Танзими ҳуқуқии ташкилотҳои кредитӣ ва мизоҷони онҳо

7.1. Тартиби кушодани суратҳисобҳои амонатӣ (депозитӣ)

Мувофиқи муқаррароти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» депозит (амонат), пули аз тарафи шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ дар бонкҳо гузошташуда мебошад, ки аз ҳисоб бо аввалин талаби амонатгузор ё гузаштани мӯҳлат, бе фоиз ё бо фоиз гирифта шуда ва ё ба воситаи чек ё супоришнома ба ҷониби сеюм пардохт шуда метавонад.

Асос барои гузаронидани амалиётҳои депозитӣ шартномаи депозитӣ мебошад, ки байни бонк ва амонатгузор (депозитор) дар асоси хоҳиши тарафайн баста мешавад.

Шартнома барои ҷалби маблағ ва дигар амонатҳое, ки қонунгузории бонкӣ манъ накардааст, барои депозит гузоштан дар ду нусха тартиб дода мешавад, ки як нусхааш дар бонк ва нусхаи дигар дар дасти депозитор қарор мегирад.

Барои кушодани суратҳисобҳои амонатӣ (депозитӣ) пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин заруранд.

Барои шахсони воқеъӣ баҳри кушодани суратҳисобҳои депозитии амонатии исмӣ.

– ариза дар бораи кушодани суратҳисоби депозитӣ (дар асоси талаботҳои муқаррарнамудаи бонки дахлдор);

– нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро муайян мекунад (шиноснома, билети ҳарбӣ, шаҳодатнома дар бораи таваллуд);

– варақа бо намунаи имзои депозитор.

Барои шахсони ҳуқуқӣ

– ариза барои кушодани суратҳисоби депозитӣ (дар асоси талаботи муқаррарнамудаи бонки дахлдор);

– шаҳодатнома дар бораи қайди давлатӣ;

– варақа бо намунаи имзоҳо дар ду нусха: ки аз ҷониби ташкилоти болоӣ ва идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;

– нусхаи оиннома бо тасдиқи идораи нотариалӣ;

– рақами бақайдгирии давлатии оморӣ;

– маълумотнома аз мақомоти андоз, ки ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст ва рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумотнома дар бораи ба қайд гирифта шудан дар фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

– варақаи пардохтпулӣ оид ба кушодани суратҳисоби депозитӣ.

Доир ба кушодани суратҳисобҳои амонатӣ (депозитӣ) дар бонкҳои амонатии давлатӣ (масалан: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк») ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ талаб карда мешаванд:

  1. Шартномаи байни шӯъбаи бонк ва мизоҷ 2 нусха;
  2. Санадҳои намунаи №51/36 ва намунаи №51;
  3. Расиди намунаи 31 (барои пулсупоранда);
  4. Варақаи ҳисоби шахсӣ ва корти алифбоии №13, намунаи имзоҳо;
  5. Дафтарчаи амонатӣ бо рамзи амонат ва рақами мушаххаси амонат;
  6. Варақаи назоратӣ (барои амонатӣ ба манзурӣ);
  7. Боваринома;
  8. Дар ҳолати вафоти амонатгузор:

а) тамоми амалиётҳо катъ мешаванд;

б) дар асоси ариза (новобаста ба муносибати хешовандӣ) танҳо ба андозаи то 20 ҳадди ақалли музди меҳнат (новобаста ба миқдори амонатҳо) пардохта мешавад;

в) амалиётҳои минбаъда танҳо дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос, ки аз ҷониби идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст, пардохта мешавад.

г) ҳисоби фоизҳои шартномавӣ дар рӯзи аввали гузаронидани амалиёти хароҷотӣ (бозпас гирифтани қисми маблағи амонат) қатъ мегардад. Барои рӯзҳои минбаъда даромад барои маблағи амонат дар асоси меъёри амонати то дархостӣ ҳисобӣ мешавад.

9. Дар ҳолати гум шудани дафтарчаи амонатии исмӣ мизоҷ бояд ҳатман ба таври хаттӣ ба шӯъбаи бонк барои ҳал намудани масъалаи мазкур муроҷиат намояд. Дар ҳолати гум шудани дафтарчаи амонатӣ ва варақаи назоратии амонатӣ ба пешниҳодкунанда соҳибияти амонат танҳо дар асоси қарори суд баррасӣ мегардад.

Амонатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқи дар шакли нақд ва ғайринақдӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқи қонгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории бонкӣ дар асоси шартномаи тарафайн ба тариқи «тодархостӣ», «мӯҳлатнок», «мӯҳлатноки ҷамъшаванда», «мӯҳлатнок бо пардохтҳои иловагӣ», «муҳлатноки кӯдакона», «нафақавӣ-мукофотӣ», инчунин «ҳамватани бурунмарзӣ» дар асоси меъёри фоизии муқаррарнамудаи Раёсати бонк вобаста ба пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гузошта мешавад. Инчунин қайд намудан бамаврид аст, ки мӯҳлати пардохти фоизҳо аз ҷониби амонатгузорон муқаррар карда мешавад.

Амонатҳои тодархостӣ

(бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: бемӯҳлат

Маблағи амонат на камтар аз: 5 сомонӣ, 300 рубли руси, 10 доллари ИМА, 10 евро

Бо шакли: исмӣ ва манзурӣ

Бо роҳи: нақд ва ғайринақдӣ

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Меъёри даромад: 2 фоизи солона

Амонатҳои мӯҳлатнок
(бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: 3 моҳ, 6 моҳ, 1 сол ва 3 сол

Маблағи амонат на камтар аз: 50 сомонӣ, 3000 рубли русӣ, 100 доллари ИМА, 100 евро

Бо шакли: исмӣ (См ва Сх) ва манзурӣ (Смм ва Схм)

Бо роҳи: нақд ва ғайринақдӣ

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Меъёри фоизи солона дар асоси шартнома :

МӯҳлатРамзи амонатПули миллӣРамзи амонатАсъори хориҷӣ
3-моҳа3Смто 12%3Схто 6%
6-моҳа6Смто 14%6Схто 8%
1-сола12Смто 21%12Схто 14%
3-сола36Смто 22%36Схто 16%
  • Дар ҳолати қабул намудани маблағ ба амонат дар ҳаҷми зиёда аз 50000 доллари ИМА, 1 350 000 рубли русӣ ва 40 000 евро меъёри даромад 17 фоизи солона .
  • Дар ҳолати қабул намудани маблағu ба амонат дар хаҷми зиёда аз 100000 доллари ИМА, 2 700 000 рубли русӣ ва 80 000 евро меъёри даромад 18 фоизи солона .

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизи даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани мӯҳлати шартнома ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат аз рӯи меъёри амонати тодархостӣ фоизҳо ҳисобӣ мешаванд.
  • Бо хоҳиши амонатгузор фоизи ҳармоҳа пардохта мешавад.
  • Дар ҳолати пардохти фоизҳо андоз аз даромад бо меъёри 12% ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати риоя нашудани шартнома аз ҷониби мизоҷ маблағи ба буҷаи давлатӣ гузаронидашуда баргардонида намешавад.
  • Дар ҳолати сари вақт тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағи асосӣ ва фоизҳои он барои мӯҳлати ғайр аз шартномавӣ дар ҳисобҳо нигоҳ доштани амонат фоизи даромад дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ ҳисобӣ карда мешавад.
  • Фоизҳои захиравӣ ба бақияи амонат зам нашуда, ба ҳисобҳои тавозунии №24402 ва №24406 мансуб дониста мешаванд.

Амонатҳои ҷамъшаванда
(бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: 1 сол ва 3 сол

Маблағи амонат на камтар аз: 500 сомонӣ, 3000 рубли руси, 100 доллари ИМА ва 100 евро

Бо шакли: исмӣ( Бм ва Бх) ва манзурӣ ( Бмм ва Бхм)

Бо роҳи: нақд ва ғайринақдӣ

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Меъёри фоизи солона дар асоси шартнома:

МӯҳлатРамзи амонатПули миллӣ

20220

Рамзи амонатАсъори хориҷӣ

20222

1-сола12Бмто 21%12Бхто 14%
3-сола36Бмто 21%36Бхто 16%

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизи даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани мӯҳлати шартномавӣ ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат фоизи даромад аз руи меъёри амонати тодархостӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Ҳар семоҳа (31 март, 30 июн, 30 сентябр, 31декабр) ба амонат ва фоизҳои ҳисобшудаи он дар алоҳидагӣ даромади фоизӣ ҳисобӣ карда мешавад.
  • Фоизи даромад танҳо дар ҳолати баста шудани ҳисоб пардохта мешавад.
  • Дар ҳолати пардохти фоизҳо бо меъёри 12% андоз аз даромад ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад.
  • Дар ҳолати сари вақт тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағи асосӣ ва фоизҳои он дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ даромади фоизӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Фоизҳои захиравӣ ба бақияи амонат зам нашуда, ба ҳисобҳои тавозунии №24402 ва №24406 мансуб дониста мешаванд.

