​НАЗАРИЯИ ПАЙДОИШИ МАФҲУМҲОИ ЛОГИСТИКА ВА МОҲИЯТИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Объекти омӯзиши фани таълимии логистика он анбӯҳҳои материалӣ ва равандҳои ба он вобастаи иттлоотию молиявӣ мебошад. Зарурати дар таҷрибаи истеҳсоли истифода шудани ин фан аз ониборат аст, ки фосилаи байни хариди ашёи хом ва дастрас шудани мол ба истеъмолгари охирон муддати хело зиёдро дар бар мегирад ва зарурати ҳарчи камтарин намудани фосила ба миён меояд. Логистика имконият медиҳад ки захираҳои молӣ камтар карда шавад, ва ҳатто дар баъзе мавридҳ корхона бе захираи ашёи хом фаъолият кунад. Ин имконият медиҳад ки мӯҳлати интиқоли мол ба тариқи назаррас кам карда шавад ва мӯҳлати дастрасшавии мол ва расидани иттлоотҳо оиди мол тезонида, сатҳи сервиси логистики баланд бардошта шавад.

Нуқтаи назари логистикӣ яке аз қисматҳои таркиби стратегияи корхона буда, он имконият медиҳад, ки обрӯ ва эътибори корхона баланд шавад, нисбати харидорони молаш ғамхори бештар зоҳир гардад.

Логистика соҳаи фаъолияте мебошад, ки ҳарчи бештар зарурати амалӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ ба он ҳам сектори давлатӣ ва ҳам сектори хусусии иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардонад. Дар қабули қарордоҳои логистикӣ истеҳсолгарон мол иштирок мекунад.Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи логистика дар он аст, ки вай на фақат ба ҳамҷоякунии (интегратсияи) шаклҳои фаъолият, ки одатан ба функсияҳои гуногуни соҳибкорӣ тааллуқ доштаанд диққати махсус медиҳад, балки ҳамаи онҳоро ба иттиҳод меоварад. Масалан, дар бисёр корхонаҳо масъулиятро оиди захираҳо ва интиқоли онҳо функсияи истеҳсоли ва тақсимоти ба дӯш доранд. Агар ин функсияҳо аз ҳамдигар ҷудо бошанд, он гоҳ қабули қарордод дар зерсистемаи захираҳо бе назардошти имкониятҳои нақлиётӣ ба амал меоянд, ки он ба зиёдшавии харҷҳои умумии интиқоли анбӯҳи маводӣ оварда мерасонад. Дар логистика бошад, ҳамаи онҳо ба ҳам алоқаманду ҳаллу фасл карда мешаванд.

Ҷадвали 1.1.

Масъалаҳои асосии логистика ва ҳалли онҳо дар секторҳои хусусӣ ва давлатии иқтисодиёти мамлакат

Субъектҳои логистикӣ Сектори хусусӣ Сектори давлатӣ
  • Таҳвилгар, муассисаҳои хизматрасон
Идораи захираҳо, нархгузорӣ, интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ё кироя, тарзбандии истеҳсолот ҷоқгиркунии корхонаҳо Таъмин намудани штат бо кадрҳо; интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ва кироя, ҳадамоти пешниҳодшуда ҷойгиркунии корхонаҳо
  • Муассисаи нақлиётӣ
Тартиб додани хатҳои сафари нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ, нархҳо, шакли паркҳои нақлиётӣ Ҳамаи онҳо
  • Ҳукумат
Нархгузорӣ (андозгузорӣ), инфраструктура ва хизматрасонии он Сатҳи ёрдамҳои молиявӣ хизматрасонӣ, инфраструктура,

Ҷадвали 1.2.

Таркиби системаҳои логистикӣ ва омилҳои муайянкунандаи он

Баъзе аз элементҳои системаҳои логистикӣ Омилҳои муайянкунандаи системаҳои логистикӣ
  • 1.Миқдор ва ҷойгиркунии воҳидҳои истеҳсолӣ
Ҷойгиркунӣ ва миқдори воҳидҳои истеҳсолӣ бояд бо назардошти таҳвилгари мол, харҷҳои нақлиётӣ ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба ҷо оварда шаванд.
  • 2.Миқдор ва ҷойгиркунии анборҳо
Анборҳо бевосита дар корхона ва ё дар марказҳои ғуншавии молҳо, коркарди молҳо ва мавзеъҳои мобайни ҷойгир карда мешаванд.
  • 3.Шабакаи нақлиётӣ
Шабакаи нақлиётӣ бояд модели ҳаракати муносиби воситаҳои нақлиётро барои ҳар як варианти интиқоли мол таъмин созад.
  • 4.Алоқа
Барои фаъолияти фоиданокии ҳамаи қисматҳои системаи логистикӣ бояд дар байни ҳамаи онҳо алоқаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои назоратию нақлиётӣ барқарор бошанд.
  • 5.Шабакаи иттилоотӣ
Бояд алоқат иттилоотии мустаҳкам барқарор бошад, ки бо ин мақсад аз компютерҳо истифода
456
Нет комментариев. Ваш будет первым!