Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Сохти ҳуҷайра. Ба монанди дигар мавҷудоти зинда бадани одам низ аз ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳуҷайраҳо дар байни моддаҳои байниҳуҷайравӣ ҷой гирифтаанд. Ин моддаҳо ҳамчун манбаи ғизо устувории ҳуҷайраҳоро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳо шаклу андозаю амалиёти гуногун доранд, вале аз ҷиҳати сохт ба ҳамдигар монанданд. Ҳар як ҳуҷайра аз ҷилд, ситоплазма ва ядро (ҳаста) иборат аст .

Ҷилди ҳуҷайра бо парда пӯшида шуда, аз якчанд қабат молекулаҳо иборат аст ва табиати липидӣ (чарбӣ) дорад. Ҷилди нимгузаронандаи ҳуҷайра моддаҳоро ба таври интихобӣ мегузаронад.

Ситоплазма муҳити ниммоеъи дохили ҳуҷайра мебошад. Дар он органоидҳои ҳуҷайра аз қабили ядро, ядроча, рибосомаҳо, лизосомаҳо, митохондрияҳо, комплекси Голҷи, тӯри эндоплазматикӣ, маркази ҳуҷайра ва парда ҷойгиранд (расми 1).

Ҳар як органоид вазифаи муайянро ба ҷо меорад. Масалан, митохондрия манбаи нерӯи ҳуҷайра аст, рибосома барои ҳосилкунии сафеда хизмат мерасонад. Ядро манбаи асосии тақсимшавии ҳуҷайра аст. Дар дохили ядро нахҳои риштамонанд — хромосомаҳо мавҷуданд. Миқдори хромосомаҳои одам дар ядрои ҳуҷайра 23 ҷуфтанд. Онҳо манбаи асосии маводи ирсӣ мебошанд.

Таркиби химиявии ҳуҷайра. Ҳуҷайра аз пайвастагиҳои гуногуни химиявӣ иборат аст, ки онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1) пайвастагиҳои органикӣ; 2) пайвастагиҳои гайриорганикӣ.

Пайвастагиҳои органикии ҳуҷайра. Пеш аз ҳама ба ин гурӯҳ сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ дохил мешаванд. Ин пайвастагиҳо барои иҷроиши ин ё он вазифа нақши калон мебозанд (расми 2).

Сафедаҳо — моддаи асосӣ ва хеле мураккаби ҳар як ҳуҷайраанд. Дар молекулаашон пайвастагиҳои гайриорганикӣ садҳо ва ҳазорҳо маротиба калон мебошад. Сафедаҳо сарчашмаи ҳаётанд. Баъзе сафедаҳое ҳастанд, ки реаксияҳои кимиёвиро тезонида, вазифаи катализаторро иҷро мекунанд, онҳоро фермент меноманд.

Чарбҳо ва карбогидратҳо «масолеҳи бинокорӣ»-и ҳуҷайра буда, барои фаъолияти ҳаётии организм ҳамчун манбаи нерӯ хизмат мекунад.

Кислотаҳои нуклеинӣ дар ядрои ҳуҷайра ҳосил мешавад. Номи кислотаҳо аз калимаи лотинӣ (нуклеус — ядро) гирифта шудааст.

Пайвастагиҳои ғайриорганикии ҳуҷайра. Ба ин пайвастагиҳо об ва намакҳои минералӣ дохил мешаванд. Миқдори об дар ҳуҷайра аз ҳама зиёдтар буда, қариб 80%-ро ташкил ва дар ҳама равандҳои ҳаёт иштирок мекунад. Моддаҳои гизоии маҳлул аз моддаи байниҳуҷайравӣ иборат буда, ба воситаи парда ба ҳуҷайра дохил мешаванд. Об инчунин барои аз ҳуҷайра хориҷ шудани моддаҳое, ки дар натиҷаи реаксияҳои химиявӣ ба вуҷуд меоянд, мусоидат мекунад. Намакҳои минералӣ дар ситоплазма на он қадар зиёд буда, дар ҳаёти ҳуҷайра нақши калон мебозанд. Ба ин намакҳо калий (К+), калсий (Са+), натрий (Ка+), магний (М§+) ва гайраҳо дохил мешаванд.

Хосияти ҳаётии ҳуҷайра.

Муҳити дохилии организм

Мубодилаи моддаҳо хосияти асосии ҳаётии ҳуҷайра мебошад. Дар ҳуҷайра моддаҳои гизоӣ бо мунтазам оксиген ворид гашта, маҳсулоти таҷзия ҷудо мешавад. Ин моддаҳо дар раванди биохимиявӣ иштирок намуда, ҳосилшавии сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва пайвастагиҳои онҳоро, ки аз моддаҳои содда иборатанд, таъмин менамояд. Моддаҳои ҳосилшуда ба ҳуҷайраҳои муайяни организм хосанд. Мисол, дар мушакҳо сафедаҳо таҷзия шуда, кашишхӯрии онҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари таҷзияи биологӣ дар ҳуҷайраҳо пайвастагиҳои узвӣ ба амал омада, таркиби моддаҳои мураккаб соддатар мегардад.

Қариб ҳамаи реаксияи таҷзия бо иштироки гази оксиген, об ва хориҷшавии нерӯ ба амал меояд. Нерӯи ҳосилшуда барои ҳуҷайра лозим аст. Барои ҳуҷайра сабзиш ва афзоиш хос мебошад. Дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як ҳуҷайраи модарӣ ду ҳуҷайраи духтарӣ ҳосил мешавад. Онҳо инкишоф меёбанд ва чун ҳуҷайраи модарӣ калон мешаванд. Ҳуҷайраҳо аз якчанд соат то даҳҳо садҳо соат умр мебинанд. Ҳуҷайраҳои зинда омилҳои физикӣ ва химиявиро ҳис мекунанд. Онҳоро қобилияти мутаассиршавӣ (ҳаяҷонпазирӣ) меноманд. Ҳуҷайра дар зери таъсири омилҳои беруна ба ангезиш меояд. Дар он суръати синтези биологӣ, таҷзияи моддаҳо, талабот ба оксиген ва ҳарорат тагйир меёбад. Ҳамин тавр ҳуҷайраҳо вазифаи муайяни худро иҷро мекунанд. Мисол: ҳуҷайраи гадудҳо маҳсули гуногун ҷудо менамояд. Ҳуҷайраҳои мушак кашиш мехӯрад. Дар ҳуҷайраи асаб ахбори дохилшуда паҳн мешавад.

Муҳити дохилии организм. Бисёрии ҳуҷайраҳои бадан бо муҳити беруна алоқаманд нестанд. Фаъолияти ҳаётии онҳоро муҳити дохилӣ таъмин мекунад. Ин муҳит аз се моеъ: байниҳуҷайравӣ, хун ва моеъи лимфа иборат аст. Ин моддаҳо аз як тараф ҳуҷайраро бо маводи барои ҳаёт зарур таъмин кунад, аз тарафи дигар маҳсули таҷзия аз ҳуҷайра хориҷ мегардад. Таркиб ва хосияти физикию кимиёвии ин моддаҳо дар ҳуҷайра нисбатан доимианд ва ин ҳолати мӯътадили кори ҳуҷайраро таъмин менамояд.

734
Нет комментариев. Ваш будет первым!