НАРХГУЗОРӢ ДАР ТУРИЗМ
Нархгузорӣ – ин раванди муқарароти нарх ба маҳсулоти муайян ё хадамот мебошад. Дар шакли умумӣ нарх ба арзиши (масраф) истеҳсолот ва фурӯши мол (хадамот) баробар буда ва дар иловаи даромади корхона (меъёри ё ҳақиқӣ) ифода менамояд. Нархгузорӣ дар туризм дар асоси се ҷабҳа ба роҳ монда мешавад:
— аввалан – ташакули нарх аз рӯи унсурҳои таркибии маҳсулоти туристӣ: нақлиёт, ғизо, сукунат, саргармӣ;
— дуюм – назардошти нарх аз рӯи марҳилаи ҳаракати маҳсулоти туристӣ дар бозор;
— сеюм – муайян намудани нарх дар асоси стратегияи рушди муассисаи туристӣ.
Аз суммаи хароҷот ва даромад нархи яклухт такомул меёбад. Нархи яклухти соҳаи туристӣ арзиши бунйдии корхона ва ҷамъи тахфифи таъминоту фурӯши туроператоронро дар бар мегирад. Нархи чакана аз нархи яклухти соҳа ва тахфифи туроҷонс иборат аст.
Нархгузорӣ дар соҳаи туризм дорои якчанд хусусият аст:
- Хадамоти туристӣ маҳсулоти ниҳоиро, ки барои истеъмол равона гардидааст, таҷассум менамояд, ки ин нархи чакана мебошад;
- Тақозои босубот дар хадамоти туристӣ аз хусусиятҳои фардии инсон вобаста аст, яъне ҳангоми муайян намудани нарх дар харидор бояд эҳсосоти манфӣ зоҳир нагардад;
- Раванди истеҳсолот, фурӯш ва истеъмоли хадамот ба вақт мувофиқат менамояд. Аз ин рӯ тақозо ба хадамоти туристӣ хусусияти мавсимӣ дорад;
- Хадамоти туристӣ чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешкаш мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми муайян намудани нарх сифати хизматрасонӣ ва стандарти он вобаста ба талаботҳои байналмилалӣ баландтар аст ва аксаран бо асъори мубодилаи умум (СКВ) муайян мешавад;
- Нарх ба хадамоти туристӣ инчунин истеъмолиро дар бар мегирад.
Нарх ба хадамоти туристӣ ду ҳад дорад: поёнӣ ва болоӣ. Ҳадди поении арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолиро дар бар мегирад, ҳадди болоӣ бошад аз рӯи тақозо ба моли номбар шуда муайян карда мешавад. Ғайр аз ин ба нархи маҳсулоти туристӣ якчанд омилҳо таъсир мерасонанд:
— сифати хизматрасонӣ;
— истифодаи воситаи нақлиёт;
— шакли хизматрасонӣ (гурӯҳӣ ё фардӣ);
— номгӯи бозори хизматрасонӣ;
— мавсимияти хизматрасонии пшниҳодгардида;
— самаранокии ташвиқот ва ғайра.
Унсурҳои сохтории нархи маҳсулоти туристӣ дар расми зер оварда шудааст.
Ҳангоми тарҳрезии нарх ба маҳсулоти туристӣ (масалан, ҷойгиркунонӣ дар меҳмонхона) намудҳои зери ҳавасмандкунонии пулӣ ба миёнаравҳо ба инобат гирифта мешавад: ҳавасмандкунонӣ барои харидорони яклухт – туроператорҳо, ки барномаҳоро тарҳрезӣ намуда, онро дар фурӯш амалӣ менамоянд; ҳавасмандии шакли чакана барои терагентҳо, ки барномаҳои тарҳрезнамудаи туроператоронро дар амал татбиқ менамоянд; ҳавасмандкунонӣ барои дигар созмонҳо ва муассисаҳо, ки ба сифати миёнаравҳо байни туроҷонс, турист ва меҳмонхона баромад менамоянд.
