Ҳисоботи муассисаҳои буҷетӣ

Ҳисобот системаи нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқа-манду пайваста буда, омили баҳо додан ба натиҷаи ниҳоӣ ва сифати кор, оид ба иҷрои нақша, инчунин дуруст истифода бурдани захираҳои меҳнатию воситаҳои истеҳсоли ва ба фаъолияти молиявию хоҷагии корхона, дар давраи ҳисобот мебошад.

Нишондиҳандаҳои ҳисобот бо роҳи давра ба давра ху-лоса баровардан ва ҷамъбаст намудани маълумотҳои ҳисобдории бухгалтерӣ ҳосил мегардад.

Муҳимтарин масъалаи ташкили ҳисобот ва тавозун содцаю мухтасар гардонидани он мебошад.

Дар баёноти зикрёфтаи ҳисобот талаб карда мешавад, ки ҳисобот бояд хушсифат тартиб дода шуда, эътимоднок’ аниқ, равшан, дастрас ва обективӣ бошад,

Қоидаҳо оид ба щсоби бухгалтера дар муассисаҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва он, тартиби ҳисоби молиявии муассисаҳову ташкилотҳоро муайян мекунад.

Ҳангоми тартиб додани ҳисоботи бухгалтера бояд шартҳои зерин таъмин карда шавад:

  • пурра будани инъикоси ҳамаи амалиётҳо ва натиҷаҳои

барӯйхатгирии воситаҳои пулӣ, воситаҳои асосӣ,

маводҳои камарзиш дар соли ҷорӣ;

  • мувофиқ будани маълумотҳои дар ҳисоботҳои

аналитики қайд ёфта, бо бақияи ҳисобҳои синтетики ва

ададҳои дар дигар ҳисоботҳо инъикос ёфта.

Ҳисоботҳои буҷетӣ дар намуди дастур ба ҳар саҳифа рақам гузошта шуда, дар барандагони қоғазӣ ва электронии ахбор тартиб дода мешавад. Ҳисоботи буҷетй бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби тақсимкунандаи асосӣ, гирандагони маблағҳои буҷетии ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазина-вии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд, дода мешавад.

Намуд ва шаклҳои ҳисоботхои буҷетӣ

Ҳисоботҳои муассисаҳои буҷетӣ ба солона, семоҳа ва моҳона чудо карда мешаванд.

Ҳисоботҳои солона ва семоҳа шаклҳои зеринро дар бармегирад:

  • тавозуни иҷрои буҷетӣ тақсимкунандаҳои асосӣ, гирандагони маблагҳои буҷетӣ;
  • тавозуни оид ба амалиётҳои хазинавии иҷрои буҷет;
  • тавозуни иҷрои буҷет;
  • варақаи шарҳдиҳӣ, маълумотнома;
  • ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ;
  • ҳисобот дар бораи иҷрои буҷетӣ ташкилкунандаи асосӣ, гирандагони маблағҳои буҷетӣ;
  • ҳисобот дар бораи иҷрои буҷет;
  • маълумотнома дар бораи бақияи воситаҳои пулӣ дар банк будаи гирандагони маблағҳои буҷетӣ.

Ҳисоби моҳона, ҳармоҳа аз шаклҳои зерин иборат аст:

  • ҳисобот оқд ба даромад ва хароҷоти хазина;
  • маълумотнома оид ба ҳисоббаробаркунии дохилӣ;
  • маълумотнома оид ба бақияи воситаҳои пулӣ дар ҳисоби дар банк будаи гирандагони маблағҳои буҷетӣ;
  • ҳисоботи иҷрои буҷети тақсимкунандаҳои асосӣ, ги-рандагони маблағҳои буҷетӣ;
  • хисоботи ҳармоҳа оид ба иҷрои буҷет;
  • маълумотнома оиди амалиётҳои ғайрихазинавии иҷрои бучет.

