Танзими ҳуқуқии ҳисоббаробаркунӣ
1. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ 2. Ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт 3. Аккредитив 4. Инкассо 5. Бечунучаро аз суратҳисобҳо соқит кардани маблағ 6. Чек 7. Мафҳуми шартномаи суратҳисоби бонкӣ 8. Қоидаҳои аз тарафи бонк иҷро кардани амалиётҳо аз рӯи суратҳисобҳо |
- Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ
Дар қонунгузорӣ ду шакли пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст: ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ.
Иштироккунандаи ҳатмии муносибатҳои ҳуқуқии ҳисоббаробаркунӣ дар ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бонк ва дигар ташкилоти кредитӣ мебошад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд байни пулгиру пулдеҳ бе иштироки бонк сурат мегирад.
Тартиби ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон низ ҳаст, ки он ба фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон алоқаманд мебошад.
Ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкориашон алоқаманд нест, метавонад бе маҳдуд кардани маблағ бо пули нақд сурат гирад. Ҳисоббаробаркунӣ байни шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандони машғули фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби ғайринақдӣ сурат мегирад. Агар дар Қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳисоббаробаркунии байни ин ашхос ҳамчунин бо пули нақд анҷом дода мешавад.
Шаклҳои асосии зерини ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муқаррар карда мешаванд:
- инкассо;
- супоришномаҳои пардохт (супоришномаҳои якҷояи пардохт);
- чек;
- аккредитив;
- кортҳои пластикӣ;
- ордерҳои ёдбуд (танҳо барои бонкҳо ва муассисаҳои кредитии ғайрибонкӣ).
Шаклҳои ҳисоббаробаркунии байни пулдеҳ ва пулгир бо шартнома (созишнома) муайян карда мешавад[1].
- Ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт
Ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт шакли маъмултарини ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Супоришномаи пардохт супоришномаи корхона ба бонки хизматрасон дар бораи гузаронидани маблағи муайян аз суратҳисоби худ ба суратҳисоби шахси ишоракардаи пулдеҳ ба ин ё он бонк аст. Супоришномаи пардохтро бонкҳо танҳо дар мавриди дар суратҳисоби худ пул доштани пулдеҳон қабул мекунанд. Супоришномаи пардохтие, ки дар бланкаи шакли муқарраршуда пешниҳод гардидааст, дар давоми 10 рӯзи навишта додани он боэътибор аст (рӯзи навишта додан ба ҳисоб гирифта намешавад).
Бо маслиҳати ҷонибҳо пардохтномаҳо мӯҳлатдор, пеш аз мӯҳлат ва дермӯҳлат, аз ҷумла пешакӣ бо бланки пулдеҳ аксептшуда буда метавонанд.
Пардохти мӯҳлатдор дар ин мавридҳо сурат мегирад:
а) пардохти бунакӣ, яъне пеш аз бор кардани мол;
б) баъд аз бор кардани мол, яъне бо роҳи аксепти бевоситаи мол;
в) пардохтҳои ҷузъӣ дар мавриди аҳдҳои калонмиқёс.
Пардохтҳои пеш аз мӯҳлат ва дермӯҳлат дар доираи муносибатҳои шартномавӣ бе расонидани зиён ба вазъияти молиявии ҷонибҳо ҷой дошта метавонанд;
г) пардохти аксептшуда дар мавридҳои алоҳида, бо пешакӣ брон (банд) кардани пули пардохт дар бонки пулдеҳ ва супоришномаи пардохти муштарии худро аксепт кардани ӯ татбиқ карда мешавад.
- Аккредитив
Дар сурати ҳисоббаробаркунӣ бо аккредитив пулдеҳ (пардохтгар) ба бонке, ки ба ӯ хизмат мерасонад, супориш медиҳад, ки аз ҳисоби маблағи ба депозит гузоштааш ё қарз арзиши дороии молию моддӣ, музди кору хизмати анҷомдодашударо дар маҳалли буду боши пулгир бо шартҳои дар аризаи аккредитив пешбининамудаи пулдеҳ пардозад. Аккредитив супориши бонки харидор ба бонки молфиристанда аст барои пардохтани пули ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ. Ҳангоми гирифтани аризаи аккредитив бонки пардохтгар (пулдеҳ) ин маблағро дар суратҳисоби алоҳида брон карда мемонад. Пули ба депозит гузошташуда ба молфиристанда кафолат медиҳад, ки музди моли фиристода, кору хизмати баҷо овардааш саривақт пардохта мешавад; бонк маблағро баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки бор карда фиристодани мол ё иҷро шудани кору хизматрасониро тасдиқ менамоянд, ба суратҳисоб мегузаронад.