Амонатҳо бо маблағҳои иловагӣ

(бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ)

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: 1 сол ва 3 сол

Маблаги аввалаи амонат на камтар аз: 500 сомонӣ, 3000 рубли русӣ, 100 доллари ИМА, 100 евро

Маблагхои иловагӣ бе маҳдудияти миқдори амалиётҳо на камтар аз: 100 сомонӣ, 1000 рубли руси, 50 доллари ИМА, 50 евро

Бо шакли: исмӣ( Вм ва Вх) ва манзурӣ ( Вмм ва Вхм)

Бо роҳи: нақд ва ғайринақдӣ

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Меъёри фоизи солона дар асоси шартнома :

МӯҳлатРамзи амонатПули миллӣ

20220

Рамзи амонатАрзи хориҷӣ

20222

1-сола12Вмто 21%12Вхто 14%
3-сола36Вмто 22%36Вхто 16%

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизу даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани муҳлати шартномавӣ ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат аз рӯи меъёри амонати дархостӣ даромади фоизӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Ҳар як маблағи иловагӣ дар ҳисобҳо бояд мувофиқи шартномаи басташуда ба мӯҳлати 1 сол ва ё 3 сол нигоҳ дошта шавад.
  • Ҳар маблағ аз амонат дар алоҳидагӣ бидуни маблағи дигари амонат баъди ба охир расидани мӯҳлати нигоҳдории он ба мизоҷ якҷоя бо даромади фоизии он пардохта мешавад.
  • Фоизҳои ҳисобшудаи амонат баъди 1 сол пардохта мешаванд.
  • Дар ҳолати пардохти фоизҳо бо меъёри 12% андоз аз даромад ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати риоя нашудани шартнома аз ҷониби мизоҷ маблағҳои ба буҷаи давлатӣ гузаронидашуда баргардонида намешаванд.
  • Дар ҳолати сари вақт тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағҳои амонат (асосӣ ва ё иловагӣ) дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ даромади фоизӣ ҳисоб карда мешавад.
  • Фоизҳои захиравӣ ба бақияи амонат зам нашуда, ба ҳисобҳои тавозунии №24402 ва №24406 мансуб дониста мешаванд.

Амонатҳои нафақавӣ – мукофотӣ
(бо пули миллӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: 6- моҳа ва 1- сола

Маблағи камтарин: 1 сомонӣ

Бо шакли: исмӣ

Бо роҳи:нақд ва ғайринақдӣ

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Дар асоси шартнома-меъёри фоизи солона:

МӯҳлатРамзи амонатПули миллӣ

20220

Мукофотпулӣ
6-моха6Ммто 8%то 5%
1-сола12Ммто 8%то 10%

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизу даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани мӯҳлати шартнома ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат фоизи даромад аз руи меъёри амонати тодархостӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Фоизи даромад танҳо дар ҳолати баста шудани ҳисоб пардохта мешавад.
  • Мукофотпулӣ аз ҳисоби бақияи миёнаи амонат пардохта мешавад.
  • Дар ҳолати пардохти фоизҳо бо меъёри 12% андоз аз даромад ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад.
  • Дар ҳолати сари вақт тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағи асосӣ ва фоизҳои он дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ фоиз ҳисоб карда мешавад.
  • Фоизҳои захиравӣ ба бақияи амонат зам нашуда, ба ҳисобҳои тавозунии №24402 мансуб дониста мешаванд.

Амонатҳои кӯдакона
(бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: зиёда аз 1 сол

Маблағи асосӣ на камтар аз: 10 сомонӣ, 100 рубли русӣ, 5 доллари ИМА, 5 евро

Маблағҳои иловагӣ бе маҳдудияти миқдори амалиётҳо на камтар аз: 10 сомонӣ, 5 доллари ИМA, 5 евро

Дар шакли: исмӣ

Бо роҳи: нақд ва ғайринақдӣ

Дар асоси шартнома новобаста ба муносибати хешовандӣ ба номи кӯдакони то 16-сола.

