Масъалаҳои ҷудогонаи ҳуқуқи соҳибкорӣ
1. Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 2. Вазъи ҳуқуқии савдои биржавӣ 3. Танзими асъор (пул) |
- Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Таҳти мафҳуми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ маҷмӯи амалҳои воқеии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, консерну корхонаҳои муштарак, соҳибкороне, ки минбаъд шахсони воқеию ҳуқуқи номида мешаванд фаҳмида мешавад. Мақсад аз ин амалҳо барпо намудан ва рушди ҳамкории муфид бо давлатҳои хоричӣ, шахсони воқеию ҳуқуқии онҳо ва ташкилотҳои байналхалкӣ мебошад.
Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад ҳамчун фаъолияти давлат оид ба рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар дар соҳаи тиҷорат, иқтисодиёт, техника, маданият, туризм маънидод карда шавад. Шакли асосии ҳуқуқии ин гуна ҳамкорӣ шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд. Онҳо метавонанд шартномаҳои бисёртарафае бошанд, ки усулу самтҳои асосии ҳамкории давлатҳоро дар соҳаҳои мазкур муқаррар менамоянд. Ба ин Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳои иштироккунандаи ИДМ аз 15 маи соли 1992 мисол шуда метавонад.
Ғайр аз шартномаҳои бисёртарафа шартномаҳои дутарафае низ баста мешаванд, ки онҳо муносибатҳои ду ҷонибро аз рӯи масъалаҳои мушаххас танзим мегардонанд. Зимнан чунин шартномаҳо барои ҳамкории иқтисодӣ ва ғайра аҳамияти калон доранд, зеро дар онҳо на танҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳои аҳдкунанда муқаррар карда мешаванд, балки ҷиҳатҳои мушаххаси ин гуна ҳамкориҳо ва масъалаҳои мавриди танзим муайян карда мешаванд.
Дар баробари ин таҳти мафҳуми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ фаъолияти соҳибкорие фаҳмида мешавад, ки бо гузаронидани мол (маҳсулот) ва сармоя, воситаҳои молиявӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин расонидани хизмат ва иҷрои корҳо дар ҳудуди давлати хориҷӣ алоқаманд аст.
Шакли ҳуқуқии ба амал баровардани ин гуна фаъолият қарордодҳои тиҷорати хориҷие мебошанд, ки навъи махсуси шартномаи хоҷагӣ ба ҳисоб мераванд. Ба тариқи мисол метавон шартномаҳои содирот ё воридоти маҳсулот, шартномаи сохтмони ягон объекти ҳудуди давлати хориҷиро ном бурд. Ба ғайр аз намудҳои анъанавии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (мубодилаи мол, хизматрасонӣ ва ғайра) хелҳои нави он аз қабили пахши сигналҳои аълосифати телефон, радиову телевизион ба воситаи радифҳо ва кабелҳо, хариду фурӯши барномаҳои мошинҳои ҳисоббарори электронӣ ва манбаи маълумот, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ ба вуҷуд меоянд.
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мақомоти давлатие, ки онро танзим мегардонанд ва ҳамчунин субъектҳои хоҷагидор мебошанд, ки ба чунин фаъолият машғуланд. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, қатъи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти иқтисодии хориҷиашон, дар амалӣ гардонидани ин фаъолият ҳуқуқи баробар доранд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар доираи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад намуд, шакл, самт ва соҳаи иштирокашро дар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ мустақилона муайян намояд, тартиби муқаррарнамуда бо салоҳдиди худ дар асоси шартнома ё асоси дигари бамузд ё ба таври ройгон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки барои фаъолияти иқтисодии хориҷии он заруранд, ҷалб намояд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии худ, аз ҷумла даромади худро ба пули хориҷӣ, мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд. Бо қарори субъект ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба зиммаи дигар шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ вогузошта ё бовар карда супурда шавад. Муносибати тарафҳо дар мавриди ба тариқи ёдшуда вогузоштани ҳуқуқҳо дар асоси шартномаҳо (созишномаҳо) аз ҷониби онҳо танзим гардонида мешавад.
Объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъи захираҳое мебошанд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ истеҳсол мешаванд, аз ҷумла захираҳои меҳнатӣ, молу хизматрасониҳо, коғазҳои қиматнок, маҳсулоти илмию техникӣ, сармоя, арзишҳои зеҳнӣ ва ғайра, ба истиснои объектҳое, ки дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода бурдани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст[1].
Танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо усулҳои гуногуни муайянкардаи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад. Ин усулҳоро аз рӯи асосҳои гуногун ба усулҳои иқтисодию маъмурӣ, тарифавию ғайритарифавӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Танзими тарифӣ бо роҳи муқаррар намудани тарифаҳои гумрукии содироту воридот сурат мегирад.
Ба усулҳои танзими ғайритарифавии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ миқдоран маҳдуд намудани содироту воридот (бо роҳи меъёргузорӣ ва иҷозатномадиҳӣ); таҳти назорат гирифтани содирот ва (ё) воридоти хелҳои ҷудогонаи мол; додани ҳуқуқи мустасно барои содирот ва (ё) воридоти хелҳои алоҳидаи мол; ҷорӣ кардани чораҳои махсуси муҳофизатӣ, зиддидемпингӣ ва тадбирҳои ҷубронӣ ҳангоми воридоти мол; ҷорӣ кардани монеаҳо ва маҳдудиятҳои савдои хориҷии мол, хизматрасонӣ ва моликияти зеҳнӣ; назорати содирот ва ғайра мансубанд.
Бо назардошти рӯйхати чорабиниҳои танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти иштирокчиёнаш ё худ барои муҳофизати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои хоҷагидори он анҷом дода мешавад. Бинобар ин чораҳои танзими давлатӣ ба ҳавасмандгардонӣ ва муҳофизатӣ ҷудо мешаванд.
- Вазъи ҳуқуқии савдои биржавӣ
Муносибатҳои вобаста бо фаъолияти биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 452 «Дар бораи биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо назардошти тамоми тағйироти минбаъда) ва дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҳуҷҷатҳои таъсисии биржаҳо, қоидаҳои савдои биржавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии биржа, ки қабул карда шудаанд, танзим гардонида мешаванд.
Биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ дар муҳайё намудани шароит барои ташаккули бозори воситаҳои истеҳсолот, инкишофи босуръати инфраструктураи тиҷоратӣ, консессияи талабот ва таклифҳо ва дар ин асос ташаккул ёфтани нархи тавозуни бозорӣ кӯмак мекунад.
Биржаи молӣ бозори доимоамалкунандаи молҳои оммавиест, ки мувофиқи стандарту намунаҳо фурӯхта мешаванд. Биржа дар асоси принсипҳои ҷамъиятҳои саҳмдорон таъсис мегардад.
Вазифаи асосии биржаи молӣ расонидани хизмату ёрии миёнаравӣ барои бастани аҳдномаҳои тиҷоратӣ, ба низом овардани савдои мол, танзими амалиёти тиҷоратӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратӣ, ҷамъ овардан ва нашр намудани маълумот оид ба нархҳо, вазъи саноат, савдо, нақлиёт ва дигар омилҳое мебошанд, ки ба динамикаи (болоравии) нарх таъсир мерасонанд.
Биржа ҳамчун ташкилоти пӯшида фаъолият мекунад. Маҷлиси аввалини аъзои биржа якҷоя бо муассисон салоҳияти муассисон ва аъзои биржаро тақсим намуда, оинномаи биржаро тасдиқ мекунад, мақомоти иҷроияи биржаро интихоб ва шумораю тартиби аъзогиро ба биржа муайян менамояд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ташаккули сармояи оинномавии биржа мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ иштирок менамоянд, аъзои биржа шуда метавонанд. Аъзои биржа ҳангоми дохилшавӣ ҳаққи аъзогии дохилшавиро месупоранд. Ин ҳаққи аъзогӣ арзиши «ҷой»-ро дар биржа ифода мекунад, ки он моликияти узви биржа буда, тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои узви биржаро медиҳад, ки онҳоро Қонун ва оинномаи биржа муайян кардаанд. Узви биржа «ҷои» худро ҳангоми баромаданаш аз ҳайати биржа метавонад фурӯшад. «Ҷой» фақат ба кумитаи биржа фурӯхта мешавад. Арзиши «ҷой»-ро кумитаи биржа бо назардошти таносуби талабу таклиф муқаррар мекунад. Узви биржа ҳар сол ҳаққи аъзогӣ месупорад, ки ҳаҷми онро кумитаи биржа (шӯрои директорон) муайян мекунад.
