Ҳисобгирии маводҳои арзишноке, ки ба ташкилот тааллуқ надоранд

Маводҳои арзишнок, ки муваққатан дар ташкршот мавҷуд аст ва бо ташкилот тааллуқ надорад (воситаҳои асо-сии ба иҷора додашуда) маводҳои арзишнок, ки барои нигоадории махсус қабул карда шудааст, дар ҳисобҳои ғайритавозунӣ, инчунин тавозунҳои ҳисоботҳои ҷиддӣ ба;ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамаи молу масолехи қиматнок, I инчунин воситаҳои асосии ба иҷора додашудаи дар ■ҳисобҳои ғайритавозунӣ ба ҳисоб гирифта шуда, аз рӯйи тартиб мӯхдати барои маводҳои арзишнок муқарраршуда ба рӯйхат гирифта мешаванд.

Баҳисобгирии дар ҳисоби ғайритавозунӣ аз рӯйи сис-темаи оддӣ, яъне бе навишти дутарафаи амалиётҳои аз рӯйи ҳаракати маводҳои арзишнок бурда мешавад.

Ҳисобгирии воситаҳои асосии ба иҷора додашуда

Иҷорадиҳанда воситаҳои асосии ба иҷора додашударо дар ҳисоби ғайритавозунӣ 01 «Воситаҳои асосии ба иҷора додашуда» аз рӯйи арзиши аввалаи дар шартномаи иҷора нишондодашуда ба ҳисоб мегирад, ҳисобгирии аналитики аз рӯйи ин ҳисоб оиди ҳар як объекти воситаҳои асосӣ аз рӯйи рақами инвентарӣ дар варақа аз рӯйи маблағ ва микдори баҳисобгирии маводҳои арзишнок бурда мешавад.

Ҳисобгири маводҳои арзишнок, ки барои нигоҳдории махсус қабул карда шудааст

Барои чамъоварии маълумот оид ба микдор ва ҳаракати «Маводҳои арзишнок, ки барои нигоҳдории махсус қабул карда шудааст» истифода бурда мешавад. Дар ин ҳисоб инчунин ашё ва маводхои барои коркард қабул шуда аз рӯйи нархи дар шартномаи маводҳои арзишнок, нишон дода шуда, ба хдсоб гирифта мешавад. Ҳисобгирии аналитикии маводҳои арзишнок, ки барои нигохдории махсус қабул карда шудааст, аз рӯйи намуд, навъ, ҷойи нигохдорй ва аз рӯйи нархҳои шартномавӣ ё нархи харид бурда мешавад. Ҳисобгирии аналитикии ашё ва маводҳои барои кор-

кард қабулшуда аз рӯйи намуд, навъи маводҳо, ҷойи нигохдории онҳо дар варақа аз рӯйи маблаг-микдори маводҳои арзишнок бурда мешавад.

Ҳисобгирии тавозунии ҳисоботҳои қатъӣ

Тавозунҳои хдсоботҳои катъӣ (дафтари хати расидҳо, сарбарг, шаҳодатнома ва ғайра) дар хисоби ғайритавозунии 04 варақаҳои ҳисоботҳои қатъӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Аз эътибор соқит намудани сарбаргҳои хдсоботҳои қатърш сарфшуда, инчунин вайроншуда дар санади оиди аз эътибор соқит намудани сарбаргҳои ҳисоботҳои ҷиддӣ ба расмият дароварда мешавад.

Ҳисобгирии аналитики оиди ин ҳисоб аз рӯйи ҳар як на-муди варақаҳои ба ҷойи нигохдории онҳо дар «Китоб оиди ҳисобгирии варақаҳои ҳисоботҳои махсус» бурда мешавад.

