Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо
1. Ноустуворона 2. Гарав 3. Замонат 4. Кафолати бонкӣ 5. Байъона 6. Нигоҳ доштан |
Баъди соли 1999 дар амалия ҷорӣ намудани қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо васеъ гардид ва ҳоло он ба механизми хеле самарабахш ва гуногуне табдил ёфтааст, ки имконият медиҳад зимни амалӣ гардонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо иҷрои онҳо даст диҳад ва муяссар шавад.
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 22) номгӯи иборат аз шаш чунин тадбир (усул)-ро фаро гирифтааст. Дар 57 моддаи КГ ҶТ (аз мод.353 то 410) тартибу низоми ҳуқуқии иҷрои онҳо муфассал танзим гардонида шудааст. Ғайр аз ин қонунгузор бо қонун ё шартнома пешбинӣ шудани усулҳои дигарро муқаррар намуда, доираи номгӯи ин тадбирҳоро тангу маҳдуд намекунад.
Иҷрои ӯҳдадорӣ ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани молу мулки қарздор, замонат, кафолати бонкӣ, байъона ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин карда шуданаш мумкин аст (КГ ҶТ мод.354).
- Ноустуворона
- Ноустуворона (ҷарима, пеня) маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва харидор вазифадор аст ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ, аз ҷумла дар ҳолати гузаронидани мӯҳлати иҷро онро ба кредитор пардозад.
Созишномаи ноустуворона, сарфи назар аз шакли ӯҳдадории асосӣ, бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад. Дар натиҷаи риоя нашудани шакли хаттии созишномаи ноустуворона он беэътибор мегардад.
Ноустуворона аҳамияти духела дорад. Аввало, он қарздорро водор месозад, ки аз бими оқибати ногувор ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро ба тарзи матлуб иҷро намояд. Дуюм, тарзу усули муайян кардани андозаи зиёни ба қарзхоҳ, кредитор, ҷуброншаванда буда, қарзхоҳро аз азоби исботи андозаи он озод менамояд.
Ноустуворона ду хел мешавад: қонунӣ (он дар қонун пешбинӣ гардидааст ва бо санадҳои меъёрӣ ба нархи қатъӣ ё ба фоизи ӯҳдадории бо пул арзёбишуда муайян карда мешавад) ва шартномавӣ.
Ноустуворона вобаста ба таносуби худ нисбати ҷуброни зиён чор намуд аст: ҳисобӣ, ҷаримавӣ, истисноӣ ва алтернативӣ (интихобӣ).
Ноустуворонаи ҳисобӣ, яъне ноустуворона ҳангоми муайян кардани зиён ба ҳисоб гирифта, танҳо зиёни аз ноустуворона озод ситонида мешавад.
Ноустуворонаи истисноӣ, ки дар ин ҳолат товони зиён не, балки бояд танҳо ноустуворона пардохта шавад.
Ноустуворонаи ҷаримавӣ (ё кумулятивӣ), ки дар ин маврид бояд ҳам товони зиён ва ҳам ноустуворона ситонида шавад.
Ноустуворонаи алтернативӣ (интихобӣ), ки дар ин сурат бо майлу интихоби қарзхоҳ ё ноустуворона рӯёнида мешавад ва ё товони зиён ҷуброн карда мешавад.
Агар дар шартнома ё қонун ба муносибатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ гардидани кадом намуди ноустуворона муайян нашуда бошад, ноустуворона аз рӯи қоидаи умумӣ иҷрошуда ҳисоб меёбад (КГ ҶТ мод.424).
Бинобар ин ба ҷонибҳои шартнома тавсия кардан мумкин аст, ки намуди ноустуворонаро дар шартнома муайян кунанд. Ҳангоми дар шартнома муайян кардани андозаи ноустуворона ҷонибҳо озоданд, яъне барояшон маҳдудияте нест.
- Гарав
Гарав аз қадимтарин усулу воситаҳои таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ аст. Ҳанӯз римиҳои қадим аҳамияти хоси гаравро дар таъмини ӯҳдадорӣ ин тариқ муайян карда буданд: «бовар надорам ба қарздор, магар ба амвол»[1].
Қарзхоҳ (дорандаи гарав) вобаста ба гарав ҳуқуқ дорад дар мавриди ӯҳдадорияш иҷро накардани қарздор талаботашро аз арзиши амволи ба гарав гузоштаи гаравдеҳ қонеъ гардонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» мод.1).
Мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам қарздор ва ҳам шахси сеюм, ки мавзӯи (предмети) гарав дар асоси ҳуқуқи соҳибият ё пешбурди пурраи хоҷагидорӣ аз они ӯст, қарздеҳ буда метавонад.
Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Шартномаи ипотека ва ҳамчунин шартнома дар бораи гарави амволи манқул ё ҳуқуқ ба амвол барои таъмини ӯҳдадорӣ аз рӯи шартнома, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуданаш зарур аст, бояд аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.
