Баҳисобгирии синтетикии (куллии) миқдор ва ҳаракати воситаҳои асосӣ

010 «Бино»;

011 «Иншоот»;

012 «Дастгоҳҳои таҳвилдиҳанда»;

013 «Мошинҳо ва тачҳизотҳо»;

015 «Воситаҳои нақяиётӣ»;

016 «Олотҳо. асбобҳои истеҳсолӣ ва хочагӣ (аз он ҷумла, лавозимот)»;

017 «Ҳайвоноти корӣ ва сермаҳсул»;

018 «Фснди китобхона»;

019 «Дигар воситаҳои асосӣ».

Дохилшавӣ ва дар дохили ташкилот аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаронидани воситаҳои асосӣ бо чунин навишти бухгалтерӣ ба расмият дароварда мешавад.

Азнавсозии бино, иншоот ё ин ки корҳо оид ба таъми-ри онҳо дар тарафи дебети ҳисоби 010/2 «Зиёдшавии арзиши биноҳои истиқоматй», 010/1 «Зиёдшавии арзиши биноҳои ғайриистиқоматӣ», тарафи кредитии ҳисоби 224/2 «Камша-вии маблағгузории асосӣ ба воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми қабулкунии ҳисобдорх-ш бухгалтерии объектҳои воситаҳои асосӣ аз рӯйи арзишии ибтидоӣ ба рас-

мият даровардани онҳо ҳангоми харидорӣ кардан, ройгон гирифтан мувофиқи ҳисобҳои аналитикии баҳисобгирӣ дар тарафи дебети ҳисоби 01 «Воситаҳои асосӣ» ва дар тарафи кредити ҳисоби 01 «Камшавии маблапузории асосӣ ба воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.

Қисми зиёдатии воситаҳои асосӣ ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирӣ ошкоршуда бо арзиши бозорӣ мувофиқи ҳисобҳои аналитикии баҳисобгирӣ дар тарафи дебети ҳисоби 01 «Воситаҳои асосӣ» ва дар тарафи кредиги хисоби 400 «Даромади давраи хдсоботӣ» инъикос карда мешаванд.

Аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаронидани воситаҳои асосӣ дар дохили ташкилот дар тарафи дебет ва кредити хдсоби 01 «Воситаҳои асосӣ» ва ҳисоби 019 «Камшавии дигар воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.

Дар ҳолати амалӣ намудани қайдҳо оид ба хориҷкунии активҳои хӯрдашаванда як чизро дар назар дошт, ки мувофиқи ҳисобҳо онҳо аз рӯйи арзиши ибтидоӣ ва арзиши барқароркунӣ ба хрсоб гирифта мешаванд. Аз хисоб баро-вардани маблаги ҳисобкардашудаи хӯрдашавӣ аз рӯйи объектҳо мувофиқи ҳисобҳои аналитики дар ҳисоби 02 «Хӯрдашав™ воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад. Арзиши бақиявии активҳои хӯрдашаванда аз тарафи кредити ҳисобҳо дар бораи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ дар тарафи дебети ҳисобҳои мувофиқ аз ҳисоб бароварда мешавад.

Аз ҳисоб баровардан ва соқит кардани объектҳои воситаҳои асосӣ, ҳангоми фурӯш ва норасоии онҳо мувофикд-! ҳисобҳои аналитикии баҳисобгирй дар тарафи дебети ҳисобҳои 02 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ», ҳисоби 400 «Даромади давраи ҳисоботӣ» ва дар тарафи кредити ҳисоби 010 «Камшавии арзиши биноҳои истиқоматӣ», 010/2 «Камшавии арзиши биноҳои ғайриистиқоматӣ», 013 «Камшавии арзиши иншоотҳо», 013 «Камшавии арзишимошин ва таҷҳизотҳо», 015 «Камшавии олотҳои асбобҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ», 016 «Камшавии арзиши инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ», 018 «Камшавии арзиши фонди китобхона», 019 «Камшавии арзиши дигар воситаҳои асосӣ» (бо арзиши ибтидой) инъикос карда мешавад.

