Мафҳум,пайдоиш,нишона,назарияҳо ва навъҳои таърихии давлат
Давлат -ташкилоти ҳокимияти сиёсии ҷамъият мебошад, ки дорои дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ буда, салоҳияти худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. (мафҳуми ҳуқуқӣ).
Давлат–машинаест, ки ҳукмронии як синфро аз болои синфи дигар таъмин менамояд.(В.И. Ленин)
Сабабҳои пайдоиши давлат:
-гузариш аз иқтисодиёти истъмолкунанда ба иқтисодиёти истеҳсолкунанда
-тақсимоти ҷамъиятии меҳнат (ҷудошавии чорводорӣ аз зироаткорӣ; ҷудошавии косибон; пайдои ши савдогарон)
-афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва бавуҷуд омадани маҳсулоти изофа
-пайдоиши моликияти хусусӣ
-таназзули авлод ва пайдоиши оила
-тақсимшавии ҷамъият ба синфҳои оштинопазир
Шаклҳои пайдоиши давлат:
Ф.Энгелс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинагӣ, римӣ ва олмонӣ.
— Афинагӣ (классикӣ)–давлат ба таври табиӣ, дар асоси ба вуҷуд омадани омилҳо ва сабабҳои он пайдо шудааст (тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, тақсимшавии ҷамъият ба гурӯҳҳо (синфҳо) ва муборизаи оштинопазири байни онҳо.
-Римӣ – муборизаи аҳолии берун аз шаҳри Рим истиқоматкунанда (плебейҳо) бар зидди аҳолии Рим (патрисийҳо) барои ҳуқуқҳои баробар пайдо намудан бо Римиҳо ҷараёни пайдоиши давлатро тезонид.
-Олмонӣ –аз ҷониби қабилаҳои олмонӣ (онҳо дар ҷамъияти авлодӣ қарор доштанд) забт гардидани империяи Рим (дар охири асри V мелодӣ) онҳоро маҷбур сохт, ки барои идора кардани империяи Рим давлати худро ташкил намоянд (давлати Франкҳо).
Аввалин давлатҳо дар Осиёи миёна:
— Бохтар, Суғд ва Хоразм
Нишонаҳои давлат:
— ҳокимияти давлатӣ (оммавӣ)– дастгоҳи идоракунӣ ва маҷбуркунӣ. Гурӯҳи махсуси одамон, ки танҳо ба масъалаҳои идоракунии машғуланд.
— Тақсимоти аҳолӣ аз ҳудуд (тақсимоти марзӣ-ҳудудӣ). Давлат дорои ҳудуди муайяне мебошад, ки дар он ҳудуд соҳибихтиёрии давлат ифода меёбад. Аҳолие, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунад, шаҳр вандони он давлат ба ҳисоб мераванд.
-Соҳибихтиёрии давлат–олӣ (баланд) будани ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳокимияти ташкилотҳо, шахсони дар ҳудуди давлат буда, мустақилияти давлат дар муносибат бо дигар давлатҳо, ташкилот ҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.
— ғун кардани андоз –он барои пойдории ҳокимият ситонида мешавад.
— Алоқамандии давлат ва ҳуқук – давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. ҳуқуқ давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, ба ҳамин роҳ онро қонунӣ (расмӣ) мегардонад.
Назарияҳои пайдоиши давлат:
1.Назарияи патриахали(падаршоҳи)-давлат натичаи васеъшавии оила мебошад.
2.Назарияи илоҳи(теологи)-худо сарчашмаи ягонаи ҳокимияти замини аст.
3.Назарияи шартномави-давлат дар асоси шартномаи байни одамон ба вучуд омадааст.
4.Назарияи зуровари-давлат дар натичаи маҳсули зури мутеъ намудани як қисми чамъият азтарафи қисми дигари он мебошад.
5.Назарияи материалисти (маркисти ленини)-давлат дар натичаи пайдоиши моликияти хусуси ва
муборизаи синфи пайдо шудааст.
6.Назарияи психологи-пайдоиши давлат маҳсули руҳу ақли инсон мебошад.
Типҳои таърихии давлат
Типҳои таърихии давлат — ба гурӯҳҳо тақсим намудани давлатҳои дар таърих мавҷуда ва давлатҳои муосир дар асоси хусусиятҳои ҷамъият ва давлат, вазифа, мақсад ва функсияҳои онҳо мебошад. Чунин типҳои таърихии давлатро ҷудо мекунанд:
—Давлатҳои ғуломдорӣ – (Юнони қадим, Рими қадим ва дигарҳо)
— Давлатҳои феодалӣ – (Англия, Франсия, ва дигарҳо, асри миёна)
— Давлатҳои буржуазӣ (капиталистӣ) – (Англия, Франсия, ИМА, асрҳои ХVII –ХХ)
— Давлатҳои сотсиалистӣ – (СССР, дигар давлатҳои системаи сотсиалистӣ, асри ХХ).