ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ

Дар тақдиру толеъи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрўз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисоди, сиёси, ва экологи низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонад.

Дар асоси модели аҳволи иҷтимоии Тоҷикистон чи гуна принсипҳои зарури ва кифояткунанда ва чи гуна механизмҳои амалигардони мавҷуданд? Мусаллам аст, ки ҳар як давлат, ҳар як ҷомеа худ бояд нақши роҳи худро ҷиҳати ҳадди ақал интернатсионали гардонидани ҳаёти сиёси-экологии худ ва муттаҳид намудани доираи иқтисоди дар фазои ягонаи ҷаҳони фикр намуда барояд. Ҳанўз аз замони ҳоло фаро нарасидани бўҳрони экологи К.Маркс зимни таҳлилу таркиби маълумоти дастовардҳои таърихи гуфта буд, ки «тамаддун агар бо ҳидояти шуур нею бенизом тараққикунад, аз худ биёбонро боқигузорад».

Имрўз муаммоҳои ба ҳамагон маълуме вуҷуд доранд: болоравии экспансияи мунҷамидгардонидани газ, харобсозии радиатсия, заҳролуд гардонида шудани қабатҳои ҳаво, ҳодисаҳои таѓирёбии ирсият, бўҳрони экологи, тахриботи захираҳои табии, муаммоҳои демографи. Олимон пешгўи менамоянд, ки дар соли 2015 нисфи аҳолии сайёра аз оби нўшидани танқиси мекашанд. Дар ин муддат миқдори аҳоли аз 6,1 миллиард то 7,2 миллиард нафар хоҳад расид.

Неъматҳои ҷамияти: Бешак ҳақ бар ҷониби Н.Назарбоев аст, ки мегўяд: «инсоният рўи моҳро таҳқиқ кард, ки дар масофаи чандин сад ҳазор километр дур воқеъ аст, вале ҳатто даҳ фоизи қаъри баҳру уқёнусро, ки аз мо чандон дур нест, таҳқиқ накардааст» (7; 233)

Дар маҷрои тавлиди неъматҳои ҷамъмияти давлат на танҳо ба қобилияту омўзиши манфиати аъзоёни ҷомеа такя мекунад, балки вай худ неъматҳоеро истеҳсол мекунад, ки манфиатҳои бунёдии миллату ҷомеа, ҳастии онро инъикос намуда, устувор мегардонад. Хосатан, дар давраи истиқлол ва марҳилаҳои тарҳрезии заминаҳои он ҳаҷми бузурги тавлиду бунёди неъматҳои ҷамъияти бар дўши давлат аст. Масъалаи асоси ин вазъияти нобасомони экологи ва иқтисодист. Тақдири ҳар минтақаро мураккабтарин вазъи экологи ва иқтисоди муайян хоҳад кард. Бешак, ҳис кардан мумкин аст, ки дорои аҳамияти калони байналхалқи будани минтақаи Осиёи Маркази дар мавҷудияти канданиҳои фоиданоки табиист. Зеро дар сари роҳи комуникатсияҳои байниқитъави ҷойгир буданаш, ҳамчунин наздик воқеъ гаштанаш ба чунин марказҳои нерўи байналхалқи мисли Чин ва Россия мебошад. К.Маркс дар мақолаи худ таҳти унвони «Британское владычество в Индии» навишта буд, ки дар кишварҳои Осиё, аз давраҳои қадим дар идораи давлати асосан ба се соҳаи муҳим аҳамият медоданд. Соҳаи сеюм, ки асосан ба идораи истифодаи сарфакорона ва ҷамъиятии об шуѓл меварзид, ба баҳси мо алоқаи зич дорад.