Тартиби сохтани тавозуни иҷрои буҷет оид ба дохилшавӣ ва хориҷшудани маблағҳои буҷетӣ

Тавозуни иҷрои буҷети тақсимкунандаи асосӣ, гиран-дагони маблағҳои буҷетӣ дар ҳар семоҳа тартиб дода меша-вад. Тавозун аз ду боби актив ва ду боби пасив иборат аст, ки дар он бақияи маблағҳои буҷетӣ (сутунҳои 3, 6), маблағҳои ғайрибуҷетӣ ншпондиҳандаҳои ҷамъбастй (сутунҳои 5, 8) дар аввали сол ва охири давраи хдсоботӣ инъикос карда мешавад.

Сутунҳои 3, 4, 5 «Дар аввали сол» барои инъикоснамо-ии арзиши активҳо, ӯхдадориҳо натиҷаи молиявӣ дар аввали сол нигаронида шудааст.

Арзиши активхо, ӯҳдадориҳо ва натиҷаи молиявӣ дар охири соли ҳисоботи дар графаҳои 6, 7, 8 «Дар охири соли ҳисоботӣ» инъикос карда мешавад.

Тартиби сохтани ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷет

Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети тақсимкунандаи асосӣ, гиракдагони маблағҳои буҷетӣ аз тарафи гирандагони маблағҳои буҷетӣ тартиб дода мешавад ва аз тарафи ташкилотҳое, ки хизматрасонт хазинавии иҷрои буҷетро амалй мегардонанд, тасдиқ карда мешавад.

Ҳисобот аз рӯйи фаъолияти б^’четй ва аз рӯйи фаъо-лияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолият, ки даромад меорад, алоҳида тартиб дода мешавад.

Дар ҳисобот дар графҳои 1-5 нишондиҳандахои зерин нишон дода мешаванд:

Дар графаи 1 номгӯи нишондиҳандаҳо бо сохтори зерин:

1) даромади буҷет;

2) хароҷоти буҷет;

3) сарчашмаҳои маблағгузории дохили ва берунии касри буҷет.

Дар сутуни 2 рамзи сатрҳои номгӯи нишондиҳандаҳои хдсобот нишон дода мешавад.

Дар сутуни 3 рамзи таснифоти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи бобҳои ҳисобот:

Таснифоти даромад, таснифоти хароҷот, таснифоти сар-чашмаҳои маблағгузории касри буҷет, нишон дода мешавад.

Дар еутуни 4-уми ҳисобот аз рӯйи фаъоляти буҷет мувофиқи бобҳои ҳисобот ҳаҷми лимитҳои тасдиқшудаи аз рӯйи даромади буҷет, хароҷотҳои иҷозат додашуда нишон дода мешавад.

Дар сутуни 4-уми хдсобот аз рӯйи фаъоляти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияте, ки даромад меорад – мувофиқи бобҳои ҳисобот ҳаҷми маблағи даромад ва хароҷоти сарчашмаҳои маблағгузории касрии буҷет дар мувофиқа бо харҷномаи тасдиқшудаи даромад ва харочот аз рӯйи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияте, ки даромад меорад нишон дода мешавад.

Дар сутуни 5 «Харочотҳои бучет» ҳисобот аз рӯйи фаъолияти буҷетӣ – ҳачми меъёрии тасдиқшудаи ӯхдадории буҷетӣ аз рӯйи харочотҳои бучет нишон дода мешавад.

Тартиби сохтани ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ

Ҳисобот оид ба натичаи фаъолияти молияви аз тарафи гирандагони маблағҳои буҷетӣ тартиб дода мешавад.

Сутунҳои ин ҳисобот ба таври зерин амали гардонида мешаванд:

дар сутуни 1 номгӯи нишондиҳандаҳо;

дар сутуни 2 рамзи сатрҳои ҳисобот;

дар сутуни 3 рамзи амалиётҳои таснифшудаи сектори идоракунии давлати;

дар сутуни 4 «Фаъолияти буҷетӣ» нишондиҳандаҳои натиҷаи молиявӣ аз рӯйи амалиётҳои иҷрои бучет;

дар сутуни 5 «Фаъолияти ғайрибуҷетӣ» нишондиҳан-даҳои натиҷаи молиявӣ дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолият, ки даромад меорад;

дар сутуни 6 «Ҳамагй» оид ба ҳамаи сатрҳо маблағузории нишондиҳандаҳо аз рӯйи сутунҳои 4 ва 5 ни-шон дода мешавад.