Меъёри фоизи солона: бо асъори миллӣ- 21%, бо асъори хориҷӣ – 18%

Рамзи амонат: бо пули миллӣ- Км, бо асъори хориҷӣ – Кх

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизу даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани мӯҳлати шартнома ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат фоизи даромад аз рӯи меъёри амонати тодархостӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Фоизи даромад танҳо дар ҳолати баста шудани ҳисоб пардохта мешавад.
  • Ҳар як маблағи иловагӣ дар ҳисобҳо бояд на камтар аз 6 моҳ нигоҳ дошта шавад.
  • То ба синни 16 расидани кӯдак ба амонат танҳо пулсупоранда ихтиёрдорӣ карда метавонад.
  • Дар ҳолати сари вақт (баъди 16-солагии кӯдак) тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағи асосӣ ва фоизҳои он дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ фоизи даромад ҳисобӣ карда мешавад.
  • Фоизҳо танҳо дар давоми сол ба ҳисобҳои тавозунии №24402 ва №24406 мансуб дониста мешаванд. Фоизҳои захиравӣ дар охири сол бо кам намудани андоз аз даромад (12%) ба бақияи амонат зам карда мешаванд. Фоизҳои соли оянда ба маблағи амонат ва фоизи он ҳисобӣ мешаванд. Андоз аз даромад танҳо дар ҳолати пардохтани фоизҳо ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад.
  • Дар ҳолати аз ҷониби Раёсати бонк иваз шудани меъёри фоизи даромадҳо бо мизоҷ шартномаи иловагӣ баста мешавад. Дар ҳолати розӣ нашудани мизоҷ ба шартҳои шартномаи иловагӣ қабули маблағҳои иловагӣ ба амонати мазкур қатъ мегардад.
  • Даромади фоизи шартномавӣ танҳо ба соҳиби амонат (дар синни 16) якҷоя бо маблағи амонат пардохта мешавад.
  • Шартнома дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ноболиғ таҳия карда мешавад. Нусхаи хуҷҷат дар шӯъбаи бонк нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолати пешниҳод нашудани ҳуҷҷат аз ҷониби пулсупоранда сабаби он дар шартнома сабт мегардад.

Амонатҳои «Ҳамватани бурунмарзӣ»
(бо асъори хориҷӣ )

Мӯҳлати нигоҳдорӣ: зиёда аз 3 моҳ то 2 сол

Маблағи камтарин:100 рубли русӣ, 5 доллари ИМА, 50 евро

Пардохтҳои иловагӣ:1000 рубли русӣ, 50 доллари ИМА, 50 евро

Бо шакли:исмӣ (См ва Сх) ва манзурӣ (Смм ва Схм)

Ба воситаи: шахсан ё намоянда

Бо роҳи:нақд ва ғайринақдӣ

Дар асоси шартнома ба мӯҳлати 3 моҳ

Меъёри фоизи солона:

Мӯҳлат Рамзи амонатАсъори хориҷӣ

20222

Аз 3 моҳу1 рӯз то 6 моҳХБхто 6%
Аз 6 моҳу 1рӯз то 1 солХБхто 8%
Аз 1солу 1 рӯз то 2 солХБхто 14%

Эзоҳ:

  • Ба амонат то 1 моҳ фоизи даромад пардохта намешавад.
  • Дар ҳолати риоя нашудани мӯҳлати шартномавӣ ва зиёда аз як моҳ нигоҳ доштани амонат фоизи даромад аз рӯи меъёри амонати тодархостӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Фоизи даромад танҳо дар ҳолати баста шудани ҳисоб пардохта мешавад.
  • Дар ҳолати пардохти фоизҳо бо меъёри 12% андоз аз даромад ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад.
  • Ба ҳар як маблағи иловагӣ вобаста ба рӯзҳои дар ҳисоб мавҷуд буданаш даромади фоизӣ ҳисобӣ мешавад.
  • Дар ҳолати баъди 2 сол тамдид нашудани мӯҳлати шартномаҳои басташуда ба маблағи асосӣ ва фоизҳои он дар асоси меъёри амонатҳои тодархостӣ фоиз ҳисобӣ карда мешавад.
  • Фоизҳои захиравӣ ба ҳисобҳои тавозунии №24406 мансуб дониста мешаванд.

Амонатҳои беҳаракат

Ҳар сол дар моҳи июн амонатҳои беҳаракат аз оҷонсиҳо ба қисми амалиётии шӯъба барои амалиёти минбаъда гузаронида мешаванд. Амонатҳо аз ин ҳисобҳо танҳо бо иҷозати хаттии мудир ва сармуҳосиби шуъба пардохт карда мешаванд. Амонат ҳамон вақт беҳаракат ба шумор меравад, ки дар давоми 2 соли кушода шуданашон ягон амалиёт (ба ғайр аз фоизҳои ҳисобшуда) гузаронида нашуда бошад:

  • Амонатҳои ба таври ғайринақдӣ кушодашуда новобаста ба маблағи бақияи он;
  • Ҳамаи амонатҳое, ки бақияашон то 10 сомонӣ ва эквиваленташон бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳад.

Оид ба кушодани ҳисоби амонатӣ ва гузоштани амонати худ дар бонк чи тавре дар боло зикр карда шуд, амонатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли нақд ва ғайринақдӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқи қонгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории бонкӣ дар асоси шартномаи тарафайн инчунин дар асоси меъёри фоизии муқаррарнамудаи Раёсати бонк, новобаста аз шакли фаъолияташ гузошта мешавад. Барои мисол яке аз нусхаҳои шартномаи «Амонатбонк» барраси карда мешавад, ки дар шакли зерин тартиб дода мешавад.

