Шартномаи хариду фурӯш
1. Мафҳуми шартномаи хариду фурӯш 2. Ӯҳдадориҳои фурӯшанда 3. Теъдоди мол. Навъ (ассортимент)-и мол 4. Сифати мол 5. Мукаммалии мол. Маҷмуъ (комплект) – и мол. Зарф ва борпеч. 6. Ӯҳдадориҳои харидор 7. Мубодила 8. Хусусияти шартномаи хариду фурӯши чакана 9. Норасоиҳои мол. Оқибати фурӯхтани моли сифаташ номатлуб 10. Шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул 11. Тавсифи шартномаи фурӯши корхонаҳо |
- Мафҳуми шартномаи хариду фурӯш
Шартномаи хариду фурӯш намуди асосии ӯҳдадориҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, он дар муомилоти амволӣ татбиқ карда мешавад. Муносибатҳои хариду фурӯш бо муқаррароти дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунандаи қонунгузории гражданӣ ва шартномаҳои хариду фурӯше, ки ҷонибҳои аҳд бастаанд, танзим гардонида мешаванд.
Мутобиқи шартномаи хариду фурӯш як тараф (фурӯшанда) ӯҳдадор мешавад, ки молро ба моликият (ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ)-и тарафи дигар (харидор) диҳад ва харидор ӯҳдадор мешавад, ки молро қабул карда, бар ивазаш маблағи муайяни пули (арзиши он)-ро супорад (КГ ҶТ мод.488).
Шартномаи хариду фурӯш ҳамеша аз рӯи созиш аст, зеро он аз рӯзе басташуда ҳисоб меёбад, ки тарафҳо аз рӯи тамоми шартҳои асосӣ созиш ҳосил карда бошанд. Хариду фурӯш музднок аст: асоси иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба додани мол дар шакли нархи харид қаноатманд гардидан аст ва баръакс. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъективии ҳар ду ҷониби шартномаи хариду фурӯш имконият медиҳад шартномаи хариду фурӯшро ҳамчун синаллагматикӣ, яъне дутарафа номем.
Шарти ягонае, ки тарафҳо бояд дар ҳама ҳолат худашон ҳангоми хариду фурӯш муайян кунанд, предмет (мавзӯъ) – и он аст. Аз рӯи қонун масъалаи фурӯхтану харидани чӣ чиз масъалаи мувофиқакардаи тарафҳо мебошад, ба шарте, ки аз шартномаи онҳо муқаррар кардани ному миқдори мол мумкин бошад. Шартҳои дигар, аз ҷумла нарх, сифати моли фурӯхташаванда, аслан дар асоси меъёрҳои ҷорӣ намудани қонун муайян карда мешаванд ва тарафҳо метавонанд онҳоро махсус қайду шарт накунанд.
Мутобиқи қоидаи умумӣ дар шартнома метавонад ҳар ашёе, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсӣ муайян карда мешавад; ҳар чизи муайяни инфиродӣ; манқул ё ғайриманқул ва дигар молҳо буда метавонад. Дар ин қоида истисно барои чизҳо (ашё)- е пешбинӣ гардидааст, ки аз муомилот гирифта ё муомилоташон маҳдуд карда шудааст.
Шартнома метавонад барои хариду фурӯши чӣ моли мавҷуда ва чӣ оянда баста шавад.
- Ӯҳдадориҳои фурӯшанда
Ӯҳдадории асосии фурӯшанда аз рӯи шартномаи хариду фурӯш ба харидор додани моли дар шартнома пешбинишуда мебошад. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, фурӯшанда ӯҳдадор аст дар баробари мол ба харидор асбобу анҷоми марбути он ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ба он дахлдораш (паспорти техникӣ, сертификати сифат ва ғайра)-ро, ки дар қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё шартнома пешбинӣ шудаанд, диҳад.
Агар фурӯшанда ба харидор моли аз рӯи аломатҳои ҷинсӣ муайяншударо додан нахоҳад, харидор ҳақ дорад, аз иҷрои шартнома даст кашад ва товони зиёнро талаб намояд. Дар сурати надодани ашёи таъиноти инфиродӣ харидор метавонад ба ӯ дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартнома додани ин ашё ё ҷуброни зиёнро талаб намояд.
Дар мавриди ӯҳдадории худро дар бобати ба харидор надодани асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳои мол иҷро накардани фурӯшанда, харидор ҳақ дорад ба ӯ барои додани мол мӯҳлати муносиб таъин намояд, вале агар ин мӯҳлат риоя нашавад, аз мол даст кашад. Дигар оқибатҳои ин қазияро дар шартнома пешбинӣ кардан мумкин аст.
