Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофтаҳо. Маҷмӯи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравӣ, ки аз рӯи пайдоиш, сохт ва иҷрои амал ба ҳамдигар монанд буда, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд, бофта номида мешавад. Дар организм чор гурӯҳи бофтаҳоро фарқ кардан мумкин аст: эпителӣ, васлкунанда (пайвасткунанда), мушак ва асаб (расми 3).

Бофтаи эпителӣ (аз калимаи юнонӣ эпи — дар рӯй, дар боло) рӯи бадан, гадудҳо ва ковокиҳои узвҳои дохилиро мепӯшонад.

Бофтаи васлкунанда — ба он хун, лимфа, бофтаҳои устухонӣ, тагоякӣ ва гизоӣ дохил мешаванд.

Бофтаи мушакӣ — бофтаи асосии мушакҳои скелетӣ ва дигар узвҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Ин бофтаҳо вазифаи кашишхӯриро иҷро мекунанд.

Бофтаи асабиро бофтаҳои магзи сар ва ҳароммагз ташкил мекунанд. Ҳуҷайраҳои асабро нейрон меноманд. Нейрон аз се қисм: ҷасади нейрон, изофаи кӯтоҳ, изофаи дароз иборат аст.

Аъзо ва системаҳои узвҳо. Аз бофтаҳо узв ба вуҷуд меояд. Узвҳо шакл, сохт ва мавқеи муайян доранд, вазифаҳои гуногунро 8 иҷро мекунанд. Як қисми узвҳо дар ковокии бадан (расми 4) ҷой гирифтаанд, аз ҳамин сабаб онҳоро узвҳои дохилӣ меноманд (расми 5).

Узвҳое, ки якҷоя вазифаи умумиро иҷро мекунанд чунинанд:

Системаи такягоҳу харакат — аз устухонҳо ва мушакҳои ба онҳо часпида иборат аст. Ин имконият медиҳад, ки одам рост истад, ҳаракат кунад, корҳои мураккабро иҷро кунад, инчунин узвҳои дохилиро аз осеббинӣ ҳимоя кунад.

Системаи ҳозима — дар ҳазмкунии ғизо ҷаббидани моддаҳои ғизоӣ дар хун иштирок мекунад. Системаи ҳозима аз нойи ҳозима — ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, рӯда ва ғадудҳои ҳозима чун луҳоббарорӣ, ҷудо намудани шираи меъда, рӯда, зери меъда, ҷигар ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Системаи иммунӣ — организмро аз таначаҳои бегонаи зараровар ва моддаҳои зидди онҳо ҳимоя мекунад. Ба ин система мағзи сурхи устухон, ғадуди душоха (тимус), гиреҳҳои лимфагӣ, испурч, бофтаҳои лимфоидӣ, роҳҳои нафаскашӣ ва узвҳои ҳозима дохил мешаванд.

Системаи гардиши хун — узвҳои бадани одамро бо моддаҳои ғизоӣ, оксиген таъмин намуда, аз он гази карбон ва дигар моддаҳои нодаркориро ба узвҳои ихроҷ меорад. Хун вазифаи ҳимоявиро иҷро мекунад. Аз дил ва рагҳои хун иборат мебошад.

Системаи нафаскашӣ — Ин раванди мубодилаи газҳо байни муҳити беруна ва шуш мебошад. Ба ин система ковокии бинӣ, гулӯ, ҳалқ, нойи нафас, бронхҳо, бронхиолаҳо, алвеолаҳо ва шуш дохил мешаванд.

Системаи шошаю таносул — Узви асосии системаи шошаро гурдаҳо ташкил мекунанд, ки тавассути гурдаҳо аз организм ба воситаи пешоб моддаҳои нодаркорӣ бо роҳҳои пешобгузар ба пешобдон (масона) ва аз он бо роҳҳои пешоббаро ба берун бароварда мешаванд. Тавассути узвҳои таносул бошад насли оянда тавлид мешавад, ки ин ҳам бошад ҳангоми омезишёбии нутфа бо ҳуҷайратухм ба амал меояд.

Системаи асаб — Тавассути ин система танзимкунии кори якҷояи ҳамаи узвҳо, мутобиқиятии онҳо ба шароитҳои муҳит таъмин карда мешавад. Масалан, ба воситаи узвҳои ҳис, чашм, гӯш, бинӣ, забон, пӯст алоқамандӣ бо муҳити атроф таъмин карда мешавад. Бе мавҷудияти системаи асаб фаъолияти бошууронаи одам ва рафтори ӯ танзим карда намешавад. Системаи асаб аз майнаи сар, ҳароммағз, қисмҳои асаб иборат аст.

Системаи эндокринӣ (дохилй). Ғадудҳои секретсияи (тараш- шӯҳи) дохилӣ, ки аз худ ҳормон ҷудо мекунанд, ҳамчун ҳолати идоракунии биологӣ, ки тавассути хун ва моеъи организм таъсир мерасонанд. Ба ин система ғадудҳои ҳипофиз, эпифиз, сипаршакл, наздисипаршакл, душоха (тимус) зери меъда, болои гурда, ҷинсии мардона, занона дохил мешаванд. Ҳормонҳо ба фаъолияти организмҳо таъсири мусбат ва манфӣ мерасонанд.

Системаи функсионалӣ — Барои иҷрои ин ё он вазифа узвҳои организм дар якҷоягӣ амал мекунанд. Ин фаъолияти муваққатии онро системаи функсионалӣ меноманд. Аввалин маротиба дар соли 1935 системаи функсионалиро ба илм дар асоси таҷрибаҳои худ олими бузурги рус академик П.К. Анохин дохил кардааст.

Ҳамин тавр, организми одам хеле мураккаб буда, аз системаи узвҳо сохта шудааст, ки онҳо аз бофтаҳо, ҳуҷайраҳо ва моеъи байни ҳуҷайравӣ иборатанд.

635
Нет комментариев. Ваш будет первым!