Сиёсати давлатии таъмини амнияти иттилоотӣ
Сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ:
– пешгӯикунии таҳдиди амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи чораҳои таъмини амният;
– ташкили фаъолияти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи чораҳо вобаста ба пешгирӣ ва бетаъсир кардани таҳдидҳое, ки ба амнияти иттилоотии мамлакат равона карда шудаанд;
– хабардоркунии объективии аҳолӣ дар бораи зуҳуроти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҷамъият аз иттилооти таҳрифшудаю нодуруст;
– ба воситаи сертификатсиякунонӣ ва литсензиякунӣ назорат намудани коркард, сохтан, инкишоф додан, истифода бурдан ва воридоти воситаҳои иттилоот;
– андешидани чораҳо нисбати истехсолкунандагони воситаҳои иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот дар қаламрави Тоҷикистон, пеш бурдани сиёсати протексионӣ ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ аз воридшавии воситаҳои иттилоотонӣ ва маҳсулоти иттилоотонии бесифат;
– кӯмакрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои роҳ ёфтан ба манбаъҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, шабакаҳои глобалии иттилоотӣ;
– – таҳияи барномаҳои таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кӯмак ба интернатсионализатсиякунонии шабака ва системаҳои глобалии иттилоотӣ, инчунин дохил шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ дар шароити ҳамкориҳои баробарҳуқуқ.
Низоми таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани ваколатҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар соҳаи мазкур пешбинӣ мекунад. Субъектҳои асосии низоми ташкилии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои амният, мақомоти маҳаллӣ, комиссияҳои байниидоравӣ ва давлатӣ, ки аз тарафи Президент ва Ҳукумат ташкил карда мешаванд, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти ҳокимияти судӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳал намудани масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.