Фурӯшанда вазифадор аст ба харидор моли аз ҳуқуқи ҳама гуна ашхоси сеюм озодро, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор розӣ шудааст моли дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси семро кабул кунад, супорад (қ.1 м.496 КГ ҶТ ). Ҳуқуқи шахси сеюм гуфта, ҳуқуқҳои шайъӣ (масалан, ҳуқуқи молики мол) ва (ё) ҳуқуқҳои ӯҳдадоркунанда (чунончӣ, ҳуқуқи иҷоракор, дорандаи гарав)-ро меноманд. Шахсони сеюм шахсонеанд, ки аз рӯи шартнома тараф намебошанд.
Моли ба он ҳуқуқдоштаи шахсони сеюмро бо шарти аз ин қазия огоҳ намудани харидор ва ба қабул карда гирифтани чунин мол розӣ будани ӯ фурӯхтан мумкин аст. Дар акси ҳол харидор ҳақ дорад паст кардани арзиши мол ё худ бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро дар сурати исбот нашудани он ки харидор ба мол ҳуқуқдор будани шахсони сеюмро медонист ё мебоист донад, талаб намояд.
Молеро, ки ба он шахсони сеюм ҳуқуқ доранд, аз харидори бевиҷдон, ва инчунин аз харидори бовиҷдон, ба шарте, ки мол бар хилофи иродаи шахсони сеюм дар ихтиёрашон набошад (ба сабаби дуздидан, гум шудан ва ғайра) аз харидор талаб карда гирифтан мумкин аст. Агар харидор то рӯзи иҷрои шартнома ба мол ҳуқуқдор будани шахсони сеюмро медонист ва ё мебоист донад, ӯро харидори бовиҷдон номидан нашояд ва ӯ ҷуброни зиёни моли мусодирашудаашро талаб карда гирифта наметавонад.
Дар сурати ба харидор аз мусодира шудани моли харида даъво кардани шахси сеюм харидор вазифадор аст фурӯшандаро аз ин хусус воқиф намояд. Дар акси ҳол, агар фурӯшанда исбот карда тавонад, ки дар қазия иштирок намуда, метавонист мусодираи моли ба харидор фурӯхташударо пешгирӣ намояд, ӯ дар назди харидор ҷавобгар намебошад.
Фурӯшанда молро ба харидор дар мӯҳлати муайянкардаи шартнома медиҳад. Агар ин мӯҳлатро аз шартнома муқаррар кардан имкон надошта бошад, пас ӯҳдадории супурдани мол бояд дар мӯҳлати муносиб, баъди ба миён омадани ӯҳдадорӣ иҷро карда шавад. Фурӯшанда ӯҳдадории молдиҳиро, ки дар мӯҳлати муносиб иҷро накардааст ва ҳамчунин ӯҳдадориеро, ки мӯҳлати иҷрояш аз рӯзи талаб муайян шудааст, бояд дар давоми ҳафт рӯзи баъди аз тарафи харидор пешниҳод шудани талаби иҷрои он ба ҷо оварад.
Ӯҳдадории ба харидор мол додани фурӯшанда дар мавридҳои зерин иҷрошуда ҳисоб меёбад:
- дар мавриди ба харидор ва ба шахси ишоракардаи ӯ додани мол, ба шарте, ки дар шартнома ӯҳдадории молрасонии фурӯшанда пешбинӣ шуда бошад;
- дар мавриди ба ихтиёри харидор вогузоштани мол, ба шарте, ки мол мебоист ба харидор ё шахси ишоракардаи ӯ дар ҷои воқеи мол супурда мешуд;
- дар мавриди ба боркашон ё ташкилоти алоқа барои расонидан супурдани мол.
Зимнан иҷрои ин амалҳо додани мол ҳисоб меёбад. Тартиби аз тарафи фурӯшанда иҷро кардани ӯҳдадории додани мол бо шартнома муайян карда мешавад.
Мавриди гузаштани таваккали (хатари) тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан осеб дидани мол бо муайян кардани мавриди аз тарафи фурӯшанда ба ҷо овардани ӯҳдадории додани мол алоқаманд мебошад. Таваккали (хатари) тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан осеб дидани мол аз рӯзи молро додан ба зиммаи харидор мегузарад.
- Теъдоди мол. Навъ (ассортимент)-и мол
Теъдоди молро дар шартнома дар шакли асл ё бо ифодаи пул ва инчунин зикри теъдоди молро не, балки тартиби тавсифи онро муайян кардан мумкин аст. Шарти шартнома доир ба теъдоди мол муҳим ва асосӣ мебошад. Агар мазмуни шартнома ба муқаррар намудани теъдоди молҳое, ки дода мешаванд, имкон диҳад, зимни ҳар гуна тартиби муайян кардани теъдоди мол шартнома басташуда ҳисоб меёбад.
Ҳангоми додани теъдоди ками мол харидор ҳақ дорад, ки:
- дар мӯҳлати мувофиқ бо роҳи додани теъдоди камбуди мол рафъи қонуншиканиро талаб намояд;
- аз тамоми моли додашуда даст кашад.
