НИЗОМНОМАИ Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.
Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст.
II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:
1) ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар ҷумхурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд;
2) дар оғози барномаҳои телевизионӣ дар рӯзҳои идҳои умумихалқӣ: 1 январ – Соли Нав, 8 март – Рӯзи байналхалқии занон, 21-22 март – Иди Наврӯз, 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр – Рӯзи Конститутсия;
3) ҳамарӯза дар ибтидо ва анҷоми барномаҳои радиои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон;
4) ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳанд;
5) ҳангоми маросимҳои расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдбуд ва дигар иншоотҳои мансуб ба мухимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи ҳодимони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, қаҳрамонони халқӣ, ҳодимони илм, адабиёт ва фарханг;
6) ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, нохияҳо, шаҳрҳо, маҳаллҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофоти давлатӣ;
7) ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳо, муассисаю корхонаҳо мегузаронанд;
ҳангоми пешвозгирӣ ва гуселонидани сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ расман ташриф меоранд – баъди иҷрои Суруди Миллии давлати меҳмонони хориҷӣ.
Қонунгузории ҷумҳурӣ метавонад дар ҳолатхои дигар иҷрои ҳатмии Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намояд.
9) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ро дар ҳолатҳои дигар бо қарори мақомотхои давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони муассисаҳо корхонаҳо, ташкилотҳо бо риояи талаботи ҳамин Низомнома иҷро кардан мумкин аст;
10) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ тариқи овозию созӣ иҷро кардан мумкин аст. Дар ин ҳол аз воситаҳои сабти овоз метавон истифода бурд.
Дар холати иҷро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи овозию созӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман иҷро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст;
11) Суруди Миллии Тоҷикистон бояд сахеҳ, мувофиқи матн ва мусиқии Суруд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз 7 сентябри соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, иҷро карда шавад;
12) ҳангоми иҷро гардидани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони чорабиниҳои оммавӣ Сурудро рост истода гӯш мекунанд;
13) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбӣ низ мувофиқи ҳамин Низомнома ва муқаррароти Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад;
14) иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳайати қаторию ҳайати фармондеҳии он, дар мактабҳои олии он тибқи муқаррароти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
15) дар мактабҳои системаи маълумоти ҳамагонӣ, касбӣ, тайёрии махсус ва олии ҷумҳурӣ хангоми маросимҳои тантанавӣ Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад;
16) ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои дохилиҷумҳурӣ ва байналхалқии варзишӣ Суруди Миллии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федератсияҳои намудҳои варзиши Тоҷикистон ва ризоияти Иттифоқҳои касаба, Созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ташкилоти мусоидати мудофиа (ТММ) иҷро карда мешавад. Маросими иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мусобиқоти спортӣ бо назардошти таҷрибаи дар амал будаи ташкилотҳои байналхалқии спортӣ муайян карда мешавад.
17) ҳангоми аз тарафи идораю ташкилотҳои ҷумхурӣ дар давлатҳои хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳо Суруди Миллии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо назардошти анъаноти расму тартиби он давлат иҷро карда мешавад;
18) назорат аз болои иҷрои амиқи ҳамин Низомнома ба ӯҳдаи роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, идораю муассисаҳо вогузор мегардад. Дар он ҳолатҳое, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Тоҷикистон иҷро мегардад, риояи қатъии Низомномаи Суруди Миллии Тоҷикистон ва Дастури тарзи татбиқи он ва назорати иҷрои аниқи он низ ба ӯҳдаи мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори масъул гузошта мешавад. Шахсони ба таҳқир кардани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вайрон кардани он гунаҳкор, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 888
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷахон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,