Нарх ба маҳсулоти туристӣ бо усули калкулятсияи меъёрӣ муайян карда мешавад ва хароҷот барои нафароне, ки гурӯҳро аз рӯи хатсайр ҳамроҳи менамоянд, дар бар мегирад. Ҳамин тавр арзиши роҳхати туристӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
ки дар ин ҷо:
Н – нархи пакети туристӣ барои як турист бо сомонӣ;
А – арзиши аслии хадамот, ки ба пакети туристии туроператор дохил мешавад;
Ағ – андози ғайримустақим (ААИ) аз рӯи намудҳои ҷудогонаи хизматрасонӣ;
Д – даромади туроператор бо сомонӣ;
Т – тахфиф, ки аз ҷониби туроператорҳо ба турист ба намудҳои ҷудогонаи хизматрасонӣ пешниҳод мешавад;
Ҳ – ҳавасмандкунонии пулии туристӣ, ки пакети туристии тураператорро ба фурӯш баровардааст;
Ш – шумораи туристон дар гурӯҳ;
Шр – шумораи роҳбаладони гурӯҳ (эскорт).
Ба ғайр аз хусусиятҳои дар боло нишондода шуда, дар нирхгузорӣ омилҳои зеринро бочд ёдрас намуд:
- Нарх ба намудҳои муайяни хизматрасонӣ ба арзиши пакети туристӣ шомил нест (масалан саёҳат); туристон вобаста ба фармоиши иловагӣ маблағҳо пардохт менамоянд;
- Нархи сайр аз ҳайати синну соли туристон вобаста мебошад, зеро барои кӯдакон ва мактаббачагон тахфифи нарх ба як қатор хизматрасонии туристӣ пешбинӣ карда мешавад;
- Фоидае, ки ба нархи маҳсулоти туристӣ ифода мегардад, аз ҷониби ширкати туристӣ бо фоиз ба арзиши хароҷот муқаррар карда мешавад (ҳаҷми фоиз аз тақозои маҳсулоти туристии дода шуда вобаста буда. он метавонад аз 5 то 100 фоиз ва аз ин зиёд бошад).
Назардошти нарх ба маҳсулоти туристӣ дар арзиши аслии хизматрасонии меъёрӣ инъикос мегардад. Калкулятсия (арзиш, муайянкунӣ) – ин муайян намудани арзиши як воҳиди хизматрасонӣ ё мол аст.
Масалан. Арзиши хатсайрро ба Туркия (ш.Анталия) бо доллар, ки аз ҷониби туроператорҳо ба гурӯҳи иборат аз 20 нафар пешниҳод мегардад, ҳисоб менамоем.
- Шартҳои умумӣ.
Муҳлат: 15 рӯзу 14 шаб дар моҳи июл.
Теъдоди туристон дар гурӯҳ бо роҳбалад 20 нафар.
Теъдоди бо ғизо (субҳона ва шом).
Сукунат – дар утоқҳои дунафара дар меҳмонсарои курортӣ бо тамоми шароитҳояш.
Нақлиёт – парвози мунтазами ҳавопаймо (ИЛ — 86).
Трансфер: фурудгоҳ – меҳмонхона – фурудгоҳ бо автобус «Мерседес».
- Харҷномаи ширкати туристӣ оид ба ҳамли туристон.
Парвоз – 175$* 20 нафар = 3500 доллар.
Сукунат – меҳмонхонаи «Sun zeynep» бо таъминоти гизо.
35$ дар 14 шабгузаронӣ 20 нафар = 9800 доллар
Дар маҷмуъ: 13300 доллар
- Хизматрасонии ширкат. (банднамоии ҷой дар меҳмонхона ва билети ҳавопаймо, роҳбаладии гурӯҳ) – 10% аз ҳаҷми хараҷот.
(9800+3500) 10%=13300 10=1330 доллар.
- Фоидаи ширкат. – 10% аз ҳаҷми хараҷот – 1330 доллар.
