Муфлисшавӣ ва барҳам додани ташкилотҳои кредитӣ
4.1. Ташкил ва барҳамдиҳии ташкилоти кредитӣ
Мутобқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд дар шакли ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП) ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ) таъсис дода, фонди қарзии хурд дар шакли фонди ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисони ташкилотҳои маблағгузории хурд бошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди ниҳоии имконпазири кредит ва қарзи додашавандаро бо санадҳои меъёрӣ муайян менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳақ дорад санадҳои меъёрие қабул намояд, ки ҳадди аксари маҷмӯи саҳмияҳои ба муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд тааллуқдоштаро маҳдуд менамоянд.
Ташкилотҳои маблағгузории хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд фаъолияти худро дар асоси иҷозатнома (литсензия) анҷом медиҳанд. Додани иҷозатнома ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар рӯзи додани иҷозатнома муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ӯҳдадоранд 100%-и андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро (қисми пулии онро) ба ҳисоби муросилотӣ (корреспондентӣ) дар Бонки миллии Тоҷикистон пардохт намоянд. Маълумот дар бораи суратҳисоб дар огоҳиномаи Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода мешавад.
Иҷозатнома мӯҳлати амали номаҳдуд дошта, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурди иҷозатномадоштаро мураттаб намуда, дастрасии умумиро ба он таъмин менамояд. Иттилоот дар хусуси ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд, ки дар феҳрист мавҷуд аст, соле як маротиба дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон чоп карда мешавад. Тағйирот ва иловаҳое, ки ба феҳрист дохил карда мешаванд, дар нашрияи номбурда дар муддати як моҳ аз рӯзи ба феҳрист ворид намудани онҳо нашр карда мешаванд.
Бе иҷозатнома анҷом додани фаъолияти амонатӣ ё фаъолияти дигаре, ки моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешбинӣ кардааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар хусуси барҳам додани шахси ҳуқуқие, ки бе иҷозатнома фаъолияти амонатӣ ё фаъолияти дигари дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешбинишударо анҷом медиҳад, ба суд муроҷиат намояд.
Иҷрои амалиёти бонкӣ фақат дар асоси иҷозатномаи додаи Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» сурат мегирад.
Иҷозатномаҳои додашуда дар феҳристи (реестри) иҷозатномаҳое, ки барои иҷрои амалиёти бонкӣ дода шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Дар иҷозатнома амалиёти бонкие, ки барои иҷрои онҳо бонки мазкур ва ё ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, инчунин асъоре, ки бо он ин амалиёт амалӣ мегардад, зикр карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки амалиёти бонкиро ғайриқонунӣ иҷро мекунанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори коғазҳои қиматнок амалиёти касбиашонро иҷро менамоянд.
Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад ҳар кадом аз намудҳои дар зер нишондодашудаи фаъолиятро ҳангоми мавҷудияти иҷозатнома (литсензия) анҷом диҳад:
– қабули амонати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
– додани кредити хурд (бо таъмин ва бе таъмин);
– анҷом додани амалиёти кассавӣ: қабул, бозшуморӣ, хурдсозӣ, ивази бонкнот, бастабандӣ ва нигоҳдории пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
– додани кафолат мутобиқи маблағи ҳадди аксари кредити пардохтнашуда барои кредити хурд, ки барои як муштарӣ муқаррар шудааст;
– додан ва қабул намудани кортҳои пардохт;
– кушодан ва пеш бурдани суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
– анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо фармоиши муштариён;
– анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ.
Илова ба намудҳои фаъолияте, ки дар қисми якуми моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» нишон дода шудаанд, ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад:
– ба муштариёни худ ва муштариёни имконпазир хизматҳои машваратӣ ва иттилоотӣ расонад;
– оид ба иҷораи молиявӣ амалиёт анҷом диҳад, ба шарте, ки маблағи аҳди молиявӣ (лизингӣ) бо як муштарӣ (бо тарҳи фоизҳои ҳисобкардашуда) набояд аз маҳдудиятҳое, ки нисбат ба кредитҳои хурд истифода мешаванд, зиёдтар бошад;
– қарзгирии маблағ (ба гарав гузоштани амволи шахсӣ ё ба тариқи дигар);
– нисбат ба ӯҳдадориҳои пардохти тарафи саввум ҳуқуқи талабкуниро ба даст орад;
– амволеро, ки мутобиқи шартҳои гарав харидорӣ шудааст, ба фурӯш барорад.
Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ маблағ қарз гирад. Ташкилоти амонатии кредитии хурд метавонад бо асъори хориҷӣ дигар навъҳои фаъолиятро, ки дар қисми якуми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо гузаштани як соли фаъолият анҷом диҳад ва ба шарте, ки ташкилоти амонатии кредитии хурд иҷозатномаи иловагиро бо нишон додани он навъҳои фаъолият, ки бо асъори хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, гирифта бошад. Иҷозатномаи (литсензияи) иловагӣ дар сурати дар ташкилоти амонатии кредитии хурд мавҷуд будани коршиносони дахлдор ва таҷҳизоти муосири муросилотӣ, ҳамчунин ба шарти фаъолияти безиёни вай ва иҷрои талаботи меъёрҳои иқтисодӣ, ки дар моддаи 25 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудааст, дода мешавад.
Ба ташкилоти амонатии кредитии хурд танҳо анҷом додани он намудҳои фаъолияте, ки дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва иҷозатнома пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода мешавад. Ташкилоти амонатии кредитии хурд наметавонад дар ягон ҳолат чунин намудҳои фаъолиятро мисли савдо, истеҳсол ва суғурта анҷом диҳад.
Нисбати кафолати амонатҳои шахсони воқеие, ки ташкилоти амонатии кредитии хурд ҷалб менамоянд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» татбиқ мегарданд.
Ташкилоти амонатии кредитии хурд ҳуқуқи баровардани коғазҳои қиматнокро надорад.
4.2. Бозхондани иҷозатнома
Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», дастурамал оиди боз хондани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, барои ташкилотҳои кредитӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» метавонад дар мавридҳои зерин иҷозатномаро барои иҷрои амалиёти бонкӣ бозхонда гирад:
– маълум гардидани маълумоти нодуруст, ки дар асоси он иҷозатнома дода шудааст;
– ба таъхир андохтани оғози амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбини гардида беш аз як соли баъди дода шуданаш;
– маълум гардидани нодурустии маълумоти ҳисоботӣ;
– иҷро намудани амалиёти бонкӣ, аз ҷумла амалиёти якдафъагии бонкӣ, ки дар иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст;
– иҷро накардани талаботи қонунҳо, инчунин санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки фаъолияти бонкиро танзим менамоянд, агар дар давоми сол якчанд бор нисбати бонк чораҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинигардида татбиқ шуда бошанд;
– вазъи ғайриқаноатбахши молиявии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, ӯҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва кредиторҳо иҷро накардани он, ки барои татбиқи ҷазоҳои пешбиникардаи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» асос шуда метавонад.
Бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо дигар асос, ғайр аз асоси пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» мумкин нест.
Хабари бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафтаи пас аз қабули қарори дахлдор чоп карда мешавад.
4.3. Барҳамдиҳии ташкилоти кредитӣ бо ташаббуси БМТ (барҳамдиҳии маҷбурӣ), инчунин дар асоси қарори саҳҳомон
Бонк дар асоси қарори мақоми олии худ ҳуқуқ дорад барои гирифтани розигӣ оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо дархост ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Ба дархост бояд феҳристи чорабиниҳо оид ба мӯҳлат ва давраҳои тайёрии бонк ба қатъи фаъолияти худ, ки мақоми олии бонк онро тасдиқ намудааст, ҳисоботи тавозуние, ки оид ба кифоятии маблағи бонк барои пардохти пурраи ӯҳдадориҳои бонк шаҳодат медиҳад ва дигар маълумоти зарурӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳамроҳ карда шавад.
Бо гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ бонк комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис медиҳад, ки ба вай тамоми ваколатҳо доир ба идоракунии амвол ва корҳои бонкӣ мегузарад.
Баъди гирифтани розигии барҳамдиҳии ихтиёрӣ бонк ӯҳдадор аст, ки дар ин бора аз тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намояд.