Бо инкишофи иқтисодии ҷомеа об ба рўйхати захираҳои нодир ва маҳдуд дохил шуда, ба радифи неъматҳои ҳаётан муҳим ворид мегардад. Бинобарон, дар конфронси Дублин, ки соли 1992 таҳти унвони «Об ва мувозинати экологи: масъалаҳои инкишоф дар асри 21» баргузор шуда буд, қайд шудааст: «Об дорои арзиши иқтисоди мебошад ва новобаста аз истифодаи мухталиф, онро бояд ҳамчун мол эътироф кард»(5; 4). Дар ҷумҳурии мо 11,2 фоиз ҳавзаи захираҳои оби Осиёи Маркази воқеъ буда, 65 фоизи захираи оби баҳри Арал ташаккул меёбад. Маълум аст, ки ҳамаги 20 фоизи захираи оби ва ё 11,3 фоизи ҳаҷми Арал истифода мешаваду халос. Дар вилояти Суѓд 75 дар сади захираҳои оби барои соҳаҳои кишоварзи истифода мешавад, ки он 152657 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар сатҳи ҷумҳури заминҳои оби беш аз 93 фоизи маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои шимолии кишвар 215,1 ҳазор гектар заминҳои оби мавҷуд буда, заминҳои озоди обёришаванда 120 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Олимони соҳа муайян намуданд, ки барои гирифтани 1 тонна гандум 1500 метри мураббаъ ва дар давраи ветатсиони як гектар майдони ҷуворимакка 3000 метри мураббаъ, карам 8000 ва шоли 12000-20000 метри мураббаъ об сарф мешавад (6; 28-36).

Тоҷикистон ҳамеша барои пешгири намудани «бўҳрони экологи» роҳҳои бехатариро ҷустуҷў менамояд. Кишвари мо бо нишондиҳандаи истеҳсоли пахта ба ҳар як нафар миёни аҳоли миёни давлатҳои узви ИДМ ҷои намоёнро мегирад. Пас аз алюминий вай дуюмин ашёи содироти буда, дар боигарии миллии мо мақоми калиди дорад. Маҳсулоте, ки аз коркарди пахта ба даст меояд, дар доираи таклифоту талаботи истеъмоли ба қатори зарурии аввал дохил мешавад. Таҳлилҳои иқтисодиву таҷрибаи давлатҳои пешрафта исбот кардааст, ки фурўши содироти маҳсулоти ниҳои даромади калон меорад. Фарзияи иқтисодчиён ин аст, ки дар бозори ҷаҳони як тонна нахи пахта бо арзиши 1200 доллар баҳо дода шуд. Агар онро коркард намоем, пас аз 1 тонна нах 0,88 тонна (880) ришта истеҳсол мешавад, ки нархи он ба 1480-1500 доллар (1 тонна ришта) баробар мешавад. Аз 1 тонна ришта бошад, 6991,9 метр матои тайёр ҳосил шуда, ҳар ҳазор метрии онро 450 доллари мехаранд, ҳар метрии онро 45 сенти баҳо медиҳанд. Пас, маблаѓи як тонна нахи пахта, пас аз ба мато табдил ёфтанаш ба 3146,3 доллар мерасад (4; 38).

Агар қофиласолори илми иқтисод А. Смидро ба хотир орем: барои ҷомеа ва давлатро аз зинаи пасти ваҳшоният ба зинаи олии некўкориву тамаддун ҳидоят намудан, бояд сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку мўътадил ва идоракунии тоқатпазирро фароҳам овардан лозим аст.

Омилҳое, ки ба гузариши иқтисоди сабз дар ҷаҳон ва Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд.

Якум, имрўз дар ибтидои садаи 21-ум 142 миллион сокини сайёра ба таври доими марихуана истеъмол мекунанд, 30,5 миллион кас бо доруҳои амфетамин ва маводи мухаддири маснўи худро заҳролуд мекунанд, 134 миллион кокоин ва 8 миллион нафар шаҳрванд симои одамиро гум кардаанд» (7; 115). Дар ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон, асосан ҷавонон ба нашъманди таваҷҷўҳ пайдо намуданд, бинобар ин дар ҷумҳури барои бартараф кардани нашъаманди, ки яке аз сабабҳои бемории сирояткунанда (СПИД, гепатит ва ѓ.) гардидааст, корҳои пешгиринамои гузаронида шудааст. «Татқиқоти Маркази пешгири ва мубориза бо ВИЧ (СПИД) дар шаҳри Душанбе нишон додааст, ки 22 % мактаббачагон ва 8,2% донишўён маводи мухаддирро санҷидаанд» (8; 64). Ин буд, ки Ҳукумати ҷумҳури соли 1997 барои пешгири аз СПИД қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии бемории СПИД» қабул гардид.