Оид ба кушодани ҳисоби амонати мӯҳлатноки

шакли _________ «____»______с. 20__

Шӯъбаи №___ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и шаҳри (ноҳия) ________, ки минбаъд «Бонк» ёдовар мешавад, дар шахсияти ______________, ки дар асоси Оиннома амал мекунад, аз як тараф, ва ___________________, ки минбаъд «Амонатгузор» ёдовар мешавад, аз тарафи дигар, шартномаи мазкурро ба мазмуни зерин тартиб доданд:

1. МАЗМУНИ ШАРТНОМА

1.1. Амонатгузор (пулсупоранда) амонатро ба таври нақд (ё ғайринақдӣ ҳавола мекунад) ба Бонк мегузаронад ва Бонк пулро ба маблағи ___________________ сомонӣ қабул мекунад.

(маблағ бо рақам ва хат)

1.2. Амонат ба мӯҳлати __________ сол (моҳ) қабул карда мешавад.

1.3. Меъёри фоизии ин намуди амонат ________% – и солонаро ташкил медиҳад.

2.ҲУҚУҚҲО ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

    1. Бонк ӯҳдадор мешавад:

– ба Амонатгузор шартҳо ва қоидаҳои иҷрои амалиёт бо ин намуди амонатро, ки ба он маблағ гузошта мешавад, шинос намояд;

ба ҳисоби амонатӣ маблағи дар шартнома нишондодашударо дар рӯзи бастани шартнома қабул намояд;

– барои истифодаи маблағҳои амонатӣ мутобиқи банди 1.3–и шартномаи мазкур ҳисоб ва пардохти фоизҳоро амалӣ намояд;

– сирри амонатро махфӣ нигоҳ дорад ва маълумотҳоро оид ба амонат ғайр аз худи Амонатгузор ва ашхосе, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ба касе надиҳад;

– бо талаби аввалини Амонатгузор маблағи аз вай гирифтаро бо баҳрааш баргардонад;

– супориши Амонатгузорро барои ба тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоб баровардани маблағ иҷро намояд.

2.2. Бонк ҳуқуқ дорад:

– ҳангоми ба мӯҳлати нав ба расмият даровардани амонати мӯҳлаташ ба охиррасида меъёри фоизиро аз рӯи меъёри фоизии дар ҳамон рӯз амалкунанда муқаррар кунад;

– дар асоси қонунҳои амалкунанда аз баҳраи барои амонат пардохташуда ба андозаи 12% андози даромад ситонад;

2.3. Амонатгузор ӯҳдадор мешавад:

– ҳамаи шартҳои намуди амонатгузориро аз рӯи «қоидаҳои иҷрои амалиёт» бо ин намуди пасандоз омӯхта, баъдан дар шартнома имзо гузорад;

– маблағи дар шартнома нишондодашударо дар рӯзи бастани шартнома ба Бонк супорад;

– дар ҳолати пеш аз мӯҳлат бастани суратҳисоби амонати худ Бонкро панҷ рӯз қабл ба таври хаттӣ огоҳ намояд;

– дар асоси қонунҳои амалкунанда, аз ҳисоби баҳраи амонат ба андозаи 12% андози даромад супорад;

ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома ба Бонк барои гирифтани амонат ва ё аз нав ба расмият даровардани он худаш ё шахси боваринома доштааш ҳозир шавад.

2.4. Амонатгузор ҳуқуқ дорад:

– баҳраи амонаташро пурра ё қисм-қисм барои давраи нигаҳдории амонат танҳо дар асоси қоидаҳои ба ин амонат вобаста гирад;

– тавассути шартнома амонатро аз нав ба расмият дарорад;

– амонаташро шахсан худаш ё бо воситаи намояндааш, ки ба ӯ бо тартиби муқарраршуда ваколатнома додааст, идора намояд;

– маблағи амонаташро, ҳар вақте ки хоҳад, новобаста ба мӯҳлати нигаҳдории муқаррарнамудаи шартнома, талаб карда гирад;

– ба Бонк барои ба тариқи ғайринақдӣ ё ҳисоббаробаркунӣ, аз ҳисоб баровардани маблағи амонат ариза пешниҳод намояд;

– амонати худро ба шахси дигар васият намояд.

3. ШАРТҲОИ МАХСУС

3.1. Аз амонат ба таври илова ва қисме аз маблағ дар асоси шартҳои ин намуди амонат пардохта мешавад.

3.2. Баҳраи давраи баъди кушодани суратҳисоб, то як рӯз пеш аз ба Амонатгузор баргардонидани он (ё бо ягон асос аз ҳисоб баровардани он) ҳисоб карда мешавад.