Аккредитив ӯҳдадории шартии пулии бонк буда, онро бонк бо арзиши муштарӣ ба нафъи ҷониби дигари шартнома медиҳад, ки аз рӯи он бонки аккредитивкушода (бонки эмитет) метавонад ба молфиристанда имконияти пардохт карданро диҳад ё ба бонки дигар имконият диҳад, ки ба шарти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар аккредитив пешбинишуда ва иҷро кардани шартҳои дигари аккредитив чунин пардохткуниҳоро баҷо оварад.
Аккредитив метавонад танҳо барои ҳисоббаробаркунӣ бо як молфиристанда таъин гардида бошад. Мӯҳлати эътибор ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи аккредитив дар шартномаи байни пулдеҳ ва молфиристанда муқаррар карда мешавад.
Шартнома ин маълумотҳоро бояд дар бар гирад:
- номи бонки эмитент;
- хели аккредитив ва усули иҷрои он;
- воситаи огоҳ намудани молфиристанда аз кушода шудани аккредитив;
- рӯйхати пурра ва тавсифи аниқи ҳуҷҷатҳое, ки молфиристанда барои гирифтани маблағ аз рӯи аккредитив пешниҳод менамояд;
- мӯҳлатҳои пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо баъди бор карда фиристодани мол, талабҳо нисбати ба расмият даровардани онҳо;
- дигар ҳуҷҷату шартҳои зарурӣ.
Намудҳои зерини аккредитив метавонанд кушода шаванд:
- пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) ё пӯшониданашуда (кафолатнок);
- бозхостшаванда ё бозхостнашаванда.
Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) бонки эмитент вазифадор аст маблағи аккредитив (пӯшонидани он)-ро аз ҳисоби пардохтгар ё кредити ба ӯ пешниҳодшуда барои тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонки эмитент ба ихтиёри бонки иҷрокунанда гузаронад.
Ҳангоми байни бонкҳо муқаррар гардидани муносибатҳои мустақими корреспондентӣ аккредитиви пӯшониданашуда (кафолатнок) метавонад дар бонки иҷрокунанда бо роҳи ба он додани ҳуқуқи аз ҳисоби бонки эмитенти дорандаи суратҳисоби ӯ соқит кардани тамоми маблағи аккредитив кушода шавад[2].
Дар ҳар аккредитив бояд равшан зикр шуда бошад, ки оё он бозхостшаванда аст ё бозхостнашаванда. Дар мавриди набудани чунин тазакурот аккредитив бозхостшаванда мебошад. Аккредитиве бозхостшаванда эътироф мегардад, ки аз тарафи бонки эмитент, бе он ки маблағгиранда пешакӣ огоҳ карда шавад, метавонад тағйир дода ё бекор карда шавад.
Аккредитиве, ки бе розигии маблағгиранда наметавонад бекор карда шавад, аккредитиви бозхостнашаванда ҳисоб меёбад.
Молфиристанда барои гирифтани пули аккредитив молро бор карда, феҳристи ҳисобу китоб, ҳуҷҷатҳои молборкунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бо шартҳои аккредитив пешбинигардидаро ба муассисаи хизматрасони бонкӣ пешниҳод мекунад.
Ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯи аккредитив пардохта шудани маблағро тасдиқ менамоянд, бояд аз тарафи молфиристанда пеш аз гузаштани мӯҳлати аккредитив ба бонк пешниҳод карда, иҷро гардидани ҳамаи шартҳои аккредитивро тасдиқ намоянд. Дар сурати риоя нашудани ақаллан яке аз ин шартҳо аз рӯи аккредитив маблағ пардохта намешавад.
- Инкассо
Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи супоришномаҳои инкассавӣ мутобиқи моддаҳои 899-901 КГ ҶТ, моддаҳои 5 ва 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1.03.с.2001 № 112 (дар таҳрири Дастурамал аз 26.03.2002 № 57) сурат мегиранд.