Дуввум, масъалаҳои инкишофи технология бо суръати кайҳони. Технологияи мухталиф аз як тараф кулли халқҳоро ба ҳамдигар наздиктар намуда бошад, аз ҷиҳати дигар ба инкишофи яроқу аслиҳа сабабгор шуда истодааст. Мутафаккири маъруф В.И.Вернадский пешомадҳои илму техникаро дар садаи гузашта дурбинона баён карда буд: «Он рўзе дур нест, ки инсоният энергияи бузурги атомро ба даст дарорад, чунин манбаи қувваеро соҳиб шавад, ки он барои мувофиқи майлу хоҳиши худ дигаргун сохтани ҳаёт имконият меоварад..» Ва олим ба гирдоби фикр фурў рафта мепурсад: «Оё инсон… онро барои худкушинею балки баҳри манфиати худ кор фармуда метавонад?… Оё вай ба чунин камолоте расидааст, ки қувваеро, ки илм ногузир ба дасти ў хоҳад дод, истифода бурда тавонад?.. (9). Ва агар эҷоди кашфиётҳо бо ѓаразҳои сиёси пайванд намешуданд он санаи таърихие бо номи «Рўзи сиёҳи Алберт Эйнштейн» маълум намегардид. Ин рўзе маҳсуб меёфт, ки хабари ба Хиросима партофта шудани аввалин бомбаи атомиро бузургтарин намояндаи физикаи саддаи ХХ мешунавид. В.И.Ленин боре ба нависандаи англис Ҳерберт Уелс оқибатҳои таъсири парвозҳои кайҳониро ба ҷаҳонбинии инсон маънидод карда, мегўяд: «тасаввуроти одамон дар миқёси саёраамон ташаккул ёфтанд; онҳо ба чунин тахмине асос меёбанд, ки патенсиали техникитараққи карда, ҳеҷгоҳаз «ҳудуди замини» намебарояд. Агар мо алоқаи байни сайёравиро барқарор карда тавонем, лозим меояд, ки тамоми тасаввуроти фалсафи, иҷтимои ва маънавии худро аз сари нав дида бароем…»(9). Гузашта аз ин дар инкишофи илмҳои техники оқибатҳои вайроншавиии ҳаворо мебинем. Дар воқеият як автомобил ба соате «120 грамм моддаи заҳролудро ба ҳаво пош медиҳад. Як автомобил ҳамаги 1000 километр роҳ гашта, он қадар оксигени тозаро фурў мебарад, ки вайро одам дар муддати як соли том истеъмол мекунад. Миқдори моддаи заҳролуде, ки як самолёти реактиви ба ҳаво пош медиҳад, аз партови як автомобил дида ҳафт ҳазор маротиба бештар аст»(10; 132). Муносибати ҳозираи инсон бо табиат, муносибати фаъолонаест, ки аз амалиёти дигаргунсозии олам иборат аст.