Дар ҳолати кофӣ набудани воситаҳои бонк барои таъмини талаботи тамоми кредиторон ё ғайриимкон будани анҷоми рафти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бонк маҷбуран барҳам дода мешавад.
Тартиби барҳамдиҳӣ, хусусияти фаъолияти комиссияи барҳамдиҳии бонкҳои ихтиёран барҳам додашаванда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барҳамдиҳии маҷбурии бонк дар асоси қарори суд сурат гирифта, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»).
4.4. Муфлисшавии ташкилотҳои кредитӣ
4.4.1. Мафҳум ва нишонаҳои муфлисшавӣ
Шартҳои асосӣ ва тартиби муфлис эълон намудани ташкилотҳои (шахсони ҳуқуқии) қарздор, соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва асосҳои ҳуқуқии маҷбуран ё мустақилона барҳам додани чунин соҳибкорон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 8 декабри соли 2003 № 46 муқаррар карда шудааст.
Мутобиқи моддаи 66 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Агар шахси ҳуқуқии машғули фаъолияти тиҷоратӣ бо сабаби нокифоя будани активҳои бозоргир барои қонеъ гардонидани талаботи ба ӯ пешниҳодгардида қодир набошад, метавонад муфлис эътироф карда шавад.
- Шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби суд муфлис эътироф карда мешавад.
Шахси ҳуқуқӣ инчунин метавонад якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданаш қарор қабул намояд.
Асосҳои аз ҷониби суд муфлис эътироф гардидани шахси ҳуқуқӣ ё дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани он, инчунин тартиби барҳамдиҳии чунин шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар карда мешавад.
Дар зери мафҳуми муфлисшавӣ аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби қарзхоҳон (кредиторон) оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст, фаҳмида мешавад (қ.1 моддаи 4 Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ»).
Аз мафҳуми зикршуда ва талаботи қисми 2 моддаи 66 КГ ҶТ бармеояд, ки муфлисшавӣ бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад:
1. Маҷбурӣ – яъне аз тарафи судҳои иқтисодӣ;
2.Ихтиёрӣ – яъне соҳибкорон инчунин метавонанд якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданашон қарор қабул намоянд.
Моҳияти муфлисшавӣ дар нишонаҳои асосии он инъикос меёбад, ки дар ҳуқуқи гражданӣ онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст:
1. Нишонаҳои берунӣ;
2. Нишонаҳои дохилӣ.
Нишонаҳои берунӣ дар он ифода меёбанд, ки аз ҷой доштани онҳо суди иқтисодӣ масъалаи оғоз кардани парвандаи муфлисшавиро ҳаллу фасл менамояд.
Нишонаҳои берунии муфлисшавӣ чунинанд:
а) агар ӯҳдадориҳо аз тарафи қарздорон дар давоми се моҳи баъди эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд;
б) агар талабҳо нисбати қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ на камтар аз 10 фоизи ҳаҷми активҳои балансии қарздор ва нисбати соҳибкори инфиродӣ на камтар аз панҷсад ҳадди ақалли музди меҳнатро ташкил диҳад.
Агар яке аз аломатҳои зикршуда мавҷуд набошад, суди иқтисодӣ аризаро қабул намекунад.
Нишонаҳои дохилӣ дар он ифода меёбанд, ки аз ҷой доштани онҳо суди иқтисодӣ масъалаи нисбати қарздор татбиқ намудани марҳалаҳои барқарорсозӣ ё барҳамдиҳиро ҳаллу фасл менамояд.
Ягона нишонаи дохилӣ аз арзиши амволи ба қарздор тааллуқдошта зиёд будани маблағи умумии ӯҳдадориҳо аст. Яъне агар шахси ҳуқуқии машғули фаъолияти тиҷоратӣ бо сабаби нокифоя будани активҳои бозоргир барои қонеъ гардонидани талаботи ба ӯ пешниҳодгардида қодир набошад, метавонад муфлис эътироф карда шавад (КГ ҶТ моддаи 66).
