Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

1.1.Тиҷорати электронӣ ва анъанавӣ.

Тиҷоратиэлектронӣ аз маҷмӯи иштироккунандагон ва ҷараёни мулоқоти онҳо, дар ҳудуди қонунҳоимуайян шуда иборат аст. Асоси тиҷорати электрониро сохтори иттилоотӣ ва технологияителекоммуникатсионӣ ташкил менамояд. Хусусиятҳои асосии тиҷорати электронӣ:

  • дар тиҷорати электронӣ теъдоди зиёди фурӯшандава харидорон иштирок менамоянд;
  • барои ворид шудани иштирокчиёни нав ягон маҳдудиятвуҷуд надорад;
  • ҳамаи иштирокчиёни тиҷорати электронӣ имкониятиаз иттилооти лозима истифода бурданро доранд.

Нисбат ба тиҷорати электронӣ корхонаҳое, ки дарбозори ҳозира фаъолият доранд ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

Анъанавӣ; Омехта;

Электронӣ.

Корхонаҳои анъанавӣ дар бозор воқеъбинона (реально)фаъолият мебаранд. Ин намуд корхонаҳо ба тиҷорати электронӣ муроҷиатнамекунанд.

Корхонаҳои омехта як қисми фаъолияти худро дарИнтернет иҷро менамоянд.

Корхонаҳои электронӣ танҳо дар Интернетфаъолият мебаранд. Харидорони тиҷорати электронӣ аз харидорони дар бозорианъанавӣ иштирок дошта, бо сатҳи дониш ва даромади худ фарқ мекунанд. Яке азшартҳои асосӣ иштирок дар бозори электронӣ мавҷудияти техникаи компутерӣ вапайвастшавии он ба шабакаи Интернет мебошад. Аз ин лиҳоз, ба муштариён баъзе талаботҳоииловагӣ пешбинӣ карда мешавад. Яке аз онҳо мавҷуд будани суроғаи электронӣ, ҳамёнҳоиэлектронӣ дар системаҳои пардохти элетронӣ, мавҷуд будани малакаи кори амалӣдар ин системаҳо ва монанди онҳо.

Одатан дар бозори анъанавӣ истеҳсолкунанда молиистеҳсол кардаи худро бо иштироки дистрибутер ва диллерҳо мефурӯшанд. Дарбозори электронӣ бошад эҳтиёҷ ба чунин ашхос ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, дарбозори электронӣ системаеро бояд дарёфт, ки он барои самаранок фаъолият бурданистратегияи рушди тиҷорати электронӣ мусоидат намояд.

Таъсири шабакаи Интернет нафақат дар сатҳикорхонаҳо ва ташкилотҳо (микросатҳ), инчунин дар сатхи макроиқтисодиёт низ мушоҳидакарда мешавад. Фаъолияти босуръати иқтисодӣ дар Интернет мафҳуми нави «тиҷоратиэлектрониро» ба миён овард. Аз таълими иқтисодӣ ба мо маълум аст, ки «тиҷорат»ин фаъолияти гуногун Буда, барои гирифтани фоида равона карда шудааст. Тиҷоратиэлектронӣ яке аз намуди тиҷорат буда, тавассути истифодаи системаҳои иттилоотӣва технологияи телекоммуникатсионӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷода бояд қайдкард, ки тиҷорат ва соҳибкорӣ мафҳумҳои гуногунанд.

Соҳибкорӣ – инфаъолияти тиҷоратӣ буда хусусиятҳои хоси он аз мунтазамӣ (регулярность),истифодаи инноватсия, сармоягузорӣ ва таҳдиди иқтисодӣ иборат аст.

Тиҷорат – инфаъолияти шахсони алоҳида ва корхонаҳо мебошад, ки бо мақсади гирифтани фоидаамалиётҳои хариду фурӯшро ба роҳ мемонанд.

Ду тарзи фаъолияти тиҷоратро ҷудо кардан лозимаст:

фаъолияте, киасоси онро харидани мол бо мақсади фурӯши он ташкил медиҳад. Дар ин ҷода амалиётҳоитиҷоратӣ амалиётҳои асосӣ буда, нигаҳдорӣ, боркашонӣ, хизматрасонӣ амалиётҳоииловагӣ ба шумор мераванд.

Фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки ашёилозимиро барои истеҳсоли мол харидорӣ менамоянд.

1.3.Трансаксияи электронӣ ва таснифоти он.

