Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ё вазнин мекунанд
Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд, инҳо мебошанд:
а) бори аввал содир намудани ҷиноят;
б) ноболиғ будани гунаҳгор;
в) ҳомиладор будан;
г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор;
д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят;
е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошанд;
ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ гузаштан, дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;
з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ё вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;
и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови амволи дар натиҷаи ҷиноят бадастомада;
к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кӯмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.
Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.
Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд инҳо мебошанд:
а) такроран содир намудани ҷиноят, ретсидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;
б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;
в) дар ҳайати гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят;
г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;
д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани ашхосе, ки гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин ашхоси хурдсол ё ноболиғ;
е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ, нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қасосгирӣ барои амалҳои қонунии ашхоси дигар, инчунин бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он;
ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳкор мебошад;
з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ ё ҷамъиятиаш;
и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;
к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус, садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида;
л) содир намудани ҷиноят бо истифодаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок;
м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқуллода, офати табиӣ ё фалокатҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;
н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;
о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати волидайн;
п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.