Зинахои дониши акли, назарияви
Накша.
- Мохияти мафхум.
- Мохият ва хусусияти мухокима.
- Тартиби пешниходи хулосабарори.
Мохияти мафхум
Тафаккури инъикоси ашё ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошад. Мафҳум яке аз шаклҳои тафаккур аст. Азбаски тафакур инъикос Аше ва ҳодисаҳои олами моддист, пас, мафҳум низ яке шаклҳои тафаккур, инъикоси Аше ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошад.
Дар олам чизҳои сершумору ададашон беохиру гуногун: электрон, молекула, растанӣ, ҳайвонот, одам, ҷамъият, миллат, забон, ва ҳоқазоҳо вуҷуд доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки инсонро иҳота кардаанд, дар олами моддӣ мавҷуданд, ашё ном дорад.
Нишонаҳое, ки метавонанд ба вай тааллуқ надошта бошанд, нишонаҳои номуҳим ном доранд. Дар ташкилёбии мафҳум нишонаҳои муҳим аҳамияти ҳалкунанда доранд, зеро ки мафҳум фикрест, ки нишонаҳои муҳими предмет ва гурўҳи предметро инъикос менамояд.
Мафҳум чунин шакли тафаккурест, ки вай натиҷаи умумият додашудаи нишонаҳои муҳимми ягон ҷинс ё гурўҳи предметҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, мафҳум чунин шакли фикр аст, ки вай нишонаҳои муҳим ва асосии ашёҳо ва ҳодисаҳои олами моддиро инъикос менамояд.
Мафҳум шакли олии дониши фикрии инсон мебошад. Мафҳум ҳамчун шакли олии фикр нишонаҳои муҳимми як предмет ва ё нишонаҳои муҳим ва умумии як гурўҳи ашёҳоро, чизҳоро инъикос мекунад. Ҳар як фикр мафҳум намешавад. Мафҳум дар бораи ашё, чунин фикрест, ки ба воситаи он монандӣ ва фарқиати Аше дар он инъикос гардида, тафовути он Аше аз дигар чизҳо фаҳмида мешавад. Мафҳум шакли ибтидо, шакли якумини фикр нест. Мафҳум одатан ҳамчун қисмҳои таркибии дигар шакли фикр-муҳокима хизмат мекунад. Вазифаҳои мафҳум боз аз он иборт аст, ки вай фикри ифодашаванда ва натиҷаи тадқиқоти дуру дароз ва амиқи илмӣ ва чун натиҷаи муҳокимаҳо, хулосабарориҳо, исботҳо ҳам мебошад. Мафҳумҳои забон, грамматика, синтаксис, давлат, миллат, тамаддун, маданият, атом, электрон, қонуни ҷозиба ва ҳоқазоҳо дар натиҷаи тадқиқотҳои илмии дуру дароз ба миён омадаанд. Масалан, олимони ҷамъиятшинос барои пайдо намудани Мафҳуми «давлат» таърихи ҷамъиятҳои инсонӣ, давлатҳо, давра, марҳилаҳои ҷамъиятӣ – иқтисодии гуногун, моҳият ва вазифаҳои давлатҳои мухталифи таърихиро чуқур ва ҳаматарафа тадқиқ намудаанд. Мантиқи шаклӣ мафҳумро ҳамчун натиҷаи донишҳо ва тадқиқоти илмӣ намеомўзад. Мантиқ шаклӣ фарқ як ҷиҳати мафҳумро, яъне мафҳумро ҳамчун қисми таркибии муҳокима ва дигар алоқамандиҳои мантиқӣ- хулосабарорӣ омўхта, тадқиқ менамояд.
Ҳар як мафҳум дар асосии он донишҳое, ки бо ёрии узвҳои хос ба вуҷуд меоянд, ташаккул меёбанд. Бинобар ин мафҳум ҳамчун шакли фикр бо шаклҳои дониши ҳиссӣ – эҳсос, идрок ва тасаввур зич алоқамандаст. Аммо дар айни замон мафҳум аз тамони шаклҳои донишҳои ҳиссӣ ба таври ҷиддӣ фарқ мекунад. Тасаввур яке аз шаклҳои нисбатан мураккабтари дониши ҳиссӣ мебошад. Мафҳум аз ҳамаи шакли мураккабтари дониши ҳиссӣ, яъне тасавурҳам фарқи куллӣ дорад.
