Намудҳои (тартиби) иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Тартиби иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вобаста ба ҷазоҳое мебошад, ки ҷанбаи таъсири ислоҳи доранд, яъне дар ҷараёни иҷро ва адои онҳо ба маҳкумшудагон таъсири ислоҳи расонида мешавад. Ҷазои маҳрум сохтан аз озоди, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардан аз озодӣ ва нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҷазоҳои ҷиноятие мансубанд, ки дар мавриди иҷрои онҳо ба маҳкумшудагон таъсири ислоҳӣ расонида намешавад. Ба ин гурӯҳ ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқӣ ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаи махсус, рутбаҳои ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ ва мукофотҳои давлатӣ, мусодираи амвол таъллуқ доранд[1]. Вале ҷазоҳои ҷанбаи ислоҳи надошта тартиби иҷро доранду тартиби адо надоранд.
Тартиби иҷрои корҳои ислоҳӣ. Мутобиқи қонунгузории ҷиноятии ҶТ корҳои ислоҳи дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд. Корҳои ислоҳи ба муҳлати аз ду моҳ то ду сол муқарар шуда аз даҳ то си фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети давлат пардохт карда мешавад. Корҳои ислоҳи нисбати гурӯҳи шахсони зерин таин карда намешавад:
— хизматчиёни ҳарбӣ;
— ашхоси то сини шонздаҳсола;
— занони ҳомила;
— маъюбони гуруҳҳои якуму дувум.
Ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳи шахси маҳкумшуда дар вазифаи пештарааш корро идома медиҳад ва дар ҳама гунна муассисаву ташкилотҳо кор карда метавонад.
Тартиби иҷрои ҷарима. Ммувофиқи қонункузории ҷинояти ҷарима маблағи пулие мебошад, ки аз маҳкумшуда ба фоидаи давлат руйёнида мешавад ба миқдори аз 100 то 200 маоши ҳади ақал нисбати ноболиғон ҳангоми мавчуд будани даромади мустақил ба миқдори 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқараршудааст. Иҷроиши ҷарима аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст амали мешавад. Тибқи моддаи 30-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷинояти ҷарима ба муҳлати як моҳ пас аз қувваи қонуни даромадани ҳукми суд бояд пардохта шавад. Дар ҳолатҳои имконопазир будани пардохт ин мӯҳлат метавонад бо хоҳиши маҳкумшуда ба муҳлати то шаш моҳ дароз мешвад.
Тартиби иҷро ва адои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян.
Тартиби иҷро ва адои маҳрум кардани ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазои иловагӣ баромад мекунад. Барои ҷазои асосӣ барои ҷиноятҳое, ки қасдона содир шуда, ба мӯҳлати аз як то даҳсол ва барои ҷиноятҳои аз беэҳтиёти содир шудаанд, ба мӯҳлати аз як то панчсол муайян шудааст. Гузориши ин намуди ҷазо аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маъмурияти ҷои кори ё мақомоте, ки барои машғул шудан ба чунин навъи фаолият иҷозат додашудааст амалӣ мешавад.
Тартиби иҷрои адо дар намуди мусодираи амвол. Моҳияти ин намуди ҷазо дар моддаи 57-и КҶ ҶТ чунин баён шудааст, яъне мусодираи амвол ба моликияти давлат маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтани амволе, ки моликияти маҳкумшуда мебошад. Тартиби иҷрои ҷазои мусодираи амвол аз ҷониби иҷрокунандагони судҳои ноҳияви шаҳри иҷро карда мешаванд. Суде, ки дар бораи таъин кардани ҷазои иловаги чун мусодираи амвол ҳукм баровардааст, пас аз қувваи қонунӣ даромадани он ба иҷрочии суд варақаи иҷроиш, нусхаи руйхати амвол ва нусхаи ҳукмро фиристонида оиди ин ба мақомоти молявии дахлдор хабар медихад. Иҷрочии суд, пас аз гирифтани варақаи иҷроиш фавран будан ё набудани ашёву амволе, ки дар нусхаи руйхати амвол нишон дода шудааст, дар ҷояш месанҷад ва боқимонда ашёро пайдо намуда рӯйхати ин молҳоро тартиб медиҳад. Амволе мусодира карда мешавад, ки вай моликияти шахсии маҳкумшуда бошад.