- Арзиши умумии хатсайр барои тамоми гурӯҳ: 13300+1330+1330=15960
- Арзиши хатсайр барои 1 нафар (хароҷотҳо барои роҳбаладоне, ки аз ширкат ҷудо мешавад ба ҷамъи умумии хароҷотҳои туристони гурӯҳ тақсим мешавад, яъне ба 12 нафар):
15960:19=840 доллар.
Мисоли овардашуда нишон медиҳад, ки ба саҳми ширкати туристии интиқолдиҳанда танҳо 16,7% аз арзиши умумии хатсайр рост меояд:
Боиси тазаккур аст, ки нарх бояд хусусияти чандири дошта бошад, яъне вобаста ба шароити бозор, рақобат, дараҷаи тақозо ва сатҳи хизматрасонӣ, инчунин вобаста ба майлу хоҳиши туристон тағйирёбанда бошад. Ин ҷо мақсади асосӣ бояд ба ҳар чӣ бештар ҷалб намудани туристон равона мегардад.
Ҳангоми нархгузорӣ ба молу хадамот давлат метавонад низ таъсир расонад. Се категорияи чунин таъсиррасонӣ вуҷуд дорад:
- Якум – давлат худ нархро муайян менамояд (нархҳое, ки аз ҷониби давлат ба қайд гирифта шудааст);
- Дуюм — давлат қоидаи нархгузориро муқаррар менамояд (нархҳои танзимшаванда);
- Сеюм – давлат «қоидаи бозӣ» — ро дар бозор муқаррар менамояд (нархҳои озод ва қарордодӣ).
Ба категорияи якум се шакли таъсиррасонии давлатӣ хос аст.
А. Нархҳои прейскурантӣ. Аслан давлат ба молу хизматрасониҳое нархҳои прейскурантӣ мегузарад, ки онҳо низоми такявии нархро ташкил медиҳанд: истифодабарандагони энергия, нақлиёт ва хадамоти коммуникатсионӣ.
Б. «Нигоҳдорӣ ё сукут» — и нархи бозор дар як муҳлати муайян.
В. Зери назар гирифтани нархи инҳисории нархҳое, ки дар бозор мавқеи хоса доранд.
Категорияи дуюми таъсиррасонии давлатӣ (танзими нарх) 5 шаклро дар бар мегирад.
А. Муқаррар намудани сатҳи ҳудудии нарх.
Б. Муқаррар намудани изофаи ҳудудӣ (коэффетсент ба нархи муайян шудаи прейскурант).
В. Муқаррар намудани аҳамияти ҳудудии унсурҳои нархи чакана. Ба унсурҳои нархи чакана музди меҳнат, фоида, самаранокӣ, тахфифҳои таъминотию фурӯшӣ шомиланд.
Г. Назорати давлатӣ аз рӯи нархи инҳисорӣ. Дар кули кишварҳои олам, қонунгузории зидди инҳисорӣ нисбати ин масъала қабул гардидааст.
Д. Танзими нархи чакана бо роҳи муайян намудани нарх дар муассисаҳои давлатӣ.
Категорияи сеюми таъсиррасонии давлатӣ ба мукарарнамоии «Қоидаи бозӣ» дар бозор алоқаманд аст ва он 5 шаклро дар бар мегирад.
А. Манъи нархи уфуқӣ, яъне дар мавсими авҷи туризм меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристӣ тариқи мувофиқа як нархи умумиро нигоҳ медоранд, ки онро давлат манъ менамояд.
Б. Манъи нархи амудӣ, яъне давлат туроператоронро намегузорад, то онҳо нархи худро ба туроҷонсҳо ва муассисаҳои базавӣ иҷборан ҷорӣ намоянд.
В. Манъи дискриминатсияи нарх. Дар бизнеси туристӣ ин пеш аз ҳама ба туроҷинсҳо манъ намудани фурӯши роҳхат бо нархи озод мебошад.
Г. Манъи демпинг. Демпинг – ин фурӯши мол аз арзиши аслиаш поёнтар бо мақсади барканор намуди рақибон мебошад.
