Принсипҳои фаъолияти бонкӣ
Мутобиқи асосҳои назариявии ҳуқуқ дар таҳти принсипҳо дар қонунгузории ҷорӣ сабт гардидани муқарраротҳои асоси роҳбарикунанда ва ғояҳое, ки моҳияти ин ё он фаъолият ё соҳаи ҳуқуқро ифода менамояд, фаҳмида мешавад.
Принсипҳои фаъолияти бонкӣ он асосеро ифода менамоянд, ки тартиби амалӣ намудани онро муайян менамояд.
1. Принсипи ҳуқуқи инҳисории эмиссияи пулҳои коғазӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон. Мувофиқи принсипи номбурда эмиссияи пулҳои нақдӣ (пулҳои коғазӣ ва танга), ташкили ба муомилот баровардани онҳо ва аз муомилот гирифтани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян танҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Банкнотҳо ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон воситаи ягонаи қонунии пардохти нақдӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷорӣ намудан ва эмиссяи дигар пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
2. Принсипи дахолатнопазирии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти оперативии ташкилотҳои кредитӣ. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд.
Ташкилоти кредитӣ ба амалӣ намудани фаъолияте, ки бо ҳуҷҷатҳои таъсисии он пешбинӣ нашудааст, ӯҳдадор буда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки вай ба зиммаи худ ӯҳдадории дахлдорро гирифтааст ё ҳолатҳои пешбиникардаи қонун.
3. Принсипи хусусияти иҷозатии батанзимдарории бонкӣ. Амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ танҳо дар асоси литсензияи додаи Бонки милли Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дар он амалиётҳои бонкие, ки ба амалӣ намудани он ташкилоти кредитии мазкур ҳуқуқ дорад, инчунин асъоре, ки бо он ин амалиётҳои бонкӣ анҷом дода шуда метавонанд, нишон дода мешавад.
4. Принсипи махсусияти фаъолияти бонкӣ. Мувофиқи принсипи мазкур ба ташкилотҳои кредитӣ машғул шудан ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст. Чунин маҳдудият барои ташкилотҳои кредитӣ дар муқоиса бо кафолати конститутсионии озодии соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии бо қонун манъкарданашуда бо зиёд будани хусусияти таваккалӣ доштани фаъолияти бонкӣ ва вобаста ба ин зарурият пурзӯр намудани назорати умумӣ-ҳуқуқӣ аз болои амалиётҳо ва аҳдҳои анҷом медодаи онҳо сабаб шудааст.
5. Принсипи таъмини сирри бонкӣ. Иҷрои принсипи мазкур – қисми таркибии фаъолияти бонкӣ мебошад, чунки объектҳои он маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва арзишҳои асъорӣ, яъне ҳамаи он чизе, ки бо калимаи оддӣ ва фаҳмо “пасандоз” номбур мешавад, мебошад. Ҳам гуна шахс – воқеӣ ё ҳуқуқӣ – танҳо дар ҳамон вақт мизоҷи бонк мегардад ва ба вай актиҳои худро бовар мекунад, ки агар ба таъмини амнияти онҳо ва махфӣ будани маълумот дар бораи миқдори онҳо, амалиётҳои бо онҳо анҷомдодашаванда, самтҳои чунин амалиётҳо ва ғ. боварӣ ҳосил намояд.
Ташкилоти кредитӣ, Бонки миллии Тоҷикистон махфияти амалиётҳо, дар бораи ҳисобҳо ва пасандозҳои муштариёни худ ва мукотиботро кафолат медиҳанд. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони амалкунанда ё собиқи ташкилотикредитӣ пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» иҷозат дода шудаанд.
6. Принсипи гашта додашавандагии маблағҳои пулии ҷалбкардаи ташкилотҳои кредитӣ. Яке аз амалиётҳое, ки асоси фаъолияти бонкиро ташкил менамояд амалиётҳо оид ба ҷалб намудани пасандозҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Пасандоз ба амонатгузор бо талаби аввалини вай бо тартиби барои намуди мазкури пасандоз пешбиникардаи қонун ва шартномаи дахлдор баргардонида мешавад.
7. Принсипи фаврӣ будани ҷамъкунии маблағҳои пулӣ. Ҷалб намудани маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амонат (дархостӣ ва ба мӯҳлати муайян) амалиёти бонкӣ мебошад, ки ба ташкилотҳои кредитӣ имконият медиҳад маблағҳои пулӣ ҷамъ карда шаванд. Қабули пасандоз боиси кушодани ҳисоби депозитӣ мегардад, ки дар он маблағҳои пулии ба пасандоз гузошташуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Вобаста аз мӯҳлат пасандозҳо ба дархостӣ ва мӯҳлатнок тақсим мешаванд. Пасандози дархостӣ пасандозе мебошад, ки бо шарти баргардонидани он бо талаботи аввалин ворид карда мешавад. Пасандози мӯҳлатнок – пасандозе мебошад, ки баъди гузаштани мӯҳлати бо шартнома муайянкардашуда баргардонида мешавад. Бешубҳа, намуди мазкури пасандоз барои бонкҳо аз ҳама бештар қобили қабул аст, чунки имконият медиҳад, ки бо маблағҳои пулии амонатгузорон бо такя ба он мӯҳлатҳое, ки дар шартнома нишон дода шудаанд, амалиётҳои гуногуни бонкиро анҷом диҳанд.
8. Принсипи музднок будани хизматрасонӣ. Принсипи мазкур мазмуни фаъолияти соҳибкориро ташкил менамояд, чунки мақсади он гирифтани даромад мебошад. Вобаста ба ин муносибати байни Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои кредитӣ ва муштариёни онҳо дар асоси музднок ба вуҷуд меоянд.
9. Принсипи қонуният. Вай хусусияти байнисоҳавӣ дорад ва татбиқ намудани он нисбати ҳуқуқи бонкӣ маънои дуруст ва бечунучаро риоя намудани қонунҳоро аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии бонкиро дорад. Ин гуфтаҳо на танҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои кредитӣ, балки ба ҳамаи муштариёни бонкҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл дорад. Бинобар ин таъмини қоидаи қонуният бояд дар як вақт дар ду ҷиҳат баррасӣ карда шавад: амудӣ, ки ба муносибатҳои ташкилотҳои кредитӣ бо институтҳои умумӣ-ҳуқуқӣ, аз он ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон дахл дорад ва уфуқӣ, ки дар он муносибатҳои байни субъектони баробарҳуқуқ ба миён меояд.
3 Загрузки