Тартиби сохтани ҳисобот оид ба хазина дохил шу-дан ва хориҷ шудани воситаҳои пулӣ

Ҳисобот оид ба хазина дохил шудан ва хориҷ шудани воситаҳои пулӣ аз маълумотҳо оид ба ҳарахсати воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои буҷетӣ, дар ҳисоби ягонаи буҷетии гашкилотҳое, ки хизмати хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд иборат аст.

Ҳисобот ҳар моҳ дар асоси нишондиҳандаҳои китоби асосӣ оид ба дохил шудан ва хориҷ шудани воситаҳои пулӣ аз рӯйи ҳисобҳои буҷетӣ, ҳисоби ягонаи буҷетии ташкилотҳое, ки хизмати хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд, тартиб дода мешавад.

Дар сутунҳои 1- 4 -уми ҳисоботи ташкилотҳое, ки иҷрриши буҷетро таъмин мекунанд ва ташкилотҳое, ки хизмати хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд, нишондиҳандаҳои зерин қайд мепгавад:

дар сутуни 1 номгӯи нишондиҳандаҳо бо тартиби зерин:

  • дохил шудани воситаҳои пули (аз рӯйи амалиёти молияви, инвеститсионй, ҷорӣ);
  • хориҷшавии воситаҳои пули (аз рӯйи амалиётҳои молиявӣ, инвеститсионй, ҷорӣ);

дар сутуни 2 рамзи сатрҳои номгӯи нишондиҳандаҳои ҳисобот;

дар сутуни 3 рамзи таснифоти буҷети ҶТ, таснифоти даромад, таснифоти хароҷот, таснифоти сарчашмаҳои маблағгузории касри буҷет;

дар сутуни 4 боби 1 «Дохилшави», дар сутуни 5, 6 боби 2 «Хориҷшавӣ» ва боби 3 «Тағйирёбии бақияи маблағҳо» ба хисоб гирифта мешавад.

Тартиби сохтани ҳисоботи ҳармоҳаи буҷет

Ҳисоботи буҷетӣ маълумотҳоро оид ба бақияи воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои бонкӣ, воситаҳои буҷетӣ доир ба ҳисоббарқароркунии дохили ғайрихазжавӣ дар бар ме-гирад.

Маълумот бояд оид ба бақияи воситаҳои пулӣ дар ҳисоби бонки гирандаи воситаҳои бучетӣ аз тарафи гирандаи воситаҳои буҷетӣ аз рӯйи ҳар як ҳисоби дар бонк кушодашу-да, аз ҷумла аз рӯйи хдсоби воситаҳои фармоишударо ҳамин тавр, аз рӯйи ҳар як ҳисоби шахсии дар ташкилот кушодашу-да, ташкилкунандаи иҷрои буҷет ё ташкилоте, ки хизматра-сонии хазинавии иҷрои буҷетро мегузаронад, дар асоси маълумотҳои дар ҳисоби паситавозунӣ 17 «Дохилшавии воситаҳои пулӣ ба хдсоби бонки муассиса» бо раҳҳри хдсоби арифметики фарқи байни ҳисоби нишондодашуда инъиикос ёфта гирифта мешавад. Дар ин ҳолат бақия аз рӯйи воситаҳок буҷетӣ дар давраи ҳисоботй гарифташуда аз ташкилоти иҷрои буҷет ва тақсимкунандаи асоси воситаҳои буҷетӣ дар ҳисоби бз^етӣ дар ташкилотҳои кредитӣ кушодашуда, аз рӯйи рамзи ҳар як идора инъикос меёбад, ҳамин тавр таснифоти вазифавии хароҷотҳо ва манбаъҳои маблағгузорӣ кам-шавии буҷет ва дар ҳисоби аналитики ҳисоби 090 «Ҳисоботҳои дохилй байни тақсимкунандаи асосӣ ва гирандаи воситаҳо» инъикос мегардад.

Маълумотнома оиди ба бақияи воситаҳои буҷетй бо адади арзи хориҷӣ аз рӯйи нишондиҳандаи курси арзи хориҷй ва эквиваленти сомонӣ, ки Бонки миллии Тоҷикстон дар давраи хдсоботӣ муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.

Дар ҳолати аз тарафи муассисаҳо иҷро кардани фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз натиҷаи он даромад мегиранд, маълумотнома оид ба бақияи воситаҳои пули, ки дар ҳисоби шахсии он ршъикос ёфтааст, дар идораи ташкилкунандаи иҷрои бучет ё ташкилоте, ки хизматрасонии хазинавии ичрои бучетро мегузаронанд кушода шудааст бояд аз тарафи

ҳамон ташкилот, яъне ташкилкунандаи иҷрои буҷет, ё таш-килоти хизматрасони хазинавии иҷрои буҷет тасдиқ карда шавад. Бақия аз рӯйи маълумотнома оид ба бақияи воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои бонкй гирандаи воситаҳои бучетӣ пешниҳодшаванда бояд буҷети тақсимкунанда асоси воситаҳои буҷетӣ пешниҳодшаванда бояд дуруст ва аниқ бошад, дар рӯзи ҳисоботи ғайр аз 1-уми январ нусха аз ҳисоботи муассисаи кредитӣ (қарздиҳанда аз рӯйи ҳолатя ба 1-уми январ бо имзои роҳбар, сармуҳосиб ва нақши мӯҳри бонкӣ тасдиқ карда шуда бошад.

Тақсимкунандаи асосии (Вазорат, кумита) маълумот-номаи ҷамбастиро оид ба бақияи воситаҳои пулӣ дар ҳисоботҳои бонкигардидаи воситаҳои буҷетӣ бо роҳи арифметики ҷамъ кардани бақияҳо, ки дар ҳисоботҳои бонкӣ гирандаи воситаҳои буҷетӣ бо нишони тақсимкунандаи асосӣ пешниҳод карда шудааст, тартиб медиҳад. Ҳамин тавр, маьлумот оид ба бақияи воситаҳои буҷетӣ дар ҳисоботҳои бонкӣ гирандаи воситаҳои буҷетӣ аз рӯйи ҳисоботҳои бонкии худ дар асоси тартиботи муқарраршуда барои гирандаи воситаҳои буҷетӣ истифода карда мешавад.

Маълумотнома аз рӯйи ҳисоббаробаркунии дохилии ш. 286 маълумотнома аз рӯйи ҳисоббаробар-кунии дохилӣ Ш.286. Аз тарафи тақсимкунандаи асосӣ гирандаи воситаҳои буҷетӣ дар асоси маълумотномаҳое, ки дар рӯзи ҳисоботӣ дар ҳисоботҳои мувофиқи ҳисоби 090 ҳисобҳои дохилӣ бай-ни тақсимкунандаи асосӣ ва гирандаи воситаҳо тартиб дода мешавад. Гардиши буҷетӣ ҳисоботҳои мувофиқи ҳисобҳои 090 «Ҳисобҳои дохилӣ байни тақсимкукандаи асосии ва гирандаи воситаҳо» дар сутуни б тақсимкунандаи асосии воситаҳои буҷетӣ бо сомонӣ инъикос ёфта, бояд ба гардши кредитии ҳисоботҳо мувофиқи ҳисоботҳои 090, сутуни 3 ифода ёфта тақсимкунанда ва ифодахои воситаҳои буҷетӣ бо ифодаи сомонӣ мувофиқат намояд. Идораҳои хизматрасо-нии хазинавӣ иҷрои буҷетро иҷрокунанда маълумотномаро аз рӯйи ҳисоби дохилй дар асоси маълумотномаҳо, ки дар давраи хдсоботӣ аз рӯйи ҳисоботҳо мувофхгқи ҳисобҳои 111 «Ҳисобҳои дохил ва хориҷшавӣ аз буҷет», 110 «Ҳисобкунии дохилӣ доир ба дохилшавӣ ба буҷет», 101 «Ҳисобкунии