3.3. Баъди ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи ин шартнома, амонатро ба мӯҳлати нави нигаҳдорӣ гузаронидан мумкин аст. Агар Амонатгузор мӯҳлати амонатро саривақт аз нав ба расмият надароварда бошад, баҳраи пасандоз бо назардошти маблағи баҳраи, аз рӯи меъёри амонатҳои тодархостӣ, дар рӯзи ба охир расидани мӯҳлати шартнома пардохта мешавад.

3.4. Дар ҳолати аз тарафи Амонатгузор пеш аз хатми мӯҳлати шартнома бастани суратҳисоби амонат:

– ҳангоми камтар аз як моҳ нигаҳдорӣ шудани амонат, баҳра пардохта намешавад;

– ҳангоми аз як моҳ зиёдтар нигаҳдорӣ шудани амонат баҳра аз рӯи меъёре, ки Раёсати Амонатбонк барои амонатҳои тодархости дар рӯзи бастани суратҳисоб муқаррар намудааст, пардохта мешавад.

– агар Амонатгузор ҳар моҳ баҳраи амонатро гирифта бошад, дар ин сурат маблағи зиёдатии баҳраи гирифтааш аз бақияи амонат тарҳ карда мешавад. Маблағи қаблан боздошташудаи андози даромад баргардонида намешавад.

3.5. Ҳангоми иваз шудани молик ва муфлис шудани «Амонатбонк», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» амнияти пурраи маблағu амонат ва бо талаби аввалин баргардонидани онҳоро кафолат медиҳад. Дар ҳолати аз ҷониби Бонк вайрон шудани шартҳои шартнома, баҳраи қаблан пардохташудаи амонат, дар ҳолати пеш аз мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома пас гирифтани амонат, аз бақияи амонат боздошта намешавад.

3.6. Хизматҳои алоҳидае, ки Бонк ба Амонатгузор мерасонад, дар асоси нархномаҳои аз тарафи Бонк муқарраршуда, музднок мебошанд.

3.7. Тарафҳо дар баробари иҷрои шартҳои пешбининамудаи шартномаи мазкур қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии бонкиро ба инобат мегиранд.

3.8. Шартнома ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дар ду нусха, ки эътибори якхела дорад ( якнусхагӣ барои ҳар як тараф), тартиб дода мешавад.

4. ИХТИЛОФОТ ВА МУНОҚИШАҲОИ ТАРАФҲО

4.1. Ихтилофоте, ки дар ҷараёни иҷрои шартҳои ин шартнома ба миён меояд, қаблан бо мақсади даст додани қарори мусолиҳатомез баррасӣ карда мешавад.

4.2. Муноқишаҳое, ки дар ҷараёни иҷрои шартҳои ин шартнома ба миён меоянд ва бо ризояти тарафайн ҳалли худро намеёбанд, дар суд баррасӣ карда мешаванд.

МӮҲЛАТИ ЭЪТИБОРИ ШАРТНОМА

5.1. Шартномаи мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад.

5.2. Эътибори шартнома аз рӯзи ба Амонатгузор баргардонидани амонат ва баҳраи он ё аз вақти бо ягон асос аз ҳисоб баровардани амонат бекор карда мешавад (ба дигар муассисаи Бонк гузаронидани суратҳисоб, ҳавола ба суратҳисоби дигар, бо тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоб баровардани амонат ва ғайра).

НИШОНИҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО:

«БОНК» «АМОНАТГУЗОР»

________________________ _____________________

____________________ ____________________ ____________________ ____________________ ____________________ ____________________

имзо___________________ имзо___________________

Ҷ.М.

Инчунин амонатгузорон (депозиторон) (амонатгузорони бонк-шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ: резидентҳо, ғайрирезидентҳо ва шахсони бетабаа) бояд якчанд қоидаҳои зеринро дар хотир дошта бошанд:

