Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

Дар сохтори субъектҳои соҳибкорӣ хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ), ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи ба амал мебароранд, мақоми мустақилро ишғол менамоянд[1].

Мақсади асосии ба параграфи алоҳида ҷудо намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар махсусиятҳои зерин асос меёбад:

  • мутобиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ): хоҷагии деҳқонӣ субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси хуқуқӣ амалӣ мегардонад;
  • аъзои хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи КГ ҶТ дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолии дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд;

Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ба танзим дароварда мешавад[2].

Хоҷагии деҳқонӣ субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ гардонида, ба меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила, шахсони дигар, ки маҳсулоти кишоварзиро якҷоя истеҳсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва амволи дигари ба аъзои хоҷагии деҳқонӣ тааллуқдошта ташкил медиҳанд.

Аз мафҳуми зикршуда нишонаҳои асосии хоҷагии деҳқонӣ бармеояд, ки моҳияти онро инъикос менамояд, чунончи:

  1. Хоҷагии деҳқонӣ субъекти мустақили хоҷагидорӣ мебошад. Маънои мустақилӣ дар он ифода меёбад, ки мувофиқи моддаи 5 қонуни номбурда, хоҷагии деҳқонӣ дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисодӣ мебошад. Яъне хоҷагии деҳқонӣ сохтор ва самтҳои фаъолияти истеҳсолиашро бо назардошти манфиату мақсадҳояш мустақилона муайян менамояд ва метавонад ба ҳар гуна навъи фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад. Дигар асоси мустақилият дар он ифода мегардад, ки дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда;
  2. Бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти хоҷагидории худро ба амал мебарорад, яъне барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, чун ташкили шахсони ҳуқуқӣ, оиннома ё шартномаи таъсисотӣ шарти асосӣ намебошад. Хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи як шахси қобили амал ва меҳнат дар асоси гирифтани қитъаи замин ташкил шуданаш мумкин аст. Ин гуна хоҷагии деҳқонӣ чун шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия ба қайд гирифта намешавад;
  3. Бо меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила ва шахсони дигар фаъолияти кишоварзиро ба амал мебарорад. Дар фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ меҳнат ва иштироки шахсӣ хатмӣ мебошад, яъне аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхонон, волидайн ва шахсони дигар якҷоя дар хоҷагии умумӣ машғули кор мешаванд;
  4. Хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти хоҷагидории худро дар асоси қитъаи замин ва амволи дигари ба аъзо тааллуқдошта амалӣ менамояд, яъне барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба даст овардани қитъаи замин шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳз бо ҳамин нишонаи худ аз бақайдгирии дигар соҳибкорони инфиродӣ фарқ менамояд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шакли зерин ташкил карда мешаванд:

а) хоҷагии деҳқоние, ки ба соҳибкории инфиродӣ асос ёфтааст;

б) хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли соҳибкории оилавӣ сурат мегирад ва дар заминаи моликияти якҷоя аст;

в) хоҷагии деҳқоние, ки дар шакли ширкати оддӣ дар заминаи моликияти умумии ҳиссагӣ ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якҷоя асос ёфтааст.

Аз мафҳум ва нишонаҳои хоҷагии деҳқонӣ маълум шуд, ки онҳо бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд, вале ин маънои онро надорад, ки барои ноил гаштан ба мақсадҳои муайян ташкили шахси ҳуқуқиро истисно намоем. Ё ин ки мувофиқи моддаи 307 КГ ҶТ ҳангоми аз нав ташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ, ки дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ мебошад (то қабули қонун хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешуд), аъзои он дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ таъсис диҳанд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ бо роҳи ихтиёран муттаҳид шудан мустақилона ассотсиатсия ташкил менамоянд.