Амалиёти биржавиро дар биржа танҳо аъзои биржа ё худ ба воситаи намояндагони ваколатдори онҳо дар биржа (брокерҳои расмӣ) баҷо меоваранд. Андозаи подоши комиссионӣ барои амалиёти миёнаравӣ бо қоидаҳои биржа муайян карда мешавад.
Ҳамаи шахсони дигари манфиатдор амалиёти биржавиро дар биржа фақат ба воситаи аъзои биржа баҷо меоваранд. Шахсоне, ки ин қоидаро риоя намекунанд, мутобиқи қоидаи биржа ҷазо мегиранд.
Савдои биржавӣ дар биржаҳо танҳо дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби маъмулӣ дода мешаванд, сурат мегирад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17 маи соли 2004 № 37 ба фаъолияти биржавӣ бояд бо тартиби махсус иҷозат дода шавад.
Савдои биржавӣ дар асоси дастури биржа дар шакли хариду фурӯши ошкоро аз рӯи чунин усул сурат мегирад: касе, ки аввалин шуда ба таклиф ҷавоби мусбат диҳад, яке аз ҷонибҳои аҳднома дониста мешавад.
Асоси бастани аҳднома дар биржа моли нақд ва қарордоди (шартномаи) молрасонии минбаъда ба ҳисоб меравад, ки аз рӯи нархҳои озод (моли биржавӣ) фурӯхта мешавад. Дар биржа танҳо маркаҳои (хелҳои) ба қайд гирифташудаи молҳо фурӯхта мешаванд. Тартиби дар сексияҳои гуногуни биржа ба муомилот қабул кардани молро қоидаҳои биржа муайян мекунад.
Аҳдномаҳо дар ҳолате биржавӣ ҳисоб мешаванд, ки агар онҳо ба моли дар биржаи мазкур ба муомилот роҳ додашуда байни аъзоёни биржа ё намояндагони онҳо дар маҷлиси биржа дар мӯҳлату тартиби муқарраркардаи қонун, оинномаи биржа ва қоидаҳои он баста шуда бошанд.
Дар рафти хариду фурӯши биржавӣ метавонанд аҳдномаҳо бо моли нақд баста шаванд: а) дар асоси муоинаи пешакии мол; б) аз намуди зоҳирӣ; в) аз рӯи маълумоти фурӯшанда, миёнарав, экспертизаи биржавӣ; г) бе муоинаи пешакии мол; д) аз рӯи намунаҳо ё стандартҳо; е) аз рӯи шарти сифати миёна ё камтарини (минималии) мол.
Аҳдномаҳо бо моли нақд бо роҳҳои зерин баста мешаванд: 1) бо моле, ки ҳангоми хариду фурӯш дар ҳудуди биржа, иморатҳои (анборҳои) он воқеъ аст ё дар рӯзи хариду фурӯш то ба итмом расидани маҷлиси биржа ба биржа ворид мешавад, ба шарте, ки фурӯшанда дар бораи ин то оғози хариду фурӯш арз намуда, он бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ шуда бошад; 2) бо моле, ки ҳангоми бастани аҳднома дар роҳ буда, инро мавҷудияти ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ мекунанд; 3) бо моли ҳамлу нақлшуда ва омодаи ҳамлу нақл; 4) бо моли минбаъда ё шартномаи молфиристӣ.