Д. Манъи таблиғоти ноадолатона. Баъзе ширкатҳои туристӣ бо мақсади ҷалби туристон хизматрасонӣ бо арзиши пастро таблиғ менамоянд, вале ингуна барномаҳои саёҳатӣ ба талаботи туристи воқеӣ мувофиқ нест.
Дар бизнеси туристӣ ва нархгузории он рақобат нақши муассир дорад.
Рақобат – ин рақибӣ дар бозор миёни истеҳсолкунандагони молу хизматрасонӣ бо мақсади ба даст даровардани бозор ва даромади зиёд мебошад.
Аз нуқтаи назари хусусияти рақобат ду навъи онро ҷудо менамоянд, яъне мукаммал ва номукаммал.
Рақобати мукаммал – ин бозори соҳавиет, ки дар он ширкатҳои зиёд маҳсулотҳои туристии стандартии худро ба фурӯш мебароранд ва ягон ширкат бар дигаре дар бозор афзалият надорад. Дар рақобати мукаммал саҳми ҳар як ширкат аз рӯи ҳаҷми умумии маҳсулот дар бозори туристӣ аз 1 % набояд зиёд бошад.
Талаботҳо ба рақобати мукаммал:
— рақибон ба нархи бозорӣ таъсир расонида метавонанд;
— ҳар як ширкат дар симои рақиб таҳдидро ҷиҳати аз ӯ гирифтани саҳм дар бозор тасаввур намекунад;
— иттилоот оид ба нарх, технологияи истеҳсоли маҳсулоти туристӣ ва даромади эҳтимолӣ барои ҳар як ширкат дастрас аст;
— барои турагентҳо вуруд ва хурӯҷ аз бозор озод аст.
Рақобати номукаммал – ин чунин ҳолати низоми хоҷагидории бозориест, ки яке аз талаботҳои дар боло оварда шуда, риоя намегардад.
Зинаи якуми таркиби рақобати номукаммал аз рақобати инҳисорӣ (монополистӣ) иборат аст.
Рақобати инҳисорӣ (монополистӣ) – навъи бозори соҳавиест, ки дар он фурӯшандагони зиёд (турагентҳо) номгӯи гуногуни маҳсулот вуҷуд дорад, ки он назорати муайянро аз рӯи нархи молу хизматрасонӣ осон менамояд. Дар рақобати инҳисорӣ саҳми асосиро ширкатҳои алоҳида ташкил медиҳанд. Ин рақобат ба инҳисор аз рӯи он шабоҳат дорад, ки ширкат қобилияти нархи худро дар бозор дорад.
Зинаи навбатӣ дар роҳи рақобати номукаммал олигополия мебошад. Олигополия ифодагари он аст, ки дар бозор ширкатҳои бузург, қисми зиёди истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро назорат менамоянд ва бо ҳамдигар дар рақобат қарор доранд. Дар замони Шӯравӣ ширкатҳои туристии «Интурист Тоҷикистон» ва «Тоҷиктуризм» ба сифати олигополия баромад менамуданд.
Зинаи баланди рақобати номукаммалро монополия (инҳисор) ташкил медиҳад. Ин шакли бозори соҳавиест, ки дар он танҳо як фурӯшандаи маҳсулот вуҷуд дошта, ивазкунандаи худро надорад. Инҳисори аслӣ бештар дар бозорҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад. Маҷмаан дар мононолия (инҳисор) арзаи мол нисбати рақобати мукаммал номуносиб буда, арзиши баланд дорад ва харидорони маҳсулоти мазкур нисбатан камтаранд. Шакли дигари олии рақобати номукаммал монопсония мебошад. Ҳангоми монопсония дар бозор танҳо як харидор вуҷуд дорад. Дар бизнеси туристӣ соҳибкоре ин гуна буда метавонад, ки танҳо ӯ дорои квота (бурсия) ба хатсайри вурудӣ дорад.