Ассотсиатсия дар асоси шартномаи таъсисотӣ ва оинномаи тасдиқнамудаи иштирокчиёнаш амал намуда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшавии он ба қайд гирифта мешавад. Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ аст, яъне мақсади ба даст даровардани фоидаро надошта, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молумулкӣ ташкил карда мешавад. Хоҷагии деҳқоние, ки ба ассотсиатсия шомил аст, мустақилият, инчунин ҳуқуқҳои моликиятдории худро нигоҳ медорад. Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ оид ба ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ва иштирокчиён оид ба ӯҳдадориҳои ассотсиатсия масъул намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ- ҳамсарон, фарзандон, фарзандхонон, волидайн ва шахсони дигар, ки якҷоя дар хоҷагии умумӣ машғули коранд, шуда метавонанд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шаҳрвандон бо тариқи бастани шартнома (ҳамчун коргари кироя) низ фаъолият менамоянд. Инҳо аъзои хоҷагии деҳқонӣ намебошанд, муносибатҳои меҳнатии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Сардори хоҷагии деҳқонӣ яке аз аъзои қобили меҳнат ва қобили амали он ки дорои донишу малакаи соҳаи кишоварзӣ мебошад ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ дорад, шуда метавонад. Сардори хоҷагии деҳқонӣ манфиатҳои онро дар муносибат бо шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ мақомоти давлатӣ намояндагӣ намуда, фаъолияти хоҷагидориро ташкил ва идора менамояд.

Мувофиқи моддаи 6 қонун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои қобилияти амал аст, ҳуқуқ дорад хоҷагии деҳқонӣ ташкил намояд. Бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи баъзе давлатҳо ба монанди Россия, ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бетабаа низ дода шудааст.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро доранд, аз ҷумла онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои зиндагонии доимӣ кӯчида меоянд, барои гирифтани қитъаи замин ба ҳокимияти иҷроияи маҳаллии мақомоти давлатии маҳалли воқеъшавии қитъаи замин ариза дода, дар он далелҳои зарурӣ меоваранд.

Дар ариза бояд мақсади истифодаи қитъаи замин, андозаи замин, маҳалли воқеъшавии он, намуди замин (обӣ, лалмӣ) ва шумораи умумии аъзои қобили меҳнат зикр гардад.

Барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

  1. Ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин;
  2. Қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
  3. Санади комиссия дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин;
  4. Нусхаи як қисми харитаи замини истифодабарии хоҷагии деҳқонӣ;
  5. Қарори ҷамоати деҳот дар бораи додани розигӣ ба ташкили хоҷагии деҳқонӣ;
  6. Маълумот оид ба саҳми замини аъзоёни хоҷагӣ;
  7. Пешниҳоди кумитаи заминсозии ноҳия;
  8. Қарори раиси ноҳия дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ;
  9. Нақшаи қитъаи замини ноҳия;
  10. Протоколи дар ҷои воқеъи замин муайян намудани қитъаи замини мавриди истифодаи хоҷагии деҳқонӣ;
  11. Нақшаи дар ҷои воқеъи замин муқаррар кардани сарҳади қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ;
  12. Сертификати тасдиқкунандаи ҳуқуқи заминистифодабарӣ.

Асосан ду шакли бақайдгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонӣ маълум аст:

  1. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба соҳибкории инфиродӣ ва соҳибкории оилавии моликияти якҷоя асос ёфтаанд, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти давлатии андози маҳалли воқеъшудаи хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, омори давлатии маҳаллӣ онҳоро ба ҳисоб мегирад;

2.Ширкати хоҷагидорӣ ва кооперативи истеҳсолӣ бошад, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшавиашон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, омори давлатии маҳаллӣ онро ба ҳисоб мегирад. Бояд илова намуд, ки онҳо низ дар мақомоти андози ҷои воқеъшавиашон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта мешаванд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки мувофиқи талаботи зербанди «а» моддаи 26 қонун бақайдгирии хоҷагии деҳқонӣ озод буда, маблағ пардохта намешавад. Мувофиқи зербанди «в» бошад, дар бонкҳои тиҷоратӣ бе пардохт суратҳисоб мекушоянд.

Қитъаи замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба истифодаи меросии якумра бо меъёрҳои муайян дода мешавад. Аз сабаби он ки замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар асоси меросии якумра дода шудааст, онҳо ҳуқуқ доранд онро ба мерос гузоранд. Бояд қайд намуд, ки замини меросӣ танҳо ба яке аз аъзои қобили амал ва меҳнати хоҷагии деҳқонӣ дода мешавад. Барои ин розигии дигар аъзои хоҷагӣ зарур аст.

Ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои онҳо дар моддаи 17 қонун зикр шудаанд. Ба ғайр аз ин мувофиқи моддаи 18 Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:

  • бо амволи худ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дигар иштирок намояд;
  • дар асоси шартнома амволи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандонро истифода барад;
  • кормандонро дар асоси шартнома ба кор гирад ва аз кор ҷавоб диҳад;
  • намуд, низом, ҳаҷми музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади коргарони кирояро муқаррар намояд;
  • дар асоси шартнома барои эҳтиёҷоти давлат кору хизматҳоро иҷро кунад;
  • нарх, арзиш ва тарифаҳои моли (кору хизматрасонии) фурӯхташударо мустақилона муқаррар намояд;
  • суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, ҳама гуна амалҳои ҳисобу китоб, қарздиҳӣ ва пули нақдро анҷом диҳад;
  • фоидаи фаъолияти соҳибкориро, ки баъди пардохти андозҳо ва пардохтҳои хатмӣ боқӣ мондааст, озодона ихтиёрдорӣ намояд;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи давлатии таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода кунад;
  • бо тартиби муқарраршуда аз амал ё беамалии мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, инчунин шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онро поймол месозанд, шикоят намояд ва ғайра. Масалан, мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) дар давоми як моҳи баъди додани ариза дар бораи ҷудо кардани (ё накардани) қитъаи замин бояд қарор қабул намояд. Дар сурати риоя накардани мӯҳлати қабули қарор, пинҳон намудани маълумот дар бораи вуҷуд доштани фонди махсуси замин, ҷудо накардани қитъаи замин ба суд даъво намояд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ бар замми ҳуқуқҳои зиёд ӯҳдадориҳо низ доранд. Ӯҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои онҳо дар моддаи 18 қонун нишон дода шудааст. Ӯҳдадории асосии (аввали) онҳо аз рӯи таъинот самарабахш истифода бурдани замин аст.

Дуюм, ҳаққи истифодаи қитъаи замин ва дигар намудҳои андозҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда супорад.

Сеюм, агар ҳосилнокии замин бо гуноҳи ӯ паст гардад, товони зиёни расидаро диҳад.

Чорум, ҳама намуди ӯҳдадориҳои шартномавӣ, интизомӣ, қарзию кредитӣ ва ҳисоббаробаркуниро риоя намояд.

Панҷум, оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии иқтисодӣ, экологӣ, санитарӣ ва техникаи бехатарӣ, тозагиву беҳдошти истеҳсолот, инчунин болоравии иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ андешад.

Шашум, ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагон ва умуман дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидориро поймол накунад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои онҳо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

а) бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин;

б) қарор қабул кардани аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар бораи қатъи фаъолияти он;

в) боқи намондани ягон узви хоҷагии деҳқонӣ ё ворисе, ки майли давом додани фаъолияти хоҷагро дошта бошад;

г) истифодаи қитъаи замин ба тарзе, ки заминро хароб мекунад;

д) гирифтани қитъаи замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) аз сабаби муфлисшавӣ;

ж) ба шакли дигари ташкилию ҳуқуқӣ табдил додани хоҷагии деҳқонӣ.

Аз сабаби он ки хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд, андозбандии онҳо низ тибқи фасли 14 Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон (андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) сурат мегирад.

Мувофиқи моддаи 306 КА ҶТ «супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкатҳои хоҷагидорӣ ва (ё) кооперативҳои истеҳсолии дар заминаи онҳо таъсисёфта мебошанд, ки барои онҳо замин воситаи асосии истеҳсолот ба ҳисоб меравад».

Шакли асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин таҳвил, нигоҳ доштан ва фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин нуқтаи назар андози ягона низ танҳо ба ҳамон қисми фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ татбиқ мегардад, ки ба истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ алоқаманд аст.

Объекти андозбандӣ масоҳати замини хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, аз ҳамин лиҳоз маблағи андози ягона ба натиҷаи фаъолияти хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста намебошад.

811
Нет комментариев. Ваш будет первым!