дохилӣ оид ба хориҷшавӣ аз буҷет»-ро тартиб медиҳанд. Гардиши дебиторӣ хдсобхои 091 «Ҳисобкунии дохилӣ аз рӯйи дохилшавӣ ба буҷет», ки дар сутуни 6 бо «сомонӣ» ифода ёфтааст, идораи хизматрасони хазинавии иҷрои буҷет ба анҷом расонидани маблағи андоз ва дигар ҳисобҷудокунии ба бучетгузаронида бояд ба гардиши кредитии ҳисобҳои 110 «Ҳисобкунии дохилӣ аз рӯйи дохгашавй ба буҷет» (сутуни 3 боифодаи сомонӣ) идора иҷрокунии хазинавии иҷрои буҷет, ки маблағи андозҳо ва дигар ҳисобҷудокуниҳоро қабул мекунанд, мувофиқат кунанд.Гардиши дебетӣ аз рӯйи ҳисобҳои 114 «Ҳисобкунии дохилӣ оид ба хориҷшавӣ аз буҷет» (ки дар сутуни 6 бо сомонй инъикос ёфтааст) идораи иҷрокунии андози хизматрасонии иҷрои буҷет аз рӯйи воситаҳои гузаронидашуда ба гардиши кредитии ҳисобҳо 101 «Ҳисобҳои дохилӣ аз рӯйи хориҷшавӣ аз буҷет» (дар сутуни 3инъикос шуд) идораи иҷрокунандаҳои хизматрасонии иҷрои буҷет гирандаи воситаҳо мувофиқат намояд.

Маълумотноима аз рӯйи амалиётҳои ғайрихазинавии

иҷрои буҷет

Маълумотнома оид ба амалиётҳои ғайрихазинавӣ дар бораи иҷрои буҷет аз тарафи гирандаҳои воситаҳои буҷетӣ ҳар моҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои муайяни тасдиқкунандаи амалиётҳои даромад, хароҷот, манбаи маблаггузории, кам-чинии буҷет, иҷрои амалиётҳои ғайрихазинавӣ ва инъикоси онҳо дар ҳисоботҳо тартиб дода мешавад. Тартиб додани чунин маълумотнома аз рӯйи фаъолияти соҳибкорй ва дигар фаъолиятҳои даромаддиҳанда пешбинй карда шудааст.

Роҳбари асосӣ маълумотномаи ҷамъбастиро доир ба амалиётҳои ғайрихазинавӣ оид ба иҷрои буҷет бо роҳи ҳисобкунии арифметики бақияи маблағҳо аз рӯйи амалиётҳои ғайрихазинавӣ оид ба иҷрои буҷет дар асосӣ пешниҳоди мувофиқ ба роҳбарият (тақсимкунанда ва гирандаи воситаҳои буҷетӣ), ки доир ба амалиётҳои ғайрихазинавии худӣ бо тартиби муқарраршуда барои гирандаи воситаҳои бут^етӣ тартиб дода шудааст, таҳия мена-мояд.

Тартиби таҳияи қисмҳои ҷудогонаи ахбори

эзохдиҳанда ба ҳисоботи солонаи буҷетӣ

Ахбори эзохдиҳанда аз тарафи роҳбари асосии гиран-даи воситаҳои буҷетӣ, идораи ташкилкунандаи иҷрои буҷет, идораи татбиқкунандаи хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет тартиб дода мешавад.

Идораи ташкилкунандаи иҷрои буҷет ва роҳбари асосӣ мустақилона метавонад миқцори замимаҳоро ба ахбори эзохдиҳанда аз таркиби ҷадвалҳои солонава шакли ҳуҷҷатҳо мӯҳлати пешниҳоди онҳоро муайян намояд.

Масъалаҳои умумии ташкили

фаъолияти муассисаҳои буҷетӣ

ИзображениеТартиби ташкили муассисаи буҷетӣ ба таври нақшавӣ бо нишондоди самтҳои асосии фаъолияти қисмҳои таркибӣ ва тағйирёбӣ дар давраи ҳисобкунӣ нишон дода шудааст. Вазифа ва кори ташкилотҳои буҷетӣ бояд асосҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад.

