ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Моддаи 50. Ҳолатҳои истисноӣ

Талаботи моддаҳои 48 ва 49 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
— ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ӯҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;
— нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;
— ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;
— ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳнома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;
— ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории (кредитории) муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба ҳар гуна аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ зарур меҳисобад;
— ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ошкор намудани ҳама ё қисме аз маълумот дар бораи аҳдҳои муштариён, бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ;
— нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.

Моддаи 51. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ
(кредитӣ) пешниҳод шудааст

1. Ҳар гуна маълумоти аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба ҳар як муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъовардашуда махфӣ нигоҳ дошта шуда, танҳо бо розигии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.

2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне иҷозат дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзиро (кредитиро) ифшо мекунад, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тасдиқшуда дарҷ шуда ё аллакай дастраси умум гардида бошад.

БОБИ 9. НАЗОРАТ ВА САНҶИШ

Моддаи 52. Назорат ва санҷиш

1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад:
— ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
— аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
— дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудан ба даҳ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва зиёда аз он муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
— санҷиши ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бонкҳои фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.

2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро (кредитиро) барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзиро (кредитиро) анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд.

4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.

5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд дар гузаронидани тафтиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро (кредитиро) оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.

7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

8. Мақомоти андоз метавонанд ташкилоти қарзиро (кредитиро) аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонкӣ санҷиш намоянд.

9. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзиро (кредитиро) санҷиш намоянд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба тартибе, ки моддаи 48 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Моддаи 53. Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонро татбиқ менамояд.

БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 54. Баррасии баҳсҳо

1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон, оид ба рад кардани дархости гирифтани иҷозатнома, татбиқи чораҳои ислоҳнамоӣ ва чораҳои таъсиррасонӣ ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо шикоят намоянд.

2. Пешниҳоди шикоят ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қарори Бонки миллии Тоҷикистонро боз намедорад.
Моддаи 55. Ҳимояи манфиати муштариён

1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар асоси шартнома сурат мегирад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Мӯҳлат ва меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарии худ ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёрҳои фоизӣ ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад.

4. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузорӣ, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.

5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд барои ҳар рӯзи таъхир ба муштарӣ аз рӯи маблағи мӯҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) озод буда, метавонанд дар як ё якчанд ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) суратҳисоби бонкӣ кушоянд.

7. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадор аст бо талаби аввалини муштарӣ маълумот дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён ва хулосаи аудитории соли гузаштаро пешниҳод намояд.

8. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои (кредитҳои) додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидааст.

9. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳукуқ надорад, ки ба муштарӣ қарз (кредит) дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт гузорад, ки ҳатман аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё муассисаҳои он истифода барад.

10. Ташкилотҳои қарзии (кредитии) навтаъсис ҳуқуқи ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеиро пас аз як соли фаъолияти безиён ва бо шарти узвият ба низоми кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ пайдо мекунанд.

11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва баргардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеиро дар бонки давлатӣ кафолат медиҳад.

12. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мӯҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад.

Моддаи 56. Муқаррароти хотимавӣ

1. Ташкилоти қарзие (кредитие), ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур идома медиҳад.

2. Чунин ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон номгӯи саҳмиядорон ва барои ҳар як дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок, маълумот ва гувоҳинома, ҳамчунин маълумоти дигарро дар бораи онҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад, дар давоми 3 моҳи баъди эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур пешниҳод мекунанд.

3.То мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Қонуни мазкур нестанд.

Моддаи 57. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 58. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: с. 1998, № 10, мод. 143; с. 2002, № 11, мод. 669; с. 2005, № 12, мод. 647; с. 2007, № 7, мод. 678) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 59. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

362
Нет комментариев. Ваш будет первым!