Инкассо амалиёти бонкӣ буда, бонк тавассути он аз рӯи супориши муштарии худ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунии корхонаю иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳо барои ба номи онҳо бор кардани дороии молию моддӣ ва хизматрасонӣ музд мегирад ва ин маблағро ба ҳисоби ӯ дар бонк мегузаронад[3].
Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои супоришномаи инкассавӣ муштарӣ ба бонки худ (бонки эмитент) супоришнома мефиристад, ки аз ҳисоби муштарӣ аз пардохтгар пардохтпулӣ бигирад.
Амалиёти инкассавӣ аҳди мавҳум (абстрактӣ) буда, ба шартномаи байни пардохтгар ва маблағгиранда, ки аз рӯи он ҳисоббаробаркунӣ сурат мегирад, вобаста нест. Даъвоҳои мутақобиларо аз рӯи ҳисоббаробаркуниҳои байни пардохтгар ва маблағгиранда ҷонибҳо бо тартиби муқаррарнамуда бе иштироки муассисаҳои бонкӣ баррасӣ менамоянд.
Бонке, ки аз муштарӣ супориши инкассавӣ гирифтааст, бонки эмитент номида мешавад. Бонки эмитенте, ки супориши инкассавӣ гирифтааст, ҳуқуқ дорад барои иҷрои он бонки дигар (бонки иҷрокунанда)-ро ҷалб намояд. Бонки иҷрокунанда ба шахси ӯҳдадор оид ба пардохти маблағ талабнома пешниҳод мекунад.
Ҳангоми набудани ягон ҳуҷҷат ё аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ ба супоришномаи инкассавӣ номутобиқ будани ҳуҷҷатҳо бонки иҷрокунанда вазифадор аст аз ин хусус шахсеро, ки аз номи ӯ супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, фавран огоҳ созад. Дар ҳолати бартараф нагардидани камбудиҳои зикршуда бонк ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро бидуни иҷро баргардонад.
Ҳуҷҷатҳо ба пардохтгар ба истиснои ишораву навиштаҷоти бонкҳо, ки барои расмӣ гардонидани амалиёти инкассавӣ заруранд, дар шакли пешинаашон, яъне дар он шакле, ки гирифта шуда буданд, баргардонида мешаванд.
Агар ҳуҷҷатҳо бо манзур доштани онҳо мавриди пардохт қарор гиранд, бонки иҷрокунанда баробари гирифтани супоришномаи инкассавӣ фавран онро барои пардохт бояд пешниҳод намояд.
Агар ҳуҷҷатҳо дар дигар мӯҳлат пардохта шаванд, бонки иҷрокунанда бояд барои гирифтани аксепти пардохтгар фавран баробари гирифтани супоришномаи инкассавӣ ба аксепти ҳуҷҷатҳо пешниҳод намояд ва талаботи пардохт бояд на дертар аз рӯзи фаро расидани мӯҳлати пардохти дар ҳуҷҷатҳо зикргардида қонеъ гардонида шавад.
Пардохтҳо қисм-қисм дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё ҳангоми мавҷудияти иҷозати махсус дар супоришномаи инкассавӣ қабул карда шуданашон мумкин аст.
Маблағи гирифташуда (инкассошуда) бояд ба ихтиёри бонки эмитент вогузошта шавад ва бонки эмитент дар навбати худ вазифадор аст онро ба суратҳисоби муштарӣ гузаронад. Бонки иҷрокунанда ҳақ дорад аз маблағи инкассошуда подоши хизмати худро нигоҳ дорад ва хароҷоташро ҷуброн намояд.
Агар маблағи пардохт ва (ё) аксепт дастрас нагардида бошад, бонки иҷрокунанда вазифадор аст бонки эмитентро аз хусуси раддияи пардохт ё сабабҳои он фавран огоҳ созад. Бонки эмитент низ вазифадор аст аз ин хусус муштариро фавран воқиф гардонида, вобаста ба амалиёти минбаъда дастур талаб намояд.
Ҳангоми дар муддати 5 рӯз нагирифтани дастур оид ба амалиёти минбаъда ва дар сурати зикр нашудани чунин мӯҳлат бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро ба бонки эмитент, ки аз он супоришномаи инкассавӣ гирифта буд, баргардонад.