Дар сурати бештар додани теъдоди мол, ки дар шартнома қайду шарт шудааст, харидор вазифадор аст фурӯшандаро аз вайрон кардани шарти шартнома оид ба теъдоди мол огоҳ созад. Фақат дар мавриде, ки фурӯшанда моли зиёдатӣ додаро дар мӯҳлати мувофиқ истифода накардааст, харидор ҳақ дорад тамоми молро қабул карда гирад.
Агар харидор моли зиёдатӣ додаро қабул карда гирифта бошад, арзиши ин моли зиёдатӣ бо нархи дар шартнома зикрёфта пардохта мешавад.
Навъ (ассортимент)-и мол гуфта, рӯйхати молҳои номгӯяшон муайянеро меноманд, ки аз рӯи баъзе аломатҳояшон бо зикри теъдоди молҳои дорои ин ё он нишонаи фиристодашаванда фарқ мекунанд.
Фурӯшанда вазифадор аст, ки ба харидор хели молҳоеро диҳад, ки ҷонибҳо байни худ мувофиқа кардаанд.
Агар навъ (ассортимент) дар шартномаи хариду фурӯш муайян нашуда бошад ва дар шартнома тартиби муайян кардани он муқаррар нагардида бошад, вале аз моҳияти ӯҳдадорӣ чунин барояд, ки мол бояд ба харидор тибки навъ (ассортимент) супурда шавад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад ба харидор бо назардошти талаботи ӯ, ки ҳангоми бастани шартнома ба фурӯшанда маълум гардида буд, мувофиқи навъ (ассортимент) мол диҳад ё аз иҷрои шартнома даст кашад (КГ ҶТ б.2 мод.503).
Дар сурати ба харидор додани моли фурӯхтаи навъи дигаре, ки бо тарафҳо мувофиқа шудааст, харидор ҳақ дорад ин молро нагирад ва арзишашро надиҳад.
Дар сурати ба харидор додани навъи моле, ки қисман ба навъи маслиҳатшудаи ҷонибҳо номувофиқ аст, харидор ҳақ дорад, ки:
- аз қабул карда гирифтан ва пардохтани пули як қисми молҳои фиристодаи навъи дигаре, ки бо шартнома муқаррар карда шудааст, даст кашад (баргардонидани маблағи пардохтшударо талаб намояд);
- аз ҳамаи молҳои додашуда, аз ҷумла аз молҳое, ки навъи онҳо мувофиқи шартнома буд ва аз пардохти пули мол даст кашад (баргардонидани маблағи пардохтшударо талаб намояд);
- иваз кардани молеро талаб намояд, ки бе риояи шартҳои доир ба навъи мол дода шудаанд ва аз пардохти пули мол даст кашад (баргардонидани маблағи пардохтшударо талаб кунанд).
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо ба харидор ҳуқуқ дода шудааст, ки инчунин аз пардохти арзиши молҳои қабулшуда даст кашад (агар арзиши мол пардохта шуда бошад, баргардонидани онро талаб менамояд).
Харидор ҳақ дорад ҳамаи молҳои ба ӯ додашуда, аз ҷумла молҳоеро низ қабул карда гирад, ки ба шартҳои шартнома дар бораи хели мол мувофиқ набуданд. Агар харидор дар мӯҳлати мувофиқ фурӯшандаро аз қабул накардани мол огоҳ накарда бошад (ба фурӯшанда дар бораи риоя нагардидани талаботи шартнома огоҳинома нафиристодааст), ин гуна молҳо аз тарафи харидор қабулшуда ҳисоб меёбанд.
- Сифати мол
Фурӯшанда бояд ба харидор моли хушсифатро диҳад. Агар сифати мол бо талаботи шартнома муайян шуда бошад, сифати он мувофиқи талаботи шартнома ҳисоб меёбад. Сифати мол дар шартнома бо зикру ишораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ ё нишондиҳандаҳои сифати мол муайян карда мешавад.
Агар дар шартномаи хариду фурӯш сифати мол муайян нашуда бошад, фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки онро одатан ба мақсади муайян истифода мебаранд, вале агар харидор ҳангоми бастани шартнома ба фурӯшанда ба кадом мақсад харидани молро гуфта бошад, он гоҳ ин мол бояд маҳз ба ҳамин мақсад кор фармуда шавад.
Додани моле, ки ба намуна ё тавсифи маслиҳаткардаи ҷонибҳо мувофиқ аст, иҷрои матлуб (хуб) дониста мешавад. Намуна маснуотест, ки хосиятҳои истеъмолиаш (истифодабариаш)-ро талабот ба сифати моли додашаванда муайян мекунад. Тавсифи мол рӯйхати хосиятҳои истеъмолӣ (истифодабарӣ) аст, ки бояд мол онҳоро доро бошад.
Ду намуди кафолати сифати мол ҳаст, ки фурӯшанда ба харидор манзур мекунад: кафолати қонунӣ ва шартномавӣ.
