Меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ ва муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ

1. Мафҳум ва сохтори меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

2. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

3. Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ

1. Мафҳум ва сохтори меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ унсурҳои аввалӣ, ибтидоии худро дорад, ки онҳо меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ мебошанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳоеро ба танзим медароранд, ки дар ҷараёни фаолияти молиявӣ ба вуҷуд меоянд. Хусусияти асосии ин меъёрҳо аз он иборат аст, ки онҳо хусусияти ҳокимиятии давлатӣ, императивӣ доранд. Давлат қоидаҳои қатъии рафтор, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро муқаррар менамояд, ки онҳоро иштирокчиёни ин муносибатҳо ҳуқуқи тағйир додан надоранд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ (меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ) – ин аз тарафи давлат муқаррар карда шуда қоидаҳои умумиҳатмии рафтор мебошад, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ равона карда шуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектони ин муносибатҳои ҳуқуқиро дар бар гирифтааст ва меъёри баҳодиҳии рафтори онҳо мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ моҳияти муносибатҳои ҷамъиятии танзимшавандаро ифода менамоянд, ки аз маҷмӯи онҳо санадҳои муайяни меъёрии ҳуқуқӣ иборатанд. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар қонунҳо ва дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сабт гардидаанд ва иродаи оддии мақомотҳои қонунгузор ва иҷроия нестанд. Меъёрҳои мазкур асосҳо ва заминаҳои объективии иқтисодӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани (муқаррар намудани) қоидаҳои муайяни рафтор ё муносибатҳо таҳия ва муқаррар карда мешаванд. Масалан, инкишофи алоқаҳои иқтисодии хориҷӣ давлатро водор намуд, ки меъёрҳоеро таҳия ва татбиқ намояд, ки тартиби амалӣ намудани амалиётҳои асъориро муқаррар менамоянд, пайдошавии корхонаҳои хусусӣ бошад зарурати батанзимдарорӣ ва истифодабарии фондҳои пулии онҳо, инчунин муқаррар намудани муносибатҳоро оиди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ошкор намуд. Мақсади асосии татбиқи ин меъёрҳо – тобеъ намудани муносибатҳои баррасишаванда ба таъмини молиявии фаъолияти давлат мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ доираи хеле васеи муносибатҳои ҷамъиятиро, ки барои самаранок фаъолият кардани давлат аҳамияти калон доранд, ба танзим медароранд. Дар айни замон дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳое низ инъикос меёбанд, ки дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, бозори молиявӣ ва дигар соҳаҳо ба вуҷуд омадаанд. Меъёрҳо доираи рафтори зарурӣ, ҷоиз ё тавсияшавандаи шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи фаъолияти молиявӣ муайян менамоянд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мақоми ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, тартиби ҳуқуқии робитаи дутарафаи онҳоро муқаррар менамоянд, инчунин ҷавобгариро барои вайрон кардани амрияҳои давлат пешбинӣ менамоянд.

Аҳамияти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ бо нақши онҳо на танҳо дар банизомдарорӣ ва ҳифзи муносибатҳои нави ҷамъиятие, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявӣ ба вуҷуд меоянд, балки дар аз миён бурдани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва зуҳуротҳое, ки ба сатҳи муосири инкишофи ҳуқуқ, вазифаҳои риояи тавозуни манфиатҳои умумӣ ва хусусӣ ҷавобгӯ нестанд, муайян карда мешавад. Масалан, давлат фаъолияти иқтисодии корхона ва ташкилотҳоро ҳавасманд гардонида, аз буҷет ба онҳо маблағ дода истода, бо ин амалҳои худ – инкишофи иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо, бо кор таъминкунии аҳолиро дар амал тадбиқ менамояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, ба монанди меъёрҳои дигар соҳаҳои хуқуқ дорои сохти муайян ҳастанд, яъне сохти дохилӣ доранд. Аз рӯи сохтори худ меъёри ҳуқуқи молиявӣ се унсурро дар бар мегиранд:

1) гипотеза;

2) диспозитсия;

3) санксия.

Гипотеза қисми меъёри ҳуқуқи молиявие мебошад, ки дар он мазмуни худи қоидаи рафтор, шартҳои воқеии татбиқи меъёр ва ё ҳолатҳое, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо ба таври муайян амал кардан лозим аст ё мумкин аст, дар бар гирифта шудааст. Ҳолатҳое, ки бо гипотезаи меъёри ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд, фактҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки муносибатҳои ҳуқуқии молиявиро ба вуҷуд меоранд, тағйир медиҳанд ё қатъ менамоянд.