- Бечунучаро аз суратҳисобҳо соқит кардани маблағ
Мутобиқи моддаи 878 КГ ҶТ, Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.с.2004 № 2 «Дар бораи баъзе масъалаҳои амалияи баррасии баҳсҳои бо бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои ҳисоби бонкӣ» ва Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1.03.с.2001 № 112 (дар таҳрири Дастурамал аз 26.03.с.2002 № 57) маблағи суратҳисобҳоро бонк дар асоси амри молики суратҳисоб соқит менамояд.
Дар сурати гуногунии шаклҳои моликият, фаъолияти корхонаҳо дар шароити равнақу ривоҷи муносибатҳои молию пулӣ қонунгузории миллӣ принсипи аз тарафи корхонаҳо озодона интихоб намудани шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ, дар шартномаҳо татбиқ кардани онҳо, дахолат накардани бонкро ба муносибатҳои шартномавии корхонаҳо ба асос мегирад.
Маблағи дар суратҳисоби муштарӣ бударо дар ҳолатҳои зерин бе супориши ӯ аз ҳисоб соқит кардан мумкин аст:
1) бо қарори суд;
2) дар мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мавридҳое низ, ки муштарӣ бо ҷониби дигари шартнома (контрагенти худ) пешбинӣ намудааст, бидуни аксепт аз суратҳисоб соқит кардани маблағ имконпазир аст (КГ ҶТ мод.871). Барои бастани чунин шартнома пардохтгар бояд бо бонки худ созишномаи дахлдор бандад, ки онро чун тағйири шартҳои шартномаи суратҳисоби бонк донистан мумкин аст.
- Чек
Дар муомилоти пардохт барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифода бурдани чек мумкин аст.
Мутобиқи моддаи 902 КГ ҶТ чек коғази қиматнокест, ки дастури бидуни ягон қайду шарти чекдиҳанда ба бонк ҷиҳати ба дорандаи чек анҷом додани пардохти маблағи зикргардидаро дар бар мегирад.
Чек бояд талаботи зеринро дар бар гирад:
- номи «чек», ки дар матни ҳуҷҷат ворид гардидааст;
- супоришнома ба пардозанда оид ба пардохтани маблағи муайяни пулӣ;
- номи пардозанда ва зикри суратҳисобе, ки аз он бояд пардохт анҷом дода шавад;
- зикри асъори пардохт;
- зикри сана ва маҳалли муратаб сохтани чек;
- имзои шахсе, ки чекро навишта додааст, яъне чекдиҳанда.
Дар ҳуҷҷат зикр наёфтани яке аз ин маълумотҳо чекро беэътибор мегардонад. Чеке, ки дар он ҷою маҳалли тартиб дода шуданаш зикр наёфтааст, ҳамчун чеки дар маҳалли будубоши чекдиҳанда имзошуда эътироф карда мешавад.
Чек аз ҳисоби маблағи чекдиҳанда пардохта мешавад (КГ ҶТ мод.904).
- Мафҳуми шартномаи суратҳисоби бонкӣ
Мутобиқи шартномаи суратҳисоби бонк як тараф (бонк) ё дигар муассисаи кредитӣ ӯҳдадор мешавад, ки маблағи пулии ба суратҳисоби тарафи дигар (молики суратҳисоб) воридшударо қабул кунад ва гузаронад, супориши молики суратҳисобро дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидан ва пардохти маблағҳои дахлдор ва вобаста ба суратҳисоб иҷро намудани дигар амалиётро анҷом диҳад (КГ ҶТ мод.866).
Суратҳисобҳои бонкӣ ба намудҳои зайл тақсим мешаванд:
- суратҳисобҳои депозитии дархостӣ. Мафҳуми «суратҳисобҳои депозитии дархостӣ» суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва суратҳисобҳои ҷории муштариёнро дар бар мегирад. Суратҳисобҳои депозитии дархостӣ аз тарафи муштарӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликият, кушода мешаванд;
- суратҳисобҳои депозитии амонатӣ. Муштарӣ ҳуқуқ дорад, маблағро аз суратҳисобҳои депозитии амонатӣ мутобиқи шартномаи суратҳисоби бонк танҳо ҳар сари чанд вақт, яъне дар давраи муайян (моҳе як бор, ду бор ва ҳоказо) ба ҳадди лимити дар шартнома мувофиқашуда бигирад;
- суратҳисобҳои депозитии мӯҳлатдор. Аз рӯи суратҳисобҳои депозитии мӯҳлатдор маблағ якҷоя бо судаш ба муштарӣ фақат баъди гузаштани мӯҳлати дар шартномаи суратҳисоби бонк мувофиқашуда дода мешавад;
- суратҳисобҳои корреспондентии бонк[4].