Дар моддаи 368 Кодекси гражданӣ шартҳое номбар шудаанд, ки аз рӯи онҳо ҷонибҳо бояд ба созиш оянд ва онҳо бояд ҳатман дар шартномаи гарав инъикос ёбанд. Аз ҷумла, дар шартномаи гарав бояд мавзӯи (предмети) гарав, моҳият, андоза ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорие зикр ёбанд, ки шартномаи гарав ба хотири таъмини он баста шудааст.
Ҳуқуқи гарав аз рӯзи бастани шартномаи гарав, вале нисбати гарави амволе, ки бояд ба гаравдор дода шавад, аз рӯзи додани ин амвол ба миён меояд, ба шарте, ки дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Гарав ду хел мешавад – гараве, ки дар як маврид мавзӯи гаравро ба қарзхоҳ медиҳанд ва дар мавриди дигар намедиҳанд (гарави амволи ғайриманқул ё ипотека).
Ҳамчунн гарави қатъӣ ҳаст, ки дар ин маврид мавзӯи гарав дар сандуқи қулфу мӯҳрдори гаравдоранда мемонад ё худ ба рӯи мавзӯи гарав аломатҳое мегузоранд, ки ба гаравӣ будани амволи муайяни инфиродӣ далолат мекунанд.
Мавзӯи (предмети) гарав амвол, ҳуқуқи амволӣ (шайъӣ), коғазҳои қиматнок буда метавонанд. Аммо ин чизҳоро ба гарав мондан мумкин нест: амволе, ки аз муомилоти гражданӣ бароварда шудааст (масалан, замин ҳамчун объекти моликияти мустаснои давлат аз муомилоти гражданӣ бароварда шудааст[2]); амволи шаҳрвандон, ки онро мувофиқи қонун ситонидан мумкин нест; талаботе, ки бо шахсияти қарзхоҳ (кредитор), аз ҷумла бо талаботи оид ба алимент, ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ расонида шудааст.
- Замонат
Замонат яке аз усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 390 КГ ҶТ аз рӯи шартномаи замонат зомин ӯҳдадор мешавад, ки дар назди қарзхоҳи (кредитори) дигар шахс барои пурра ё қисман иҷро намудани ӯҳдадориҳои он ҷавобгар бошад.
Зомин дар назди қарзхоҳ (кредитор) ба андозаи қарздор ҷавобгар аст. Агар дар қонун ё шартнома ҷавобгарии иловагии (субсидиарии) зомин муқаррар нашуда бошад, пас ба иҷрои ӯҳдадорӣ қарздору зомин якҷоя (муштарак) ҷавобгаранд, яъне қарзхоҳ (кредитор) иҷрои ӯҳдадориро ё аз қарздор ва ё аз зомин талаб карда метавонад. Якчанд ашхос, ки якҷоя замонат додаанд, ҳамчунин дар назди қарзхоҳ (кредитор) масъулияти муштарак доранд. Зомине, ки ӯҳдадориро баҷо овардааст, ҳуқуқи қарзхоҳ (кредитор)-ро пайдо мекунад. Қарздоре, ки ӯҳдадории бо замонат таъминшударо иҷро кардааст, вазифадор аст аз ин зоминро огоҳ намояд.
Шартномаи замонат бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад. Дар сурати ба тарзи хаттӣ тартиб надодани он шартнома беэътибор мегардад.
- Кафолати бонкӣ
Кафолати бонкӣ як намуди шартномаи замонат аст. Дар моддаи 354 пешбинӣ шудааст, ки иҷрои ӯҳдадорӣ метавонад бо замонати бонкӣ таъмин карда шавад.
Кафолати бонкӣ ӯҳдадории хаттиест, ки онро бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ ё ташкилоти суғурта (кафил) бо хоҳиши мизоҷ (принсипал) ба нафъи қарздори (кредитори) принсипал (бенефитсиар) додааст, ки дар асоси он кафил ӯҳдадор мешавад ба бенефитсиар аз рӯи шартҳои додаи кафил бо пешниҳоди талабномаи пардохти маблағ ба бенефитсиар пул диҳад[3].
Ҳамаи кафолатҳои бонкӣ бояд ин маълумотҳоро фаро гирифта бошанд:
- ваколатдеҳ;
- бенефитсиар;
- кафил;
- аҳде, ки ба додани кафолати бонкӣ асос ёфтааст;
- маблағи ҳадди аксар, ки ба он асъор фурӯхта мешавад;
- мӯҳлати пардохт ва (ё) ҳодисае, ки шарти мӯҳлати пардохт аз рӯи кафолати бонкӣ мебошад;
- шартҳои пешниҳоди талаби пардохт;
- танзими имконпазири ихтисори маблағи кафолат.