Диспозитсия асоси меъёри ҳуқуқии молиявӣ мебошад ва амрияи худи қоидаҳои рафтори иштирокчиёни муносибатҳои молиявиро дар бар мегирад. Дар диспозитсия одатан ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ аниқ нишон дода мешаванд.

Воситаи ҳифзи талаботҳои муқаррар намудаи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ санксия номида мешавад. Дар санксия чораҳои таъсиррасонӣ барои вайрон кардани амрияҳои давлат дар соҳаи молия инъикос мегардаднд. Санксия оқибатҳои вайрон кардани меъёри ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, намуд ва чораи ҷавобгарии юридикии (ҳуқуқии молиявӣ) вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқии молиявиро муайян менамояд. Санксияҳо дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ (буҷетӣ, андоз, кредитӣ ва диг.) татбиқ карда шуда, бо хусусияти ҳар кадоми онҳо фарқ карда мешавад. Ба воситаи санксия маҷбуркунии давлатӣ барои иҷро намудани меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ анҷом дода мешавад. Асос барои татбиқ намудани санксияҳои ҳуқуқии молиявӣ вайрон намудани меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ (ҳуқуқвайронкунии молиявӣ) мебошад, яъне риоя накардани талаботҳои муқарраркардаи онҳо: ғайримаксаднок истифода бурдани маблағҳо, сари вақт нагузаронидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби пулгирандагон, риоя накардани меъёрҳои хароҷоти молиявӣ, пардохт накардан ё пурра пардохт накардани андозҳо, вайрон кардани қоидаҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо ва объектҳои андозбандӣ, аз ҷониби бонки тиҷоратӣ пешниҳод намудани ахбороти нодуруст ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ғ.

Ба санксияҳои ҳуқуқии молиявӣ дар муқоиса бо санксияҳои меъёрҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ як қатор хусусиятҳо хосанд. Онҳо чун қоида хусусияти пулӣ доранд ва чораҳои таъсиррасонии маҷбуриро нисбати вайронкунандагон ба воситаи фонду маблағҳои пули он (бо роҳи мустақим ва ғайримустақим) дар бар мегиранд. Ин гуна чораҳо ҷарима андохтан, ҳисоб кардани ноустуворона, маҷбуран гирифтани маблағҳои буҷетӣ, боздоштани амалиётҳо аз рӯи ҳисобҳо дар бонкҳо, ба бонк манъ кардани анҷом додани амалиётҳои алоҳидаи бонкӣ ва ғ. мебошанд.

Чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқии молиявӣ бо тартиби судӣ ё ғайрисудӣ (маъмурӣ) – бо қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия татбиқ карда мешаванд. Ба чунин мақомотҳо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва диг. мансубанд. Татбиқи санксияҳо бо тартиби маъмурӣ бо зарурати зуд эътино кардан ба ҳуқуқвайронкуниҳои молиявӣ алоқаманд аст. Аммо ин дар ҳолатҳои дахлдор зарурати қабул намудани ҳалномаҳои судиро ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии андозии шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, истисно наменамояд.

Санксияҳои ҳуқуқии молиявӣ дар худ унсурҳои ҳуқуқбарқароркунӣ ва ҷаримавӣ (ҷазодиҳанда)-ро муттаҳид менамояд.

Ба ғайр аз санксияҳои ҳуқуқии молиявӣ барои вайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти молиявӣ мумкин аст, ки чораҳои таъсиррасонии интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар таъсиррасониҳо, яъне бо меъёрҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ муқарраркардашуда татбиқ карда шаванд.

2. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Барои беҳтар аниқ кардани хусусият ва нақши меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ тасниф кардани онҳо зарур аст. Таснифи меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро бо асосҳои гуногун гузаронидан мумкин аст.

1. Вобаста аз тарзи таъсиррасонӣ ба иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ, ки хусусияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳои юридикии онҳоро муайян менамоянд, меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба се намуд тақсим мешаванд: ӯҳдадоркунанда, манъкунанда ва ваколатдоркунанда.

Меъёрҳои ҳуқуқии молиявии ӯҳдадоркунанда аз иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ (мақомотҳои давлатӣ, корхонаҳо, шаҳрвандон ва диг.) анҷом додани амалҳои муайянро талаб менамоянд, ӯҳдадориҳои онҳоро дар соҳаи ин муносибатҳо муқаррар менамоянд. Меъёрҳои намуди мазкур, масалан, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст ва амали худро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон паҳн менамоянд. Аз моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд. Аз моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат менамоянд. Меъёри ӯҳдадорикунанда дар соҳаи андозбандӣ дар моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки мувофиқи он «додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад». Қисми зиёди меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ маҳз чунин хусусият дорад. Маҳз дар ҳамин усули асосӣ, императивии батанзимдарории ҳуқуқии молиявӣ – усули амрияҳои ҳокимиятӣ зоҳир мегардад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии манъкунанда манъи анҷом додани амалҳои муайянро дар бар гирифта, ӯҳдадории иштирокчиёни муносибатҳои молиявиро оиди аз онҳо худдорӣ карданро муқаррар менамоянд. Масалан, моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бозгашт доштани қонунҳоеро, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, манъ кардааст. Ба Бонки миллии Тоҷикистон додани кредит ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории касодии (дефитсити) буҷет манъ карда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.