Аҳдномаҳои мӯҳлатнок (фючерӣ): а) аҳдномаҳо бо моли нақд на бо мақсади хариду фурӯш, балки бо мақсади суғурта кардани аҳдномаҳои бо моли нақд басташуда ё дар рафти ба дигар шахс фурӯхтани мол ё баъди бекор кардани аҳднома гирифтани фарқи хариду фурӯш дар мавриди эҳтимолан тағйир ёфтани нархи мол; б) аҳдномаҳои мӯҳлатнокро аъзои биржа аз рӯи қоидаҳои муайянкардаи биржа барои доираи муайяни мол баста метавонанд. Тартиби қабул кардани молро барои муомилоти биржаи мӯҳлатнок (фючерӣ) қоидаҳои биржа муайян мекунанд; в) аҳдномаҳои мӯҳлатнок аз рӯи шартҳои стандартие, ки биржа таҳия намудааст, баста шуда, бар хилофи онҳо танҳо дар ҳолатҳои иҷозатдодаи қонун амал кардан мумкин аст. Шартҳои типиро биржа барои ҳар як навъи моле, ки ба муомилоти фаврии биржа қабул шудааст, муқаррар менамояд.
Аҳднома аз рӯзи дар биржа бо тартиби маъмулӣ ба қайд гирифта шуданаш басташуда ҳисоб меёбад. Мазмуну моҳияти аҳдномаи биржавӣ, ба истиснои номгӯи мол, миқдор, нарх, ҷою мӯҳлати иҷро набояд фош карда шавад.
Аҳднома аз рӯзи онро дар асоси изҳороти шифоҳии ҷонибҳо ба қайд гирифтани шахси мутасаддии биржа бо роҳи ба китоби (корти) бақайдгирӣ сабт намудан ё шакли дигари ҷиҳатҳои асосии аҳднома басташуда ҳисоб меёбад. Аҳднома аз рӯи қоидаҳои биржа қатъиян ба расмият дароварда мешавад.
Аҳдномае, ки дар китоби (корти) бақайдгирӣ ва дар шакли дигар сабт шудааст, эътибори ҳуқуқӣ дорад ва танҳо бо тартиби маъмурӣ бекор карда мешавад.
Ҳисобу китоб аз рӯи аҳднома бо моли нақд (воқеӣ) бо тартиби маъмул сурат гирифта метавонад. Ҳисобу китоб аз рӯи аҳдномаҳои мӯҳлатнок (фючерӣ) танҳо ба воситаи Палатаи ҳисобии биржа сурат мегарад. Палатаи ҳисобӣ бекоркунӣ ва иҷрои мушоҳидаҳоро таҳти назорат мегирад.
Мақоми олии биржа маҷлиси умумии аъзои биржа мебошад. Мақоми иҷроияи биржа Кумитаи биржа (шӯрои директорон) ва мақоми назораткунандаи биржа Комиссияи назорат мебошад. Онҳоро маҷлиси умумии аъзои биржа интихоб мекунад. Салоҳияту ваколатҳои онҳоро оинномаи биржа муайян менамояд.
Барои идораи биржа ва таъмини амали он дар биржа ва назди он Кумитаи биржа (шӯрои директорон) метавонад ҷузъу томҳои махсусро таъсис намояд:
– Палатаи ҳисобӣ – барои ҳисобу китоб кардан аз рӯи аҳдномаҳое, ки дар биржа баста шудаанд ва барои назорат кардани иҷрои мушоҳидаҳо;
– Ҳакамияти биржа – барои ҳаллу фасли фаврии баҳсҳое, ки дар биржа ба миён меоянд ва барои машварати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои савдои биржавӣ;
– Кумитаи бақайдгирӣ – барои мушоҳидаи савдои биржавӣ, бақайдгириву тартиб додани аҳдномаҳо дар биржа;
– Кумитаи нархгузорӣ – барои ҷамъ кардани ахбор дар бораи ҷараёни нарх аз рӯи аҳдномаи дар биржа басташуда, нархмонӣ, тайёр ва нашр намудани бюллетени биржавӣ;
– Кумитаи оид ба стандарту сифат – барои таҳияву назорати стандартҳои биржавӣ, экспертизаи сифати моле, ки дар биржа арзиш дорад, ҳалли масъалаҳои ба муомилоти биржа қабул кардани мол;
– Кумитаи оид ба қоидаҳои савдои биржавӣ – барои таҳия ва тағйири қоидаҳои савдои биржавӣ ва мушоҳидаҳои типӣ, назорати иҷрои онҳо;
– Гурӯҳи брокерҳои расмӣ (хизматчиёни биржа) – барои миёнаравӣ, ҳангоми бастани аҳдномаҳои байни аъзои биржа, тайёр кардани аҳдномаҳо барои бақайдгирию ба расмият даровардан (дар сурати камии шумораи брокерҳо – аъзои биржа).