Кафолати қонунӣ масъулияти фурӯшанда барои набудани норасоии мол ҳангоми додани он аст, ки мол ва қобили истифода будани онро барои мақсадҳои пешбининамудаи шартнома паст мекунад.
Кафолати шартномавӣ ӯҳдадории иловагиест, ки аз рӯи он фурӯшанда барои он ҷавобгар мебошад, ки мол ба талаботи шартнома дар давоми мӯҳлати пешбиникардаи шартнома ба мӯҳлати кафолат мувофиқ хоҳад буд. Агар ҷонибҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, кафолати шартномавӣ тамоми қисматҳои таркибии мол (асбобу анҷоми таркибӣ)-ро дар бар мегирад.
Фурӯшанда ва харидор вазифадоранд сифати молро танҳо дар ҳолате тафтиш кунанд, ки чунин ӯҳдадории онҳо дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ, стандартҳои давлатӣ ё шартнома пешбинӣ шуда бошад.
Дар сурати ошкор гардидани номувофиқатии сифати мол харидор вазифадор аст ин ҳолатро ба фурӯшанда хабар диҳад.
Дар мавридҳое, ки фурӯшанда вазифадор аст сифати молро тафтиш намояд, ӯ бояд ба харидор ҳуҷҷатҳоеро, ки чунин тафтишот гузаронидани ӯро тасдиқ мекунанд, вале дар аксари мавридҳо ҳуҷҷатҳои марбути натиҷаҳои тафтишотро низ пешниҳод намояд.
Агар харидор исбот карда тавонад, ки норасоиҳои мол то ба харидор додани он ё бо сабабҳои то ин лаҳза ба миёномада ошкор шудааст, фурӯшанда барои норасоиҳои мол ҷавобгар аст.
Агар норасоии мол дар давоми мӯҳлати кафолат ошкор шуда бошаду фурӯшанда исбот карда натавонад, ки норасоии мол баъди онро ба харидор додан аз сабаби риоя накардани қоидаҳои истифода ё нигоҳ доштани он ё бинобар амали шахсони сеюм ё худ қувваи рафъноназар ошкор гаштаанд, ҷавобгар мебошад.
Агар мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол муқаррар нагардида бошад, харидор талаботи вобаста ба норасоиҳои молро ба шарте арз карда метавонад, ки норасоиҳои мол дар мӯҳлати мувофиқ, вале дар зарфи ду соли баъди ба харидор додани мол ошкор гардида, бо қонун ё шартномаи хариду фурӯш мӯҳлати бештаре муқаррар нашуда бошад. Мӯҳлати ошкор кардани норасоиҳои моле, ки бояд интиқол дода, ё аз тариқи почта фиристода шавад, аз рӯзи дар маҳалли таъинот қабул карда гирифтани мол ба ҳисоб гирифта мешавад (КГ ҶТ б.2 мод.513). Норасоии моле, ки барояш мӯҳлати кафолат ё мувофиқан мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда шудааст, бояд дар давоми ҳамин мӯҳлат ошкор карда шавад.
Мӯҳлати кафолати мол аз рӯзи ба харидор додани он сар мешавад.
Агар молро ба сабаби ошкор гардидани норасоиҳояш истифода кардан номумкин бошад, мӯҳлати кафолати он ба шарти аз норасоиҳои мол огоҳ кардани фурӯшанда дароз карда мешавад.
Мӯҳлати кафолати маснуоти такмилӣ баробари мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ буда, ҳамзамон бо мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ давом мекунад. Ҷонибҳо метавонанд дар шартнома тартиби дигарро пешбинӣ намоянд.
Мӯҳлати коршоямии мол мӯҳлатест, ки баъди гузашти он мол барои тибқи таъинот истифода бурда шуданаш корношоям эътироф мегардад.
Молеро, ки барояш мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда шудааст, фурӯшанда бояд ба харидор бо назардошти он диҳад, ки он то гузаштани мӯҳлати коршоямиаш аз рӯи таъинот истифода бурда шавад.
Мӯҳлати коршоямии мол бо даврае, ки аз рӯзи истеҳсоли он ба ҳисоб гирифта шуда, дар ин муддат мол барои истифода коршоям мебошад ё бо санае, ки то фаро расидани он мол барои истифода коршоям аст, муайян карда мешавад (КГ ҶТ мод.509).
- Мукаммалии мол. Маҷмуъ (комплект) – и мол. Зарф ва борпеч.
Мукаммалии мол шартест, ки бо созиши ҷонибҳо муқаррар карда мешавад. Мукаммалии мол гуфта, маҷмӯи ҷузъҳо, узвҳо, қисмҳои ҷудогонаеро меноманд, ки мол аз онҳо иборат буда (маснуоти такмилӣ), онҳо як чизи бутуни томро ташкил медиҳанд, ки аз рӯи таъиноти умумӣ истифода бурда мешавад.
Фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки он ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш оид ба мукаммалии мол мувофиқ мебошад. Агар дар шартнома аз шарти мукаммалии мол сухан нарафта бошад, фурӯшанда бояд тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё худ аз рӯи талаботи маъмул нисбати мукаммалии мол амал кунад.
Маҷмӯъ (комплект)-и мол дастаи молҳои ҷудогонаи мувофиқакардаи ҷонибҳо буда, татбиқи якҷояи онҳо қайду шарт карда нашудааст. Молро дар маҷмӯъ, яъне пурра карда додан танҳо шарти шартнома мебошад.
Фурӯшанда вазифадор аст молро ба харидор маҷмӯъ (комплект) карда диҳад, ки ин дар шартнома аз рӯи салоҳдиди ҷонибҳо муайян карда шудааст. Молҳоеро, ки маҷмӯъ (комплект) дар бар гирифтааст, ба харидор якбора ё худ алоҳида-алоҳида додан мумкин аст. Дар ин ҳолат рӯзи шартҳои шартномаро иҷро кардани фурӯшанда рӯзи додани моли охироне ҳисоб меёбад, ки ба маҷмӯъ (комплект) ҳамроҳ карда шудааст.
Дар сурати риоя нашудани мукаммалии мол ё маҷмӯъ (комплект) накарда додани мол, ки ин дар шартнома муқаррар карда шудааст, харидор ҳақ дорад бо хости худ аз фурӯшанда иҷрои корҳои зеринро талаб намояд:
- мутаносибан нархро паст кунад;
- дар мӯҳлатхои мувофиқ молро мукаммал намояд.
Харидор танҳо дар сурати талаботи то охир такмил кардани молро баҷо наовардани фурӯшанда ҳуқуқдор мешавад, ки аз ӯ бо хости худ иҷрои корҳои зайлро талаб кунад:
- моли номукаммал ба моли мукаммал иваз карда шавад;
- аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад ва баргардонидани маблаги барои онхо пардохташуда, инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд.
Фурӯшанда вазифадор аст молро ба харидор, қатъи назар аз он ки ҷонибҳо шартҳоро оид ба ин масъала дар шартнома дарҷ кардаанд ё не, бо зарфаш ва (ё) бо борпечаш диҳад. Дар ин бобат молҳое, ки аз рӯи хосияти худ зарф ва (ё) борпечро тақозо намекунанд, истисно мебошанд. Дар сурати ба харидор фиристодани моли безарф ё бе борпеч харидор ҳақ дорад аз фурӯшанда дар зарф ҷойгир намудан ё борпеч кардан ва ҳангоми дар зарф (ё) борпечи номатлуб додани мол иваз кардани зарф ва (ё) борпечро талаб намояд.
- Ӯҳдадориҳои харидор
Ӯҳдадориҳои асосии харидор аз инҳо иборатанд:
- молро қабул карда гирад ва арзиши онро пардозад, зимнан қимати мол бояд пурра пардохта шавад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад;
- аз ҳисоби худ корҳоеро анҷом диҳад, ки мутобиқи қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ, шартнома ё талаботи маъмулӣ барои пардохтан заруранд;
- дар сурати набудани шарти дигари ҳисобукитоб онро бо пардохтнома (супоришномаи пардохт) баробар кунад;
- арзиши молро бевосита пеш аз ё пас аз додани мол пардозад.
Ҳангоми ӯҳдадории молдиҳиро иҷро накардани фурӯшанда харидор ҳақ дорад:
1) аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад ва товони зиёнро талаб намояд, ба шарте, ки мавзӯи шартнома ашёе (амволе) бошад, ки бо аломатҳои ҷинсӣ муайян карда мешаванд;
2) аз фурӯшанда ба ӯ баргардонидани ашёи (амволи) инфиродии муайянеро, ки мавзӯи шартнома аст ё ҷуброни зиёнро талаб намояд;
3) агар фурӯшанда ҷиҳозу ҳуҷҷатҳои молро надода бошад, пас барои додани онҳо мӯҳлати мувофиқ таъин намояд, вале дар сурати гузаронидани мӯҳлат аз мол даст кашад.
Харидор аз рӯи шартномаи хариду фурӯш ба кафолатҳои зерини иловагӣ ҳуқуқ дорад:
- дар бораи мол маълумоти зарурӣ ва дуруст гирад, молро аз назар гузаронад, гузаронидани тафтишот ё намоиш додани истифодаи молро талаб намояд .
- дар давоми 14 рӯз моли андоза ё рангаш номувофиқро иваз намояд;
- дар сурати номатлуб будани сифати мол дарҳол иваз намудани онро талаб кунад ё худ аз шартнома ва нархи фурӯш даст кашад (баргардонад);
- ҷуброни зиёни маънавиро талаб намояд.
Агар харидор бо вайрон кардани шартнома аз қабул намудани мол ва пардохти қимати он даст кашад, фурӯшанда ҳақ дорад аз ӯ пардохтани қимати мол ё худ аз иҷрои шартнома даст кашидан ва ҳамчунин ҷуброни зиёни расонидаи ӯро талаб намояд.