Аммо шумораи меъёрҳои ҳуқуқи молиявии манъкунанда қиёсан каманд, сабаби ин дар он аст, ки ҳангоми батанзимдарории муносибатҳои молиявӣ меъёрҳои хусусияти ӯҳдадорикунандадошта бартарӣ доранд. Анҷом додани амалҳои қатъӣ муайянро дастур дода, онҳо одатан зарурати муқарраркунии махсуси манъкунии амалҳои вобаста ба инро истисно менамоянд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии ваколатдоркунанда ҳуқуқҳои иштирокчиёни муносибатҳои молиявиро барои иҷро кардани амалҳои муайяни мустақил дар доираи пешбинишуда муқаррар менамоянд. Онҳо имконияти қабул намудани қарорҳои мустақилонаро дар соҳаи молия, вале дар ҳудуди қатъӣ муқарраршударо медиҳанд. Масалан, корхона ҳақ дорад, ки фоидаи бадастовардаи худро ихтиёрдорӣ намояд, вале пас аз иҷро намудани ӯҳдадориҳо оиди пардохтҳо ба буҷет.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии ваколатдоркунанда барои вусъат додани ташаббускорӣ дар фаъолияти хоҷагии молиявӣ, вобаста аз вазифаҳои умумидавлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ равона карда шудаанд. Бинобар ин дар шароити гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ ҳангоми пурзӯр намудани нақши фишангҳои иқтисодии батанзимдарорӣ талабот ба татбиқ намудани чунин меъёрҳо меафзояд. Ин ҳамчунин бо зиёд гардидани мустақилияти субъектони хоҷагидор алоқаманд аст.

2. Вобаста аз функсияҳое, ки ҳуқуқи молиявӣ иҷро мекунад, меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ танзимӣ ва муҳофизӣ тақсим мешаванд.

Меъёрҳои танзимӣ бевосита барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ бо роҳи ба иштирокчиён додани ҳуқуқ ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳо равона карда шудаанд (масалан, моддаҳои 78, 118- 120 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон). Меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ аксаран танзимӣ мебошанд, чунки ҳуқуқи молиявӣ моҳиятан соҳаи муҳофизии ҳуқуқ намебошад.

Ба меъёрҳои муҳофизӣ меъёрҳое мансубанд, ки татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатиро барои ҳуқуқвайронкуниҳои молиявӣ пешбинӣ менамоянд. Инҳо махсусан меъёрҳои бобҳои 10 ва 12 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар онҳо санксияҳои молиявӣ ва таркиби ҳуқуқвайронкуниҳои андоз муқаррар гардидаанд.

3. Аз рӯи мӯхлати амал: меъёрҳои доимӣ ва муввақатӣ.

4. Вобаста ба мавзӯи танзимсозии молиявӣ: меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ.

5.Вобаста ба хусусияти худ: императивӣ ва диспозитивӣ.

3. Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ

Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ – ин бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ батанзимдаровардашудаи муносибатҳои махсуси ҷамъиятӣ мебошад, ки дар рафти ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои маблағҳои пулӣ ба вуҷуд меоянд ва барои таъмини молиявии вазифаҳо ва функсияҳои давлат равона карда шудаанд.

Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ дар навбати аввал барои ҷараёни ташкили фондҳои маблағҳои пулӣ равона карда шудаанд, бинобар ин, муносибатҳои пулӣ мебошанд, ки муносибатҳои хусусияти моддӣ, молумулкидоштаро ифода менамоянд. Аммо фаъолият оид ба ташкили фондҳои пулӣ ва соҳаи муомилоти пулӣ куллан бояд воҷиби танзими қатъии давлат бошад, бинобар ин муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ муносибатҳои молумулкии ҳокимиятӣ мебошанд.

Муносибатҳои молумулкии ҳокимиятӣ барои муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ низ хосанд (ҷаримаҳои пулӣ, мусодира ва диг.), вале онҳо дар ҷараёни функсияҳои идоракунии давлат ба вуҷуд омада, амал мекунанд.