Ҳангоми ройгон додани объектҳои воситаҳои асосӣ бо арзиши тавозунӣ аз кредита ҳисобҳои 250 – 251 ба дебета ҳисобҳои дар бораи баҳисобгирии ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои давлатӣ ва мунисипиалӣ ва ташкилотҳо (ҳисоби 090 «Ҳисоббаробаркунӣ байни маъмурӣ, асосӣ ва гирандаи воситаҳо») ҳангоми бадастории воситаҳои асосӣ гузаронида шуда аз эътабор соқит карда мешавад. Якбора маблағи ҳисобкардашудаи хӯрдашавӣ дар тарафи дебетеҳисоб ва дар тарафи кредита ҳисоби ҳисоббаробаркунӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва мунисипиалӣ ва муассисаҳо инъи-кос карда мешавад.

Мисол:

Ташкилота «А» бо қарори маъмурият ташкилоти бо-лоии асосӣ аз воситаҳои буҷетӣ ба ташкилоти «Б» таҷҳизот дод. Арзиши ибтидоии таҷҳизот – 20000 сомонӣ ва маблағи хӯрдашавии таҷҳизот – 12000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар амалиёти нишондодашуда навишти бухгалтерии зерин бояд ба вуҷуд ояд:

Дар ташкилоти «А»

1.Дебети ҳисоби 090 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ байни маъмурияти асосӣ ва гирандаи воситаҳо ҳангоми харидани воситаҳои асосӣ» Кредити ҳисоби 013 «Камшавии арзиши мошин ва таҷҳизотҳо»20000 сомонӣ
2.Дебети ҳисоби 113 «Камшавии арзиши таҷҳизотҳо аз ҳисоби хӯрдашавӣ Кредити ҳисоби 09012000 сомонӣ
Дар ташкилоти «Б»
1.Дебети ҳисоби 013 «Зиёдтттавии арзиши мошин ва

таҷҳизотҳо»

Кредити ҳисоби 090

20000 сомонӣ
2.Дебети хдсоби 090 Кредити ҳисоби 01312000 сомонӣ

Мувофиҳи тартаби муайяншуда ба таври ройгон додани воситаҳои асосӣ дар тарафи дебети ҳисобҳои 250 «Ҳисоббаробаркунии дохили байни маъмури тақсимкунандаи асосӣ ва гирандаи воситаҳои асосӣ аз рӯйи дастрас кардани воситаҳои асосӣ» (дар доираи ҳаракати объектҳо байки ташкилотҳо), «Хароҷотҳо барои ройгон ва

бебозгашт гузаронидашудаи воситаҳои асосии ташкилот» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 010 «Камшавии арзиши биноҳои истиқоматӣ», 010/1 «Камшавии арзиши бжоҳои г’айриистиқоматӣ», 011 «Камшавии арзиши иншоотҳо», «Камшавии арзиши мошин ва таҷҳизотҳо», 015 «Камшавии арзиши воситаҳои накдиёт», 016 «Камшавии арзипш инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ», 018 «Камшавии арзиши фонди китобхона», 019 «Камшавии арзиши дигар воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.

Аз эътибор соқитгардонидани объектҳои асосии кор-яошоямгашта бо қайдҳои бухгалтерӣ ба расмият дароварда шуда, дар тарафи дебети ҳисоби 020 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ», дар тарафи дебети ҳисоби 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» бо арзиши бақиявӣ ва дар тарафи кредитии ҳисоби 010/2 «Камшавииарзиши биноҳои исгиқоматӣ», 010/1 «Камшавии арзиши биноҳои ғайриистиқоматӣ», Oil «Камшавии арзиши иншоотҳо», 013 «Камшавии арзиши мошин ва таҷҳизотҳо», 015 «Камшавии арзиши воситаҳои нақлиёт», 016 «Камшавии арзиши инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ», 018 «Камшавии арзиши фонди китобхона» ва 019 «Камшавии арзиши дигар воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.

Дар як вақт барои дохилкунии арзиши материалҳои аз барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ ба дастомада ва дар ихтиёри ташкилот монда қайдҳо гузаронида мешавад ва дар тарафи дебети ҳисобҳои 040-069 ҳисоби «Захираҳои моддӣ» ва кредити ҳисоби 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» иъникос карда мешавад.