Агар дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, фурӯшанда ҳақ дорад ба харидор то арзиши тамоми молҳои пештар гирифтаашро пурра напардохтани ӯ дигар мол надиҳад. Шартномаи хариду фурӯш чунин шаклҳои пардохти қимати молро пешбинӣ менамояд: пешпардохти мол (КГ ҶТ мод.523), ба кредит (КГ ҶТ мод.524), бо мӯҳлат (ба кредит) (КГ ҶТ мод.525).
Пешпардохт гуфта, пеш аз мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома пурра ё қисман аз тарафи харидор пардохтани қимати моли аз фурӯшанда гирифтаро меноманд.
Дар сурати ба кредит фурӯхта шудани мол харидор бояд арзиши онро пас аз ба ӯ мол додани фурӯшанда дар мӯҳлати муайяни муқаррарнамудаи шартнома пурра бипардозад.
Дар шартнома насия фурӯхтани мол пешбинӣ шуда метавонад. Шартномаи хариду фурӯши дорои чунин шарт ба шарте басташуда эътироф мешавад, ки дар он дар баробари шартҳои дигари асосии хариду фурӯш нархи мол, тартибу мӯҳлат ва андозаи арзши пардохт зикр шуда бошад.
Дар шартномаи хариду фурӯш метавонад пешбинӣ карда шавад, ки ҳуқуқи моликиятдории фурӯшандае, ки молро ба харидор додааст, то арзиши онро напардохтани харидор боқӣ мемонад. Мувофиқи ин шарт харидор наметавонад то ба зиммаи ӯ гузаштани ҳуқуқи моликият молро бегона кунад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд.
- Мубодила
Аз рӯи шартномаи мубодила яке аз тарафҳо ӯҳдадор мешавад, ки ба моликияти тарафи дигар ба ивази як мол моли дигар диҳад. Дар айни замон ҳар яке аз тарафҳҳо фурӯшандаи моле эътироф мегардад, ки ӯҳдадор мешавад, онро супорад ва харидори моле ба ҳисоб меравад, ки ӯҳдадор мешавад бар ивази он қабул кунад (КГ ҶТ мод.601).
Аз ин таъриф хулоса мебарояд, ки шартномаи мубодила машваратӣ, музднок ва дутарафа мебошад.
Қонунгузории гражданӣ ба муносибатҳои мубодилавӣ гаравидани (ҳамроҳ шудани) ҳеҷ касро маҳдуд накардааст. Аз ин ба хулоса меоем, ки ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ тарафҳои шартнома шуда метавонанд. Дар ин маврид дар кадом соҳаи фаъолият: дар соҳаи истеъмолоти шахсӣ, оилавӣ, маишӣ (масалан, дар байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ) ё дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ (чунончӣ, байни шаҳрвандони соҳибкор, байни шаҳрвандони соҳибкору ташкилотҳои тиҷоратӣ, байни ташкилотҳои тиҷоратӣ баста шудани шартнома аҳамият надорад. Ягона талаботе, ки ҷониби шартнома бояд ҷавобгӯи он бошад, соҳиб гаштани ӯ ба ҳуқуқи моликӣ ё ҳуқуқи дигари (ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ) шайъӣ ба амволи мубодилашаванда мебошад.
Ба сифати мавзӯи шартнома амволи манқул ва ғайриманқул; амволе, ки бо нишонаҳои ҷинсӣ муайянгардида ва инфиродии муайян; амволи истеъмолшаванда ва истеъмолнашаванда, тақсимшаванда ва тақсимнашаванда (аз ҷумла амволи мураккаб) баромад карда метавонанд.
Нисбат ба шартномаи мубодила қоидаҳои хариду фурӯш татбиқ карда мешаванд. Молҳои мубодилавӣ, одатан, баробарарзиш ҳисоб меёбанд ва хароҷоти додану гирифтани онҳо ба дӯши ҷонибест, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма мегирад. Агар молҳои мубодилавӣ баробарарзиш дониста нашаванд, ҷонибе, ки моли камарзиши худро барои мубодила медиҳад, бояд тафовути нархро бевосита пеш аз ё баъд аз адои ӯҳдадории молдиҳӣ бипардозад, ба шарте, ки дар шартномаи мубодила тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Хусусияти шартномаи хариду фурӯши чакана
Мутобиқи шартномаи хариду фурӯши чакана фурӯшандае, ки фаъолияти соҳибкориро оид ба фурӯши чаканаи мол анҷом медихад, ӯҳдадор мешавад ба харидор молҳоеро диҳад, ки одатан, барои истифодаи шахсӣ, манзили ё дигар навъи истифода таъин гардидааст (КГ ҶТ мод.528).
