Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет
Омӯзиши фосилавӣ – ин чизи нав нест. Омӯзиши ғоибонасолҳои зиёд вуҷуд дорад ва васеъ паҳн гардидааст. Инчунин таълимот тариқителевизион вуҷуд дорад.
Дар марҳилаи ҳозира омӯзиши фосилавӣ боистифодабарии шабакаи Интернет паҳн шуда истодааст. Потенсиали веб-технологияҳодиққати омӯзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд, зеро ин технологияҳозахираҳои таълимотиро, ки дар тамоми ҷаҳон ҳаст, муттаҳид мекунад.
Интернет, воситаи алоқа ва технологияҳоикомпутерӣ омӯзиши компутериро шавқовар мегардонад. Лоиҳа ва кашфиётҳои нав банав дар ин соҳа пайдо шуда истодаанд. Акнун намудҳои муҳими системаҳоитаълимиро дар асоси истифодабарии компутерҳо дида мебароем.
Яке аз аввалин кашфиёт дар ин соҳа ин – «китобҳоиинтернетӣ» ба ҳисоб меравад. Омодагии версияҳои электронии лексияҳо ва китобҳо– ин ҳама роҳи осон ва фаврӣ ба Интернет аст. Дар ин ҳолат дониш дар соҳаибарноманависӣ зарурият надорад ва ё донистани забони махсуси HTML. Махсусбарномаҳои ёрирасон вуҷуд доранд, ки аз редактори матнӣ ба HTML мегузаронанд.
Аз ҳисоби тараққиёти тези технологияҳои муосирсистемаҳои таълимӣ дар асоси веб-технологияҳо хеле паҳн шудаанд. АзбаскиИнтернет барои тамоми ҷаҳон дастрас аст, ӯ таҷҳизоти қиматро талаб намекунад,компутери фардӣ бо ҳамагуна системаи оператсионӣ, веббраузер, модем ва алоқаителефонӣ имконият медиҳанд барои пайвастшавӣ ба Интернет ва гирифтани доништариқи Интернет.
Системаҳои таълимотӣ дар асоси веб-технологияҳоасинхронӣ мебошанд ва барои ҳамин иштироки яквақтаи омӯзгор ва талабагонроталаб намекунанд. Лексияҳое, ки пешакӣ омода шуда буданд тариқи шабака додамешавад. Ҳар як шахс метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти бо худаш қулай омӯзад.Ғайр аз ин вай имконияти додан и саволро ба омӯзгор тариқи почтаи электронӣдорад.
Се сабаби асосии шавқи зиёди ба омӯзишидистансионӣ тариқи Интернет вуҷуд дорад:
- вуҷуд доштани талабот ба ахбороти аниқ.
- Технология барои қонеъ гардонидани ин талаботвуҷуд дорад.
- Ҳамаи соҳаҳои фаъолият омӯзиши фосилавиро ҳамчунбозори нави муҳим ва фаъолияти корӣ дида мебароянд.
Албатта камбудиҳо низ бо тариқи омӯзиши фосилавӣвуҷуд доранд. Дар замони ҳозира аз нуқтаи назари техникӣ ду омили асосӣ ба тараққиётиомӯзиши фосилавӣ таъсир мерасонад:
1) пайвастшавӣ баИнтернет ва сифати алоқа; 2) омӯзиши фосилавӣбояд интерактивӣ бошад.
Почтаи электронӣ e-mail ин воситаи универсалиигуфтугӯи компутерӣ мебошад. Он ба почтаи муқаррарӣ монанд аст: ҳар якистифодабарандаи Интернет дар шабака почтаи худро бо суроға дорад ва ба он бо ёриикомпутер хат фиристода мешавад. Фарқият фақат дар он ки хати электронӣ пас азфиристодан дарҳол меояд.
Ҳамин тавр, бо почтаи электронӣ натанҳо хат,инчунин расм, видеоматериал, аудиоматериал, файлҳо фиристода мешавад, ки онбениҳоят қулай мебошанд.
Яке аз тахсилоти фосилавй ба забони русй дарсайти Intuit.ru ташкил карда шудааст.