Аз эътибор соқитгардонидани объектҳои воситаҳои асосии дар натиҷаи офатҳои табий ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда корношоям шуда, дар тарафи дебети ҳисобҳои 020 «Хӯрдашавии эситаҳои асосӣ», 200 «Хароҷотҳои фавқулодца аз р’ л амалиёт бо активҳо» (бо арзиши бақиявӣ) ва дар т-рафи кредити ҳисобҳои 010 «Камшавии арзиши биноҳои истиқоматӣ», 010/1 «Камшавии арзиши биноҳои ғайриистиқоматӣ», 011 «Камшавии арзиши иншоотҳо», 013 «Камшавии арзиши мошин ва таҷҳизотҳо», 015 «Камшавии арзиши воситаҳои нақлиёт», 016 «Камшавии арзиши инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ», 018 «Камшавии

арзиши фонди китобхона» ва 019 «Камшавии арзиши дигар воситаҳои асосй» инъикос карда мешавад.

Маблағгузории воситаҳои асосӣ ба сармояи Оинномаи ташкилот дарҳаҷми арзиши бақиявии онҳо дар тарафи дебета ҳисоби «Зиёдшавии арзиши саҳмия ва дигар намудҳои саҳмдорӣ дар сармоя» ва дар тарафи кредита ҳисоби 01 «Воситаҳои асосӣ» 010 – 019 иъникос карда мешавад.

Баҳисобгирии амалиётҳо аз рӯйи хориҷкунӣ ва аз як ҷой ба ҷои дигар гузаронидани объектҳои воситаҳои аеосӣ ва дигар актавҳои ғайримолиявӣ дар Журнали амалиётҳо аз рӯйи хориҷкунӣ ва аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронидани актавҳои ғайримолиявӣ бурда мешавад. Барои назорат аз рӯйи мувофиқата маълумотҳои баҳисобгирӣ оид ба объектҳои воситаҳои асосӣ ва маълумотҳо мувофиқи ҳисобҳои аналитикии баҳисобгирии буҷетӣ, ҳисоби 01 «Воситаҳои асосӣ» Замимаи гардишй активҳои ғайримолиявӣ тартаб дода мешавад.

Дар Журнал сана, рақам ва номи ҳуҷҷат; номгуи нишондиҳандаҳо (ном ва насаби шахси масъулиятаок); рақами ҳисоби баҳисобгирии буҷетӣ аз рӯйи дебет ва кредит; маблаг; ҷамъи маблаг аз рӯйи дебет ва кредит; микдори замимаҳо нишон дода мешавад.

Дар охири ҳар моҳ маблағҳои ҷамъбасти аз руйи дебет ва кредити ҳисобҳои баҳисобгирии буҷетӣ ба китоби асосӣ тузаронида мешавад.

2.6. Бахисобгирии таъмири восигахои асосӣ

Аз рӯйи ҳаҷм ва характер корҳои таъмирии гузарони-дашаванда онҳоро ба таъмири асосӣ ва ҷории воситаҳои асосӣ ҷудо мекунанд. Онҳо аз рӯйи ҳаҷм, мӯҳлати иҷроиш аз яқдигар фарқ мекунанд. Таъмири воситаҳои асосӣ метаво-над аз тарафи худи ташкилот, ё ин ки аз тарафи ташкилотҳои пудратӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ҳар ду ҳолат барои ҳар як объекти таъмиршаванда санади каму костҳо тартиб дода мешавад. Дар он корҳои иҷрошаванда, мӯҳлати саршаваӣ ва ба охиррасии таъмир,: меъёри вақт барои кор ва тайёркунии қисмҳои ивазшаванда,

арзиши харҷномавии таъмир аз рӯйи моддаҳои ҷудокардашуда нишон дода мешавад.

Агар таъмири асосӣ аз тарафи худи ташкилот иҷро карда шавад, дар асоси санади каму костҳо нарядҳо -супоришҳо навишта мешавад. Дар асоси санади каму костҳо ванарядҳо – супоришҳо ҳуҷҷатҳо барои аз анбор гирифтани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ва маводҳо, супоршпҳои кори барои тайёркунй, монтаж ва таъмири деталҳо ва сохторҳо тартиб дода мешаванд.

Хароҷотҳо барои таъмири асосй ба хароҷотҳои дар давраи таъмир ба амал омада дохил карда мешаванд.

Қабули объекти таъмиршуда аз таъми^ж асосй бо санад оид ба қабулу супоридани объектҳои воситаҳои асосии гаьмиркардашуда, нав кардашуда ба расмият дароварда мешавад. Дар вақти ба муҳосибот дохилшавии санад корҳои иҷрошуда дар варақаи инвентарӣ қайд карда мешавад. Ба гайр аз ин санад оиди қабулу супорвдан барои аз ҳисоб бароварда-ни арзиши аслии таъмири асосй асос шуда метавонад.

Хароҷотҳои ҳақиқии таъмири асосии воситаҳои асосй (арзиши маводҳои сарфшуда, ҳисобкунии музди меҳнати коргарони таъмиркунанда, дигар хароҷотҳо) дар тарафи де-бети ҳисоби 040 «Хароҷотҳои ташкилот» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми ба амал омадани таъмири асосй аз тарафи ташкилоти пудратчй маблаги хароҷотҳо инчунин дар тарафи дебети ҳисоби 150«Ҳисоббаробаркунй бо молтаъминку-нандагон ва пудратчиён» инъикос карда мешавад.

2.7. Баҳисобгирии активҳои ғайриистеҳсолӣ

Зери мафҳуми активҳои ғайриистеҳсолӣ активҳое, ки маҳсз’лоти истеҳсолӣ ба шумор намераванд ва дар раванди фаъолияти ташкилот истифода мебаранд, фаҳмида мешавад (замин, захираҳои зеризаминӣ ва дигарҳо).

Активҳои ғайриистеҳсолй аз рӯйи арзиши ибтвдоӣ дар вақти ҷалб кардани онҳо ба хоҷагй инъикос карда мешаванд. Арзиши ибтидоии ин активҳо, маблағгузории ҳақиқии ташкилот дар вақти дастраси (харидан)-и онҳо фаҳмида мешавад.

Зери арзиши бозории ҷорӣ ҷамъи воситаҳои пули дар натиҷаи фурӯши активҳои номбаршуда ба даст омадаанд, фаҳмида мешаванд.

Ташкилот азнавбаҳодиҳии арзиши объектҳои аквтиҳои ғайриистеҳсолиро дар аввали соли ҳисоботӣ бо роҳи аз нав ҳисоб кардани арзиши ибтидоӣ ё арзиши ҷорӣ мегузаронад.

Ба ҳар як объекти активҳои ғайриистеҳсолӣ новобаста аз он ки он дар истифодабарӣ, дар захира қарор доранд, рақами инвентари ягона дода мешавад, ки дар феҳристҳои баҳисобгирии буҷетӣ истифода бурда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики (ҷузъӣ)-и объектҳои активхои ғайриистеҳсолӣ дар варақаи инвентарии баҳисобгарии воситаҳои асосӣ бурда мешавад.

Баҳисобгарии амалиёт оиди аз эътибор соқитгардонӣ (хориҷкунӣ) ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар Журнали амалиёт оиди аз эътибор соқит гардони (хориҷкунӣ) ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани активҳои ғайримолиявӣ бурда мешавад,

Дохилшавии объектҳои акташҳои ғайриистеҳсолӣ бо санад оиди қабулу супоридани объектҳои воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз бино ва иншоотҳо), санад оиди қабул ва супоридани гурӯҳии воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз бино, иншоотҳо) ба расмият дароварда мешавад.

Аз эъибор соқит гардошадани объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар асоси санад оиди аз эътибор соқит гар-донидани воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз воситаҳои накдиёт), санад оиди аз эътибор соқит кардани гурӯҳи объектҳои воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёт) гузаронида мешавад.

Баҳисобгирии объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар ҳисобҳои зерини Нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии буҷетӣ бурда мешавад:

019«3амин»;

019/1 «Захираҳоизеризаминӣ»;

019/2 «Дигар активҳои ғайриистеҳсолй».

Дар ҳисоби 019 «Замин» объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар намуди қитъаи замин, тозакунии замин аз сангҳо, тозакунии обанборҳо, иншоотҳои обӣ, хушккунӣ ва дигар корҳо ба ҳисоб шрифта мешавад.