Саввум, идеяи ҳамроҳ шудан ва ё нашудан ба ҷаҳонишави мебошад, ки кишварҳо онро ба таври мухталиф қабул доранд. Ба ҷаҳонишави ҳамроҳ шудан, барои мухолифин (антиглобалистон) ин на танҳо номи навест, балки барои ифодаи ҳаводиси куҳанмустамликахоҳии навбаромада ва тарафдоронаш далелест, ки танҳо роҳи глобаликунони барои пешрафти куллии илмию техники ва иҷтимоии минтақаҳои то ин дам ақибмонда мусоидат хоҳад кард. Аз назари тадқиқоти Бонки ҷаҳони болоравии сатҳи ҳаёт ва инкишофи иқтисодиёти Хитой, Ҳиндустон ва дигар кишварҳое, ки бист сол пеш қашшоқ буданд ва ба ҷараёни пешрафти ақлнорас ворид гардидани онон, инкишофи интернет, беҳтаршавии воситаҳои алоқа ва ҳаракат ба тамоми ҷаҳон ва паҳн гардидани бемории СПИД ва ѓ» аз зуҳуротҳои ҷаҳонишави маҳсуб меёбанд (3; 1).

 Чорум: Дар асри муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон босуръат идома дорад. Нерўҳои ифротгаро мехоҳанд бо идеяҳои ѓаразнок ба ҳадафҳои ниҳоии эгоистиашон ноил гарданд. Одамонро ба фанатизм ҳидоят менамоянд (масалан, таассуби дини). Фанатизм бешубҳа иллатовартарин ва харобкунандатарин падидае мебошад, ки инсон, то ҳадди охир ба идеяҳои нодурусти худ як умр тобеъ мемонад ва фикрронии догматики дорад. Бинобарон, Тоҷикистон барои рушди тамоми самтҳои ҷомеа идеяи «ваҳдати милли» ва «таҳаммулгароии фалсафи»-ро зарур медонад.

Омилҳое, ки гузариш ба иқтисодиёти сабзро таъмин намуда, табиатро ҳифз менамоянд.

Якум: Ҳамкории иқтисодиё худ «гуфтугўи тамаддунҳо»

Дар айни замон вазъи ҳозираи экологи талаб мекунад, ки қувваи амалипазируфтаи дониш на фақат бо идеалҳои зебои, балки бо он идеалҳои ахлоқи, ки дар тўли қарнҳое чанд гуманистони халқу замонҳои мухталифро илҳоми рўҳи бахшидаанд, сахт пайваст шавад. Дар замоне, ки назарияҳо, идея ва идеалогияҳои зиёд нуфуз доранд, халқҳо аз ҳарвақта дида ба «гуфтугўи тамаддунҳо» ниёз доранд. Мутафаккири маъруф С.Хангтинтон (дар асараш «Бархўрди тамаддунҳо») солҳост инҷониб ба ҷаҳониён ҳушёрие медиҳад, ки ҷаҳон дар оянда зери низои «бархўрди тамаддунҳо» қарор хоҳад гирифт. Бидуни шак, бархўрди тамаддунҳо дар ҷаҳон ба «ҷанги сард» миёни давлатҳо боис гардида, дар натиҷа табиату ҷамъиятро беш аз пеш хароб месозад. Ҳар як фарҳанг, ҳар як урфу одат ва ҳар як як тамаддун, қатъи назар аз ақибмондаги ва кўҳнапарастона буданашон, барои дар олами ҳасти арзи вуҷуд кардан, ҳуқуқҳои табии доранд. Давлат-миллатҳо танҳо ба воситаи ҳамкории беѓараз метавонанд омилҳои харобиоварро паси сар намоянд.

Ҳамгирои сатҳи мубодилаи иқтисодиёти сабзро баланд намуд. Воридот (импорт) ва содирот (экспорт) метавонад сатҳи камбизоатиро паст намояд, ки барои ин ҳамгирои басо мусоидат хоҳад кард. Олимон тадқиқот бурданд, ки «қариб 3 млрд. нафар одамони кишварҳои рў ба инкишоф нав ба ҷаҳонишави ҳамроҳшаванда зиндаги мекунанд ва дар ин кишварҳо шумораи одамони сатҳи зиндагиашон қашшоқона дар давоми солҳои 1999- то 1998 ба 120 млн паст фаромад ва бо вуҷуди ин нигоҳ накарда бархе аз кишварҳои қашшоқ бо аҳолии умумии қариб 2 млрд инсон берун аз ҷараёни глобализатсия қарор гирифтанд»(3; 2). Ҷаҳонишави, умуман сатҳи қашшоқиро бо назардошти коршиносон паст менамояд, зеро ташкил шудани иқтисодиёти ҳамҷояи милли онро тезтар инкишоф хоҳад дод ва ин раванд одатан асоси васеъ дорад. Бар замми ин, интеграсия маҳсулнокии ҳар як намуди фаъолиятро баланд мебардорад. Давлатҳои абарқудрат монеаҳои ҷиддие барои маҳсулоти кишварҳои нисбатан қашшоқ эҷод мекунанд. Дар натиҷаи ҷаҳонишави маѓлубият ва ѓолибият ҳамчун дар муносибатҳо байни кишварҳо ва инчунин дар дохили минтақа пайдо мегарданд.

