Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Таъмини амнияти минтақавӣ ба фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад, ки дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (соли 2004) муайян гардидаанд.

Дар ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат буда, дар доираи салоҳияти худ иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва санадҳои

Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Шумораи вакилони Маҷлиси маҳаллӣ аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад.

Маҷлиси маҳаллӣ чунин вазифаҳоро ба ӯҳда дорад:

  • тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он;
  • муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳал;
  • мувофиқи қонун муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ;
  • дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ;
  • тасдиқ ва назорати иҷрои барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии дахлдор;
  • тасдиқ ва назорати иҷрои барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
  • танзими муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табиӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ;
  • амалӣ сохтани ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро инҳо ташкил медиҳанд:

  • буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия1)<sup/>*;
  • моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия;
  • манбаъҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.

Ба моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия объектҳое дохил мешаванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба онҳо дода шудаанд. Ба моликияти сохторҳои марзию маъмурии мазкур ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, объектҳои инфрасохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва объектҳои дигар, ки аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, аз ҷумла дар асоси саҳмгузорӣ сохта ва харида шудаанд, ё аз маблағҳои дигар ройгон дода шудаанд, дохил мешаванд. Номгӯи объектҳои моликияти коммуналиро Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ менамояд.

Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент – раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад. Ӯ мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор сарварӣ мекунад.

Мақоми худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат менамояд ва тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот вогузоранд.

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии идоракунӣ бояд, ки масъалаҳои истифодаи захираҳои табиӣ, рушди тиҷорат, бахши хизматрасонӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ мансуб бошанд.

329
Нет комментариев. Ваш будет первым!