Омӯзиши моделҳои амалкунандаи тиҷорати электронӣбо мафҳуми трансаксияи иқтисодӣ вобастагии зич дорад. Трансаксия – инсозишномаи ихтиёрии бозоргонӣ буда, амалиётҳои иқтисодии якҷояро муайянменамояд. Трансаксия ба трансаксияи содда ва мураккаб тақсим мешавад.Трансаксияи содда хариди мол аз ҷониби шахсони алоҳида аз мағозаи савдои чаканаиборат аст. Трансаксияи мураккаб татбиқи системаи ERP-ро пешбинӣ менамояд. Дарин ҳол шартномаро маслиҳатчиҳои беруна тартиб медиҳанд. Таснифоти тиҷоратиэлектрониро аз рӯи иштирокчиёни он гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст (ҷадвали 1.1).

Ҷадвали 1.1.

Моделҳои тиҷорати электронӣ
Ҳукумат Тиҷорат Муштарӣ
Ҳукумат G2G – ҳамоҳангсозӣ / кам кардани хароҷот G2B – иттилоот / паст кардани хароҷот G2C – иттилоот / паст кардани хароҷот
Тиҷорат B2G – савдои электронӣ / хариди давлатӣ B2B – савдои электронӣ / созишномаи тоҷирӣ байни корхонаҳо B2C – тиҷорати электронӣ / савдои чакана
Муштарӣ C2G – андозбандӣ C2B – савдои электронӣ / созишномаи тоҷирӣ байни муштарӣ ва корхонаҳо C2C – савдои электронӣ / ауксионҳо

Мутобиқан амалиётҳои гузаронидашуда ҳамаи намудҳоитиҷорати электрониро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

В2В – Business to Business.Ба ин гурӯҳ ташкилотҳои тиҷоратӣ мансуб аст. Дар ин гурӯҳ Интернет бароиравобит истифода бурда мешавад. Қисми зиёди созишномаҳои тиҷорати электронӣ баин гурӯҳ тааллуқ доранд.

В2С– Business to Сonsumer. Тиҷорат барои муштариён. Дар ин гурӯҳ фурӯшандаи мол ё хизматрасон корхонаи тиҷоратӣ буда, муштариён – ин шахси алоҳида иборат аст. Ба ин гурӯҳ мағозаҳои электронӣ ва корхонаҳое мансубанд, ки тавассути тиҷорати электронӣ хизматрасонии гуногунро ба роҳ мемонанд, монанди бонкҳои электронӣ, хизматрасонии брокерӣ, фармоиш ва хариди чиптаҳо, хизматрасонии сайёҳӣ, таҳсилоти фосилавӣ ва ғ.

С2ССonsumer to Сonsumer. Муштарӣ ба муштарӣ. Дар ин гурӯҳ ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор шахси алоҳида мебошад. Дар ин модел муштарӣ моли худро ба муштарӣ беиштироки шахсони дигар мефурӯшад. Чунин амалиётҳоро дар сайти www.classifid2000.com мушоҳидакардан мумкин аст. Мисоли дигари модели С2С аз хизматрасонӣ дар шабакаиИнтернет тавассути реклама, фурӯши ахбор ва хизматрасонии маслиҳатдиҳӣ иборатаст.

С2В – Сonsumer to Business.Фурӯшандаи мол ё хизматрасонӣ шахси алоҳида буда, муштарӣ – ин ташкилоти тиҷоратӣмебошад.

В2G _- Business to Government. Тиҷорат барои давлат. Шартнома байни корхонаҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳоидавлатӣ баста мешавад.

G2B – Government to Business. Давлат барои тиҷорат. Истифодаи тиҷорати электронӣ барои табодул (обмен)-и ахбор ва кам кардани хароҷотҳо, пеш аз ҳама барои гирдгардиши ҳуҷҷатҳо.

С2G – Сonsumer to Government. Муштарӣ ба давлат. Яке аз иштирокчиён шахси алоҳида буда, дигараш сохтори давлатӣ мебошад.

G2C – Government to Сonsumer. Давлат барои муштарӣ. Ҳоло дар сатҳи назариявӣ ҷой дорад. Оянда дарин модел пардохти гуногуни иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудааст.

G2G – Government to Government. Давлат барои давлат. Дар ин модел корхонаҳои давлатӣ бо истифодаи тиҷорати электронӣ оид ба хариди мол ва ё хизматрасонӣ шартномаҳои гуногун мебанданд. Дармарҳилаи ҳозира аз байни моделҳои номбурда, модели В2В ва В2С ҷойи муҳимро ишғолмекунад.