Халқи мо бояд донад, ки аз ин ҷаҳонишави ва ҳамгирои чи мегирад ва чи дода метавонад. Омилҳои номбаршуда вазъи муаммои муоисири байналхалқиро муайян месозанд. Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён барои бартарафнамоии онҳо кўмак мерасонад.

 Дуввум: нақши давлат-барои аз байн бурдани камбизоати.

Дар инкишофи назарияи танзими иқтисодии давлат идеяҳои Макиавелли,

Гобсс, Лок, Кейнс, Гегел, Фукуяма ва дигарон хеле ҷолиб аст. Аз назари Гегел нуқтаи назари фалсафи ба давлат ва ҳуқуқ ба он мебарад, ки қонунгузори ва муайянкунии онро дар алоҳидаги ва абстракти не, балки ҳамчун элементи як умумият бо алоқамандиии дигар боқимонда муайянкунандаҳо, кадоме, ки хислати миллат ва давлатро тартиб медиҳад; бо ҳамин муносибат онҳо аҳамияти ҳақиқии худро, инчунин тасдиқи худро ба даст меоранд (11; 62). Аз нигоҳи системаи ҳуқуқии Гегел бармеояд, ки давлат танзимкунандаи ҳамаи ҳуқуқҳои табии мебошад. Давлат барои он сохта шудааст, ки одамонро аз бадбахтиҳои бузург наҷот диҳад. Давлат барои Гегел ин образи воқеии Худо дар замин мебошад. Барои ташаккули шароитҳои иқтисоди давлат метавонад имкониятҳои махсус фаро орад.

«Давлат,- менависад Вебер,- ҳамон ҷамияти одамоне мебошад, ки дар ботини соҳаи муайян ҷойгузин аст. Бо комёби ба монополияи зўроварии қонунии ҷисмони даъвогари менамояд»(1; 645). Яъне давлат барои он қувваи маҷбурнамоиро истифода менамояд, ки иддаи гурўҳҳои манфиатҷў барои талаботҳои худ мардумро фиреб медиҳанд.

Асосгузори назарияи бозори А.Смит меҳисобад, ки «вазифаи шоҳё давлат барпо кардани чунин муассисоти ҷамъияти оянда, ки мумкин ба дараҷаи баланд барои ҷамъияти васеъ умуман фоидаовар шуда наметавонад, лекин бо фоидаи худ хароҷоти шахсони алоҳида ё гурўҳи хурди одамонро пўшонад. Бинобарон, интизорикашидан, ки шахси алоҳида ё гурўҳи хурди одамон онҳоро асос гузоранд ё хўронанд»(2; 258). ѓайриимкон мебошад. Смит чунон моделеро нишон медиҳад, ки одамон бояд аз қудрати имкониятҳои хеш истифода намоянд ва давлат манфиатҳои фардии онҳоро ҳифз менамояд.