Ҳангоми кушодани суратҳисоби бонкӣ ду гурӯҳи муносибат ба миён меояд:
- Бонк ӯҳдадор мешавад мадохилотеро, ки ба муштарии ӯ тааллуқ дорад, қабул намояд ва ба суратҳисобаш гузаронад ва ҳамчунин бо дархости муштарӣ маблағи барояш заруриро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартнома диҳад. Маблағи ба суратҳисоби бонкӣ мондаи муштариро саҳми дархостӣ ҳисобидан лозим аст. Муносибатҳои зикршуда бо сохтори шартномаи қарз фаро гирифта мешавад, ки дар он бонк қарзгиранда, вале муштарӣ қарздиҳанда мебошад. Бонк метавонад маблағи дар суратҳисоббударо бо салоҳдиди худ, аз ҷумла ҳамчун захираи кредитӣ истифода намояд. Бинобар ин бонк барои маблағи дар суратҳисоб боқимонда, одатан, ба муштарӣ баҳраи (фоизи) дар шартнома мувофиқашударо медиҳад.
- Бонк ӯҳдадор мешавад супориши муштариро дар бораи пардохтани маблағ ва қабул карда гирифтани пул иҷро намояд. Дар ин муносибатҳо бонкро вобаста ба ҳар мавриди мушаххаси истифодаи шакли ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ комиссионер ё вакили муштарӣ ҳисобидан лозим аст. Аз ин рӯ, шартномаи суратҳисоби бонк шартномаи омехтаест, ки унсурҳои шартномаи қарз ва шартномаи агентиро дар бар гирифтааст.
Шартномаи суратҳисоби бонкӣ як навъи шартномаи ҳамроҳшавӣ мебошад. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи суратҳисоби бонки боиси беэътибор донистани ин шартнома мегардад.
Бонк вазифадор аст бо ҳар муштарие, ки барои кушодани суратҳисоб аз рӯи эълони бонк оид ба кушодани суратҳисоб тибқи шартҳои ин ё он намуд муроҷиат намудааст, шартнома бандад (суратхисоб кушояд)[5].
Бонк ҳуқуқ надорад кушодани суратҳисоб, анҷом додани амалиёти дахлдорро, ки қонун ҳуҷҷатҳои таъсисии бонк ва иҷозатнома (литсензия)-и ба ӯ додашуда пешбинӣ намудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин саркашӣ бо сабаби дар бонк мавҷуд набудани имконияти фароҳам овардани хизматрасонии бонкӣ ба миён омадааст, рад намояд.
Ҳуқуқи ихтиёрдории ашхосе, ки аз номи молики суратҳисоб дар мавриди гузаронидан ё додани маблағҳо аз суратҳисоб анҷом медиҳад, аз ҷониби молики он бо роҳи ба бонк пешниход намудани ҳуҷҷатҳое, ки қонун, қоидаҳои мутобиқи он муқаррарнамудаи бонк ва шартнома пешбинӣ намудаанд, тасдиқ карда мешавад. Муштарӣ метавонад ба бонк дар бораи аз ҳисоб баровардани маблағ мутобиқи талаби ашхоси сеюм супориш диҳад. Дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ метавонад тасдиқи ҳуқуқ оид ба ихтиёрдории маблағхои дар суратҳисоб мавҷуда бо усули электронии пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳо бо истифодаи имзои шабеҳи шахсӣ дар онҳо, код, рамз ва дигар воситаҳо, ки аз тарафи шахси барои ин кор ваколатдор дода шудани онро тасдиқ менамояд, пешбинӣ карда шавад.
