта, он феълҳоеро меноманд, ки дар ҷумла ба таври мустақил амал карда метавонанд. Феълҳои асосӣ худашон дар танҳоӣ метавонанд мафҳумеро ифода намоянд, маънии лозимиро доро бошанд. Биёед, як назари кутоҳе ба дарсҳои гузашта андохта, ба хотир орем, ки ҳангоми қироати матнҳо, иҷрои супоришҳо мо аллакай бо кадоме аз феълои асосӣ рубарӯ гардидаем. Ҳоло он феълҳоро дар зер бо тарҷумаашон меорем, то ки бори дигар шумо онҳоро ба хотир оваред ва аз худ намоед.

Answer — ҷавоб гуфтан,

call— чеғ задан,

соmе -омадан,

eat — хурдан,

— рафтан,

give — додан,

to be married — оиладор шудан,

play — бозӣ кардан,

read — хондан,

run — давидан,

study — таҳсил кардан,

sing — суруд хондан,

sell — фурӯхтан,

stay -истодан,

smile — хандидан,

trip — саёҳат кардан,

teach — омӯзонидан,

use — истифода кардан,

wash — шустан,


Ёдовар мешавем, ки мо матлабе бо номи “Феълҳои асосӣ, ки дар забони англисӣ зиёд истифода мешаванд” нашр намудаем, ки метавонед феълҳое, ки дар забони англисӣ зиёд истифода мегарданд бо тарҷумаи тоҷикиашон пайдо намоед ва онҳоро аз худ намоед. Феълҳои асосиро инҷо аз назар гузаронед >>ФЕЪЛҲОИ АСОСӢ

Чӣ хеле ки аз руйхати боло аён гардид, шумо аллакай қариб 70 феъли асосиро медонед. Ҳоло бошад, тарзи истифодаи феълҳои асосиро дар замони ҳозира аз назар мегузаронем. Аввал яке аз феълҳои асосиро дар замони ҳозира тасриф намуда, тарҷумаи тоҷикии онро низ меорем.

I play — ман бозӣ мекунам.

You play — Ту бозӣ мекунӣ.

Не plays — Ӯ бозӣ мекунад.

She plays — Ӯ бозӣ мекунад.

It plays — Вай бозӣ мекунад.

We play — Мо бозӣ мекунем.

You play — Шумо бозӣ мекунед.

They play — Онҳо бозӣ мекунанд.

Чӣ хеле ки аз тасрифи феъли “to play” аён гашт, дар замони ҳозира оянда феъл танҳо барои шахси сеюми танҳо (he, she, it) тағйир ёфта, ба худ бандаки “s” мегирад.

Мисолҳо:

I think about my mother. — Ман дар бораи модарам фикр мекунам.

You tell me about your family. — Ту ба ман дар бораи оилаат нақл мекунӣ.

He visits his relatives. — Ӯ хешовандонашро зиёрат мекунад.


Акнун ба ҷумлаҳои зерин назар афканед:

Laylo talks to her sister. — Лайло бо хоҳари худ сӯҳбат мекунад.

My father works at the plant. — Падари ман дар завод кор мекунад.

The cat plays with a ball. — Гурба бо туб бозӣ мекунад.


Дар се ҷумлаи боло низ феълҳо бандаки “s” қабул кардаанд, зеро Лайло, падари ман, гурба низ аз номи шахси сеюми танҳо баромад карда истодаанд. Агар ба тарзи дигар маънидод кунем, вақте ки феълҳои тоҷикӣ бандаки “ад” қабул мекунанд, феълҳои англисӣ бандаки “s” қабул мекунанд.

Муқоиса кунед:

runs — медавад.

sits — мешинад.

drinks — менушад.

722
Нет комментариев. Ваш будет первым!