Танзими ҳуқуқии бозори коғазҳои қиматнок
1. Бозори коғазҳои қиматнок ва танзими ҳуқуқии он 2. Фаъолияти биржаи фондӣ |
- Бозори коғазҳои қиматнок ва танзими ҳуқуқии он
Ҳоло бо асоси комил метавон гуфт, ки иқтисодиёти бозорӣ бе муомилоти ҳарҷонибаи коғазҳои қимматнок ва олату воситае, ки бо кӯмаки он таъмин меёбад, яъне бе коғазҳои қиматнок вуҷуд дошта наметавонад.
Коғазҳои қиматнок ҷузъи ногузири ҳама гуна муомилоти мӯътадили молӣ мебошанд. Онҳо ҳамчун мол дар навбати худ метавонанд ҳам вазифаи маблағ ва ҳам вазифаи пардохтро баҷо оварда, пули нақдро иваз намоянд. Муносибатҳо оид ба барориш ва муомилоти коғазҳои қиматнок, бо фаъолияти иштироккунандагони касбии бозори коғазҳои қиматнок алоқаманд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» (минбаъд – Қонун) танзим гардонида мешаванд. Хусусиятҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматноки шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармояи хориҷӣ ба танзим оварда мешавад. Мутобиқи моддаи 157 КГ ҶТ коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатеаст, ки зимни риояи шакл ва маълумоти ҳатмӣ ҳуқуқҳои амволиро, ки иҷрояшон ё вогузоштани онҳо танҳо дар мавриди манзур карда шудани ин қоғазҳои қиматнок имконпазир мебошад, тасдиқ мекунанд. Баробари додани коғазҳои қиматнок тамоми ҳуқуқҳои онҳоро тасдиқкунанда низ мегузаранд.
Мутобиқи моддаи 3 Қонун чунин шаклҳои коғазҳои қиматнок метавонанд бароварда шаванд:
а) ҳуҷҷатӣ;
б) ғайриҳуҷҷатӣ.
Шакли ҳуҷҷатии барориши коғазҳои қиматнок шакли бароришест, ки тибқи он ҳуқуқи амволӣ ба коғазҳои қиматнок ба ҳомили моддии (коғаз ё маводи дигар) онҳо қайд карда мешавад.
Коғазҳои қиматноки манзурӣ (тақдимшаванда) танҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд.
Шакли ғайриҳуҷҷатии барориши коғазҳои қиматнок шакли бароришест, ки дар ин маврид ҳуқуқҳои амволӣ ба коғазҳои қиматноки номӣ дар феҳристи махсус (муқаррарӣ ё компутарӣ) сабт карда мешаванд.
Шакли барориши коғазҳои қиматнок метавонад аз тарафи эмитент дар баробари ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳое, ки барои қайди давлатии эмиссия пешниҳод карда шудаанд, тағйир дода шавад.
Эмитент ҳамчун ташкилоти махсус ё худ мақоми (ташкилоти) ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурд ва сариштаи феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнокро ба зимма доранд, вазифадоранд бо талаби моликони коғазҳои қиматнок ба ӯ ҳуҷҷате диҳанд, ки ҳуқуқҳои амволиашро тасдиқ менамоянд.
Ҳамаи коғазҳои қиматноки давлатӣ аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим оварда, ба муомилот бароварда мешаванд. Тартиби барориши вомбаргҳои маҳаллиро Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар асоси санадҳои дахлдори меъёрӣ муайян мекунанд. Коғазҳои қиматноки давлатӣ ва вомбаргҳои маҳаллӣ дар бозор баробари дигар коғазҳои қиматнок додугирифт мешаванд.
Сертификатҳои депозитӣ (амонат) ва пасандоз бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон танзим гардонида мешаванд.
Аҳдҳо доир ба коғазҳои қиматнок дар бозорҳои муташаккил ва номуташаккили коғазҳои қиматнок баста мешаванд. Аҳдҳо дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок аз тарафи иштирокчиёни касбӣ бо роҳи харидан ё фурӯхтани коғазҳои қиматнок аз номи худ ё аз номи муштарӣ аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби муштарӣ баста мешаванд.
Аҳдро дар бозори коғазҳои қиматнок метавонанд ҳам худи сармоягузороне банданд, ки барои фаъолияти касбӣ иҷозатнома надоранд ва ҳам аз хизмати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок истифода намоянд.
Ваколатҳои иштирокчии касбӣ дар бастани аҳдҳои вобаста бо коғазҳои қиматнок бо бастани шартнома бо муштариёни ӯ, ки шартҳои барои бастан ва иҷрои аҳдҳо заруриро муайян мекунанд, тасдиқ карда мешавад.