4.4.2. Баррасии парвандаҳои муфлисшавӣ
Боби 25 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба «баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ» бахшида шудааст, ки он асосан баррасии парвандаҳоро дар бораи муфлисшавии ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар назар дорад. Мувофиқи моддаи 203 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ:
1. Парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси зикргардида ва бо хусусиятҳои қонуне, ки масъалаи муфлисшавиро танзим мекунад, баррасӣ мегардад.
2. Парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз тарафи ҳайати дастаҷамъии судяҳо баррасӣ карда мешаванд, агар дар қонуне, ки масъалаи муфлисшавиро ба танзим медарорад, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Таъиноте, ки аз тарафи суди иқтисодӣ дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ бароварда мешавад ва тартиби аз он шикоят намудан дар Кодекси зикргардида ва дигар қонунҳое, ки масъалаи муфлисшавиро ба танзим медароранд, ба таври алоҳида аз санади судӣ, ки бо баррасии пурраи парванда ба анҷом мерасад, мумкин аст ба марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ дар мӯҳлати 10 рӯзи баъди қабул шуданаш шикоят карда шавад.
Аз нишондодҳои қонунгузориҳо ва фикрҳои олимон ба хулоса омадан мумкин аст, ки парвандаҳои муфлисшавиро танҳо судҳои иқтисодӣ баррасӣ менамоянд.
Мувофиқи моддаи 26 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» аризаи аз тарафи шахсони зерин пешниҳодшуда барои оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ асос шуда метавонад:
1. Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, шахсони дигар бо сабабҳои дар назди онҳо иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулӣ;
2. Қарздор, прокурор, мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор бо сабаби иҷро накардани воридоти пардохтҳои ҳатмӣ.
Дар ҳолатҳои ҷой доштани нишонаҳои берунии муфлисшавӣ суди иқтисодӣ аризаро қабул менамояд ва баррасии парвандаро оғоз менамояд.
Дар ҳолатҳои зерин суд ҳалномаи муфлис эътироф накардани қарздорро қабул менамояд:
1. Набудани нишонаҳои муфлисшавӣ;
2. Қонеъ гардидани талаботи арзшудаи кредиторон то вақти аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ;
3. Муқаррар гардидани муфлисшавии сохта ва барқасд;
4. Дар ҳолатҳои дигар, ки Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» пешбинӣ намудааст.
4.4.3. Расмиятҳои муфлисшавӣ. Ҳолати ҳуқуқии мудир
Мувофиқи Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ расмиятҳои зерини муфлисшавӣ татбиқ шуданаш мумкин аст:
1. Мушоҳида;
2. Идоракунии берунӣ;
3. Истеҳсолоти озмунӣ;
4. Созишномаи мусолиҳа.
Нисбати соҳибкорони инфиродӣ бошад, танҳо расмиятҳои зерини муфлисшавӣ татбиқ шуданашон мумкин аст:
1. Истеҳсолоти озмунӣ;
2. Созишномаи мусолиҳа.
Бояд қайд намуд, ки нисбати ташкилотҳои кредитӣ танҳо расмиятҳои «мушоҳида» ва «истеҳсолоти озмунӣ» татбиқ карда мешавад. Инро бояд чунин шарҳ дод, ки нисбати ташкилотҳои кредитӣ парвандаи муфлисшавӣ танҳо дар сурати бозхост намудани иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллӣ татбиқ мегардад. Маҳз баъди бозхост намудани иҷозатнома нисбати онҳо расмиятҳои барқароркунии муфлисшавӣ яъне «идоракунии берунӣ» ва «созишномаи мусолиҳа» ғайриимкон мегардад.
Барои татбиқи расмиятҳои муфлисшавӣ аз тарафи суди иқтисодӣ «мудир» таъин карда мешавад.
Шахсе мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин шуданаш мумкин аст, ки ӯ шахси воқеӣ буда, ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ҳамчунин дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор набошад.
Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин нест:
- шахсоне, ки қаблан идоракунии корҳои қарздор – шахси ҳуқуқиро анҷом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз рӯзи сабукдӯш гардидани чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;
- шахсоне, ки нисбаташон баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар маҳдудият вуҷуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);
- шахсоне, ки доғи судӣ доранд.