Ҳангоми амалӣ намудани функсияҳои идоракунии давлат ба дараҷаи муайян воридшавии фондҳои пулӣ ба даромади давлат таъмин карда мешавад, аммо ин фаъолият бевосита бо фаъолияти молиявӣ алоқаманд нест, чунки мақсадаш на ташкили фондҳои пулӣ, балки ҷазо додани ҳуқуқвайронкунандаҳо мебошад.

Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳамчунин бо муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ низ зич алоқаманд аст, чунки ба даст овардани молумулк, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ дар бисёр мавридҳо бо ӯҳдадорӣ оид ба пардохт намудан алоқаманд аст.

Ҳамин тавр, хусусияти якуми фарқкунандаи муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ аз он иборат аст, ки ин муносибатҳо танҳо дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти молиявии давлат ба вуҷуд меоянд.

Хусусияти дуюми муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ дар он мебошад, ки ҳамчун яке аз иштирокчиён ҳамеша мақомоти олии ҳокимиятӣ ё маҳалии ҳокимиятӣ, инчунин мақомоти ваколатдоркардаи давлат (мақомоти молиявӣ, ташкилоти кредитӣ) баромад менамояд.

Хусусияти сеюм муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳамчунин бо он фарқ мекунанд, ки объекти ин муносибатҳо ӯҳдадории пулӣ (пардохти пулӣ) дар назди давлат мебошад, ки иҷро намудани он зарур аст (масалан, пардохти андоз).

Асосҳои ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гаштани муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ инҳоянд:

– фактҳои ҳуқуқӣ, яъне бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ пешбинӣ шудани амал ё воқеа, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектон мегардад;

– санадҳои ҳуқуқии молиявии (санадҳои нақшавии молиявӣ) хусусияти меъёрӣ ё инфиродӣ дошта.

Санади меъёрӣ дар соҳаи фаъолияти молиявии давлат қонун дар бораи буҷет, инфиродӣ бошад – додани иҷозатнома (литсензия) ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ барои ҳуқуқи амалӣ намудани ягон хел фаъолият.

Муносибатҳои ҳуқуқии молиявиро аз рӯи мазмуни моддии онҳо (ки дар навбати худ аз соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад) ба намудҳои зерин тасниф кардан мумкин аст:

– муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ;

– муносибатҳои ҳуқуқии андоз;

– муносибатҳои ҳуқуқии қарзи давлатӣ;

– муносибатҳои ҳуқуқии суғурта;

– муносибатҳои ҳуқуқии қарздиҳии бонкӣ;

-муносибатҳои ҳуқуқии муомилоти пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо;

– муносибатҳои ҳуқуқии асъорӣ ва ғ.

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ – ин шахсони иштироккунандаи муносибатҳои ҳуқуқии муайян буда, барандагони ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молиявӣ мебошанд.

Бояд мафҳуми «субъекти ҳуқуқи молиявӣ» ва «субъекти (ё иштирокчии) муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ»-ро аз ҳамдигар фарқ кард.

Субъекти ҳуқуқи молиявӣ – ин шахсе мебошад, ки дорои ҳуқуқи субъективӣ буданд, яъне имконияти иштирок дар муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ доштанд, аст.

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ – ин иштирокчии воқеии муносибатҳои ҳуқуқи муайян мебошад, масалан, дар муносибатҳо оиди қарзи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд. Вале ҷавобгариро аз рӯи ӯҳдадориҳои қарзии вай на Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат мебарад, ки субъекти ҳуқуқи молиявӣ мебошад.

Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро дар се гурӯҳ муттаҳид кардан мумкин аст.

Гурӯҳи якуми субъектони муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро давлат, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ташкил менамоянд. Дар ин муносибатҳо давлат дар шахси мақомоти олии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии давлатӣ, инчунин ба воситаи мақомоти махсус ваколатдоркардашудаи молиявӣ, ки манфиатҳои давлатро намояндагӣ мекунанд, баромад менамояд.

Гурӯҳи дуюми субъектони муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро субъектони хоҷагидор, яъне корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳои шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқӣ дошта ташкил менамоянд. Ба субъектони хоҷагидор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ низ мансубанд.

Субъектони муносибатҳои ҳуқуқии молияви гурӯҳи сеюм шаҳрвандони алоҳида (аз он ҷумла шахсони хориҷӣ ва шахсони бе табаа), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, мебошанд.

Ба гурӯҳи алоҳидаи субъектони муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ташкилотҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, филиалу намояндагии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; намояндагии доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва воҳидҳои мустақили сохтории ташкилотҳои хориҷӣ, ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, дохил мешаванд.

Субъектони гурӯҳи мазкур иштирокчиёни намудҳои алоҳидаи муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ (масалан, андоз ва асъор) мебошанд.

5 Загрузки

476
Нет комментариев. Ваш будет первым!