Расмиёти бастани аҳдҳои марбути коғазҳои қиматнок ва ба қайд гирифтани онҳо бо қоидаҳои ташкилоте муайян мегардад, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок амал мекунад.
Дар бозори коғазҳои қиматнок намудҳои зерини фаъолияти касбӣ вуҷуд доранд:
а) миёнаравӣ дар баровардани коғазҳои қиматнок;
б) тиҷоратӣ, дилерӣ;
в) комиссионӣ, брокерӣ (дипломатӣ);
г) идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок;
д) муайян намудани талаботу ӯҳдадориҳои тарафайн (клиринг);
е) пешбурд ва сариштаи феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок;
ж) дигар намудҳои фаъолият.
Миёнаравӣ дар баровардани коғазҳои қиматнок – қабул ва иҷро кардани супоришҳои эмитентҳои коғазҳои қиматнок барои ташкил кардан ва гузаронидани обуна, ҳамчунин фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи эмитент бо ӯҳдадории фурӯхтани (ҳангоми обуна) коғазҳои қиматнок мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва ҳамчунин аз ҳисоби худ тибқи чунин обуна харида гирифтани коғазҳои қиматноки фурӯхтанашуда.
Фаъолияти тиҷоратӣ, дилерӣ оид ба коғазҳои қиматнок – бо шахси ҳуқуқӣ аз номи худ ба манфиат ва аз ҳисоби худ бо ӯҳдадории бастани аҳд аз рӯи нархи хариду фурӯши эълонкардаи ҳамин шахси ҳуқуқӣ бастани шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ.
Фаъолияти комиссионӣ аз рӯи коғазҳои қиматнок (брокерӣ) – ба ивази ҳаққи комиссионӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ аз номи худ аз ҳисоби дигар шахс бо супориши ӯ бастани шартномаи хариду фурӯши коғазҳои қиматнок.
Идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок – фаъолияти шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ гардонидани баъзе ҳуқуқҳои дар коғазҳои қиматнок сабтгардидае, ки молики онҳо мутобиқи шартномаи басташуда ба зиммаи ӯ вогузоштааст.
Муайян кардани талаботу ӯҳдадориҳои (клиринги) вобаста бо амалҳои марбути коғазҳои қиматнок – ба ҳисоб гирифтани талаботу ӯҳдадориҳои мутақобилаи тарафайне, ки дар ҳисобу китоб иштирок намуда, дар натиҷаи бастани аҳду паймони марбут ба коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешаванд.
Пешбурд ва сариштаи феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок – ҷамъ, сабт, таҳия, саришта ва пешниҳод кардани маълумоте, ки имконият медиҳад, аз рӯи он молики коғазҳои қиматнок дар санаи муайян муқаррар карда шавад.
Дигар намудҳои фаъолият – чунин намудҳои фаъолият, ки бо намудҳои ёдшудаи фаъолият алоқаманд буда, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама барои адои хизматҳои машваратӣ дар соҳаи амалиёти марбути коғазҳои қиматнок, инчунин адои хизматҳо оид ба сариштакунӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисобу китоби амалиёти марбути коғазҳои қиматнок баҷо оварда мешаванд.
Ба фаъолияти касбӣ оид ба коғазҳои қиматнок дар бозори муташаккил танҳо шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шуда метавонанд.
Иҷозатнома метавонад барои иҷрои ҳамзамони якчанд намуди фаъолияти касбии марбути коғазҳои қиматнок ё намуди алоҳидаи фаъолият дода шавад.
Ин гуфтаҳоро ҷамъбаст намуда, чанд ҷиҳати асосиеро номбар кардан мумкин аст, ки бо масъалаи муомилоти коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд.
Бозори коғазҳои қиматнок бо унсурҳои асосиаш (муомилоти ғайрибиржавӣ ва биржавӣ) механизм, ҳолатест, ки ҷузъи таркибии бозори сармояи қарзӣ ба шумор меравад. Бозори коғазҳои қиматнок аз рӯи қонунҳое ривоҷ меёбад, ки бо хусусияти сармояи қалбакӣ муайян карда шавад ҳам, лекин бо сармояи бозор сахт алоқаманд мебошад.
Ҳоло бисёр навъу намудҳои коғазҳои қиматнокро аз қабили саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо, сертификатҳои амонатӣ (депозитӣ) ва ғайраро номбар кардан мумкин аст, ки дар муомилот бисёр дучор мешаванд.