4.4.4. Мушоҳида
Расмияти мушоҳида дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав аст, чунки Қонун «Дар бораи муфлисшавии корхона» аз соли 1992 инро пешбинӣ накарда буд.
Расмияти мушоҳида аз рӯзи аризаи муфлис эътироф намудани қарздорро қабул намудани суди иқтисодӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои мушоҳида дар Қонун мӯҳлат нишон дода нашудааст. Мувофиқи моддаи 151 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ парвандаро бояд суди иқтисодии марҳилаи якум дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳ баъд аз баровардани таъинот дар бораи ба муҳокимаи судӣ таъин кардани парванда баррасӣ намояд ва қарор қабул намояд. Нишондоди ин моддаро ба инобат гирифта, ҳисобидан мумкин аст, ки мӯҳлати мушоҳида аз як моҳ зиёд буда наметавонад.
Расмияти мушоҳида бо мақсади таъмини нигоҳдории амволи қарздор ва таҳлили ҳолати молиявии он татбиқ карда мешавад. Барои мушоҳида ва таҳлили ҳолати молиявии қарздор аз тарафи суди иқтисодӣ мудири муваққатӣ таъин карда мешавад.
Мудири муваққатӣ ҳолати молиявии қарздорро таҳлил менамояд ва баъди анҷоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш ба суди иқтисодӣ дар бораи фаъолияти худ ҳисобот медиҳад. Дар ҳисобот бояд оид ба ҳолати молиявии қарздор маълумоти зарурӣ бошад, ҳамчунин дар бораи имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор таклифҳо пешниҳод намояд.
4.4.6. Истеҳсолоти озмунӣ
Агар дар рафти расмияти мушоҳида маълум гардад, ки ҳоҷат ба татбиқи расмияти барқарорсозӣ нест ё расмияти идораи беруна ба барқарорсозии ҳолати молиявии қарздор оварда нарасонид, суд дар бораи муфлис эълон намудани қарздор ҳалнома қабул менамояд. Аз лаҳзаи қабул кардани ҳалнома расмияти барҳамдиҳии муфлисшавӣ, «истеҳсолоти озмунӣ» оғоз мегардад.
Истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавие, ки нисбати қарздори муфлис бо мақсади мутаносибан қонеъ гардонидани талаботи кредиторон татбиқ карда мешавад.
Мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ аз як сол дарозтар буда наметавонад. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад онро боз шаш моҳ дароз кунад. Ҳамчунин ҳангоми зарурат ин мӯҳлатро суди иқтисодӣ дарозтар карда метавонад. Аз болои таъиноти судӣ оид ба дароз кардани мӯҳлат шикоят кардан мумкин аст.
Барои пешбурди истеҳсолоти озмунӣ, ҳангоми қабули ҳалнома оид ба татбиқи истеҳсолоти озмунӣ «мудири озмунӣ» таъин карда мешавад. Мудири озмунӣ баъди таъин шуданаш дар бораи муфлис эътироф кардани қарздор ва оғоз кардани истеҳсолоти озмунӣ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд.
Мақсади асосии истеҳсолоти озмунӣ тақсими молу мулки озмунӣ дар байни кредиторон, яъне қонеъ гардонидани талаботи кредиторон ба ҳисоб меравад. Тамоми амволи дар рӯзи оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ мавҷудбуда ва дар ҷараёни он ошкоршудаи қарздор молу мулки озмуниро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медиҳад, мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад муҳосибон, аудиторҳо ва дигар мутахассисонро ҷалб намояд.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки ҳарчанд дар қонунгузорӣ нишон дода нашудааст, барои дуруст назорат кардани тамоми маблағу амволи қарздор мудири озмунӣ бояд як суратҳисоби ҳисоббаробаркуниро дар бонк истифода барад.
Дар ҳолати тамоми амволи қарздорро, ки молу мулки озмунӣ ҳисоб меёбад, дар як суратҳисоб ҷамъ овардан мудири озмунӣ ба қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оғоз менамояд. Талаботи кредиторон тибқи моддаи 78 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ва моддаи 65 КГ ҶТ бо навбати зайл қонеъ карда мешавад:
- дар навбати аввал талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад;
- дар навбати дуюм пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти подош аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
- дар навбати сеюм талаботи кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки барои онҳо амволи қарздор ба гарав гузошта шудааст;
- дар навбати чорум пӯшонидани қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмии ба буҷет воридшаванда, ҳамчунин ба фондҳои ғайрибуҷетӣ;
- дар навбати панҷум талаботи кредиторони дигар.