Дар тиҷорати анъанавӣ (off-line) ҳамаи тартибдиҳандаҳо– мол, хизматрасонӣ ва субъект ҷараёни физикӣ ба шумор мераванд. Дар тиҷоратиэлектронии соф (on-line) ҳамаи ченакҳо – ададӣ (цифровой) мебошад, дар дигар ҳолатҳотиҷорати электронии омехта ҷой дорад. Харидани китоб аз сайти www.ozon.ru тиҷоратиэлектронии соф шуда наметавонад, зеро дастрас кардани китоб тавассути почта бароҳ монда шудааст. Дастрас кардани барномаи компутерӣ аз сайти www.egghead.com тиҷоратисофи электронӣ мебошад.

4.Омилҳои тараққиёти тиҷорати электронӣ.

Се омили асосии тараққиёти иқтисодиёти интернетва тиҷорати электрониро ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Самаранокии ғайриасосии мусбии шабакаҳо. Дар инҷода муштариён дар шабакаи Интернет як дигарро ба тиҷорати электронӣ ҷалбменамоянд.
    1. Муносибатҳои комплиментарӣ байни компонентҳоитехнологияи интернетӣ. Дар иқтисодиёти интернетӣ байни инфраструктураи шабакавӣва тиҷорати электронӣ вобастагии муайян мавҷуд аст. Системаи интернет басистемаи кушод мансуб аст. Бинобар он дар ин система маблағгузорӣ баинфраструктураи шабакаи электронӣ босамаран аст.
    1. Хароҷотҳои ками амалиётҳо (низкие операционные издержки) барои гирдгардиши ҳуҷҷатҳо.

Барои баҳодиҳии паҳншавии тиҷорати электронӣнишондодҳои зерин истифода бурда мешаванд:

  1. Интернет – хост. Системаи дилхоҳ, ки IP-суроғаион ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Дар ин система базаи ахбор ҳамаимуштариёни дар шабакаи интернет фаъолият доштаро фаро намегирад. Баъзе азкомпютерҳо бо истифодаи firewalls аз воридшавии ғайриконфеденсиалӣ ҳифз кардашудааст.
    1. Серверҳои боваринок. Дар чунин серверҳо муштариёнметавонанд ахбороти хусусияти шахсӣ доштаро нигоҳ доранд ва аз он истифодабаранд.

Инчунин барои муайян намудани самаранокииистифодаи Интернет теъдоди истифодабарандагони интернет, миқдори сайтҳо ва қайдкардани онҳо дар хостингҳо яке аз нишондодҳои асосӣ мебошанд. Миқёси (критерия)асосии баҳодиҳии дастрас будани интернет барои тиҷорат ва муштариён – ин мавҷудиятикомпютерҳо ва дастрас будани худи интернет иборат аст. Ҳоло миқдори зиёдикомпютерҳо дар давлатҳои Нидерландия, Австрия ва ИМА мушоҳида карда мешавад.Дар навбати худ даромади аҳолӣ яке аз омилҳои асосӣ барои васеъ паҳн шуданиистифодаи компютерҳо ва интернет ба шумор меравад.

Яке азмуаммоҳои асосӣ дар ҷодаи истифодаи интернет – ин кам будани шумораи сайтҳо бозабони маҳаллӣ аст. Маълум аст, ки ҳоло дар шабакаи интернет қисми зиёди сайтҳоба забони англисӣ ва русӣ қарор дорад. Дар интернет вақтҳои охир сайтҳое пайдошудаанд, ки онҳо ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) низ тартиб дода шудааст.

1.5. Сохтори бозори электронӣ.

Дар тиҷорати электронӣ ду табақа аз ҳам фарқкарда мешавад:

  • инфраструктура;
    • фаъолияти иқтисодӣ.

Инфраструктураи Интернет аз шабакаи глобаӣ дарбазаи компютерҳои фардӣ иборат буда, асоси физикии тиҷорати электрониро ташкилменамояд. Дар ин ҷода мавҷудияти барномаҳои компютерӣ аҳамияти хоса дорад.

Табақаи фаъолияти иқтисодӣ ба ду гурӯҳ тақсиммешаванд. Яке аз онҳо трансаксия дар шабакаи интернет бо ҷалб намудани миёнаравҳова дигараш шартномаҳои бевосита дар ҳолати on-line.

Фаъолнокии тиҷоратӣ дар фазои бозор бо чор омил(фактор) муайян карда мешавад:

Инфраструктураиҳамоҳангӣ (взаимодействие);

Фазоибозоргонӣ;

Механизмҳоитрансаксионӣ;

Роҳҳоидастрас кардани мол.

2.45K
Нет комментариев. Ваш будет первым!