Мафҳум доимо характери умумӣ дорад. Яъне дар бораи ин ва ё он ашё одамон мафҳум пайдо карда бошанд, пас ин Мафҳуми онҳо барои ҳами як хел мешавад. Санҷияи умумӣ доштани мафҳум боз аз он иборатаст, ки вай бештар инъикоси нишонаҳои асосӣ ва умумии ин ё он ашё якхелаи танҳо не, балки инъикоси нишонаҳои умумӣ ва асосии гурўҳи муайян, ҷинси муайяни ашёҳо ва чизҳо мебошад.
Фарқи мафҳум ва тасаввур боз аз он иборат аст, ки тасавур шакли аёнӣ дорад.
Дар тасаввур инсон шакли ин ва ё он ашё, чизе ки аз ин пеш ҳис карда буд, аз нав барқарор менамояд. Ин ва ё он ашёро мо ҳис мекунем, ба воситаи узвҳои ҳиссиёти худ ба майнаи сари худ инъикос менамояд. Шакли ҳамин чизи хос кардаамонро дар вақти дигар, ки он чиз дар назди мо вуҷуд надорад, аз нав пеши назар оварда, дар шуури худ шакли онро барқарор мекунем ва ин тасаввур ном дорад.
Ѓайр аз он, мафҳум ҳамеша қисми узви тафаккури мантиқӣ мебошад. Мафҳумро дар таркиби ягон шакли мантиқӣуҳокима, хулосабарорӣ ва исбот дидан мумкин аст. агар мафҳум аз дигар шакли мантиқӣ олоҳида ҷудо карда гирифта шавад ҳам, вай гатиҷаи юисёр муҳокимаҳо, хулосабарориҳо ва исботҳо мебошад. Тасаввур бошад бо шаклҳои мантиқӣ вобаста нест. тасаввур ҳамчун мафҳум узвӣ, қими муҳокима, хута нест. Тасаввур ҳамчун мафҳум узвӣ, қисми муҳокима, хулосабарорӣа ва ё исботи мантиқӣ шуда наметавонад. Албата, дар байни тасаввур ва дигар шаклҳои ҳисиёти шахсӣ, масалан, ирода, хаёл ва ѓайраҳо алоқамандӣ мавҷуд аст. ин алоқамандӣ ва қонуниятҳои тасаввуротро илми психология меомўзад. Ингуна алоқамандии тасаввурот алоқамандии мантиқӣ нест. тасаввур ҳамчун шакли дониши ҳиссӣ дар таркиби муҳокима, хулосабарорӣ дида намешавад .
Мафҳум ҳамчун шакли фикр, дониши олии мо нишонаҳои асосӣ ва муҳимми як аше ё як ҷинс, гурўҳи ашёҳоро инъикос менамояд. Барои пайдо намудани мафҳуми ин ва ё он ашё бояд ҳамон ашё аз ҳар ҷиҳат васеъ ва чуқур тадқиқ карда шавад. Бо мақсади ашёро ҳарҷониба васеъ ва чуқур тадқиқ намудан, дар бораи он мафҳум пайдо кардан дар ҷараёни тафаккур амалҳои мантиқи зерин: муқоиса, анализ (таҳлил), синтез (таркиб), абстракциякунӣ (таҷрид) ва умумиятдиҳӣ ба кор бурда мешаванд.
Барои пайдо намудани мафҳум, пеш аз ҳама, бояд ҳамин монандӣ ва фарқи ашёҳо омўхта, тадқиқ карда шаванд. Ба ин мақсад усули мантиқии фикрӣ- муқоиса кор фармуда мешавад.
Муқоиса чунин амали мантиқиест, ки бо ёрии он фикран монандӣ ва фарқи ашёҳо тадқиқ ва муайян карда мешавад.