Бояд қайд намуд ки иҷрои ҷазои маҳруми аз озоди ва маҳдуд кардан аз озодӣ яке аз ҷазоҳои вазнини ҷиноятӣ буда, барои маҳкумшудагон маҳдудиятҳои зиёдро пешбинӣ менамояд. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои ин гурӯҳи маҳкумшудагонро ба таври хеле мушаххас муқарар менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат қисми зиёди меъёрҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба танзими иҷро ва адои ин намуди ҷазо бахшида шудааст, дар бораи тартиби иҷрои онҳо маълумоти мухтасар додан лозим аст.
Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ.
Маҳрум сохтан аз озоди дар моддаи 58-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда мувофиқи он маҳкумшуда ба мӯҳлати дар
ҳукми айбдори нишон дода шуда аз ҷамъият ҷудо карда шуда дар муассисаҳои махсуси ислоҳи нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи моддаи 71-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашхосе ки ба маҳруми аз озоди маҳкум шудаанд, ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ– колонияҳои ислоҳӣ, колонияҳои тарбиявӣ, маҳбасҳо, муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ адо мекунанд.[2]
Колонияҳои ислоҳи ва маҳбасҳо барои адои ҷазо нисбати шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудаанд ва ба балоғат расидаанд, муқарар шудаанд. Дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳи маҳкумшудагоне, ки мубталои бемориҳои майзадагӣ, нашъамандӣ ё заҳрмандӣ, беморони руҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад, шахсони гирифтори инфектсияи ВИЧ, инчунин мубталои бемории сил ва шахсоне, ки курси пурраи муолиҷаи касалиҳои зуҳравиро нагузаштаанд, ҷазоро адо мекунанд.
Дар колонияҳои тарбиявӣ маҳрумӣ аз озодиро ноболиғоне, ки ба синни 18 нарасидаанд ва инчунин маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбияви то расидан ба синни 20 – солагӣ мононда шудаанд, адо мекунанд.
Шахсони ба маҳруми аз озодӣ маҳкум шуда дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи ба қувваи қонуни даромадани ҳукми айбдорӣ барои адои ҷазо фиристода мешаванд. Шахсоне, ки маҳрумӣ аз озодиро адо мекунанд аз ҳуқуқ ва озодиҳо истоифода мекунанд, ки онҳоро Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст. Қисми зиёди ҳуқуқҳои онҳо дар боби 11 – уми Кодекси зикршуда муқарар карда шудаанд. Мувофиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшудагон ба харидори кардани озуқавори ва дигар маводи ниёзи мардум бемаҳдудият бо маблағи дар ҳисобномаи худ буда аз он ҷумла аз ҳисоби нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимои, ба таври ғайринақди ҳуқуқ доранд. Рӯйхати озуқавори ва дигар предметҳое, ки ба даст овардани онҳо ба маҳкумшудагон манъ карда шудааст, дар қоидаҳои тартиботи дохили муқаррар карда шудааст.
Ба маҳкумшудагон ҳуқуқ ба мулоқот дода шудааст, ки он ба ду намуд ҷудо карда шудааст: кӯтохмудат ба муҳлати чор соат ва дарозмуддат ба муҳлати се шабонарӯз. Миқдори мулоқотҳо вобаста аз намуди колонияҳо, маҳбас ва низом дар онҳо муқарар карда шудааст.
Дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ ба маҳкумшудагон ҳашт мулоқоти кӯтоҳмӯдат ва шаш мулоқоти дарозмӯдат дар давоми сол пешбинӣ карда мешавад. Дар колонияи ислоҳии низоми пурзӯр бошад маҳкумшудагон ба шаш мулоқоти кӯтохмӯдат ва чор мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Маҳкумшудагоне, ки дар колонияи ислоҳии низоми сахт маҳруми аз озодиро адо мекунанд ба чор мулоқоти кӯтохмуддат ва се мулоқотӣ дарозмуддат дар тӯли сол ҳуқуқ доранд. Дар колонияи ислоҳии низоми махсус бошад маҳкумшудагон ба се мулоқоти кӯтоҳмудат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Дар маҳбасҳо, ки яке аз муассисаҳои шароиташ вазнинтар мебошад ва дар онҳо маҳкумшудагони барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкумшуда нигоҳ дошта мешаванд, миқдори камтарини мулоқот пешбини карда мешавад.
Маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси низоми умумӣ ҷазоро адо мекунанд, ба ду мулоқоти кӯтохмуддат ва ду мулоқоти дарозмудат дар давоми сол ҳуқуқ доранд. Ба маҳкушудагони дар маҳбаси низоми сахт нигоҳдошташаванда бошад ҳуқуқ дода шудааст, ки дар давоми сол ҳамаги ду мулоқоти кӯтоҳмудат дошта бошанд. Мулоқоти кӯтоҳмудат бо хешу ақрабо ва ё дигар шахсон дар ҳузури намояндаи муассисаи ислоҳи дода мешавад. Мулоқоти дарозмудат бо ҳуқуқи зиндагии якҷоя бо хешу ақрабои наздик ва дар ҳолатҳои истиснои бо иҷозати сардори муассисаи ислоҳи бо дигар шахсон низ дода мешавад. Муассисаи ислоҳи барои мулоқоти дарозмудати маҳкумшудагон дар дохили муассиса ва ё берун аз он бинои алоҳида ҷудо менамояд. Шахси ба мулоқот омада дар холати пайдо шудани шубҳа оиди ба маҳкумшуда додани предметҳои маншуда кофтукоб карда шуда пас ба мулоқот иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати аз кофтукоб саркаши кардани шахси ба мулоқот омада ба мулоқот иҷозат дода намешавад.
Маҳкумшудагон барои гирифтани ёрии ҳуқуқи метавонанд, ки аз хизмати адвокат ва дигар шахсон истифода баранд ва дар асоси аризаи маҳкумшуда маъмурияти муассиса ӯҳдадор мебошад, ки барои мулоқоти маҳкумшуда бо ин шахсон шароит фароҳам оварад. Мувофиқи хоҳиши маҳкумшуда мулоқот бо адвокат ва ё дигар шахсе, ки ёрии ҳуқуқи мерасонад метавонад дар танҳои сурат гирад. Мувофиқи моддаи 92 – юми Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба гуфтугӯи телефони ҳуқуқ доранд. Маҳкумшудагон метавонанд, ки аз нуқтаҳои телефонии дохили муассиса бо хешу табор ва дигар шахсон гуфтугӯ намоянд.маблағи гуфтугӯи телефони аз чониби маҳкумшуда ва ё хешону наздикони ӯ пардохт карда мешавад. Гуфтугӯи телефонии маҳкумшудагон аз тарафи кормандони муассисаи ислоҳӣ назорат карда мешавад. Мувофиқи моддаи 95-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба мукотиба доранд. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби худ бемаҳдудият мактуб ва барқия фиристанд ва номау барқия гиранд.
Мактубҳои фиристодашаванда ва омада аз назорат гузаронида мешаванд. Агар дар мактубҳо аломатҳои шарти мавчуд бошанд чунин номаҳо нест карда шуда дар ин бора ба маҳкумшуда хабар дода мешавад.
Мактубҳои фиристодашаванда дар мӯҳлати се руз аз ҷониби маъмурияти муассиса ба маҳкумшуда супорида мешаванд. Барқияҳои расида бошанд ба маҳкумшуда фавран расонида мешаванд.
Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқи маҳкумшудагонро ба тамошои кинофилмҳо, намоишҳои телевизионӣ ва шунидани барномаҳои радио муқарар мекунад.
Ба шахсоне, ки ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шудаанд на камтар аз як маротиба дар як ҳафта кинофилмҳо намоиш дода мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар маҳбас адо мекунанд инчунин маҳбусоне, ки ба изоляторҳои ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд аз ин ҳуқуқ маҳрум мебошанд.
Ба маҳкумшудагон ва ё гурӯҳи онҳо иҷозат дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ аз нуқтаҳои савдо телевизор ва радио харанд ва ё аз хешу табор онро ба даст биёранд. Бинои истиқоматии маҳкумшудагон, бинои истироҳатӣ, биноҳои корӣ, изоляторҳои ҷаримавӣ, биноҳои навъи камеравӣ ва инчунин камераҳои яккаса аз тарафи муассиса бо нуктаҳои радиошунавони таҷҳизонида мешаванд[3]
Маҳкумшудагон ҳуқуқ ба сафар ба берун аз маҳали адои ҷазоро доранд.
Мувофиқи моддаи 100-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Xумҳурии Тоҷикистон сафар ба берун аз маҳали адои ҷазо ба гурӯҳи зерини маҳкумшудагон иҷозат дода намешавад:
Маҳкумшудагоне, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намудаанд;
Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст.
