Мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фааъолияти мақомоти амнияти давлатии ҷумҳурӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ» муқаррар гардидааст.
Мақомоти амнияти давлатии ҷумҳурӣ ҳамчун қисми таркибии нерӯҳои таъмини амнияти мамлакат ба мақомоти таъиноти махсус тааллуқ дорад. Вазифаи ин мақомот таъмини амнияти шахс, ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки тавассути меъёрҳои умумӣ ва эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, Конститутсияи ҷумҳурӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат муқаррар карда шудаанд, амнияти ҷамъият – арзишҳои моддӣ ва маънавии он ва амнияти давлат – сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти ҳудудии он мебошад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми мақомоти амнияти ҷумҳурӣ тағйироти сохторӣ доир гашт: Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд, ки ба он вазифаҳои собиқ Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуданд.
Мувофиқи Қонун «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ» ин мақомот чунин ваколатҳоро дорост:
- лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳоро дар соҳаи таъмини амнияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод менамояд;
- сиёсати давлатро дар соҳаи амнияти давлатӣ ба амал мебарорад;
- самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлатро ташкил ва бевосита амалӣ менамояд;
- мақомоти минтақавии амнияти давлат ва мақомоти амнияти давлатро дар қӯшунҳо таъсис медиҳад, ба онҳо роҳбарӣ мекунад ва фаъолияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаашон гузоштааст, ташкил менамояд;
- дар таҳияи доктринаи ҳарбии давлат, консепсияҳои амнияти ҳарбӣ ва сиёсати хориҷӣ иштирок менамояд;
- иҷрои қонунҳоро дар соҳаи амнияти давлат таъмин мекунад ва дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр мекунад;
- бо хадамоти дахлдори махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад.
Дар низоми мақомоти амнияти давлатӣ ҷузъу томҳои таъиноти махсус ба мақсади пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар қасдҳои ҷинояткоронаи барои шахсият, ҷамъият ва давлат махсусан хавфнок, ташкил карда мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлат аз инҳо иборатанд:
фаъолияти кашшофӣ (разведкавӣ);
фаъолияти зиддикашшофӣ;
фаъолият оид ба таъмини мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ бо намудҳои махсуси алоқа ва ахборот;
муҳофизати давлатии баъзе шахсони мансабдори давлатӣ, инчунин баъзе шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ мебошанд;
мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ.
Самтҳои дигари фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ фақат тавассути қонун муайян карда мешаванд.
Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои иҷрои фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолиятҳо, ки тавассути мақомоти амнияти давлатӣ сурат мегиранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сирри давлатиро ташкил медиҳанд.
Мақомоти амнияти давлатӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда аз ҷумла ӯҳдадор аст, ки барои ошкор намудан, огоҳонидан ва пешгирӣ кардани фаъолияти разведкавию харобкории хадамоти махсуси ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қочоқ, ришваситонӣ, инчунин ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба манфиатҳои амнияти давлат дахолат мекунанд, фаъолияти зиддиразведкавӣ барад; барои таъмини ҳифзи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад.