Ҳалли  низоъ ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон

  1. Даврабандии музокироти тоҷикон
  2. Се шакли раванди музокирот
  3. Мулоқотҳо дар сатҳи олӣ

Музокироти суҳи тоҷикон дар моҳияти аслӣ дорои ду масъалаи умда аст: Музокироти сулҳ, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 давом кард ва Комиссияи оштии миллӣ, ки аз 7 июли 1997 то 31 марти 2000 фаъолият намуд. Замони фаъолияти Комиссияи оштии миллиро давраи гузариш меноманд.

Се омили асосӣ – ҳавасмандии ҷониби ҳукумат, алоқаи тарафи мухолифин ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст имконияти музокироти тоҷиконро ба амал оварданд. Зеро таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳамин омилҳо вобаста буд. Музокироти сулҳи тоҷикон моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав оғоз гардид.

Давраи якуми музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав рӯзҳои 15-16 апрели соли 1994 баргузор гардид. Дар давраи аввали гуфтушунид бештари вақт барои он сарф шуд, ки рӯзномаи гуфтушуниди байни тоҷикон барои тамоми давраи музокирот муайян карда шавад. Амалан муайян кардани рӯзнома, мушаххас кардани мавзӯҳои асосии он, ҳатто тарзи номгузорӣ кардани бахшҳои он аввалан, барои фарогирии мақсад, дуввум, барои баррасии он ниҳоят муҳим мебошанд.

Ба рӯзнома 3 гурӯҳи масъалаҳо дохил шуданд, ки ҳар кадом дорои чандин масъалаҳои дигар буд. Яъне мавзӯъҳои мушобеҳ зери як мавзӯи умумӣ гирд оварда мешуданд. Ин се гурӯҳи масъала ҳам аз рӯи тартиб ва ҳам аз рӯи аҳамият инҳо буданд:

  1. Масъалаи гурезаҳо
  2. Масъалаи оташбас
  3. Масъалаи сохтори кониститусионӣ

Раванди сулҳи тоҷикон ба ду давра – давраи музокирот ва замони татбиқи асноди дар музокирот баимзорасида ҷудо мешавад. Дар маҷмӯъ 8 давраи музокироти сулҳи тоҷикон баргузор шуд: давраи якум рӯзҳои 15- 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав; давраи дуюм рӯзҳои 19-28-уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон; давраи сеюм аз 20-уми октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар Исломобод; давраи чаҳорум аз 22-юми май то 1-уми июни соли 1995 дар Алмато.

Давраи панҷуми музокирот ба сифати давраи ҳалкунанда буда, дар ин давра ҳамаи масъалаҳо ҳал ва минбаъд татбиқи онҳо оғоз гардид. Давра панҷум се марҳила дошт, ки ҳамаи онҳо дар Ашқобод баргузор шуданд: марҳилаи якум аз 30-уми ноябр то 22 декабри соли 1995; марҳилаи дуюм аз 26- уми январ то 18 феврал соли 1996; марҳилаи сеюм рӯзҳои 8-21 июли соли 1996.

Давраи шашуми музокироти тоҷикон рӯзҳои 5-19 январи соли 1997 дар Теҳрон ва давраи ҳафтум аз 26 феврал то 8 март дар Маскав баргузор гардид.

Давраи ҳаштуми музокироти тоҷикон ҳам дар шаҳри Теҳрон ба ду марҳила тақсим шуд: марҳилаи якуми музокирот рӯзҳои 9-16 апрели соли 1997 ва марҳилаи дуюм дар рӯзҳои 22-28 майи соли 1997 баргузор гардид.

Раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар се шакл зоҳир мешуд.

Шакли аввал худи музокирот, ки ба он аз ҷониби ҳукумати дар давраҳои гуногун Ш. Зуҳуров (давраҳои 1-2), А. Достиев (давраи 3), М. Убайдуллоев (давраҳои 4-5), Т. Назаров (аз марҳилаи дуюми даври 5 то охир) ва аз ҷониби мухолифин О. Латифӣ (давраҳои 1-2) ва Тураҷонзода (аз давраи 3 то охир) роҳбарӣ карданд. Ин шакли аслии музокирот буда дар он се гурӯҳи масъалаҳо доир ба бозгашти гурезагон, низомӣ ва сохтори кониститусионӣ мавриди баҳс қарор мегирифтанд.

Намуди дуюми музокирот машваратҳо дар сатҳи олӣ буд. Машваратҳо дар сатҳи олӣ барои рафъи душвориҳое, ки дар ҷараёни музокирот ба амал меомаданд, даъват шудаанд. Дар машваратҳо дар сатҳи олӣ гурӯҳи маҳдуди аъзои ҳайатҳо иштирок мекарданд ва мӯҳлат ва масъалаҳои дар онҳо баррасишаванда ҳам маҳдуд буд. Дутои чунин машварат ба амал омадааст. Яке рузҳои 12-17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон (роҳбарҳо А. Достиев ва А. Тӯраҷонзода) ва дигаре рӯзҳои 19-26 апрели соли 1995 дар Маскав (роҳбарҳо Убайдуллоев ва Тураҷонзода). Ин машваратҳо барои аз бунбаст баровардани музокирот аҳамияти хосе доштанд.

Дар раванди музокироти сулҳ шакли сеюми ҳамкории тарафҳо дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик зоҳир мешавад. Он мулоқот дар сатҳи олӣ номида мешавад. Ин сатҳи олии музокирот ба ҳисоб рафта, дар он мубрамтарин масъалаҳо мавриди гуфтугӯ қарор мегирифтанд. Маъмулан чунин мулоқот дар сурате зарур мешуд, ки масъала дар сатҳи музокирот ё машварат ҳал намегардид.

Аввалин мулоқоти ҷонибҳо рӯзҳои 17-19 май соли 1995 дар шаҳри Кобул баргузор гардид.

  1. 19 июл соли 1995 дар Теҳрон
  2. 10-11 декабр соли 1996 дар Афғонистон
  3. 19-23 декабри соли 1996 дар Маскав
  4. 21-22 феврали соли 1997 дар Машҳад

6.16-18 маи соли 1997 дар Бишкек баргузор гардиданд.

Раванди сулҳи тоҷикон бо имзои «Созишномаи умумии истқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 Дар шаҳри Маскав имзо шуд, ба охир расид. Дар маросими имзои он муовини муншии умумии Созмони Миллали Мутаҳид, Президенти Россия ва дигар роҳбарони ин кишвар, вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои нозир и сулҳ иштирок намуданд.

633
Нет комментариев. Ваш будет первым!