Маҳкумшудагоне, ки ҳуқуқи аз як ҷой ба ҷои дигар ҳаракат карданро бе посбон ё шахси ҳамроҳикунанда истифода намуда бо сабаби қонунвайронкуни аз он маҳрум карда шудаанд;
Маҳкумшудагоне, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаанд;
Маҳкумшудагоне, ки курсҳои пурраи муолиҷаро аз майзадагӣ,
нашъамандӣ, токсикоманӣ, касалии сил ва касалиҳои зуҳрави нагузаштаанд;
Сафарҳои берун аз маҳали адои ҷазо ба ду намуд яъне кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ҷудо мешаванд.
Сафарҳои кӯтоҳмуҳддат ба муҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз бе назардошти вақти роҳ (на бештар аз се шабонарeз) вобаста ба ҳолатҳои истиснои, яъне фавт ё бемории вазнини хешу ақрабои наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад, офати табӣ, ки ба маҳкумшуда ё аҳли оилаи ӯ зарари зиёди моддӣ расонидааст.
Сафарҳои дарозмуддат дар мавриди рухсатии пардохтшаванда, инчунин ба маҳкумшудагони бо сабабҳои узрнок бо кор таъминнабуда ба ҳамин мӯҳлат муқаррар карда мешавад.
Маҳкумшудагони ноболиғ танҳо бо ҳамроҳии шахси ҳамроҳикунанда ё хешу табор метавонанд ба берун аз маҳали адои ҷазо сафар кунанд.
Сафар ба берун аз маҳали адои ҷазо дар асоси аризаи маҳкумшуда сурат мегирад, ки он ба сардори муассиса пешниҳод карда шуда бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз барраси карда шавад. Сардори муассиса ба назар гирифтани хусусият ва дараҷаи ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯ ҳангоми адои ҷазо инчунин ба назар гирифтани муҳлати адо намудаи ҷазо ба маҳкумшуда барои сафар ба берун аз маҳали адои ҷазо иҷозат медихад.[4]
Маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ба таъминоти нафақаи давлати вобаста ба пиронсолӣ, маъюбӣ, аз даст додани сарпараст ва аз даст додани қобилияти меҳнати ҳангоми адои маҳруми аз озоди ҳуқуқ доранд.[5]
Маҳкумшудагоне, ки аз озоди маҳрум шудаанд ҳуқуқ ба таъминоти моддию маиши доранд. Ба онҳо шароити манзилию маиши ки ба қоидаҳои санитари ва гигиена ҷавобгӯй мебошад фароҳам оварда мешаванд. Меъёри майдони истиқомати барои ҳар як нафар маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳи аз ду метри мурабба, дар маҳбасҳо аз дуним метри мурабба, дар колонияҳои барои занон таъингардида аз се метри мураббаъ, дар колонияҳои тарбиявӣ аз сеюним метри мурабба, дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳи аз се метри мураббаъ ва дар муассисаҳои муолиҷави профилактикӣ аз панҷ метри мурабба набояд кам бошад.
Ба маҳкумшудугон ҷои инфиродӣ ва лавозимоти хоб дода мешавад, онҳо вобаста ба мавсим ва шароити иқлим бо сару либос таъмин карда мешаванд.
Маҳкумшудагоне ки бо ҳолатҳои аз онҳо вобаста набуда бо кор таъмин нестанд музди меҳнат надоранд ва инчунин дар ҳисобномаи шахси маблағ надоранд, аз ҳисоби буҷети давлат бо хурок ва маводи мавриди ниёз таъмин карда мешаванд. Ба маҳкумшудагон мувофиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷинояти ҳуқуқ дода шудааст, ки ҷиҳати машварат ва муолиҷа ба соҳаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ муроҷиат кунанд. Чунин хизматрасонии тиббӣ ва харидории дорувории зарури аз ҷониби худи маҳкумшуда ва ё хешовандони ӯ пардохт карда мешавад. Хизматрасонии тиббии пулакӣ дар қисмхои тиббиву беҳдошти маҳали адои ҷазо таҳти назорати кормандони тиббиву беҳдории муассисаи ислоҳи сурат мегирад.[6]
Дар моддаи 20-и Кодекси иҷри ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳуқуқҳои барои маҳкумшудагон хеле муҳим яъне ҳуқуқ ба амнияти шахсии маҳкумшудагон пешбинӣ кардамешавад. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти маҳкумшуда аз ҷониби дигар шахсон ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ҳар як шахси мансабдори муассисаи иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озоди ҷиҳати таъмини амният ва гузаронидан ба дигар бино, ки дар он ҷой чунин таҳдид вучуд надорад, бо ариза муроҷиат намояд. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор вазифадор аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти шахсии маҳкумшуда чорҳои таъғйирнопазир андешад. Ӯҳдадориҳои асосии маҳкумшудагон дар моддаи 17-уми Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудааст. Мувофиқи ин модда маҳкумшудагон чунин ӯҳдадориҳо доранд:
Маҳкумшудагон бояд ӯҳдадориҳои шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудааст, иҷро намоянд, инчунин меъёрҳои ахлоқу рафтори дар ҷомеа қабулшуда ва талаботи беҳдорию беҳдоштиро риоя кунанд;
Маҳкумшудагон вазифадоранд, ки талаботҳои қонунро вобаста ба тартиб ва шартҳои адои ҷазо иҷро намоянд ва инчунин дигар асноди меъёрию ҳуқуқии мутобиқи он қабулшударо риоя кунанд;
Маҳкумшудагон вазифадоранд бо кормандон ва дигар ашхосе, ки ба муассисаи иҷрокунандаи ҷазо меоянд инчунин нисбат ба дигар маҳкумшудагон хушмуомила бошанд;
Маҳкумшудагон вазифадоранд ба даъвати маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ҳозир шаванд ва оид ба масъалаҳои иҷрои талаботи ҳукм тавзеҳот диханд.
Уҳдадориҳои мушаххаси маҳкумшудгоне, ки маҳруми аз озодиро адо мекунанд, дар низоми муассиса, ки дар Қоидаҳои дохилии тартибот муқарар шудааст пешбини карда мешавад.
Мувофиқи низом дар колонияҳои ислоҳи ба истиснои колонияи ислоҳии сукунат ва дар маҳбасхо маҳкумшудагон ӯҳдадоранд, ки дар либоси намунаи ягона бояд бошанд.
Маҳкумшудагон ӯҳдадор мебошанд, ки ҳамроҳи худ пул ва дигар чизу чораи қиматнок нигох надоранд. Онҳо ӯҳдадоранд, ки талаботҳоеро ки дар Қоидаҳои дохилии тартибот дар колонияҳо ва инчунин дар маҳбасҳо муқарар карда шудааст риоя намоянд.
Ба маҳкумшудагон гирифтан, харидан, нигоҳ доштан ва пахн кардани нашрияҳое ки ҷанг, барафрухтани низои миллӣ ва диннӣ, парастиши зуроварӣ ё бераҳмиро тарғиб менамоянд, нашрияҳои дорои хусусияти порнографӣ, инчунин обунаи онҳо манъ карда мешавад ва маҳкумшудагон вазифадоранд, ки ин талаботҳоро риоя намоянд.[7]
Маҳкумшудагон ба маҳруми аз озодӣ ӯҳдадор мебошанд ки ба меҳнати фоиданок машғул бошанд, яъне ҳуқуқ ба меҳнат ки аз тарафи қонунгузори барои дигар шаҳрвандон пешбини карда шудааст нисбати маҳкумшудагон ба ӯҳдадори мубадал мегардад.
Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ.
Маҳдуд кардани озоди яке аз намудҳои ҷазои ҷиноятӣ буда мувофиқи моддаи 54-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳ доштани маҳкумшуда дар муассисаҳои махсус бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият дар шароити татбиқи назорат аз болои онҳо ба муҳлати аз як то панч сол муқарар карда мешавад.
Мувофиқи муқарароти ин Кодекс маҳдуд кардани озоди нисбати гурӯҳи зерини шахсон татбиқ карда намешавад:
Хизматчиёни ҳарбӣ;
Шахсоне ки ба сину соли нафақа расидаанд;
Занони ҳомиладор;
Шахсоне ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсати мебошанд;
Маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм.[8]
Маҳдуд кардани озодӣ дар муассисаҳои махсус яъне дар марказҳои ислоҳи адо карда мешаванд.
Мувофиқи моддаи 49-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шахсоне ки нисбат ба онҳо маҳдуд кардани озоди таъин карда шудааст, инчунин шахсоне ки ба онҳо ин ҷазо тибқи тартиби иваз кардани ҷазои дигар таъин шудааст, ба маҳали адои ҷазо мустақилона аз ҳисоби давлат равона карда мешаванд.
Маҳкумшуда ӯҳдадор аст ки дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи гирифтани амрномаи мақомоти корхои дохили ба маҳали адои ҷазо сафар намояд ва дар мӯҳлати дар амрнома нишон дода шуда ба он ҷой ҳозир шавад.
