Низоми бонки, хамчун такягохи иктисодиёти чумхури

Дар соли 2002 ислохоти системаи бонкдори давом меёбад. Аз окибати ин кор самаранокии сиёсати пулию карзй ва асъорй, курби сомонй вобастагй дорад.

То 1 январи соли 2003 низоми бонкдории Чумхурии Точикистон аз субъектхои зерин иборат буд: бонкхои мустакил 14, чамъиятхои карздихи 2, шуъбаи бонкхои хоричи 1. Шумораи бонкхо нисбати 1 январи соли 2001 2 адад кам гардид, шумораи, шуъбахо 3 адад ва чамъиятхои карздихӣ 1 адад зиёд шуд.

Сармояи умумии бонкхо дар мукоиса то 1 январи соли 2002 24,5 фоиз зиёд шуда, 36,1 млн. сомониро ташкил дод. Сармояи чамъиятхои карздихй мувофикан 3,6 баробар ва 0,5 млн. сомонӣ афзуд.

Хиссаи сармояи хоричй дар системаи бонкдории Точикистон дар солхои 2000-2001 аз 35 то 40 фоиз зиёд шуд. Дар соли чорй вай то 50 фоиз зиёд мегардад.

Ислохоти низоми бонки, аз руи самтхои дигар низ сурат мегирад. Дар байни онхо:

-васеъ кардани навъхои хизмати бонки ва баланд бардоштани сифати онхо;

-такмили фаъолияти бозорхои карзи, когазхои кимматнок ва асъори;

-дастгирии бонкии сектори хусуси бо рохи пешниходи микрокредит (карзхои хурд) ба сохибкорон, хочагихои дехконй ва шахсоне, ки бо сихибкории хурд бе таъсиси шахси хукуки машгул мебошанд;

-ташкил кардани ташкилотхои молиявии гайрибонки барои хизматрасонии молияви, аз чумла дар дехот;

-суръат додани хисоббаробаркунихо бо рохи гузаштан ба системаи пардохти электрони;

-барпо кардани системаи миллии пардохт бо истифодаи кортхои пластикии Точкорт

-чорй намудани технологияи нави иттилооти ва коркарду тахрири пардохтхои бонки;

-баланд бардоштани боварии кавии ахолй ба системаи бонки бо рохи таъмини риояи катъии конунгузории бонки дар сохаи хифзи хукуки мизочон, махфй нигох доштани сирри амонатхо ва харакати пул дар хисобхои бонкии онхо;

-ривоч додани фаъолияти бонкхо дар сохаи чалб намудани пасандозхои ахолй, фарохам овардани шароити сугуртакунонии амонатхо ва кафолати хифзи онхо:

Барои анчом додани ислохоти бонки назорат ба фаъолияти бонкхо аз чониби Бонки миллии Точикистон пурзур мегардад. Бо ин максад Бонкй миллй корхои зеринро идома медихад:

-бозхонди ичозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиёти бонкй аз бонкхо ва чамъиятхои карздихи, ки талаботи санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистонро ичро намекунанд;

-дигаргунсозии сохтори бонкхо, аз чумла Бонкй давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон;

-пурзур намудани талабот ба бонкхо оиди масъалахои гузаштан ба аудити байналхалки ва нашри хисоботи молиявии онхо.

24 январи соли 2003 бо иштироки рохбарон ва намояндагони шуъбахои Бонки миллии Точикистон, бонкхои тичоратию ташкилотхои молиявии гайрибонкии чумхури чаласаи васеи Раесати Бонки миллии Точикистон баргузор гардид, ки дар он камбудихои аз тарафи сарвари давлат дар чаласаи васеи Хукумати чумхури пешниходшуда мавриди барраси ва мухокима карор дода шуданд.

Бахри хифзи манфиатхои амонатгузорон, баланд бapдоштани боварии ахоли нисбат ба бонкхо, рушди низоми бонкии чумхури бо пешниходи Бонки милии Точикистон ва бо тавсияи ташкилотхои молиявии байналхалки моддахои 31 ва 32-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонки», ки ба химояи сирри бонки бахшида шудаанд, бетагйир монда шуд.

Фаъолияти муътадили хар як бонки тичорати ин фаъолияти пурмахсули тамоми сохахои иктисодиёти чумхури мебошад. Бонкхо бояд сиёсати дурусти пулию карзиро ба рох монанд. Дуруст ба рох, мондани кори муътадили нуктахои мубодилаи асъор, назорати катьй оиди воридот ва содироти молхои стратегии чумхури, пахта ва алюминий зери назорати харрузаи бонкхо бояд бошад.

Инчунин, бо ташаббуси Бонки миллии Точикистон ба як катор моддахои Кодекси андози Чумхурии Точикистон бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 марти соли 2001 тахти раками 133 тагйироту иловахо дохил карда шуданд.

Ва нихоят, бо кушиши Бонки миллии Точикистон талабот оиди ташкили хадди акали сармояи умумии бонкхои тичорати ба андозаи баробар ба 1,5 млн. доллари ИМА ба мухлати як сол дароз карда шуд.

Вале, мутаассифона, бояд гуфт, ки аксарияти бонкхои чумхурй талаботро оид ба кифоягии сармоя ва ташкили фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо ичро накарданд.

Мувофики Карори Раёсати Бонки милии Точикистон бахри баргардонидани карзхо ва бархамдихии бонкхои муаммодор Очонсии бархамдихии ташкилотхои карзй ва баргардонидани карзхо таъсис дода шуд. Холо Очонси фаъолияти худро хеле хуб ба рох мондааст ва талош дорад, ки харчи бештар карзхои мухлати пардохташон гузаштаро баргардонад.

Бояд зикр намуд, ки аксарияти корхонахо то хол азнавсозии молияви ва истехсолиро ба таври пурра анчом надоданд, карзхои аз тарики Бонки миллии Точикистон ва бонкхои тичорати ба онхо додашуда натичахои дилхох набахшиданд. Тавре Президенти мамлакат дар суханронии худ кайд кард, баъзе корхонахо карзхояшонро умуман барнагардонидаанд. Дар асл карзхо аксаран на барои азнавсозии корхонахо, балки бapoи пушонидани зиёне, ки дар натичаи ноухдабарои рохбарони онхо ба миён омадаанд, равона карда мешуданд.

Вобаста ба ин, холати кунунии саноати чумхури бо тагйир ёфтани вазъият, зарурати андешидану татбики мачмуи тадбирхои мушаххасро такозо мекунад.

Аз ин ру, Бонки Миллии Точикистон дар якчояги бо Хукумати Чумхурии Точикистон бояд бо максади чалби сармоягузорй ба сохтмони иншоотхои Рогун, Сангтуда ва Анзоб хамкориро бо созмонхои байналмиллалии молияви вусъат дихад.

Бо вучуди он ки аз тарафи Бонки миллии Точикистон барои фаъолият шароити мусоиди хукуки фарохам оварда шуда буд, бонкхо хамоно ба як катор камбудихо рох медиханд. Мисолхои поён аз чумлаи онхоянд:

• паст будани хадди акали сармояи умумии бонкхо;

• ичро накардани меъёрхои хатмии иктисодй;

• пурра ташаккул надодани фонди пушонидани талафоти имконпазири карзхо;

• чобачогузории нодурусти кадрхо;

• зиёд будани шумораи бахшхои фаъолияташон суст ва зиёновар;

• назорати суст аз тарафи кормандони рохбарикунанда нисбати фаъолияти бахшхои худ;

• назорати сусти макомотхои идоракунй, махсусан Шурой бонк аз болои фаъолияти бонк.

537
Нет комментариев. Ваш будет первым!