Фукуяма дар асари машҳури худ «Сильное Государство» муаммоҳои байналхалқиро зери таҳлилҳои илми мегирад ва роҳи ҳалли онҳоро ба «давлати абарқудрат» мегузорад. Давлат агар қудрати худро ба системаи дароварда, онро истифода карда тавонад, онгоҳ мушкилотҳои бузургро ҳал мекунад. Аз назари Фукуяма муаммои сусти дастгоҳи давлати ва зарурати сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимои дар мавриди бисёр солҳо вуҷуд дошт ва ҳуҷуми 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк вайро хеле равшантар нишон дод ва ин ҳодиса нишонаи сустии системаҳои идоракунии давлати буд. Фукуяма меҳисобад, ки давлати суст наметавонад дар пешорўи муамоҳо истодагири намояд. Давлат тавонмандии бунёди имкониятҳоеро дорад, ки метавонад он ба пастшавии қашшоқи орад.

Сеюм: Рушди инсон-пешрафти иқтисод аст.

Ҳанўз китоби С.Давлатов бо номи «Ману пул» (Душанбе-2011) нашр гардид. Ин китоб тавонист таваҷўҳи зиёди шаҳрвандонро соҳиб гашта, боиси пешрафти тафаккури ҳаводоронаш гардад. Китоби мазкур як навъ кўшишҳои идеалиест, ки дар садаи нав фаро расидани озодии иқтисодиро нишон медиҳад. Ў сабабгори хушбахти ва бадбахтии инсонро аз кўшишҳояш медонад.

Ҳар гуна ҳаёти воқеи маҳсули хирад, омўзиш ва рўҳияи инсон мебошад. Одамон маҳсули идеяҳояшон буда, сарватҳои онон дар кадом сатҳ қарор доштанашонро муайян мекунад. Аз ин рў дарки қобилият ва истеъдод сарчашмаи ҳар гуна хушбахти ва комёбиҳои иқтисоди мебошад. Аз назари муаллиф дар олам «зиёда аз 3 миллиард одамон дар як рўз бо 1 доллар ҳаёт ба сар мебаранд, 2 миллиард одамони дигар савод надоранд, 1 миллиард одамон азоби гуруснаги мекашанд»(12; 53). Ҳамаи фикру андешаи одамон натиҷаи китобҳои мутолиа кардаашон аст. Бояд одамон ба идеяи худсози ва шинохти воқеияти ҳаёт гузаранд. Камбизоатиро бо гузоштани пасандоз ва сармоягузори метавон аз байн бурд. Агар мардум маблаѓашонро ҳар рўз «1 доллари бо 8 фоизи солонааш пасандоз намоянд, он дар 30 сол тахминан 1,800-2 миллион доллар мешавад» (12). Рафтори хирадмандонаи одамон метавонад зиндагии онҳоро таѓйир диҳад. Одамон дар ҳаёт пеш аз ҳама бояд мақсадҳояшонро муайян намоянд. Тасаввуроти воқеи метавонад дар амал иҷро шавад. Барои наҷот аз камбизоати одамон бояд рўҳияашонро дигаргун сохта ба ақл ва ирода бояд такя намоянд.

Чорум: Одамон баробар офарида шудаанд.

Ҳанўз Ҷон Лок эълон карда буд, ки одамон табиатан озод офарида мешаванд ва ҳамаи онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, озоди ва моликиятро доранд. Ҳамаи одамон бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд ва давлат онро таъмин менамояд. Гузашта аз ин Ҷ.Роулз дар асараш «Назарияи адолат» ҳанўз ѓояи баробарии имкониятҳои иқтисодиро маънидод карда буд. Одамон ҳама баробаранд ва бояд ҳиссиёти баробар будан бо дигаронро дошта бошанд. Агар дар ҷомеа ҳама аз рўи принсипҳои баробари амал намоянд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Агар одамон эҳсоси идеяи ахлоқ, озоди, баробари, виҷдон ва ѓайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимои зуҳур нахоҳад кард. Аз ин рў «хиради ноосфери» хеле муҳим мебошад. Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, набояд фаромўш шавад, ки барои дигарон низ ҳамин тавр аст. Ҳисси бахтҷўии дигаронро эҳтиром бояд кард. Дар ниҳоди рафтору тамоилҳои одамон – эгоизм, алтруизм ва манфиати ҷомеа, модели анъанавии бозор аст ва танҳо манфиати ѓаразноки субъективиро аз худ кардааст, ки он манфиати бегонагонро табиатан инкор мекунад.