  • Амонат бе маҳдудияти маблағ дар тамоми шӯъбаҳо ва агентиҳои бонк қабул карда мешавад.
  • Ба амонати амонатгузор на танҳо худи вай, балки ҳар шахси дигар низ маблағ гузаронида метавонад.
  • Ҳар амонат рақами мушаххаси худро дорад. Рақамҳои суратҳисобҳои бастаро ба суратҳисобҳои нав мансуб додан катъиян манъ аст.
  • Баҳраи амонатҳо танҳо дар асоси Қарори Раёсати бонк муайян карда мешавад.
  • Ба амонати камтар аз 10 сомонӣ фоизи даромад пардохта намешавад.
  • Қабули маблағ ба амонат ихтиёрӣ буда, маблағи амонат ва фоизҳои ҳисобшудаи он бо талаби аввали амонатгузор баргардонида мешаванд.
  • Ваколатнома аз ҷониби идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда мешавад. Бонк ҳуқуқи додани ваколатномаро ба мизоҷи худ надорад. Мӯҳлати эътибори ваколатнома то 3 сол мебошад. Ваколатномаи аз ҷои кор, таҳсил, ҷои истиқомат, маъмурияти беморхона, хонаи пирон ва ҷои ислоҳи меҳнатӣ додашуда асоси қонунӣ дорад ( барои як маротиба).
  • Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ба маблағи то 10 маоши ҳадди ақал дар 1 моҳ аз андозбандӣ озод мебошанд: Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон, шахсоне ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, маъюбони модарзод ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ. Асос маълумоти хаттӣ аз мақомоти андози маҳаллӣ ва ё нусхаи шаҳодатномаи мизоҷ, ки ба категорияҳои зикршуда мансуб будани онҳоро тасдиқ менамояд, ба шумор меравад.
  • Суратҳисобҳои амонатӣ сирри бонкӣ ба шумор мераванд. Бонк барои махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо оиди суратҳисоби амонатгузорон, пули боқимондаи суратҳисобҳо ва ҳаракати маблағҳо дар ин суратҳисобҳо кафолат медиҳад.
  • Ҳангоми иваз шудани молик ва муфлис шудани «Амонатбонк», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти пурраи пул ва бо талаби аввалини амонатгузор баргардонида додани онҳоро кафолат медиҳад ( моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»). Дар чунин мавриде, ки шартҳои шартнома бо айби амонатгузор вайрон карда нашудааст, фоизҳои қаблан пардохташудаи амонат, дар ҳолати пеш аз мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома пардохтани он, аз бақияи амонат боздошта намешавад.

7.2. Танзими фаъолияти бонкҳо ва ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон (депозиторҳо)

Бо мақсади таъмини устувории молиявии бонкҳо, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорони (депозторони) онҳо, инчунин нигоҳдории суботи низоми пулу қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш танзими фаъолияти бонкҳоро, аз ҷумла бо чунин роҳҳо амалӣ менамояд:

а) муқаррар намудани меъёрҳои иқтисодӣ ва дигар қоидаҳое, ки иҷрояшон барои бонкҳо ҳатмӣ аст, ба шумули меъёрҳои талаботи захиравӣ, фонди талафоти эҳтимолӣ аз рӯи активҳои шубҳанок ва чоранопазир;

б) баровардани дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрие, ки иҷрояшон барои бонкҳо ҳатмӣ аст;

в) тафтишоти фаъолияти бонкҳо;

г) додани тавсияҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии бонк;

д) татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ нисбати бонкҳо;

е) ҷазо додани бонкҳо.

Бонкҳо вазифадоранд барои ҳимояи манфиати шаҳрвандон ва дар вақташ баргардонидани амонатҳо фонди суғуртавӣ ташкил намоянд. Тартиби ташкил намудани фонди суғуртавӣ ва андозаи он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.Ба мақсади пӯшонидани зиёнҳои вобаста ба иҷрои фаъолияти бонкӣ бонкҳо вазифадоранд аз ҳисоби фоидае, ки баъд аз пардохти андоз ба буҷет дар ихтиёри бонк мемонад, фонди захиравӣ таъсис намоянд.

Андозаи камтарини фонди захиравии бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои таъмини дараҷаи зарурӣ ва эътимоднокии фаъолияти худ бонкҳо вазифадоранд мувофиқи хусусият ва миқёси амалиёти гузаронидашаванда дараҷабандии қарзҳои додашуда ва активҳои дигарро амалӣ намуда, қарзҳои шубҳанок ва чоранопазирро ҷудо кунанд ва дар баробари онҳо захираи ҷуброн кардани талафоти эҳтимолиро оид ба қарзҳо бо тартиб ва шароите, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад, таъсис диҳанд.

Тартиби дараҷабандии қарзҳо ва андозаи захира барои ҳар намуди қарзҳои дараҷабандишударо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Тибқи муқаррароти моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» муносибати байни бонкҳо ва байни бонкҳою мизоҷони онҳо, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар асоси шартнома сурат мегирад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа амонатгузорони бонк буда метавонанд. Онҳо дар интихоби бонк барои амонат гузоштани пули худашон озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд бонк амонат гузоранд, ба амонати худ ихтиёрдорӣ кунанд, аз онҳо фоида гиранд, мувофиқи шартнома ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ намоянд.

