Шаклҳои давлат

Шакли давлат — шакли ташкили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки тарзи ташкилшавӣ, сохтор ва фаъолияти давлатиро дар бар мегирад. Шакли давлат – шакли мавҷудият ва фаъолияти давлат мебошад.

қисмҳои таркибии шакли давлат:

— 1.Шакли идоракунии давлат.

— 2.Шакли сохти давлатӣ.

— 3.Режими сиёсӣ (давлатӣ).

1.Шакли идоракунии давлат – ин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ аст.

Намудҳои шакли идоракунии давлат:

— Монархия

— ҷумҳуриявӣ (республикавӣ)

1)Монархия.

Монархия – чунин шакли идоракунии давлат мебошад, ки ҳокимияти олии давлатӣ қисман ё пурра дар дасти як кас – сардори давлат (фараон, шоҳ, император, амир ва ғайра) қарор дорад.

Намудҳои монархия:

— Монархияи мутлақ – ҳокимияти монарх номаҳдуд аст.

— Монархияи маҳдуд (конститутсионӣ) – ҳокимияти монарх дар асоси ҷорӣ кардани принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо маҳдуд мегардад.

2)Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (республикавӣ)

Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (республикавӣ) – ҳокимият ба воситаи мақомоте, ки ба мӯҳлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад.

Намудҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (республикавӣ):

— Президентӣ — ҳукумат новобаста аз парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди ӯ масъулият дорад.

— Парламентӣ — ҳукумат аз намояндагони як ё якчанд ҳизб, ки дар парламент аксарият мебошанд, ташкил карда мешавад.

2.Шакли сохти давлатӣ

Шакли сохти давлатӣ – тарзи ташкили ҳудудии давлат, сохти марзиву маъмурии он аст.

Намудҳои шакли сохти давлатӣ:

— Унитарӣ

— Федеративӣ

— Конфедеративӣ

1) Давлати унитарӣ (оддӣ)

Давлати унитарӣ (оддӣ) — Аз ҳудудҳои алоҳидаи маъмурӣ иборат буда, дорои мақомоти ягонаи марказӣ ва маҳаллӣ, конститутсия, системаи ягонаи судӣ ва шаҳрвандии ягона мебошад (ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо).

Нишонаҳои давлатҳои унитарӣ:

дорои мақомоти олии ягонаи қонугузор, иҷроия ва судӣ мебошанд;

дорои конститутсия, қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мебошанд;

дар ҳайати онҳо дигар давлат вуҷуд надорад;

ҳудуди онҳо аз қисмҳои маъмурӣ-ҳудудӣ иборат аст, (вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот).

дорои қувваҳои мусаллаҳ мебошанд, ки онро мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ роҳбарӣ менамояд;

муносибатҳои берунӣ бо дигар давлатҳо аз ҷониби мақомоти марказии давлат амалӣ карда мешаванд

2)Давлати федеративӣ (мураккаб).

Давлатӣ федеративӣ — давлати мураккаб мебошад, ки дар асоси давлатҳои иттиҳодӣ созмон ёфта, давлатҳои дар ҳайати он буда дорои мустақилияти муайяни ҳуқуқӣ мебошанд (Олмон, Россия, ҳиндустон).

Нишонаҳои давлатҳои федеративӣ:

ØАъзои давлати федеративӣ, ки федератсияро ташкил намудаанд, мустақилияти худро ҳамчун давлат дар ҳудуде, ки Конститутсия пешбинӣ намудааст, нигоҳ медоранд ва дорои воҳидҳои маъмурию-ҳудудии худ мебошанд.

ØДу системаи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ федералӣ ва мақомоти субъектҳои федератсия мавҷуд аст.

ØСубъектҳои федератсия дорои конститутсия, салоҳияти қонунгузорӣ, системаи ҳуқуқ ва соҳибихтиёрии муайяни худ мебошанд.

ØЧун қоида шаҳрвандии умумифедаралӣ ва шаҳрвандии субъекти федератсия мавҷуд аст.

3) Давлати конфедеративӣ.

Конфедератсия – иттиҳоди давлатҳо, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои алоҳида онро таъсис медиҳанд; аъзои ин иттиҳод мустақилияти худро нигоҳ медоранд; бо мақсади фаъолияти якҷоя дар соҳаҳои алоҳида мақомоти иттиҳидро ташкил медиҳанд (ИМА с. 1781-1787).

Нишонаҳои конфедератсия:

Øдорои мақомоти умумии қонунгузор, иҷроия ва судӣ (ба мисли федератсия) нестанд;

Øартиши ягона, системаи ягонаи андоз, буҷети ягонаи давлатиро надоранд;

Øмавҷудияти шаҳрвандии танҳо субъекти конфедератсия таъмин шуда, шаҳрвандии давлати конфедеративӣ мавҷуд нест;

Øдавлатҳои аъзои конфедератсия метавонанд дар бораи системаи ягонаи пулӣ, қоидаҳои ягонаи гумрукӣ ва дигар масъалаҳо созишномаҳо ба имзо расонида онҳоро амалӣ намоянд.

3. Режими сиёсӣ (давлатӣ).

Режими сиёсӣ – Маҷмӯи воситаҳо ва тарзҳои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Намудҳои режими сиёсӣ: 1) демократӣ, 2) ғайридемократӣ (режими авторитарӣ, режими тоталитарӣ)

1) Режими демократӣ

Режими демократӣ – аз калимаи юнонии demos– халқ, cratos– ҳокимият гирифта шуда, маънояш ҳокимияти халқ мебошад. Режими демократӣ таърихӣ тӯлони дошта, ҳоло чун арзиши умуми инсонӣ, шакли давлатдории муосир эътироф гашта, кафолатҳои ҳуқуқҳои инсонро, иштироки васеи онҳоро дар идоракунии давлат ва ҳаёти сиёсӣ, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравиро, фаъолияти озодо наи ҳизбу созмонҳои зиёди ҷомеаро, худидоракунии маҳаллиро, раъйпурсӣ, низоми шаффофи инти хоботро, ошкорбаёниро таъмин мекунад.

2) Режими авторитарӣ

Режими авторитарӣ – (Калимаи фаронсавии autoritare– ҳокимиятӣ ва лотинии autoritas–ҳокимият таъсир) – шакли режими сиёсӣ буда, маънои онро дорад, ки ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи идоракунандаи сиёсӣ новобаста аз иродаи қисми зиёди халқ ташкил карда мешавад. ҳангоми идораи авторитарӣ ҳокимият ба як мақоми давлатӣ ё ин ки ба дасти як лидери сиёсӣ мегузарад. Масалан, президент, диктатор ва ғайра.

3) Режими тоталитарӣ

Режими тоталитарӣ–(Калимаи лотинии totalitas – куллӣ, пурра, тамомият) – шакли режими сиёсӣ аст, ки дар он назорати пурраи давлат нисбати ҳаёти ҷамъиятӣ ҷой дорад. Хусусиятҳояш давлатику нонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ваколатҳои номаҳдуди ҳокимияти давлатӣ, маҳдудсозӣ ё манъи ҳуқуқу озодиҳо ва ғайра мебошад.

1.97K
Нет комментариев. Ваш будет первым!