Усули муайян намудани арзиши гумруки тибқи нархи муомилоти моли хамчинс

Дар Тоҷикистон ҳангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс ҳамчун асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол бо риояи шартҳои дар ҳамин модда нишондодашуда нархи муомилоти моле истифода мешавад, ки бо моли воридшаванда ҳамҷинс мебошад.

Молҳои ҳамҷинс моли ба ҳам шабеҳ нест, вале хусусиятҳои ба ҳам монанд дошта, аз унсурҳои ба ҳам монанд иборат аст, ки ба онҳо имконият медиҳад ба мисли моли арзишаш муайяншаванда вазифаҳои якхеларо иҷро намояд ва дар доду гирифт якдигарро иваз карда тавонад.

ҳангоми муайян намудани ҳамҷинсии мол хусусиятҳои зерини он ба инобат гирифта мешаванд:

1) сифат ва нишони молӣ;

2) қурб дар бозор.

Дар раванди истифодаи усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс муқаррароти қисмҳои 4 — 9 моддаи 356 КГҷТ татбиқ карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки ҳангоми истифодаи усули мазкури муайян намудани арзиши гумрукӣ:

1) мол бо моли арзишаш муайяншаванда ҳамҷинс ҳисоб карда намешавад, ба шарте агар он дар кишвари истеҳсолкардаи моли арзишаш муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;

2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол намудааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте агар моли ҳамҷинси истеҳсолкардаи арзишаш муайяншавандаи ҳамон истеҳсолкунанда мавҷуд набошад;

3) мол ҳамҷинс ҳисобида намешавад, ба шарте агар корҳои тарҳрезӣ, таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:

— ба харидор аз тарафи фурӯшанда ройгон дода ё бо нархи арзон ҷиҳати истифода дар истеҳсолот ва барои содир кардан ба ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад;

— дар ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 КГҷТ ҳамроҳ карда нашуда бошад.

440
Нет комментариев. Ваш будет первым!