- Қоидаҳои аз тарафи бонк иҷро кардани амалиётҳо
аз рӯи суратҳисобҳо
Қоидаҳои аз тарафи бонк баҷо овардани амалиётҳо мутобиқи боби 43 КГ ҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ», дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
Агар дар шартномаи суратҳисоби бонк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бонк вазифадор аст барои муштарӣ амалиётҳоеро анҷом диҳад, ки қонун барои чунин намуди суратҳисобҳо пешбинӣ намудааст, мутобиқи он қоидаҳои бонк муқаррар намудаанд ва анъанаҳои муомилоти корӣ дар амалияи бонк истифода мебаранд.
Бонк вазифадор аст тибқи супориши молики он на дертар аз як рӯзи баъд аз рӯзи ба бонк ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдори пардохт фарорасида, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи воридшударо ба суратҳисоб гузаронад, онро диҳад ё аз суратҳисоб барорад.
Бонк метавонад ба муштарӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома дар шакли бақияи манфии суратҳисобаш (овердрафт) кредит диҳад. Агар дар суратҳисоб пул набошад, кредит дар шакли овердрафт бо роҳи пардохти маблағи ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби пули бонк дар ҳадди лимити муқаррарнамудаи шартнома дода мешавад. Дар ин маврид бонкро он тавр меноманд, ки ба муштарӣ маблағи муайянро аз рӯзи пардохт (кредитонии суратҳисоб) кредит додааст. Дар шартномаи суратҳисоб инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо, давраи кредитонӣ (бо кредит таъмин кардан), андозаи баҳраи (фоизи) истифодаи кредит ва миқдори ҷоизи овердрафт дар давоми мӯҳлати муайян бояд мувофиқа карда шавад.
Ҳисоббаробаркунии кассавии муштарӣ дар амалия, одатан, бамузд анҷом дода мешавад. Молики суратҳисоб хизматонаи бонкро дар бобати амалиёт бо маблағи дар суратҳисоб доштааш аз рӯи шартҳои пешбининамудаи шартнома мепардозад. Агар нархи хизматонаи амалиётҳои мазкур дар шартнома муайян нашуда бошад, он мутобиқи моддаи 456 КГ ҶТ муайян карда мешавад (музди иҷрои шартнома бояд аз рӯи нархе пардохта шавад, ки дар ин гуна мавридҳо, одатан, барои чунин молу амвол ва кору хизматрасонӣ ситонида мешавад).
Пардохти хизматрасонии бонк, аз ҷониби бонк аз маблағҳои пулии молики суратҳисоб, ки дар суратҳисоби ӯ мавҷуд аст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо гузашти ҳар семоҳа ситонида мешавад. Агар дар шартномаи суратҳисоби бонки тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷуд буда бонк ба молики он фоиз мепардозад, ки маблағи он ба суратҳисоб гузаронида мешавад. Фоизҳо аз ҷониби бонк тибки андозае, ки дар шартнома муайян гардидааст ва ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳои дахлдор ба андозае, ки маъмулан бонк ба пасандозҳои талаб карда гирифташаванда мепардозад, пардохта мешавад.
Маблағи фоизҳо тибқи мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома ва дар ҳолатҳои дар шартнома пешбини нагардидани чунин мӯҳлатҳо бо гузашти ҳар се моҳа ба суратҳисоб гузаронида мешавад.
Талаботи полии бонк ба молики суратҳисоб вобаста ба кредитонии суратҳисоб ва пардохти хизматрасонии бонк инчунин талаботи молики суратҳисоб ба бонк дар мавриди пардохти фоиз барои истифодаи маблағҳои пулӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо баҳисобгирӣ катъ мегардад.
Баҳисобгирии талабот аз ҷониби бонке, ки вазифадор аст молики суратҳисобро дар бораи баҳисобгирии анҷомдодашуда тибқи тартиб ва мӯҳлати дар шартнома пешбинигардида огоҳ созад ва агар шартҳои дахлдор аз ҷониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад, тибқи тартиб ва мӯҳлати барои амалияи бонки маъмулии додани иттилоот оид ба вазъи воситаҳои пули дар суратҳисоби дахлдор анҷом дода мешавад.
Маъмулан маблағи суратҳисобро бонк дар асоси супориши молики суратҳисоб аз ҳисоб соқит мекунад. Бидуни супориши муштарӣ аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда танҳо бо қарори суд, инчунин дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонун ё шартномаи байни бонк ва муштарӣ иҷозат дода мешавад.
Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар мавриди дар суратҳисоб мавҷуд будани маблағҳои пулие, ки он барои қонеъ гардонидани тамоми талаботи ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда кофи мебошад, аз ҳисоб баровардани ин маблағҳо аз суратҳисоби ӯ бо тартиби ворид гардидани супориши молики суратҳисоб ва дигар ҳуҷҷатҳои азҳисоббарорӣ (аз рӯи навбати тақвимӣ) сурат мегирад.
Хангоми барои қонеъгардонии ҳамаи талаботи нисбат ба молики суратҳисоб пешбинишуда нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зайл анчом дода мешавад:
- дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро ҷихати маблағгузарони ё додани маблағи пулро аз суратҳисоб оиди қонеъгардонии талаботи ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломати расонида шудааст пешбини менамояд, инчунин талабот оид ба ситонидани алимент ва ҳифзи манфиатҳои гаравгир;
- дар навбати дуюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба ашхоси тибқи шартномаи меҳнати, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузарони ё додани маблағи пулиро, инчунин оид ба пардохти подошпули тибқи шартномаи муаллифиро пешбини менамояд;
- дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи тартиби навбати тақвими.
Пардохтҳое, ки ба ҳар гурӯҳи минбаъда мансубанд, бояд баъди пардохти пурраи тамоми гурӯҳҳои пешин анҷом дода шаванд. Маблағи суратҳисоб аз рӯи талабҳое, ки ба як навбат мансубанд, бо тартиби навбати тақвимии расидани ҳуҷҷатҳо аз ҳисоб соқит карда мешавад.
Дар ҳолатхои сари вақт анҷом надодани амалиёти гузаронидани маблағҳои пулии воридшуда ба суратҳисоби молик ё беасос аз ҳисоби суратҳисоб баровардани маблағҳо бонк вазифадор аст, тибқи талаби молики суратҳисоб маблағи дахлдорро ба суратҳисоб гузаронад. Бонк инчунин барои сари вақт нагузаронидан ё беасос аз ҳисоб баровардани маблағ уҳдадор аст фоиз супорад ва мутобиқи моддаи 426 КГ ҶТ зарари расонидашударо ҷуброн намояд. Бонк инчунин барои сари вақт аз суратҳисоб надодани маблағ ва сари вақт иҷро накардан фармоиши молики суратҳисоб дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидани маблағ масъулият дорад.
Бонк махфӣ будани суратҳисоби бонкӣ, амалиётҳо вобаста ба он ва маълумот оид ба молики суратҳисобро кафолат медиҳад.
Маълумот оид ба амалиёт ва суратҳисобҳо метавонад танҳо ба соҳибони суратҳисоб ё намояндагони онҳо, инчунин судҳо, мақомоти тафтиш ва мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳои таҳти пешбурдашон қарордошта, дар сурате ки агар маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда тавқиф карда шавад, аз он ҷарима ситонида шавад ё ин маблағҳо бояд мусодира гардад, пешниҳод шуданашон мумкин аст.
Чунин маълумот метавонад, инчунин аз ҷониби нотариус вобаста ба парвандаҳои меросӣ дар мавриди амволи моликони фавтидаи суратҳисобҳо, ки таҳти пешбурдашон қарор доранд, инчунин ба ашхосе, ки нисбат ба онҳо фавтида ба бонк фармоиши васиятӣ гузоштааст, пешниҳод шуданашон мумкин аст. Дар сурати аз ҷониби бонк ошкор намудани маълумоте, ки асоси махфӣ будани суратҳисобро ташкил медиҳад, муштарие, ки ҳуқуқи ӯ вайрон шудааст, ҳак дорад аз бонк ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунад.
Маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда танҳо бо қарори суд ё бо қарори мақомоти тафтиш тавқиф карда шуданашон мумкин аст. Мӯҳлати тавқифи маблағҳои пулӣ, ки дар суратҳисоби бонк мавҷуд аст, наметавонад аз мӯҳлати барои пешбурди парвандаҳои дахлдор муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ бештар бошад.
Ситонидани маҷбурӣ аз маблағхои пулии ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар суратҳисоби бонкҳо мавҷуд аст, аз ҷумла ситонидани маҷбурӣ ва мусодира метавонад танҳо дар асоси ҳукм ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд анҷом дода шавад.