Дар биржа ҷузъу томҳои дигар ва умури хизматрасоние, ки барои фаъолияти биржа зарур аст, таъсис ёфта метавонанд.
Намояндаи Кумитаи биржа (шӯрои директорон) ҳуқуқ дорад барои риоя накардани қоидаҳои савдои биржавӣ нисбати иштироккунандагони маҷлиси биржа ҷазоҳои зеринро татбиқ намояд:
– ба андозаи муқаррарнамудаи биржа ҷарима кунад;
– гунаҳкорро аз маҷлиси биржа биронад;
– гунаҳкорро чанд муддат ё тамоман аз ҳуқуқи пешбурди амалиёти биржавӣ дар ин ё он биржа маҳрум созад;
– гунаҳкорро аз ҳуқуқи дар ин ё он биржа фурӯхтани ин ё он маҳсулот маҳрум намояд;
– баргардонидани замонати додаро боздорад;
– молҳои дар анборҳои мутааллиқи биржа нигоҳ дошташавандаро ҳабс намояд.
- Танзими асъор (пул)
Принсипҳои амалиёти асъорӣ, ваколату вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар танзими асъор ва назорати асъор, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бобати соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани арзишҳои асъорӣ, самти назорати асъор ва масъулияти риоя накардани қонунгузории асъор бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 4 ноябри соли 1995 № 112 (дар таҳрири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 № 498, аз 3 сентябри соли 1999 № 826, аз 10 маи соли 2002 № 43, аз 9 декабри соли 2004 № 64) муайян карда шудаанд.
Муомилоти асъорӣ гуфта, муомилоти зерини арзишҳои асъориро меноманд: а) бо асъори хориҷӣ; б) бо коғазҳои қиматноки хориҷиасъор; в) бо фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табиӣ, бо коғазҳои қиматнок, ки арзишашон ба фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд.
Таҳти мафҳуми «бозори дохилии асъор» бозоре фаҳмида мешавад, ки он бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои ваколатдори молиявии ғайрибонкӣ, нуқтаҳои мубодила ва биржаҳои асъорро дар бар мегирад.
Арзишҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моликияти ҳам резидентҳо ва ҳам ғайрирезидентҳо буда метавонанд. Ҳуқуқи моликият ба арзишҳои асъорӣ аз тарафи давлат дар қатори ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият ҳимоя карда мешавад.
Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор ба асъори хориҷӣ суратҳисоб дошта бошанд, аз бозори дохилии асъор бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон асъори нақд ва ғайринақдии хориҷиро номаҳдуд харидорӣ намоянд ва бифурӯшанд. Резидентҳо ҳуқуқ доранд арзишҳои асъориро бо риояи қоидаҳои гумрук номаҳдуд ба суратҳисобҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд, бо худ оваранд ва ирсол намоянд. Резидентҳо вазифадоранд, ки суратҳисобҳо ва амонатҳоеро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушоянд, дар Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кунонанд.
Ғайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд асъори хориҷиро бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳдуд фурӯшанд ва харидорӣ намоянд. Онҳо метавонанд арзишҳои асъориро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои гумрук бе мамониат ба суратҳисоби бонкҳои хориҷӣ гузаронанд, бо худ гирифта баранд ва ирсол намоянд, ба шарте, ки ин арзишҳои асъорӣ пеш аз ин ба суратҳисоби бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда, оварда ё ирсол шуда бошанд, ё худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шуда бошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзими асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) соҳа ва тартиби ба асъори хориҷӣ бадал намудани асъори хориҷӣ ва қоғазҳои қиматнокро муайян мекунад;
б) қоидаҳои гузаронидани муомилоти асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки хориҷиасъор, инчунин қоидаҳои аз тарафи ғайрирезидентҳо гузаронидани амалиётҳоро бо пули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматноки сомониасосро муқаррар менамояд.