Маълумот оид ба тартиби микдори муассисаи б^^ҷетӣ тобеи маъмурияти асосй буда, вобаста ба самти фаъолияти онҳо ( аз рӯйи қисмҳои гурӯҳбандии хараҷотҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба замимаи ахбороти таваҷҷӯҳи эзохдиҳанда пешиҳод карда мешавад.Дар он бояд маълумотҳои ҷамъбастй, ки аз тарафи маъмурияти асосӣ аз рӯйи муассисаҳои зерин оварда мешавад:

  • оид ба микдори дараҷаи идораи воситаҳои буҷет дар системаи маъмурияти асосӣ, воситаҳои буҷетӣ ва маълумот оид ба ин дараҷаи идора;
  • оид ба таркиби маъмурият ва гирандаи воситаҳоибуҷетӣ;
  • оид ба микдори ҳақиқии корхонаҳои давлати ва хусусӣ;
  • оид ба тағйирот дар низом гирандаи воситаҳои буҷетӣ, ки дар салоҳияти маъмурияти асосии воситаҳои буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ дохил аст.

Низоми назорати дохилӣ. Низоми назорати дохилӣ (аз тарафи маъмурияти асосӣ гузаронидашаванда ва дар итоати муассисаҳои воситаҳои буҷетӣ гиранда) барои риояи талаботи қонунгузории буҷет тартиб додан, сохтани иҷрои харҷномаи даромадҳо ва хароҷотҳо (назорати буҷетӣ), вазъи молиявӣ самаранок истифода кардани захираҳо ва воситаҳои молиявии муассисаҳои буҷетй бо дуруст будани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобот бояд натиҷаи ба даст овардаро дар бар гирад.

Ташкили ҳисобгирии буҷетӣ дар муассисаҳои буҷетӣ.

Ба сифати характерноки ташкили ҳисобгирии буҷет дар ташкилоту муассисаҳои буҷетй зарур аст, ки номгӯй ва мазмуни мухтасари ҳуҷҷатҳои муассисаи асосии тапжилку-нандаи асосӣ) воситаҳои буҷетӣ, ки масъалаҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобгирӣ дар сохтори зертобеи муассисаҳои бучетӣ танзим мекунад, ҳамин тавр чораҳои баланд бардош-тани ихтисосҳо ва аз нав тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия ва бухгалтерии қабул кардашударо нишон дщад.

Ғайр аз ин оид ба истифодаи методҳои баҳисобгири буҷетро барои баҳо додан ба актавҳо ваӯхдадорӣ муассисаҳои буҷетӣ, ҳамин тавр амалиётҳо оид ба тағйирёбии онҳо дар рафти иҷрои буҷет бояд маълумот дода шавад.

Натиҷаи фаъолияти муассисаҳои буҷетӣдар давраи

ҳисоботӣ.

Барои тавсифи фаъолияти муасеисаҳои буҷетӣ зарур аст, ки мақсади фаъолияти онҳо муайян карда шавад. Вобаста ба мақсади онҳо самти фаолият муассисаҳои буҷетй, ки аз мақсади онҳо бармеояқц, муайян кардан л озим аст. Ҳар як самтро, ки аз мақсади асосии муассисаҳои буҷетӣ бармеояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунанда, ки самтҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи мухталиф муайян мекунанд, асоснок карда мешавад. Ҳамчунин зарур аст, ки

ҳар як вазифа амалишаванда, бояд аз ҷиҳати ҳуқуқи асоснок карда шавад.

Натиҷаҳои асосии фаъолият бояд аз рӯйи ҳар як самти фаъолият аз рӯйи нишондиҳандаи нақшавй ва ҳақиқӣ ҳаҷм ва сифати хизматрасони буҷетӣ, натиҷавӣ, ҳамин тавр аз рӯйи имконият барои ба захираҳо дастрас шудан он натиҷаҳои лозимӣ бояд нишон дода шавад (шумораи кор-мандон, арзиши амвол, хараҷоти буҷет, ҳаҷми харқд ва ғайра). Маълумотҳое оид ба натиҷаи фаъолият тавсия карда мешавад, ки дар занимай ахбороти маълумотномавӣ нишон дода мешавад.

Чораҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои буҷетӣ

Дар ин қисм чораҳои баланд бардоштани самарокии истифодаи воситаҳои буҷетӣ, мунтазамии раванди истифодаи воситаҳои буҷетӣ, мунтазамии раванди гирифтани маблагҳои буҷетӣ, зиёд кардани ҳиссаи харид дар асоси оз-мун, тақсими воситаҳои буҷетӣ вобаста ба ҳаҷми хизматрасонй ва бевосита аз рӯйи натщаи охирин пешниҳоди нишондодҳои ҳисоботӣ, ки маълумотҳояш аз рӯйи чораи мувофиқ қабул карда шудааст, бояд нишон дода щавад.

Бо мақсади гузаронидани тахдили хдсоботи иҷрои буҷет тақсимкунандаи асоси воситаҳои буҷет (Вазорат, Кумита, Агентӣ ва ғайра) бояд маълумотро оид ба тағйирёб™ нақшаи буҷет дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқй (модцаҳои кодекси буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буҷет), ҳаҷми тагйирёбии во-ридшуда, сабабҳои воридкунондани тағйиротҳо ба қисми хароҷоти буҷет дар давоми ҳисоботӣ пешниҳод намояд. Маълумотҳо овд ба ворид намудани тағйирот дар накщаи буҷетӣ тақсимкунандаи асосиро зарур аст, ки дар замимаи ахбороти маълумотномавӣ пешниҳод карда шавад.

9 Загрузки

Барои таҳлили иҷрои б^^ҷет бояд сабабҳои иҷронашудани буҷет аз рӯйи ҳар як гурӯҳ, зергурӯҳи тасяи-фоти вазифаи хараҷоти буҷет нишон дода шавад. Маълумот оид ба хазинаи иҷрои буҷет бояд ба замимаи ахбори маълумотномавӣ нишон дода шавад. Натиҷаи таҳлили бонкӣ алоқамандии байни хароҷотҳои буҷет ва натиҷаи ги-

рифташуда аз рӯйи самтҳои асосии фаъолият (вазифаи асоси) бояд вобаста ба имконият бо баҳои миқцорӣ дар замимаи ба ахбороти маълумотномавй нишон дода шавад. Маълумот оид ба самаранокии хароҷоти буҷет пешниҳод карда мешавад.

Таҳлили иҷрои барномаи мақсаднок, зеро барномаҳо вамарҳилаҳои ҷудогонаи он супоришдиҳанда, ки муассис аст, бо нишондоди сабаби иҷро нашудани наждлаи буҷет, дар давраи ҳисоботӣ дар замимаи ахбороти тавзеҳӣ пешниҳод карда мешавад.

Илова ба ин зарур аст, ки шаклҳои истифодашавандаи қарзҳои хоричии мақсаднок мувофиқ ба барномаи давлати қарзҳои хориҷӣ, аз худ кардашуда, барои мақсади истифода кардан ва ахборот оид ба дастрас шудан барои кушодани сабаби ичро нашудани мақсади гузошташуда (дар замимаи ахбороти тавзеҳӣ инъикос карда шавад.

Тахдиди истифодаи матни моддаҳои Қонун (қарорҳо) оид ба буҷет, натиҷаи таҳлил оид ба иҷрои матни бонкҳо қонун, қарорҳо оид ба буҷет бо нишондоди сабаби пурра бонкҳои маблағгузорй карда нашудан ва пайдо яхудани бонкҳои бақияи истифодашудаи маблағҳои ҷудошудаи дар охири давраи хдсоботиро дар бар мегирад.

Натиҷаи таҳлил алоқаманди байнҳаҷм (таркиб) хароҷоти буҷет ва натиҷаи гирифташуда аз рӯйи самтҳои асосии фаъолияти (вазифаҳои асосӣ) бояд дар замима «Маълумот оид ба самтҳои хароҷоти буҷет» пешниҳод карда шавад. Бақияҳои маблағҳои ҷудонашудаи дар охири давраи хисоботӣ истифодашударо дар бар мегирад.

528
Нет комментариев. Ваш будет первым!