Дар шароити рақобати мукаммал нарх дар бозор муқаррар мегардад, ки инро нархи якранги баробарӣ меноманд. Дар ин ҳол истеъмолкунандагон вобаста ба пастшавии нарх, тақозоро афзун менамоянд ва баръакс вобаста ба баландравии нарх, арзаро афзун менамоянд.
Вобаста ба нархгузории муайян дар бозори хизматрасонии туристии ҷаҳон, ширкатҳои алоҳидаи кишварҳо даромади муайян ба даст меоранд.1 аслан дар нархгузорӣ ва забти бозори туристӣ бахусус дар кишварҳои пешрафтаи туристӣ рақобати мукаммал вуҷуд дорад. Рақобати номукамммал бошад асосан дар кишварҳое ривоҷ ёфтааст, ки ширкатҳои маҳаллӣ дар бозори туристӣ мавқеи худро гум кардаанд ва ба бозорҳои онҳо ширкатҳои бузурги давлатҳои пешрафта ворид шудаанд ва ё дар бозори туристии дохилии кишвар танҳо як ширкати бузурги туристӣ фаъолият менамояд ва роҳбарии ин ширкатро ягон пайвандони роҳбари ҳамон давлат идора менамояд. Ин ҳолат бештар дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ба чашм мерасад.
Таъсири нархи хатсайр ба маҷмӯи даромади ширкатҳо.
Кишвар | Рейтинги самти ҳаракати машҳурӣ туристӣ бо % | Шумораи…. Туристон ба 1000 нафар | Нархи миёнаи баркашида, бо ҳисоби доллар | Маҷмӯи фоида, бо доллар |
Туркия | 81,41 | 814,8 | 374 | 803335,2 |
Испания | 13,93 | 139,3 | 651 | 90684,3 |
Кипр | 11,52 | 115,2 | 455 | 52416,0 |
Юнон | 9,36 | 93,6 | 619 | 57938,4 |
Италия | 8,29 | 82,9 | 532 | 44102,8 |
Миср | 7,96 | 79,8 | 399 | 31840,2 |
Чехия | 5,74 | 57,4 | 244 | 14005,6 |
Фаронса | 4,67 | 46,7 | 658 | 30728,6 |
Булғористон | 4,54 | 45,4 | 287 | 43029,8 |
Тунис | 3,95 | 39,5 | 525 | 20737,5 |
Малта | 3,28 | 32,8 | 478 | 15678,4 |
Финляндия | 2,21 | 22, | 235 | 5193,5 |
Исроил | 1,64 | 16,4 | 525 | 8610,0 |
Таиланд | 1,41 | 14,1 | 906 | 12774,6 |
Аз ҷадвали боло аён аст, ки гарчанде аз рӯи қабули шумораи воқеии туристон, Туркия пешрафта бошад ҳам, вале вобаста ба сатҳи нарх ва дараҷаи хизматрасонӣ ширкатҳои туристии Испания фоидаи бештар ба даст меоранд.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки нарх ва нархгузорӣ дар хадамоти туристӣ ва ташаккули бозори туристӣ яке аз фишангҳои асосии ташкилдиҳанда ба шумор меравад. Аз ин рӯ риояи меъёрҳои нархгузорӣ ба хизматрасонии туристӣ ва ҳамзамон пойдории рақобати мукаммал дараҷаи даромаднокии ширкатҳои туристиро таъмин намуда, ба бозори хадамоти туристӣ ривоҷ мебахшад. Боиси тазаккур аст, ки бозори хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нарху нархгузорӣ беҳбудиро тақозо менамояд.
Ҳанӯз дар ҷумҳурӣ сатҳи нархгузорӣ ба хизматрасонии туристӣ ба қобилияти харидории аҳолӣ мувофиқ набуда, дараҷаи хизматрасонӣ низ мутобиқи нархи ҷорӣ набуда, ба меъёрҳои зарурӣ ҷавобгӯ нест. Гузашта аз ин муассисаҳои қабулкунандаи туристон дигаркунии куллиро дар сохтор ва сатҳи хизматрасонӣ тақозо менамоянд.