Низоми ҳуқуқи байналхалқиро набояд бо низоми илми ҳуқуқӣ байналхалқӣ якҷо намуд.Низоми илми ҳуқуқи байналхалқӣ дар мактаб ва ҷараёнҳои гуногуни илмӣ, ки характери субъективиро доро мебошанд, ташкил ва инкишоф дода мешаванд. Низоми ҳуқуқи байналхалқӣ мураккаб мебошад ва онро Аслан ба ду қисм ҷудо месозанд, умумӣ ва махсус. Ба қисми умумии мафҳум мактаб, сарчашмаҳо, принсипҳо, нормаҳо субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷавобгарии байналхалқӣ ва ғайра дохил мешавад.
қисми махсус бошад, соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқиро дохил менамояд: ҳуқуқи байналхалқии ҷиноӣ, ҳуқуқи байналхалқии ҳавоӣ, баҳрӣ, кайҳонӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ ва ғайра.
Тақсим намудани низоми ҳуқуқи байналхалқӣ дар адабиётҳои ҳозираи ҳуқуқи байналхалқӣ низ чунин қайд ва дастгирӣ ёфтааст.