Бозори коғазҳои қиматнок чандин вазифаҳоро баҷо меоварад, ки дар байни он вазифаи азнавтақсимкунии сармоя ва вазифаи суғуртаи таваккали сармоягузорӣ асосӣ мебошанд. Дар шакли коғазҳои қиматнок дар муомилот будани сармоя ба ташаккули иқтисодиёти самарабахш ва оқилона мусоидат менамояд, зеро он имконият медиҳад захираи пули озод ба муомилот бароварда, мутобиқи талаботи бозор тақсим карда шавад. Ғайр аз ин, бозори коғазҳои қиматнок дар системаи азнавтақсимкунии захираҳои молиявии давлат мақоми муҳим дошта, барои инкишофи мӯътадили иқтисодиёти бозаргонӣ зарур мебошад. Бинобар ин барқарор намудан ва танзим гардонидани равнақу ривоҷи бозори фондӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои Ҳукумат ҳисоб меёбад.
- Фаъолияти биржаи фондӣ
Таҳти мафҳуми биржаи фондӣ (минбаъд – биржа) ташкилоте фаҳмида мешавад, ки онро иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади муҳайё кардани шароити зарурӣ барои муомилоти коғазҳои қиматнок, муайян намудани қурби (арзиши) онҳо ва нашри қурб барои шиносоии тамоми шахсони манфиатдор ва нигоҳ доштани сатҳи баланди касбии иштирокчиён таъсис медиҳанд. Ҳадафи биржа ба даст овардани фоида намебошад, он ба худтаъминкунӣ асос ёфта, аз фаъолияти худ ба аъзоёнаш даромад намедиҳад.
Биржа дар шакли ширкати саҳҳомӣ ташкил меёбад. Ҳамаи саҳмияҳои биржа аъзои он буда метавонанд.
Биржаро шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатномаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок доранд, ташкил мекунанд.
Шартҳои таъсиси биржа чунинанд:
а) биржа дорои Оинномаи худ буда, барои худ мустақилона қоидаҳои дохилии бастани созишномаҳо, муқоиса ва аз рӯи онҳо ҳисобу китоб кардан, дар биржа ба савдо мондан ва аз савдо гирифтани коғазҳои қиматнокро (қоидаҳои муомилот бо коғазҳои қиматнок) кор карда мебарояд. Оиннома ва қоидаҳои муомилот бо коғазҳои қиматноки биржа риояи принсипҳои рақобати одилонаи байни иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок, ҳимояи сармоягузоронро аз қаллобию беинсофии имконпазири эмитентҳо, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва хизматчиёни биржа таъмин менамояд.
б) муассисони биржа нисбати тахассуси аъзои биржа, бастан ва ба расмият даровардани аҳдномаҳо, қоидаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида талаботи ягона қабул намоянд.
Биржа ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад. Иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи биржа дар идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии биржа дода, қоидаҳои муомилот бо коғазҳои қиматнок тасдиқ карда мешаванд. Вазорати молия ҳуқуқ дорад фаъолияти биржавиро дар ҳолатхои зерин боздорад ё иҷозатномаашро баргашта гирад:
- агар ҳуҷҷатҳои оинномавӣ, қоидаҳо ва амалияи биржа ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд;
- агар аъзои биржа ё роҳбарони биржа қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кунанд.
Муассисаҳои бонкӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои зерини дорои масъулияти маҳдуд метавонанд ба шарте узви биржа шаванд, ки:
а) барои фаъолият кардан дар бозори коғазҳои қиматнок ба сифати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок иҷозатнома дошта бошанд;
б) ба бастани аҳдномаҳо кормандонеро таъин карда бошанд, ки барои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматноки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома доранд;
в) ҳаққи дохилшавии биржавиро, ки барои аъзои биржа шудан муқаррар гардидааст, пардохта бошанд, ӯҳдадор шуда бошанд, ки оиннома ва дигар қоидаҳои биржаро риоя намуда, ҳаққи узвияти солонаро супоранд;
г) барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коғазҳои қиматнок ва фаъолияти соҳибкорӣ ба ягон хел ҷавобгарӣ кашида нашуда (шӯҳрати кори бенуқсон дошта) бошанд.
Аризаи қабул ба узвияти биржа дар маҷлиси умумии саҳмдорон – аъзои биржа баррасӣ мешавад.
Шӯрои биржа бояд дар мӯҳлати 30 рӯз ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабулкардааш хаттӣ хабар диҳад. Ба қонеъ гардонидани ариза танҳо дар он сурат ҷавоби рад додан мумкин аст, ки агар дархосткунанда ба шартҳои бандҳои а, б, в, г, д мувофиқат накунад. Қарори раддия бояд асоснок карда шавад.
Нозирони давлатии биржаро барои таҳти назорат гирифтани риояи қонунгузории биржа Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Нозирони давлатии биржа ҳақ доранд дар маҷлисҳои мақомоти биржа иштирок намоянд.
Азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолияти биржа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.