Мафҳум ва намудҳои шартнома
Шартнома гуфта созиши ду ё якчанд шахсро меноманад, ки барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва ӯҳдадории гражданӣ равона карда шудааст. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар Кодекси граданӣ, қонун ё ӯҳpдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад. Тарафҳо метавонанд тибқи тартиби пешбининамуда ё пешбининанамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ шартнома банданд. Тарафҳо метавонанд шартномае банданд, ки он ҷузъҳои шартномаҳои мухталифи пешбиникардаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ (шартномаи омехта)-ро дар бар гирифта бошад. Агар аз созишномаи тарафҳо ё моҳияти шартномаи омехта тартиби дигаре барнаояд, дар муносибати тарафҳо оид ба шартномаи омехта, дар қисматҳои дахлдор қоидаҳои шартномае, ки ҷузъҳои он дар шартномаи омехта мавҷуд аст, татбиқ мегарданд. Шартҳои шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки мазмуни шарти дахлдор дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ зикр шудааст, бо салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки шарти шартнома мутобиқи меъёр истифода мешавад, зеро дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст (меъёри диспозитивӣ), тарафҳо метавонанд бо созишномаи худ истифодаи онро бекор кунанд ё шартеро ба миён гузоранд, ки аз шарти пешбинигардида фарқ дошта бошад. ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома шартҳои шартнома тибқи меъёри диспозитивӣ муайян карда мешаванд. Агар шарти шартнома аз ҷониби тарафҳо ё меъёри диспозитивӣ муайян нашуда бошад, шартҳои дахлдор бо анъанаҳои аҳдҳои корӣ, ки нисбати тарафҳо татбиқ мегардад, муайян карда мешаванд.
Шартнома аз лаҳзаи баста шуданаш эътибор пайдо мекунад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад. Тарафҳо ҳақ доранд муайян кунанд, ки шарти шартномаи бастаи онҳо ба муносибатҳои то бастани шартнома бамиёномада низ татбиқ мегардад. Қонун ё шартнома муайян карда метавонанд, ки хотимаи мӯҳлати амали шартнома боиси қатъи ӯҳдадории тарафҳо оид ба шартнома мегардад. Шартномае, ки дар он чунин шарт гузошта нашудааст то лaҳзаи иҷрои ӯҳдадориро ба охир расондани тарафҳо муайян карда шудааст, боэътибор эътироф карда мешавад. Қатъи мӯҳлати амали шартнома тарафҳоро аз масъулияти риоя накардани он озод намекунад.
Бастани шартнома ва мазмуни он. Агар байни тарафҳо, мутобиқи шакли дар ҳолатҳои муайяни зарурӣ аз рӯи ҳама шартҳои асосии шартнома созиш ба даст омада бошад, шартнома басташуда дониста мешавад. Шартҳои оид ба мавзӯи шартнома, шартҳое, ки дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ барои шартномаи шакли мазкур муҳим ва зарурӣ номбар шудаанд, инчунин ҳамаи он шартҳое, ки дар алоқамандӣ ба онҳо тибқи аризаи яке аз тарафҳо бояд созиш ба даст ояд, шартҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста мешавад. Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби шахси фиристодаи оферта гирифтани аксепти он баста шуда ба ҳисоб меравад. Агар барои бастани шартнома тибқи қонун, инчунин додани молу мулк зарур бошад, шартнома аз лаҳзаи додани молу мулки дахлдор баста шуда ба ҳисоб меравад. Шартномае, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад ба шарте ки қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар маҷмӯъ бастани шартнома ду зинаро дар бар мегирад: оферта ва аксепт
Агар дар шартнома маҳалли имзои шартнома муайян нагардида бошад, шартнома дар маҳалли зисти шаҳрванд ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқӣ, ки оферта фиристодааст, баста шуда эътироф мегардад.
Дар асоси таҳлилҳои боло шартҳои шартномаро вобаста ба аҳамияти юридикиашон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) шартҳои муҳим — шартҳое, ки барои бастани шартнома розигии тарафҳо нисбати ин шартҳо зарур ва кифоя мебошад. Масалан, нарх; б) шартҳои муқаррарӣ; в) шартҳои иловагӣ — шартҳое, ки сабаби тағйир додан ва ё илова кардани шартҳои муқаррарӣ мегарданд. Масалан, бурда расонидан ба хона.
Мазмуни шартномаро бошад шартҳое ташкил медиҳанд, ки ҳангоми бастани шартнома тарафҳо ихтиёран бо розигиашон муайян кардаанд. ҳамчунин мазмуни шартномаро ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо низ ташкил дода метавонанд. Мазмуни шартномаҳоеро, ки дар асоси фармоишоти давлат баста мешаванд, бояд ба ин фармоишот мутобиқат намоянд.