Дар шартнома бояд меъёрҳои фоизии қарзҳо ва амонатҳо, арзиши хизматрасонии бонкӣ ва мӯҳлати иҷрои онҳо, аз ҷумла мӯҳлати таҳияи ҳуҷҷатҳои пардохт, ҷавобгарии амволии тарафҳо барои вайрон кардани шартнома, ба шумули вайронкунии ӯҳдадориҳои мӯҳлати пардохт, инчунин тартиби бекор кардани он ва дигар шартҳои муҳими шартнома зикр карда шавад.

Меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо ва подоши комиссионӣ аз рӯи амалиёт ва хизматҳо аз тарафи бонк бо мувофиқаи мизоҷон муқаррар карда мешаванд.

Бонк ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои додашуда, амонатҳо, подоши комиссионӣ ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо мизоҷон басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои мавридҳое, ки дар шартномаи бо мизоҷон басташуда пешбинӣ гардидааст.

Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мизоҷони бонк ҳуқуқ доранд дар як ё якчанд бонк суратҳисоб кушоянд.

Тартиби дар бонкҳо кушодан, бурдан ва бастани суратҳисобҳои мизоҷон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Тартиби гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ошкоро буда, наметавонад сирри бонкӣ шавад. Меъёри мазкур тартиби гузаронидани амалиёти мушаххасро бо супориши мизоҷ фаро намегирад.

Бонк ӯҳдадор аст бо талаби аввалини мизоҷ маълумотро дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, дар бораи таваккал (риск) ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ, тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоидаю зарар ва хулосаи аудитории соли гузашта, инчунин тавозунҳои ҳармоҳаи муҳосибавии соли ҷориро пешниҳод намояд.

Бонк ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи қоидаҳо, шаклҳо ва стандартҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва дар сурати набудани қоидаҳои гузаронидани намудҳои алоҳидаи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи мувофиқаи тарафҳо, дар сурати амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ – бо тартибе, ки қоидаҳои дар амалияи байналхалқии маъмул муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.

Бонк вазифадор аст интиқоли маблағи мизоҷ ва ба ҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар Қонун, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт тарзи дигар муқаррар нашуда бошад.

Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби мизоҷи худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани пул бонк, Бонки миллии Тоҷикистон бояд барои ҳар рӯзи батаъхирандозӣ ба маҷмӯи ин маблағ аз рӯи фоизи маблағдиҳии Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.

Бонкҳо наметавонанд барои монополияи хизматрасонии бонкӣ шартномаҳо банданд, инчунин барои маҳдудсозии рақобат дар кори бонкӣ бо маслиҳат амал кунанд (м. 37 Қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»).

Ҳеҷ бонк ҳуқуқ надорад, ки ба мизоҷ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт монад, ки ҳатман аз дигар хизматҳои бонк ё муассисаи дигар низ истифода барад. Ягона истисно он аст, ки бонк метавонад аз мизоҷ нигоҳ доштани маблағи муайянро дар суратҳисоби дар ин бонк доштааш ҳамчун кафолати баргардонидани қарз ё пули хизматрасонӣ талаб намояд.

Гирифтани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонкҳо, инчунин бастани шартномаҳое, ки назоратро ба фаъолияти бонкҳо (гурӯҳи бонкҳо) пешбинӣ мекунанд, набояд хилофи қоидаҳои зиддимонополӣ бошанд.

Риояи қоидаҳои зиддимонополӣ дар соҳаи хизматрасонии бонкҳо аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Барои бонкҳо бевосита машғул шудан бо фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ё миёнаравӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳо ва ба андозае, ки банди 7 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муайян кардааст.

Қарзҳое, ки бонк медиҳад, бо гарави амвол, аз ҷумла коғазҳои қиматноки давлатӣ, кафолатҳои бонкӣ ва усулҳои дигари пешбининамудаи Қонун ва шартнома таъмин карда шуда метавонанд.

Дар сурати аз тарафи қарзгир вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартнома бонк метавонад қарзҳои додашуда ва фоизҳои барои онҳо ҳисобкардаро пеш аз мӯҳлат ситонад, агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, инчунин аз амволи ба гарав монда бо тартиби дар Қонун муқарраргардида маблағи лозимиро ситонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ғайри қобили пардохт будани Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати пурраи воситаҳои пулӣ ва дигар ашёи қиматноки шахсони воқеиро, ки ба муассисаҳои ин бонк супурда шудаанд дода, бо талаби аввалини амонатгузорон баргардонидани онҳоро таъмин менамояд. Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои бонкҳои дигар масъулият надорад.

Бонкҳои дигар ба ин мақсад фонди суғуртавӣ ташкил медиҳанд ё пасандозҳои аҳолиро бо тартиб ва шартҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, суғурта мекунанд.

11 Загрузки

393
Нет комментариев. Ваш будет первым!