Агар шахси ба ҷазои маҳдуд кардани озоди маҳкумшуда аз гирифтани амрнома саркаши кунад ё дар ин мӯҳлат ба ҷои адои ҷазо ҳозир нашавад, мақомоти корҳои дохила бо иҷозатномаи прокурор ба муҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷиҳати муайян кардани сабабҳои вайрон кардани тартиби сафари мустақилона ба маҳали адои ҷазо дастгир карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани сабабҳои узрнок, мақомоти корҳои дохили дастгиршударо мувофиқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда ба маҳали адои ҷазо мефиристад. Дар ҳолати муқарар намудан аз адои ҷазо ашади саркаши намудани маҳкумшуда маводро ҷиҳати иваз намудани маҳдуд кардани озоди ба маҳрум сохтан аз озоди ба суд пешниҳод менамояд.
Дар марказҳои ислоҳи тартиботи дохили муқарар карда мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад:
Тартиби қабули маҳкумшудагон;
Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон дар вақти кор ва истироҳат;
Номгӯи кор ва вазифаҳое ки истифодаи меҳнати маҳкумшудагон дар онҳо манъ карда шудааст;
Тартиби кашида гирифтани ашё ва маводҳое ки нигоҳ доштани онҳо манъ мебошад;
Қоидаҳои гузаронидани санҷиш.
Дар марказҳои ислоҳи маҳкумшудагоне, ки ба маҳруми аз озоди маҳкум шудаанд ва доғи суди доранд аз дигар маҳкумшудагон дар алоҳидаги нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин мувофиқи талаботи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷинояти маҳкумшудагони дар шарики ҷиноят содирнамуда низ аз якдигар дар алоҳидаги ҷазоро адо мекунанд.
Мувофиқи шароити пешбинишуда оиди иҷро ва адои ҷазои маҳдуд кардани озоди бинои истиқоматии маҳкумшудагон дар ҳолати пайдо шудани зарурат мумкин аст таҳти кофтукоб қарор гирад. Инчунин ашё ва амволи маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озоди адо мекунанд аз тарафи кормандони маркази ислоҳи таҳти азназаргузарони қарор дода шуданаш мумкин аст.
Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ки аз маъмурияти маркази ислохӣ оиди тартиб ва шароити адои ҷазо итилооти хаттӣ гиранд. Маъмурияти муассиса бошад ӯҳдадор аст, ки ҳатман ба маҳкумшуда чунин маълумотро пешниҳод намояд. Онҳо ҳуқуқ ба муомилаи хуш аз тарафи кормандони марказҳои ислоҳи доранд. Шахсоне, ки ба маҳдуд кардани озоди маҳкум шудаанд ҳуқуқ ба шароити муътадили манзилию маиши доранд. Онҳо дар хобгоҳҳои умумии марказҳои ислоҳӣ, ки барояшон ҷои хоби инфиродӣ ва лавозимоти хоб дода мешавад, ҷойгир карда мешаванд. Меъёри майдони истиқомати мувофиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳисоби хар як маҳкумшуда на бояд аз чор метри мурабба кам бошад.
Маҳкумшудагон ба ҷазои маҳдуд кардани озоди ҳуқуқ ба муҳофизати саломати доранд. Ба маҳкумшудагон ёрии пешгириву муолиҷави ва беҳдорию пешгири мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳоли ва тартиби адои ҷазои маҳдуд кардани озоди расонида мешавад.
Барои расонидани ёрии тиббӣ ба маҳкмшудагон бо қарори Вазорати адлия ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи тиббӣ таъсис дода шуданаш мумкин аст.
Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ки ба мақомотҳои болоии иҷрокунандаи ҷазо инчунин ба маъмурияти он ба мақомоти суд ва прокуратура дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ӯдидораи маҳалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз болои рафтори ғайриконунии кормандони муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро поймол мекунад шикоят кунанд.[9]
Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд бо забони модарӣ ё забоне ки медонанд таклиф ва арзу шикоят пешниҳод кунанд ва дар ҳолати зарури аз хизмати тарҷумон истифода кунанд.
Шахсони ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шуда ба гирифтани музди кор, рузҳои истироҳат ва инчунин ба рухсатии меҳнати ҳуқуқ доранд.
Меҳнати шахсони ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкум карда шуда мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қоидаҳои қабул ба кор, озод намудан аз кор, гузаронидан ба кори дигар танзим карда мешавад.