в) тартиби ба суратҳисоби бонкҳо ҳатман гузаронидан, бо худ овардан ва ирсол намудани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки хориҷи -асъори резидентҳо ва ҳамчунин ҳолату шартҳои аз тарафи резидентҳо дар бонкҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани суратҳисобҳои хориҷиасъорро муқаррар мекунад;
г) қоидаҳои умумии ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ додани иҷозатномаро барои анҷом додани муомилоти асъори хориҷӣ муқаррар менамояд;
д) шаклҳои ягонаи баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, ҳуҷҷату омори муомилоти асъор, аз ҷумла аз тарафи бонкҳои ваколатдор, инчунин тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди онҳоро муқаррар мекунад;
е) дигар вазифаҳои пешбининамудаи Қонунро баҷо меоварад.
Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ ва коғазҳои қиматноки сомониасосро аз Тоҷикистон бароранд ва ирсол намоянд ва ҳамчунин ба Тоҷикистон оваранд ва ирсол намоянд.
Тартиби бастани аҳднома доир ба фулузоти қиматбаҳо, сангҳои табиии қиматбаҳо, инчунин марворид дар Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳадафи назорати асъорӣ таъмини аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо риоя карда шудани қонунгузориҳои асъор, гумрук ва андоз дар мавриди муомилоти асъорӣ мебошад. Назорати асъорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати асъор ва агентҳои онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ваколатҳои худ мақомоти назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Агентҳои назорати асъор бонкҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Агентҳои назорати асъор тобеи Бонки миллии Тоҷикистонанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назорати асъор корҳои зеринро баҷо меоварад:
а) аз тарафи бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ анҷом додани муомилот бо арзишҳои асъорӣ, ба мутобиқати ин муомилот ба қонунгузории асъор, ба шартҳои иҷозатнома ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор назорати асъорро ҷорӣ менамояд;
б) аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом додани муомилот бо асъори хориҷӣ мувофиқи иҷозатномаҳо ба ҳуқуқи гузаронидани ин муомилот ба қонунгузории асъор, ба шартҳои иҷозатнома ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор назорати асъорро ҷорӣ менамояд;
в) аз тарафи бонкҳои ваколатдор иҷро шудани вазифаҳои намояндаҳои назорати асъорро назорат мекунад.
Бонкҳои ваколатдор ҳамчун намояндаҳои назорати асъор ба муомилоте, ки мизоҷони бонк доир ба арзишҳои асъорӣ мегузаронанд, ба мутобиқати ин муомилот ба қонунгузории асъор, санадҳои меъёрии мақомоти танзими асъор ва назорати асъор, ба шартҳои иҷозатномаҳо назорати асъорӣ ҷорӣ мекунанд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ба муомилоти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳо назорат мекунанд.
Резидентҳо ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳое, ки муқаррароти қонунгузории асъорро риоя накардаанд, ба чунин ҷавобгарӣ кашида мешаванд: а) ба манфиати давлат ситонидани тамоми даромаде, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ ба даст овардааст; б) ба манфиати давлат ситонидани даромаде, ки беасос, на аз рӯи муомила, балки дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ ва ғайра ба даст оварда шудааст.
Шахсони мансабдори мақомот ва агентҳои назорати асъор дар доираи салоҳияти ин мақомот ҳуқуқ доранд, ки: а) тамоми ҳуҷҷатҳои бо иҷрои вазифаи назорати асъор алоқамандро тафтиш намоянд, аз рӯи масъалаҳое, ки дар рафти тафтиш ба миён меоянд, шарҳу тавзеҳот ва маълумоти заруриро талаб карда гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳоеро, ки ба хилофкориҳои соҳаи қонунгузории асъор шаҳодат медиҳанд, мусодира намоянд; б) муомилотҳоро аз рӯи суратҳисобҳое, ки дар бонкҳои ваколатдор мавҷуданд, дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун боздоранд ё худ резидентҳоро ба шумули бонкҳои ваколатдор, инчунин ғайрирезидентҳоро аз литсензия ва иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи иҷрои муомилоти асъорӣ маҳрум намоянд; г) дигар ваколатҳои дар Қонун пешбининамударо анҷом диҳанд.