Ҳангоми нашри кафолати бонкӣ бояд маблағи аз ҳама зиёди кафолат (аз ҷумла сармоя, фоиз, хароҷоти иловагӣ ва ғайра) зикр карда шавад[4].
Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, он аз ҷониби кафил бозхост карда намешавад (КГ ҶТ мод.400). Аммо ин қоидаи умумӣ хусусияти диспозитивӣ дорад, зеро он ба ҷонибҳо имконият медиҳад ба матни он асос ва шартҳоеро дохил намоянд, ки ба кафил ҳуқуқи бозхондани кафолатро медиҳад[5].
Кафолати бонкӣ аз рӯзи дода шуданаш эътибор пайдо мекунад, ба шарте, ки дар қайду шартҳои он дертар ё вобаста ба фаро расидани шартҳое, ки дар кафолати бонкӣ зикр шудаанд ва амал кунад, онҳоро кафил дар асоси ҳуҷҷатҳои дар он зикршуда муайян карда тавонад.
Кафолати бонкӣ бояд хаттӣ тартиб дода шавад.
- Байъона
Байъона як қисми пули пардохти арзиши моли харидоришаванда буда, онро харидор то иҷрои ӯҳдадорӣ, яъне одатан дарҳол баъди бастани шартнома ба фурӯшанда медиҳад. Баста шудани созишномаи байъона далеле мебошад, ки ҷонибҳо байни худ ӯҳдадории асосӣ доранд.
Ба ҳамин тариқ, байъона се вазифаро иҷро мекунад:
Аввал, вазифаи пардохтро, чунки байъона як қисми тамоми пардохт аст (одатан 50 фоиз). Дуюм, далелнокӣ, зеро пардохти пули байъ далели байни худ шартнома бастани ҷонибҳо мебошад. Сеюм, таъминотӣ. Дар натиҷаи риоя нагардидани ӯҳдадориҳои шартномавӣ оқибати фаъолияти ҷониби гунаҳкор ногувор мешавад. Байъона воситаи таъмин кардани ӯҳдадорӣ на танҳо аз ҷонибе, ки байъона медиҳад, балки аз ҷонибе низ мебошад, ки байъона мегирад. Агар харидоре, ки шартнома баста, байъона додааст, молро қабул кардан нахоҳад, пас байъона дар ихтиёри фурӯшанда мемонад. Вале агар ӯҳдадориҳои шартномаро фурӯшандаи байъона гирифта иҷро накунад, ӯ вазифадор аст, ки маблағи байъро ба харидор ду баробар зиёд баргардонад. Созишномаи байъона бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад. Агар созишномаи байъонаро исбот кардан имконнопазир бошад, пас маблағи дахлдорро пешпардохт (бунак) ҳисоб кардан лозим аст.
- Нигоҳ доштан
Ин усули таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи тамоман нав аст. Вай асосан яке аз усулҳои худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ мебошад. Моҳияти нигоҳ доштани амвол иборат аз он аст, ки қарзхоҳе (кредиторе), ки соҳиби амволи қарздор аст, ҳуқуқ дорад дар ҳолати ӯҳдадориҳои пардохти арзиши ин амвол ё хароҷоти вобаста ба ин амволро то замони иҷро накардани қарздор дар пеши худ нигоҳ дорад. Вале агар ҷонибҳои ӯҳдадорӣ соҳибкорон бошанд, нигоҳ доштани амвол ба сифати таъмини талаботе, ки бо пардохти арзиши ин амвол ё хароҷоти он алоқаманд намебошад, равост. Қарзхоҳ (кредитор) амволро ҳатто вақте ки ҳуқуқи соҳибӣ карданаш ба шахси сеюм гузаштааст, ҳамоно нигоҳ дошта метавонад.
Соҳибкороне, ки шартнома бастанианд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки нигоҳ доштани амвол бо созишномаи ҷонибҳо бекор карда ё тағйир дода мешавад. Ин гуна созишнома бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Қарзхоҳе (кредиторе), ки амволро нигоҳ доштааст, бо рафтори худ ба қарздор зиён расонида метавонад. Ӯ дар сурати мавҷуд будани ҳар се шарт барои зиёни расонидааш ҷавобгар буда наметавонад. Якум, он ки ӯҳдадориашро ба ин тарз ба ҷо меоварад, бояд бечунучаро соҳиби ҳуқуқе бошад, ки онро ҳимоя менамояд. Дуюм, усули ҳимоя бояд мутаносиби қонуншиканӣ бошад. Сеюм, усули ҳимоя аз доираи амале, ки барои татбиқаш зарур аст, набояд берун барояд.
Моддаи 389 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи аз арзиши моли нигоҳдошташаванда бо тартиби пешбининамудаи меъёрҳо дар бораи гарав қонеъ гардонидани талаботи қарзхоҳ (кредитор)-ро дорост.