Шакли шартнома. Шартномаро дар ҳама гуна шакле, ки барои анҷом додани аҳд пешбинӣ шудааст, бастан мумкин аст, ба шарте ки қонун барои шартномаи шакли зикршуда шакли муайян муқаррар накарда бошад. Агар тарафҳо шакли муайяни бастани шартномаро маслиҳат карда бошанд, ҳарчанд тибқи қонун барои чунин навъи шартнома ин шакл номатлуб бошад ҳам, баъди дар шакли муайян пешниҳод карда шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад. Шартнома дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як санади имзокардаи тарафҳо, инчунин бо роҳи мубодилаи аснод аз тариқи почта, телеграф, телетайп, телефон, алоқаи электронӣ ё дигар навъи алоқае, ки имконияти аз ҷониби тарафи шартнома фиристода шуданашро мӯътамад тасдиқ менамояд, баста шуданаш мумкин аст.
Ҳамин тавр, шартнома метавонад дар ду шакл баста шавад: дар шакли даҳонӣ ва дар шакли хаттӣ.
Хелҳои шартнома. Шартномаҳоро дар маҷмӯъ ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) шартномаи асосӣ (шартномаест, ки сабаби бевосита пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо мегардад) ва пешакӣ (шартномае, ки дар асоси он тарафҳо барои бастани шартнома дар оянда розигӣ медиҳанд); б) шартномаи ба фоидаи иштирокчиён ва ба фоидаи шахсони сеюм басташуда (аз рӯи оне ки иҷроиши шартномаро кӣ талаб карда метавонад, аз ҳам фарқ мекунад); в) шартномаи яктарафа ва дутарафа (дар ҳолати доштани танҳо ҳуқуқ аз тарафи як кас шартнома яктарафа эътироф мешавад, дар ҳолати мавҷудияти ҳуқуқу ӯҳдаори дутарафа шартнома дутарафа эътироф карда мешавад); г) шартномаи музднок ва бемузд (шартномаи музднок шартномаест, ки мутобиқи он ҳарду тараф аз ҷиҳати моддӣ манфиат мебинад. Маслан, шартномаи хариду фурӯш. Дар ҳолати манфиати моддӣ дидани як тараф шартнома бемузд эътироф мешавад. Масалан, шартномаи тӯҳфа); д) шартномаи озод ва ҳатмӣ (шартномаи озод шартномест, ки бастани он пурра ба ихтиёри тарафҳо гузошта шудааст. Масалан, шартномаи хариду фурӯш. Шартномаи ҳатмӣ шартномаест, ки барои бастани он як ё ҳарду тараф вазифадор мебошанд. Масалан, ордери манзил); е) шартномаи бо розигии тарафҳо басташуда ва шартномаҳои ҳамроҳшавӣ (шартномаи ҳамроҳшавӣ шартномаест, ки тарафи дигар ҳуқуқи тағйир додани шартҳои онро надорад. Масалан, шартномаи мусофиркашонӣ).
Тағйир додани шартнома. Агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шартнома ё анъанаҳои аҳдҳои корӣ тартиби дигаре барнаояд, созишномаи тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ба ҳамон шакле ки шартнома дорад, сурат мегирад. Тараф талаби тағйир додан ё бекор кардани шартномаро танҳо баъди гирифтани раддияи тарафи дигар оиди тағйир додан ё бекор кардани шартнома ё дар мӯҳлати дар пешниҳод ё дар қонун ва ё дар шартнома муайяншуда нагирифтани ҷавоб ва дар сурати набудани он дар муддати сӣ рӯз ба суд арз карда метавонад.
Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории тарафҳо дар шакли тағйирёфта нигоҳ дошта мешавад. ҳангоми бекор кардани шартнома ӯҳдадории тарафҳо қатъ мегардад.
Агар аз созишнома ё моҳияти тағйир додани шартнома тартиби дигаре барнаояд, дар ҳолати тағйир додан ё бекор кардани шартнома ӯҳдадорӣ аз рӯзи бастани созишномаи тарафҳо дар мавриди тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани шартнома тибқи тартиби судӣ бошад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйирёфта ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад.
Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тарафҳо ҳақ надоранд баргардонидани чизеро, ки онҳо мутобиқи ӯҳдадорӣ то рӯзи тағйир додан ё бекор кардани шартнома анҷом додаанд, талаб намоянд.
Агар аз ҷониби яке аз тарафҳо ба таври назаррас вайрон кардани шартнома барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома асос шуда бошад, тарафи дигар ҳақ дорад товони зиёни аз тағйир додан ё бекор кардани шартнома расидаро талаб намояд.
Ҳамин тавр, дар ҳолате, ки имконияти тағйир додан ва ё бекор намудани шартнома дар қонун ё шартнома пешбинома дар қонун ё шартнома пешбии нашуда бошаду тарафҳо дар хусус ба розигӣ омада натавонанд, ашртнома танҳо бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи судӣ ва дар ҳолатҳои зерин тағйир ё бекор карда мешавад: а) агар тарафи ҷавобгар ба таври куллӣ шартномаро вайро кунад; б) агар асосҳое, ки барои бастани шартнома сабаб шуда буданд, ба таври куллӣ тағйир ёфта бошанд ва дар дигар мавридҳою сабабҳои объективӣ, ки агар шартнома бекор ва ё тағйир дода нашавад, иҷрояш барои тарафҳо ё яке аз тарафҳо зараровар мегардад.