Дар ин китоб ҳисобгирии сарбаргҳои ҳисоботҳои катъӣ, дафтарчаи мехратӣ, аз рӯйи намуд, силсила ва рақам, инчунин ҷойи нигохдорӣ бо нишон додани санаи додани сарбаргҳои ҳисоботҳои қатъӣ, миқцор ва арзиши онҳо бурда мешавад. Китоб бояд бо ресмон баста шуда бо сурғоч мӯҳр зада шуда бошад. Микдори варақҳо бояд аз тарафи рохбари ташкилот тасдиқ шуда бошад.

Ҳисобгирии соқит намудани қарзҳои дебиторҳое, ки қобилияти баргардонии қарзро надоранд

Барои ҷамъоварии маълумот оид ба ҳисобгирии соқит намудани қарзҳои дебиторҳое, ки қибилияти баргардонии қарзхоро надоранд дар ҳисоби 05 «Аз эътибор соқит гардо-нидани қарзи дебиторони ба адои қарз ноқобил» ба хисоб гирифта мешавад.

Ҳисобгирии аналитики аз рӯйи ин хдсоб варақаи ҳисобгирии маблағҳо ваҳисоббаробаркуниҳо бо нишондоди насаб, ном ва номи моддаи қарздор ё ин ки мушаххасоти шахсони ҳуқуқӣ бурда мешавад.

Ҳисобгирии маводҳои арзишноке, ки аз руйи таълими

марказонидашуда ҳаққаш дода шудааст

Маводҳои арзишнок, ки бо ташкилотҳои болои ҳаққаш дода шуда ва бо таври таъминотӣ ба ташкилот (борқабулкунанда) фиристода шудааст, дар ҳисоби ғайритавозунии 06 «Масолеҳи қиматноки бо таъминоти марказонидашуда пардохтшаванда» бурда мешавад, Ҳисобгирии аналитики аз рӯйи ин ҳисоб дар китоби баҳисобгирии маводҳои арзишноке, ки ба таври марказони-да ҳаққаш дода шудааст, аз рӯйи ҳар як муассиса (борқабулкунанда) бурда мешавад.

Ҳисобгирии қарздории хонандагон ва донишҷӯён барои баргардонидани арзиши маводҳои арзишнок

Барои хисобгирии қарздории хонандагон ва донишҷӯён барои баргардонидани арзиши маводҳои арзишнок хисоби 07 қарздории хонандагон ва донишҷӯён барои баргардонии арзиши маводҳо истифода бурда мешавад. Ҳисобгирии аналитики оиди ҳисоби 07 аз рӯйи ҳар як хо-нанда ва донишҷӯй дар варақаи баҳисобгирии маблағҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

Ҳисобгирии дигар маводҳои арзишнок дар ҳисобҳои ғайритавозунӣ

Барои ҳисобгирии дигар маводҳои арзишнок, ки ба ташкилот тааллуқ надошта, ҳисобҳои 08 «Тӯҳфа ва ҷомҳои гузорандаи варзишӣ, мукофотҳо, кубокҳо ва дигар тӯҳфаҳои арзшинок;

09. Роҳхатҳои пардохнашаванда;

10.Пардохти зиёдатии нафақа ва ёрдампулиҳо дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани қонунгузорӣ дар бораи нафадаву ёрдампулиҳо, хотоиҳо дар вақти баҳисобгирӣ баамаломада;

11. Ашёҳои таълимӣ-техникии ҳарбӣ;

12. Қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт, ки бар ивази қисмҳои фарсудашуда дода шудааст;

13. Кафолатҳои мунисипиалӣ ва давлатӣ;

14. Тачҳизоти махсус барои иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи шартнома бо супоришдиҳанда;

15. Таҷҳизотҳои эксперименталӣ;

16. Ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ;

17. Ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи набудани маблағ дар вақташ пардохт нашуда;

18. Дохилшавиивоситаҳои пулӣ ба хдсоби дар бонк будаи ташкилот (муассиса);

19. Хоричшавии воситахои пулӣ аз ҳисоби дар бонк будаи ташкилот(муассиса).

7 Загрузки

396
Нет комментариев. Ваш будет первым!