Ҳисоби 019/1 «Захираҳои зеризаминӣ» барои баҳисобгирии объектҳои активи ғайриистеҳсолӣ дар намуди захираҳои табиӣ (нефт, гази табиӣ, ангишт ва ғ), захираҳои биологӣ (ҳайвонот ва наботот) нигаронида шудааст.

Дар ҳисоби 019/2 «Дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ», ки дигар ҳисобҳои оиди баҳисобгирии объектҳои активи ғайриистеҳсолӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, ба ҳисоб гирифта мешавад.

Амалиётҳо оиди дохилшавии объектҳои активи ғайриистеҳсолӣ бо қайдҳои зерини бухгалтери ба расмият дароварда мешаванд:

Обьектҳои активи ғайриистеҳсолӣ дар вақти харидан, ройгон (бепул) гирифтан дар тарафи дебети ҳисобҳои 019 «Зиёдшавии арзиши замин», 019/1 «Зиёдшавии арзиши захираҳои зеризамини», 019/2 «Зиёдшавии арзиши дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 090 «Камшавии маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад,

Дохилкунии зиёдатии объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар вақти барӯйхатгирии ошкоршуда аз рӯйи арзиши ҷории бозорӣ дар тарафи дебети ҳисобхои 019 «Зиёдшавии арзиши замин», 019/1 «Зиёдшавии арзиши захираҳои зеризамини», «Зиёдшавии арзиши дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 250 «Фонди асоси» инъикос карда мешавад.

Маблағи паст кардашудаи арзиши обеъктҳои активҳои ғайрш^стеҳсолӣ дар натиҷаи аз нав баҳодиҳӣ дар тарафи кре-дити (дебети)-и хдсоби 410 «Натиҷаи молиявии давраҳои хдсоботии гузашта» ва дар тарафи дебети (кредити)-и ҳисоби 019 «Активҳои ғайр1-шстехсолӣ» инъикос карда мешавад.

Аз эътиборсоқит гардонидани (хориҷкунии) объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ бо қайдҳои бухгалтерии зерин ба расмият дароварда мешавад.

Аз эътибор соқитгардонидани (хориҷкунии) объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ ҳангоми фурӯши онҳо аз рӯйи арзиши тавозунӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» ва дар тарафи кредитии х, исобҳои 019 «Камшавии арзиши замин», 019/1 «Камшавии

арзиши захираҳои зеризамини», 019/2 «Камятавии арзиши дигар воситаҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад.

Ройгон додани объектҳои активҳои ғайриистеҳсолӣ дар тарафи дебетии ҳисобҳои 250 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ байни маъмур ва қабулкунандаи асосии воситаҳо оиди хари, цани активхои ғайрШ1Стеҳсолӣ», 250/1 «Хароҷотҳо барои бебозгашт ва ройгон хдсоб кардани ташкилотҳои давлатӣ ва мунисипиалӣ» ва кредити ҳисоби 019 «Камшавии арзиши замин», 019/1 «Камшавии арзиши захираҳои зеризам1-шӣ», 019/2 «Камшавии арзиши дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад.

Аз эътибор соқит гардонидани объектҳои активҳои ғайриистеҳсолии корношоямшуда дар тарафи дебети ҳисоби 250 «Даромад аз фурӯши активҳо» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 019/1 «Kамшавии арзиши замин», 019/2 «Камшавии арзиши захираҳои зеризамини», 019/3 «Камшавии арзиши дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми аз эътибор соқит гардонидани объектхои активҳои ғайриистеҳсолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда корношоямшуда дар тарафи дебетии ҳисоби 250 «Хароҷотҳои фавқулодда аз рӯйи амалиёт бо активҳо» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 019 «Камшавии арзиши замин», 019 «Камшавии арзиши захираҳои зеризамини», 019/1 «Камшавии арзиши дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад.

Маблағгузорга объектҳои активҳои ғайрршстеҳсолӣ ба сармояи оинномаи ташкипот ба андозаи арзиши тавозунии онҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Зиёдшавии арзиши саҳмия ва дигар шаклҳои сахмдорӣ ба сармоя» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 019 «Активҳои ғайриистеҳсолӣ», 019/1 «Захираҳои зеризамини», 019/2 «Дигар активҳои ғайриистеҳсолӣ» инъикос карда мешавад.

539
Нет комментариев. Ваш будет первым!