Манъ намудани монополияи соҳибкорон

Манъ намудани монополияи соҳибкорон ва фаъолияти ғайриқонунии мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои худидораи маҳаллӣ

Фаъолияти монополистӣ гуфта, ҳуқуқвайронкуниеро меноманд, яъне ҳаракати зиддиҳуқуқии гунаҳгоронае, ки зарар мерасонад ва имконияти татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро ба миён меорад.

Фаъолияти инҳисорӣ-дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукумфармоии худ сӯиистифода кардани субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқашудае, ки бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ карда шудаанд, фаҳмида мешавад.

Зиддиҳуқуқӣ будани ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ бо вайрон намудани меъёрҳои ҳуқуқи объективӣ ва ҳуқуқҳои субъективии дигар шахсон алоқаманд мебошад. Ҳаракатҳое, ки бо фаъолияти инҳисорӣ ифода ёфтаанд дар он ҳолате зиддиҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд, ки агар онҳо нишондод ё манъкуниеро, ки қонунгузории зиддинҳисорӣ пешбинӣ намудааст, вайрон карда бошанд. Чунин ҳуқуқвайронкунӣ инчунин бо беҳаракатӣ низ содир карда мешавад ва дар иҷро накардани ӯҳдадориҳо таҷассум меёбад.

Фаъолияти инҳисорӣ ҳам манфиатҳои ҳуқуқи хусусӣ ва ҳам манфиатҳои ҳуқуқи умумиро вайрон мекунад. Пеш аз ҳама ин ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳуқуқҳои субъективии шахсони алоҳида таҷовуз менамояд, аз ҷумла ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва соҳибкорон дар бозори мол.

Барои муайян намудани фаъолияти инҳисорӣ муқаррар намудани зарар ба таври ҳатмӣ талаб карда намешавад. Барои татбиқи чораҳои ҷавобгарии гражданӣ ва ҷиноӣ муқаррар намудани алоқаи сабаби байни зарар ва ин ҳаракатҳо ҳатмӣ мебошад.

Вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектони алоҳидаи соҳибкорӣ ва инчунин истеъмолкунандагон натиҷаи фаъолияти инҳисорӣ буда, умуман ба давлат ва ҷамъият зарар мерасонанд. Ин ба тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи рақобат таҷовуз менамояд, ки дар шакли роҳ надодан, маҳдуд ё бартараф намудани рақобат баромад мекунад. Таърифи қонунии «роҳ надодан», «маҳдуд» ва «бартараф» намудани рақобат дар қонунгузории ҷорӣ вуҷуд надорад. Хавфнокии ҷамъиятии фаъолияти инҳисорӣ дар вайрон намудани қоидаҳои муборизаи рақобатнок зоҳир меёбад.

Зарар – ба давлат, ҷамъият, соҳибкорон расонида ммешавад. Ба тартиботи ҳуқуқи дар соҳаи рақобат таҷовуз менамоянд, ки дар «роҳ надодан», «аҳдуд» ва «бартараф» кардани рақобат таҷассум меёбанд.

Гуноҳ – ҷузъи асосии таркибии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад, ки дар шакли қасд ва беэҳтиётӣ баромад мекунад.

Намудҳои фаъолияти инҳисории субъектҳои соҳибкорӣ:

– рафтори инфиродии субъекти соҳибкори дар шакли суиистифода аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор;

– созиши (ҳаракати созишӣ) субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки рақобатро маҳдуд мекунанд ( м. 5 Қонун).

Сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозор дар ингуна ҳаракатҳо зоҳир мешавад.

Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ гаштаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла:

-аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

-ба зиммаи аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қуваи корӣ, ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра) дахл надорад;

-ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

-монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

-вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;

-муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

-ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

-фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминат-сионӣ);

-беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

-беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

Ҳаракатҳои субъекти хоҷагидори (гурӯҳи шахсон), ҳолати ҳукумфармоиро дар бозор ишғол намуда, ки натиҷаи онҳо маҳдуд намудани рақобат ё вайрон намудани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидорӣ (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ мебошад, манъ карда шудаанд.