Фаҳмидани ҳар як аше аз муайян намудани монандӣ ва фарқи он аз ашёҳои дигар, яъне аз муқоиса сар мешавад.
Барои ашёро тадқиқ намуда, дар бораи вай мафҳум пайдо кардан анализ (таҳлил) ба кор барда мешавад.
Анализ чунин амали мантиқиест, ки бо ёрии он аше, ҳодисаи мавриди омўзиши фикран ба қисмҳо, ҷузъҳо, элементҳо, ҷиҳатҳои таркибӣ ҷудо карда шуда, ҳар яке дар алоҳидагӣ ва ҳарҷониба тадқиқ карда мешаванд.
Маълум аст, ки ҳар як мафҳум дорои ҳаҷм ва мазмун аст. Аз нуқтаи назари ҳаҷм ва мазмун мафҳум ба якчанд навъ тақсим мешавад. Аз ҷиҳати ҳаҷми худ мафҳум аввало ба ду навъ:мафҳуми тоқа ва умумӣ тақсим мешавад.
Мафҳуме, ки нишонаҳои муҳим ва асосии ашёи алоҳидаро инъикос мекунад, мафҳуми тоқа ном дорад. Мафҳуми тоқа ба ҷинс, гурўҳ таалуқ дорад, вале қатъи назар аз ин вай танҳо ба як ашёи он мансуб аст.
Мафҳуме ки нишонаҳои муҳими ҷинси муайян, гурўҳи ашёҳоро инъикос менамояд, мафҳуми умумӣ номида мешавад.
Мафҳуми умумӣ на ин ки ба як ашё, балки ба ҷинс, гурўҳи ашёҳо тааллуқ дорад. Масалан, мафҳумҳои «давлат», «ҷамъият», «забон», «рубоиёт», «ҷумҳурияти халқӣ» ва ҳоқазоҳо мафҳумҳои умумӣ мебошанд.
Мафҳуме, ки миқдори ашёҳои дарбаргирифтааш ҳаҷман беинтиҳо Буда, ҳисоб кардани адади онҳо имконнопазир аст, мафҳуми умумии қайдшаванда ном дорад. Масалан, «ситора», «растанӣ», «дарахт», «нуқта», «молекула», «атом», «калима» ва ѓайрҳо мафҳумҳои умумии қайдшаванда мебошанд. Ҳаҷми мафҳумҳои умумии қайдшаванда беинтиҳост.
Ѓайр аз он, мафҳум умумӣ ба мафҳуми умумии оддӣ ва умумии ҷамъкунанда тақсим мешавад. Мафҳуми умумии оддӣ як ҷинс ё гурўҳи муайяни ашёҳоро дар бар мегирад. Масалан, «миллат», «одам», «ҷумла», «ҳуқуқ» ва ҳоказо
Мафҳуме, ки ҳаҷмаш маҷмўи ҷинсӣ, гурўҳи ашёҳоро инъикос менамояд, мафҳуми умумии ҷамъкунанда ном дорад. Чунонончи, «маҷлиси ҷавонон», «китобхона», «бешазори мамлакат» ва ѓайраҳо мафҳумҳои умумии ҷамъкунандаанд.
Мафҳумҳои тоқа дар навбати худ боз ба мафҳумҳои тоқаи фардӣ ва тоқаи ҷамъкунанда тақсим мешаванд. Ҳаҷми мафҳуми тоқаи фардӣ фақат як предмети алоҳидаро инъикос менамояд. Масалан, «Шўриши Восеъ», «Муаллифи романи «Дони ором», «Сардафтари адабиёти советии тоҷик» ва ѓайра.
Мафҳуме, ки ҳаҷмаш на ин ки ашёи тоқаю алоҳидаро, балки як чизи, ки маҷмўи ашёҳоро дар бар гирифта, онро инъикос мекунад, Мафҳуми тоқаи ҷамъбасткунанда меноманд. Чунончи, «Китобхонаи республикавии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе», «Гурўҳи якуми тамомкунандагони Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон», «Коллективи муаллимони мактаби №10 шаҳри Кўлоб» ва ѓайра.