Маҳкумшудагоне ки ба меҳнат муносибати софдилона доранд ва қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон намекунанд яъне рафтори намунави доранд ба гирифтани мукофотпули ҳуқуқ доранд.
Маҳкумшудагоне ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озоди адо мекунанд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо дорои ӯҳдадориҳо мебошанд, ки онҳо аз шароити иҷрои ин намуди ҷазо бармеояд.
Маҳкумшудагон ӯҳдадор мебошанд ки талаботҳои Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳиро қонеона риоя кунанд. Онҳо ӯҳдадоранд ки дар он xое ки маъмурияти маркази ислоҳи фиристодааст ба меҳнат машuул бошанд. Маҳкумшудагоне ки маҳдуди аз озодиро адо мекунанд вазифадоранд, ки ҳамеша дар ҳудуди маркази ислоҳи бошанд ва бе иҷозати маъмурияти маркази ислоҳӣ онро тарк накунанд.
Мувофиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшудагон ӯҳдадор карда мешаванд ки ҳамеша ҳамроҳи худ ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсии намунаи муқараршуда дошта бошанд.
Шахсоне, ки ба маҳдуд кардани озоди маҳкум карда шудаанд вазифадор мебошанд ки ҳамроҳи худ асбобу анҷом ва чизу чора ё маводе, ки номгӯи онро Қоидаҳои тартиботи дохили муқарар мекунад нагиранд ва ё дар дохили бинои истиқомати нигоҳ надоранд.
Маҳкумшудагоне, ки барои ҷашнгирии рӯзҳои истироҳат ва ё рухсати ба берун аз маҳали адои ҷазо рафтаанд, ӯҳдадоранд, ки ҳатман дар мӯҳлати муқараршуда ба маҳали адои ҷазо хозир шаванд.
Баъди иҷро ва адои ҷазоҳои ҷиноятӣ масъалаи озод намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазои ҷиноятӣ ба миён меояд.
Мувофиқи моддаи 205-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ асосҳои озод намудан аз адои ҷазо пешбинӣ шуда ва тибқи ин модда маҳкумон дар ҳолатҳои зерин аз адои ҷазо озод карда мешаванд:
а) пас аз адои таъиннамудан бо ҳукми суд,
б) бо қувваи санади авф ё бахшиши ҷазо;
в) бекор кардани ҳукми суд, бо қатъ карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;
г) шартан пеш аз мӯҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардан;
д) ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани ними адонашудаи ҷазо;
е) бо сабаби бемории вазнин ё маъюбӣ;
ж) вобаста ба ҳолатҳои фавкулодда;
з) аз адои ҷазо озод кардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд;
и) бо асосҳои дигари пешбини намудаи қонун.
Мақомотҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифаи истисноии давлат ба ҳисоб рафта ва барои иҷроиши ин вазифа ба амал баровардани сиёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ давлат мақомотҳои махсусро ташкил медиҳад, ки инҳо мақомотҳои идоракунандаи ҷазои ҷиноятӣ мебошанд. Мубориза ба муқобили ҷиноят ва ҷинояткори вазифаи муҳимтарини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазои ҷинояти мебошад. Иҷро намудани ҷазои ҷиноятӣ вазифаи истисноии давлат мебошад, ки аз номи он муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо баромад мекунанд.
Мақоматҳое, ки ин ё он намуди ҷазои ҷиноятиро иҷро мекунанду функсияи онҳо ба ҳамин мақсад равонашуда аст, муассисаҳои ислоҳи меноманд.
Муассисаҳои ислоҳи гуфта, он дастгоҳи давлатиро мегуяанд, ки чазоҳои дорои таъсири ислоҳиро иҷро намуда бо мақсади ислоҳ ва тарбияи онҳо бар муносибати маҳкумшудагон бо воситаҳои махсус, таъсири ислоҳи мерасонанд. Мутобиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муассисаҳои ислоҳии зайл мавчуданд:
- колонияҳои ислоҳии сукунат;
- колонияҳои ислоҳӣ;
- колонияҳои тарбиявӣ;
- маҳбасҳо;
- муассисаҳои ислоҳии муолиҷавӣ.
Мувофиқи моддаи 23-и КИҶ мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо вобаста аз намуди ҷазои ҷиноятӣ муқараршудааст. Мутобиқи муқарароти ин модда: ҷазо дар намуди ҷарима ва мусодираи амвол аз ҷониби суд иҷрочи иҷро карда мешавад.
- Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рудбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, унвонҳои махсус ва мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби суде, ки ҳукум баровардааст ва инчунин аз ҷониби шахси мансабдор ё мақомоте, ки унвонҳоро додааст иҷро карда мешавад.
- Ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ва ислоҳӣ аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии точикистон иҷро карда мешавад.
- Ҷазо дар нумди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби колонияҳои ислоҳӣ, колонияҳои тарбиявӣ ва маҳбасҳо иҷро карда мешавад.
Колонияҳои ислоҳӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- Колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ.
- Колонияҳои ислоҳии низоми пурзур.
- Колонияҳои ислоҳии низоми сахт
- Колонияҳои ислоҳии низоми махсус.
Дар ду намуди ин колонияҳои ислоҳӣ маҳкумшудагони ҷинси зан яъне махсус ва пурзур равона карда намешаванд. Дар колонияҳои низоми умумӣ мардоне, ки бори аввал барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёна ба ҷазои маҳруми аз озоди ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, дар колонияҳои низоми сахт бошад мардон ва заноне, ки бори аввал барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба ҷазои маҳруми аз озоди маҳкум шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Колонияҳои тарбияви бошад дар навбати худ ба ду намуд тақсим мешавад:
- Низоми умумӣ
- Низоми пурзур
Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудаанд ва ҳамаи маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси зан ҷазоро адо мекунанд. Дар колонияи тарбиявии низоми пурзур маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озоди адо кардаанд нигоҳ дошта мешаванд.
Маҳбасҳо ба ду намуд тақсим мешаванд: низоми умумӣ ва сахт. Дар маҳбасҳо маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд қисми маҳруми аз озодиро адо мекунанд.
Ҷазое, ки нисбати хизматчиёни ҳарбӣ дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ҳабс ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизоми аз ҷониби Вазорати мудофиаи ҶТ иҷро карда мешаванд.
Мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо вазифаҳои зеринро, ки бо вазифаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки якхела мебошанд иҷро мекунанд.
- Пешгири намудани содиршавии ҷиноят.
- Аз байн бурдани ҷинояткорӣ.
- Ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон. Ин вазифаҳо ҳам ба ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳам ба мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо хос мебошад. Вазифаҳои дигаре, ки танҳо ба мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо хос мебошад, ба монанди таъмини шароити иҷрои ҷазо, назорат аз болои маҳкумшудагон, таъминоти моди ва иҷтимои маҳкумшудагон, татбиқ кардани чораҳои ҳавасманди ва чораҳои муҷозоти.
Бо амалӣ намудани ҷазои ҷиноятӣ мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо вазифаи муҳими худ яъне ислоҳи маҳкумшудагонро иҷро мекунанд. Ба ҷамъият баргардонидани шахси комил ва риоякунандаи қонуну тартибот барои ҷамъият ва давлат хеле муҳим мебошад.
Ҳангоми иҷро намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо ӯҳдадор мебошанд, ки принципҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятиро оиди ҳуқуқ ва озодиҳои маҳкумшудагон ҳатман риоя намоянд, чунки новобаста аз он ки шахс дар асоси ҳукми айбдори маҳкумшуда эътироф шудааст ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон буда аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ки ба талаботи ҳукми таъиншуда мухолиф намебошад, ҳуқуқи истифода намуданро дорад.
Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Дар моддаи 15-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон чунин омадааст: Ҷумxурии Точикистон ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқарарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимои, ҳимояи ҳуқуқи, инчунин амнияти шахсиро ҳангоми иҷрои ҷазо таъмин мекунад.
Мутобиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ назорати бевоситаи фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ ва ашхоси мансабдори он анҷом дода мешавад. Аз болои фаъолияти муассисаҳои ислоҳи мақомотҳои зерини давлати ва ҷамъияти назорат мекунанд:
а) мақомоти судӣ;
б) мақомоти прокуратура:
в) мақомоти болои идоравӣ.
[1] Салимов Ҳ. ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Душанбе 2005. с.80[2] Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон Душанбе 2006 с.[3] Уголовно исполнительное право Под редакции Шмарова И.В. Москва 1998 с. 185
[4]Салимов Ҳ. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Душанбе 2005. с.174
[5] Советское исправительно-трудовое право Москва 1983 с. 159[6] Комментарий. Уголовно исполнительному кодексу Российской Федерации Москва 1997 с.208[7] Салимов Ҳ. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Душанбе 2005 с.156[8] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоxикистон Душанбе 2007 с.28[9] Уголовно исполнительное право Москва 1998 с.67