Барои банду басти ин ҳуқуқвайронкунӣ ду шарти зарурӣ бояд ҷой дошта бошад:

1) Ҳолати махсуси субъекти соҳибкорӣ ( гурӯҳи шахсон ) дар бозор;

2) Оқибати рафтори зиддиҳуқуқии онҳо.

Якумаш – дар он зоҳир меёбад, ки ин субъект мавқеи ҳукумфармоиро дар бозор ишғол намудааст.

Оқибатҳои умумии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол роҳ надодан, манъ кардан ё бартараф намудани рақобат мебошад. Чунин ҳуқуқвайронкуниро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

1) шартномавӣ;

2) яктарафа.

Суиистеъмоли шартномавӣ дар он зоҳир меёбад, ки субъекти соҳибкорие, ки мавқеи ҳуқуқфарморо ишғол намудааст, тарафи дигари шартномаро барои бастани шартнома ба шартҳои ба ӯ фоидаовар маҷбур месозад ( қ. 2 – 9 М. 4 Қонун).

Аз ҳама шакли паҳншудатарини истифодаи зидди-ҳуқуқии мавқеи ҳукумфармоии субъекти соҳибкорӣ дар муқаррар намудани нархи баланди инҳисорӣ ва нархи пасти инҳисорӣ ифода меёбад.

Нархи баланди инҳисории мол – нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол ва хеле баландтар аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре мебошанд, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд ё нарх аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол бештар аст. Нархи моле, ки субъекти монополияи табиӣ дар ҳудудҳои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи монополияи табиӣ муқаррар кардааст, нархи баланди инҳисорӣ буда наметавонад.

Нархи пасти инҳисории мол- нархи моли муқаррар-кардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмрон дошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад.

Ҳуқуқвайронкуние, ки дар натиҷаи он як намуди фаъолияти инҳисорӣ, аз ҷумла, монополияи шартномавӣ ном дорад ва ду намуди чунин шартномаҳоро ҷудо менамоянд:

– созишномаҳои арзӣ;

– созишномаҳои амудӣ.

Шакли созиш барои муқаррар намудани зидди ҳуқуқӣ будани онҳо аҳамият надорад. Қонун онҳоро дар кадом шакле, ки набошад зиддиҳуқуқӣ эътироф мекунад ( м. 5 Қонун ).

Ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои баҳамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шарт-номаҳо, аҳдҳои дигар, созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашудае, ки манъ аст, ки боиси натиҷаҳои зайл мегарданд ё хоҳанд гашт:

-муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;

-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;

-дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);

-маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

-маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;

-шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

-ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқҳои амволӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра);

-барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

-ихтисор ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо;

-муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки метавонад боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат гардад.

Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.

Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир) бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонад.

Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаашон рақобат маҳдуд гаштааст ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.

Вайрон кардани талаботи ишорашуда барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва бо тартиби судӣ барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамоҳанг месозад, асос мегардад.

Ба ҳаракатҳои ғайриҳуқуқие, ки боиси ба вуҷуд омадани вазъи инҳисорӣ мегарданд, инчунин санад ва амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд мансубанд.

Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст.

Аз ҷумла, ин амалҳо манъ карда мешаванд:

-беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин муқаррар намудани монеа барои амалӣ намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

-муқаррар намудани монеа ба хариду фурӯши мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

-ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (супориш-диҳандагон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

-беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳо, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

-барои харидорони молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки онҳоро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиронии молҳо, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, маҳдудият муқаррар менамояд.

Қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешбинӣ шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъекти хоҷагидори алоҳида бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амал пешбинӣ нашуда бошад.

Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши молҳо, ба мақомоти мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ додани салоҳиятҳое, ки иҷрои онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад, инчунин якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад ё ҷой дошта метавонад, манъ аст, аз ҷумла бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зайл гардидааст ё мегардад:

-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);

-беасос муқаррар намудани сатҳи тағйирёбандаи нархҳо барои харидорони гуногуне, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;

-тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);

-маҳдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.

4 Загрузки

257
Нет комментариев. Ваш будет первым!