Мафҳум боз аз ҷиҳати мазмун ба мафҳумҳои мусбат ва манфӣ тақсим мешавад. Баъзан мафҳум на ин ки бо роҳи нишонаҳои алоҳидаашро ҷудо карда инъикос намудан, балки бо роҳи нишон додани нишонаи муайян ё номуайяни предмет пайдо карда мешавад. Агар мафҳум нишонаеро, ки ба ашё мансуб аст, инъикос кунад, мафҳуми мусбат ном дорад ва агар мафҳум ба ашё дахл налоштани ягон нишонаро инъикос кунад, мафҳум манфӣ номида мешавад. Мафҳумҳои «баоқлӣ», «зебоӣ», «босавод»Мафҳуми мусбат буда, мафҳумҳои «беақл», «бесаводӣ», «берўӣ» манфӣ мебошанд. Мафҳуми мусбат ва Мафҳуми манфӣ мафҳумҳои ба ҳамдигар зид мебошанд.
Ѓайр аз ин, мафҳумҳо, ба мафҳумҳои нисбатдор ва бенисбат тақсим мешаванд. Мафҳумҳои нисбатдор чунин ашёҳоро инъикос мекунанд, ки яек он ба дигараш вуҷуд дошта наметавонад. Ин мафҳумҳо фақат нисбат ба дигар мафҳумҳо дорои маъно мебошанд. Масалан, мафҳуми модар бе мфҳуми фарзанд маъное надорад, масалан ин мафҳуми муаллим бе мафҳуми талаба, мафҳуми ботинӣ бе мафҳуми зоҳирӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
Мафҳумҳои бенисбат бо дигар мафҳумҳо муносибате надоранд, вале дорои маънои мустақиланд. Масалан, муҳокимаҳои «китоб», «асар», «драма», «деҳқон» ва ѓайраҳо мафҳумҳои бенисбатанд.
Дар байни ашёҳои воқеияти реалӣ муносибатҳои гуногун мавҷуданд. Азбаски мафҳумҳо инъикос, нусхаи ашёҳои воқеият мебошанд, бинобар ин дар байни онҳо низ муносибатҳои гуногун дида мешаванд. Дар ин ҷо муносибатҳои асосии мафҳумро дида мебароем. Мазмун ва ҳаҷм – ду ҷиҳати мафҳум мебошанд.
Ҳамин ду ҷиҳат – мазмун ва ҳаҷми мафҳумро ба назар гирифта, мафҳумҳоро ба ду гурўҳ тақсим мекунанд :
- Мафҳумҳои муқоисашаванда.
- Мафҳумҳои муқоисанашаванда.
Агар дар байни мафҳумҳо ягон ҷиҳати умумӣ аз нуқтаи назари ҳаҷм ва мазмун монанде вуҷуд бошад, ин тавр мафҳумҳоро мафҳумҳои муқоисашаванда меноманд. Масалан, дар мазмуни мафҳумҳои «муҳандис» ва «коргар» нишонаҳои умумӣ аз он иборат аст., ки ҳар Дуни онҳо ҳам намояндаи меҳнаткашон мебошанд, дар истеҳсолот иштирок мекунанд; фарқи онҳо дар он мебошанд, ки коргар бештар бо меҳнати ҷисмонӣ машѓул аст ва дар соҳаи ихтисоси худ соҳиби маълумоти олӣ мебошад.
Мафҳумҳое, ки дар байни худ аз ҷиҳати ҳаҷм ва мазмун ҳеҷ гунна наздикӣ, монандӣ надоранд, мафҳумҳои муқоисанашаванда мебошанд. Масалан, мазмуни мафҳумҳои «инқилоби иҷтимоӣ» ва «дарахти бед» ҳеҷназдикӣ надорад, ягона умумият байни онҳо дар он аст, ки ҳам инқилоби иҷтимоӣ, ҳам дарахти бед дар воқеият мавҷуданд.