Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми конститутсионии роҳбарии машваратӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи қарорҳо дар мавриди амалӣ сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Бо ин мақсад Шӯрои амният масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи таъмини амният, проблемаҳои стратегии амнияти иқтисодии давлатӣ, ҷамъиятӣ, мудофиавӣ, экологӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои амният, ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгӯӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо, таъмини устуворӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар баррасӣ менамояд.

Асоси сиёсию ҳуқуқии фаъолияти Шӯрои амниятро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияи амнияти миллӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амният ташкил медиҳанд.

Ҳадафҳои асосии Шӯрои амният аз инҳо иборатанд:

  • ташаккули стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳаи таъмини амният, тамомияти арзӣ, истиқлолият, сохти конститутсионии ҷумҳурӣ;
  • таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи амнияти миллӣ;
  • таҳия ва татбиқи консепсияи амнияти миллии ҷумҳурӣ ва арзёбии самаранокии он;
  • таҳияи қарорҳои фаврӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулоддае, ки боиси оқибатҳои ҷиддии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, экологӣ ва ғайра шуда метавонанд, инчунин оид ба бартараф намудани чунин ҳолатҳо;
  • пешниҳоди таклифҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ҳангоми таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат, инчунин доир ба ҷорӣ, тамдид ё бекор намудани ҳолати фавқулодда;
  • таҳияи пешниҳодот оид ба такмили системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи навсозии мақомоти мавҷуда ё таъсиси мақомоти наве, ки амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро таъмин менамоянд, инчунин таҳлил ва ҷамъбасти иттилоот дар бораи ҳолати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • назорати татбиқи қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ.

Мутобиқи ҳадафҳо Шӯрои амният:

  • таҳлили маҷмӯии ҷараёни вазъи ҷаҳон ва минтақаҳоро дар робита ба манфиатҳои амнияти миллӣ анҷом дода, дар хусуси фаъолияти системаи таъмини амният ахборот ҷамъ меоварад, онро таҳлил мекунад ва меомӯзад, оид ба такмили он тавсияҳо таҳия менамояд;
  • таҳияи консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар бораи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, таҳдиди дохилӣ ва хориҷиро ба манфиатҳои объектҳои ҳаётан муҳими амнияти давлат арзёбӣ ва манбаъҳои онҳоро муайян намуда, ҷиҳати пешгирии онҳо тадбирҳо меандешад;
  • оид ба қабули санадҳои зарурии қонунгузорӣ ва тадбирҳои ташкилӣ барои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоту тавсияҳо тахия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур медорад;
  • фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳамаи сатҳҳоро оид ба иҷрои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ҳамоҳанг месозад;
  • ба созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти амнияти кишварҳои хориҷӣ аз рӯйи масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордошта робита барқарор менамояд;
  • иҷрои қарорҳои Шӯрои амният ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои амният назорат намуда, баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ошкоршуда, сабабу шароитҳое, ки боиси рӯй додани онҳо гардидаанд, тадбирҳо меандешад.

Ба ҳайати Шӯрои амният инҳо дохил мешаванд: раис, котиб, аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи вазифа Раиси Шӯрои амният мебошад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои доимии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳайати шахсии Шӯрои амниятро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

1.13K
Нет комментариев. Ваш будет первым!