Шартномаи хариду фурӯши чакана шартномаи оммавӣ мебошад. Аз рӯи шартномаи хариду фурӯши чакана ба сифати фурӯшанда шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде буда метавонад, ки дар фурӯши чаканаи мол бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Мутобиқи шартнома ашёе, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оила, рӯзгор ё дар соҳаи дигари новобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад, мол ҳисоб меёбад.
Шартномаи хариду фурӯши чакана, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, аз лаҳзаи ба харидор ва дар сурати набудани ӯ ба ҳар шахси пешниҳодкардаи барот (квитансия) ё дигар санади тасдиқкунандаи бастани шартнома ё ба расмият даровардани супоридани мол аз ҷониби фурӯшанда иҷрогардида ҳисобида мешавад.
Қимати молро харидор аз рӯи нархе, ки фурӯшанда дар рӯзи бастани шартнома эълон кардааст, мепардозад. Дар шартнома пешпардохт, яъне пешакӣ пардохтани арзиши мол, ба қарз (кредит), аз ҷумла насия фурӯхтани мол пешбинӣ шуда метавонад.
Харидор ҳақ дорад моли харидаашро, ки ҳаҷму андоза, шаклу ранг ё маҷмӯаш (комплектатсияаш) барояш номуносиб аст, бо шартҳои зерин мубодила (иваз) кунад:
- агар мол ғайриозуқавӣ бошад;
- агар мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш боқӣ монда, далели аз ин ё он фурӯшанда харидорӣ шуданаш мавҷуд бошад;
- агар дархостнома дар давоми чаҳордаҳ рӯзи баъди ба харидор додани мол манзур карда шуда бошад. Мол дар ҷои харидорӣ шуданаш ва ҷойҳои дигари эълоннамудаи фурӯшанда мубодила (иваз) карда мешавад.
- Норасоиҳои мол. Оқибати фурӯхтани
моли сифаташ номатлуб
Моли сифаташ номатлуб ашёе, амволе мебошад, ки норасоӣ (иллат) дорад. Иллату норасоӣ, яъне ба талаботи сифати худ, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст ё ба талаботи дигар номувофиқ будани моли фурӯхташуда мебошад.
Норасоиҳо вобаста ба хосияташон аён ва ноаён мешаванд. Норасоиҳои аён метавонанд ҳангоми аз назар гузаронидани мол ё худ бо тарзу усулҳои махсус, масалан, бо роҳи ба шабакаи барқ васл кардани мол ошкор гарданд. Вале норасоиҳои ноаён танҳо дар рафти истифода кардан ё нигоҳ доштани мол маълум мешаванд.
Ҳангоми ошкор шудани норасоиҳои моли харидашуда, ки доир ба онҳо бо фурӯшанда қайду шарт карда нашудааст, харидор ҳақ дорад бо хости худ иҷрои ин амалҳоро талаб намояд, ки:
- моли сифатан номатлубро ба моли хушсифат иваз намояд;
- норасоиҳои мол таъҷилан ройгон бартараф карда шаванд;
- чуброни хароҷоти вобаста ба бартараф намудани норасоиҳоро пардозад;
- мутаносибан нархи харидро паст кунад.
Нисбати молҳое, ки хосияташон имконият намедиҳад норасоиҳо бартараф карда шаванд (озуқа, доруворӣ, маснуоти кимиёии рӯзгор ва ғайра), ҳангоми ошкор шудани норасоиҳое, ки доир ба онҳо бо фурӯшанда қайду шарт карда нашудааст, харидор ҳақ дорад бо хости худ:
- талаб кунад, ки мол ба чунин моли сифаташ матлуб ё ба ҳамин монанд мол иваз карда шавад;
- талаб намояд, ки нархи хариди мол мутаносибан паст карда шавад;
- аз иҷрои шартнома даст кашад ва баргардонидани пули барои мол пардохтаашро талаб намояд.
Дар сурати ӯҳдадории шартномаи хариду фурӯши чаканаро иҷро накардани фурӯшанда ҷуброни зиён ва пардохти ноустуворона ӯро аз ӯҳдадории дар шакли асл (натура) иҷро намудани он озод намекунад (КГ ҶТ мод.539).
- Шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул
Мутобиқи моддаи 580 КГ ҶТ оид ба шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул (шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул) фурӯшанда ӯҳдадор мешавад, ки ба моликии харидор бино, иншоот, хона ё дигар амволи ғайриманқулро диҳад.
Ба чизу чораи ғайриманқул (амволи ғайриманқул) инҳо мансубанд: бино, иншоот, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар амволе, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст (КГ ҶТ мод.142).
Шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷати имзокардаи ҷонибҳо баста мешавад.
Ҷонибҳои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ буда метавонанд.
Аз рӯи шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Ҳангоми фурӯхтани бино, иншоот ё дигар амволи ғайриманқул дар баробари ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул ҳамчунин ҳуқуқи дахлдор ба қатъаи замин мегузарад.
Агар қитъаи замине, ки дорои биною иншоот ё дигар амволи ғайриманқули мутааллиқи фурӯшанда, ки рӯи он амволи ғайриманқул ҷой гирифтааст, бе гузаштани ҳуқуқу моликият ба харидори ин амволи ғайриманқул фурӯхта шавад, фурӯшанда ҳақ дорад, ки як қисми ин қитъаи замини дорои амволи ғайриманқулро аз рӯи зарурат мутобиқи шартҳои муайянкардаи шартномаи фурӯш истифода барад.
Мавзӯъ ва қимати шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул аз шартҳои асосии шартнома ба ҳисоб мераванд. Ҷонибҳо бояд дар шартнома маълумотеро зикр намоянд, ки он имкон медиҳад амволи ғайриманқули аз рӯи шартнома ба харидор додашаванда ва ҳамчунин нархи он аниқ муқаррар карда шавад. Дар акси ҳол шартнома бастанашуда ҳисоб меёбад.
Иҷрои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул аз ду марҳала: аз супоридани амвол ба харидор ва санади додугирифт ё дигар ҳуҷҷати додани амвол иборат аст. Мувофиқи моддаи 248 КГ ҶТ ашё (амвол) аз рӯзи воқеан ба ихтиёри харидор ё шахси таъинкардаи ӯ гузаштанаш супурдашуда ҳисоб меёбад.
Агар фурӯшанда ба харидор амволи ғайриманқули сифаташ ба шартҳои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул номувофиқро супорад, харидор ҳақ дорад бо майли худ аз фурӯшанда талаб намояд, ки:
- ба андозаи муносиб нархи фурӯшро паст кунад;
- ройгон, дар мӯҳлатҳои мувофиқ норасоиҳои молро бартараф намояд;
- хароҷоти вобаста ба рафъи норасоиҳои молро ҷуброн намояд.
Дар сурати ҷиддан риоя накардани талабот нисбати сифати мол харидор ҳақ дорад аз иҷрои шартномаи молрасонӣ даст кашад ва баргардонидани маблағи барои он пардохтаашро талаб кунад.
- Тавсифи шартномаи фурӯши корхонаҳо
Мутобиқи шартномаи фурӯши корхона фурӯшанда ӯҳдадор мешавад, ки корхонаро пурра ҳамчун маҷмӯи амвол ба моликияти харидор диҳад, ба истиснои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки фурӯшанда ҳақ надорад ба дигар ашхос вогузорад.
Зери мафҳуми корхона ҳамчун объекти ҳуқуқҳои гражданӣ маҷмӯи амволеро меноманд, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, тамоми намуди амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз ҷумла, қитъаҳои замин, бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи талаб кардан, қарз ва инчунин ҳуқуқи нишонгузорие, ки корхона ва маҳсулоти онро фардӣ месозад, кору хизмат (номи фирмавӣ, нишонаҳои мол, нишонаҳои хизматрасонӣ) ва дигар ҳуқуқҳои хосаро дар бар мегирад, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Фурӯшандаи корхона, ҳатто агарчӣ корхонаи ба фурӯшмонда барои амалӣ сохтани фаъолияти иҷозатбуда таъин гардида бошад ҳам, ба харидор ҳуқуқи дар асоси иҷозатнома (литсензия) барои машғул гаштан бо фаъолияти дахлдор гирифтаашро гузашт карда наметавонад.
Таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурӯхта шавад, дар асоси ҳисобрасии (инвентаризатсияи) пурраи корхона, ки тибқи қоидаҳои муқарраршудаи чунин ҳисобрасӣ гузаронида мешавад, муайян мегардад.
То ба имзо расонидани шартномаи фурӯши корхона бояд аз тарафи ҷонибҳо санади ҳисобрасӣ, тавозуни (баланси) муҳосибавӣ, хулосаи аудитори мустақим оид ба таркиб ва арзиши корхона, ҳамчунин номгӯи ҳамаи қарзҳои (ӯҳдадориҳои) шомили таркиби корхона бо зикри қарзхоҳон (кредиторон), хусусият, андоза ва мӯҳлати талаботи онҳо таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Амвол, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои зикршуда сабт гардидаанд (КГ ҶТ мод.591), то ба харидор супурдани корхона бояд ҳамаи қарзхоҳон (кредиторон) аз фурӯхта шудани корхона мутобиқи ӯҳдадориҳои марбути корхона огоҳ карда шаванд.
Рӯзи ба харидор додани корхона рӯзи аз тарафи ҳар ду ҷониб имзо шудани санади додугирифт ҳисоб меёбад. Ҳуқуқи моликият ба корхона баъди ба харидор додани корхона мегузарад ва он бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Ба ҳамин тариқ, шартномаи фурӯши корхона аз марҳалаҳои зерин иборат аст;
- имзо кардани шартнома;
- бақайдгирии давлатии шартнома;
- ба харидор супурдани корхона;
- аз қайди давлатӣ гузаронидани ҳуқуқи моликият ба корхона.