Дар сурати барҳам додани бонкҳо ё дигар ташкилотҳои кредитӣ, ки маблағҳои шаҳрвандонро ҷалб намудаанд, дар навбати аввал талаботи шаҳрвандоне, ки амонатгузори онҳо мебошанд, қонеъ гардонида мешаванд (қ.1. мод 65 КГ ҶТ).
Талаби ҳар навбат пас аз пурра қонеъ гардонидани талаби навбати пешина қонеъ гардонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ин амвол дар байни кредиторон мувофиқи қонунҳои амалкунанда тақсим карда мешавад.
Агар комиссияи барҳамдиҳӣ қонеъ гардонидани талаботи кредиторро рад кунад ё аз баррасии он саркаши намояд, кредитор ҳуқуқ дорад, ки то тасдиқ гардидани баланси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқ нисбати амали комиссияи барҳамдиҳи ба суд даъво намояд.
Бо қарори суд талаби кредитор мумкин аст аз ҳисоби амволи боқимондаи шахси ҳуқуқӣ барҳамдодашуда қонеъ гардонида шавад.
Талаби кредитор, ки пас аз гузаштани мӯҳлати барои пешниҳоди он муқаррарнамудаи комиссияи барҳамдиҳӣ пешниҳод гардидааст, аз ҳисоби амволи шахси қарздор, ки пас аз қонеъ гардонидани талаби сари вақт пешкашнамудаи кредиторон боқи мондааст, қонеъ гардонида мешавад.
Талаби кредиторон, ки бо сабаби нокифоя будани амволи шахси ҳуқуқи барҳамдодашаванда қонеъ гардонида нашудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 68 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохташуда дониста мешавад. Талаби кредитороне, ки комиссияи бар-ҳамдиҳӣ онҳоро эътироф накардааст, агар кредитор ба суд бо даъво муроҷиат накарда бошад, инчунин талаби кредиторе, ки қонеъ гардонидани он бо қарори суд рад шудааст, ҳамчунин пардохташуда дониста мешаванд.
Агар баъди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ исбот шавад, ки он бо мақсади халос хӯрдан аз масъулияти назди кредиторони худ ақаллан як қисми амволашро ба шахси дигар додааст ё ба тариқи дигар қасдан пинҳон кардааст, кредитороне, ки талабашон дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пурра қонеъ нагардидааст, ҳуқуқ доранд қисми пардохтанашудаи қарзашонро аз ҳисоби ин амвол рӯёнанд. Дар ин ҳолат мутобиқан қоидаҳои моддаи 324 Кодекси гражданӣ истифода мешаванд. Шахсе, ки ин амволро гирифтааст, агар нияти шахси ҳуқуқиро дар мавриди аз кредиторон пинҳон кардани ин амвол медонист ё мебоист донад, шахси бевиҷдон дониста мешавад.
Талаботи кредиторони ҳар навбат баъди пурра қонеъ гардонидани талаботи навбати пештара қонеъ гардонида мешавад.
Мудири озмунӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натиҷаи гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ ба суди иқтисодӣ ҳисобот пешниҳод намояд.
Суд баъди баррасии ҳисоботи мудири озмунӣ оид ба натиҷаҳои истеҳсолоти озмунӣ дар хусуси ба итмом расидани истеҳсолоти озмунӣ таъинот мебарорад. Мудири озмунӣ бояд дар давоми 10 рӯзи баъди баровардани таъинот суд онро ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро анҷом медиҳад, пешниҳод намояд. Таъиноти суд оид ба анҷом ёфтани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор асос мешавад. Аз рӯзи ба рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ сабт намудани қайди барҳамхӯрии қарздор ваколатҳои мудири озмунӣ қатъ мегардад, истеҳсолоти озмунӣ ба итмомрасида ва қарздор барҳамхӯрда ҳисобида мешавад.
6 Загрузки