Бунёди ҷомеаи баробарпараст, ки дар он ҳар як фард нақши иҷтимоии воқеи дошта бошаду шахсият гашта, ба рушди комили худ бирасад, талаботи таълимоти ноосфери ва инкишофи иродаи озод, умуман нахуст талаботи замони муосир мебошад.

Хулоса: Дар айни замон фаҳмидани он душвор нест, ки марҳилаҳои вобаста ба ҳамдигар будани халқҳо ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Муаммоҳои муосири экологи ва иқтисоди на фақат ба ҳамдигар, балки ба рафти ташаккули муносибатҳои сиёси, дини, фарҳанги ва ѓайра наздики доранд. Ва маҳз барои ҳамин мо бештар худро дар ҳолати омодашави қарор диҳем, то хатарҳои таъкиднамудаамон ба сарнавишти халқамон таъсири манфи нагузорад. Дар ин рафти таърих ба мо лозим аст, ки ба идеяи худсози ва иқтидори рўҳиву захиравии кишварамон такя намоем. Бештари муаммоҳо ба тамоми сайёра маълуманд ва ҳамаи давлатҳо барои бартарафнамоии онҳо мубориза мебаранд. Ташакули иқтисоди сабз вобаста ба ҳимояи манфиатҳои миллии мо мебошад. Ҳар қадар ҳисси ҳимояи манфиатҳои милли дар ботини мардум зуҳур намояд, ҳамон қадар сатҳи камбизоати паст мефарояд. Дар тамоми тўли ҳаёти худ одамон на танҳо бо сабаби таҳаввулотҳои ҷисмони ҷаҳонро дигаргун намуданд, балки асоси таѓйирёбии олам аз инкишофи рўҳиву зеҳни ва дарк намудани идеяи озоди буд. Инсоният ҳуқуқи эҷод намудани арзишҳоро дорад, аммо ихтирооте, ки башарро «як қадам ба пеш, сад қадам ба қафо мебарад» ҳаргиз набояд даст занад. Агар инсоният бо сулҳ зиндаги намуданро наомўзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Агар халқҳо ба сарнавишти ояндагон беэътибор бошанд, ҳаргиз бахшида намешаванд. Ташаккули иқтисоди миллии Тоҷикистон ба таври эволютсиони ҳаракат дорад ва дарку қадр намудани неъматҳо боиси тавлидшавии неъматҳои дигар мегардад. Ман дар мақола кўшиш намудам аз дида баромадани назарияҳо мушкилотро пайдо карда, то ҷое оиди роҳи ҳалли онҳо фикр баён намоям. Аз адабиёти фаровон факти иҷтимоиро дарёфт намудан хостам, то аз воқеият сарчашма гирам на аз утопия (хаёл). Инсоният бояд дарк намояд, ки ҳар амали нисбати табиат анҷомдодааш рўзе ба худаш бармегардад. Ин ҳақиқати баҳснопазир аст…

Адабиёт

  1. Вебер М. Избр. Произв. М.,1990.
  2. Смит А. Иследование о природе и причинах богатсва народов.т 2. М.-Л. 1935.
  3. Глобализатция, рост и бедность. Изд. ВЕСЬ МИР. М., 2004.
  4. Мирсаидов А. Соҳибистиқлоли ва ташаккули иқтисоди милли. Хуҷанд 2008.
  5. Рўзномаи «Республика» 28-02-2001.
  6. Ниг. ба фишурдаи маърўзаҳои конфронси илми-амалии ҷумҳурияви таҳти унвони «захираҳои оби Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо». Хуҷанд. 25-26.04.2003
  7. Назарбоев Н. Даҳ соли бўҳрони. Душанбе., 2004.
586
Нет комментариев. Ваш будет первым!