Симои зоҳирӣ.ҳусни рафтори расмӣ ва сиёсӣ

Маданияти низоми либоспӯшӣ.симои .

Симои зоҳирии инсон маъмулан таасуроти нахустин ва муҳимро боқӣ мегузорад. Бо он ки шинохти беҳтар ва амиқтари сират ва ҷаҳони мураккаби ботинии инсон, дарки мазмуни арзишҳои маънавӣ ва идеалҳои зиндагӣ ва бахусус, кӯшиши табии шинохти ҷавҳари инсон сабабгори нисбатан ва тадриҷан хира гардидани таассуроти симои зоҳирӣ, либос, манераҳо ва хусусиятҳои дигари амали зоҳирӣ ва ва рафтор мегарданд, вале хилофи ин ҳама ва ҳатто талошҳои огоҳона, таъсири симои ҳоҳирӣ муассир ва дарозмуддат аст. Агар инсони нек ва дорои хислатҳои бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар бобби симои зоҳирӣ ( либос, манераҳо, ҳаракат, тарзи муносибат ва ѓайра) таассуроти манфӣ гузорад, асари он муддати тӯлонӣ эҳсос хоҳад шуд.

Шарти муҳимтарин ва асоситарини симои зоҳирӣ аз диди одоби сиёсӣ ва расмӣ покии тамоми аъзои бадани инсон аст. Чун шахси расмӣ ва сиёсӣ баёнгари симо ва фарҳанги низоми сиёсӣ ва давлатӣ мебошад ва ҳамзамон бо афроди зиёд (чӣ роҳбарону ҳамкорон, чӣ шаҳрвандон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ) сарукор дорад, бояд доимо поку ботароват ва дилкашу ҷаззоб бошад. Бахусус тарошидани риш, гирифтани нохунҳо, сару рӯи доиман пока мри ҳатмӣ мебошад. Истифодаи атриёт ва василаҳои дигари хушбуй амали писан даст, вале ҳадди мақул ва эътидолро бояд шинохт, то бӯи онҳо боиси нороҳатии дигарон ва таассуроти манфӣ (дар мавриди завқи паст, худнамоӣ ва ѓайра) нагардад.

Ниҳоят зарур аст, ки шахси сиёсӣ ва расмӣ чеҳраи боз ва кушода дошта бошад. Чини абрӯ ва виқори сохта дар дигарон, маъмулан, таассуроти манфӣ боқӣ мегузорад, ҳамкорон ва афроди муроҷеъро нороҳат ва ҳатто дурр месозад. Ҳамзамон дар ҳар маврид ҷиддият, диққат ва суботи хотиру зеҳнро бояд ҳифз кард.

Сирату сурати инсон бояд якдигарро мукаммал намоянд ва шахс бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад. Либос як нишонаи зоҳири инсон аст, ки дар сурати зебо дӯхта шудан ва ба тани шахс, вақт, мавзеъ ва синну сол мувофиқ будан ҳусну ҷамоли ҳар як фардро зоҳирану ботинан афзун намуда, ба ӯ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Аммо либоси ба синну сол, ба мавзею вақт номувофиқ ҳам ба фаъолияти кас зарар мерасонад ва ҳам хусни зоҳиру ботини ӯро қабеҳ менамояд. Аз ин рӯ талаботи либоспӯшӣ, ки дар тӯли таърих дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд, бояд аз ҷониби ҳама риоя карда шаванд.

Арбобони илму маърифат, тиббу ҳикмат аз замонҳои қадим пеш аз ҳама ба тозагии либос диққат дода, онро чун гарави саломатӣ ва хуштабиатии инсон шумурдаанд. Ба ҳамин сабаб барои шахс ҳар рӯз либоси наву қиматбаҳо пӯшидан шарт набуда, балки риоя намудани тозагии либоси ҳаррӯза шарти аввалини эстетикаи либоспӯшӣ аст. Дар баробари тоза будан либос бояд дарзмолшуда бошад. Дарзмол намудан на фақат либосро зебову шинам менамояд, балки аз ҷиҳати гигиенӣ низ онро тозаю озода мекунад.

Дар табиат ҳамеша мутобиқати рангҳо зебоиро афзуну дилчасп менамояд. Мутобиқат намудани либос ба сурат ҳам ҳусни инсонро зеботар гардонида, аз шартҳои муҳими эстетикаи либоспӯшӣ ҳисобида мешавад. Аз ин ҷост, ки бояд ҳар як фард ранги ба худаш муносибу дилкашро донад. Ранги либос ҳамчунин ба синну сол, ба талаботи фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии шахс бояд мувофиқ бошад. Либос ва рангу ороиши он ҳеч гоҳ набояд василаи фахру маѓрурӣ ва намоиши сарватмандию мансаб гардад.

Дар баробари риоя намудани ҷиҳатҳои эстетикию гигиении либос ба масъалаҳои ҷузъии либоспӯшӣ низ аҳамият додан зарур аст. Масалан, баъзан ҳангоми саросемавор аз хона баромадан набудани тугмаҳои шим, курта ё пиҷак сабабгори ба хиҷолат овардани писарон шуданаш мумкин аст. Духтаронро бошад, дарозии доман, ҷӯроб, тартиби мӯю рӯй метавонад ба ҳолати хиҷолатовар расонад. Аз ин рӯ бояд то аз хона баромадан шахс дар назди оина бодиққат худро аз назар гузаронида, ба тартиб дарорад. Дар хонадон аҳли оила, берун аз он рафиқон бояд оинаи якдигар бошанд ва камбудиҳои ҳамдигарро оид ба либосу шакли зоҳирӣ бо маслиҳати дӯстона, бе таънаву маломат ислоҳ намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси дарида, чиркин, бадбӯй, ранголуд ҳозир шудан мумкин нест, зеро бо ин кор табъи дигаронро хира ва либосашонро ифлос кардан имкон дорад.

Бо одоби либоспӯшии шахс ороиш додани рӯю мӯй, овезон кардани гӯшвор ва истифодаи ороишоти дигар робатаи ҷудонашаванда доранд. Аз ин рӯ талабот оид ба ороиши бадан низ, ки ҷузви муҳими эстетика ва этикаи инсон аст, бояд ҳатман аз ҷониби ҳама риоя карда шавад. Масалан, истифодаи зару зевари зиёд ё расмкашию холкубӣ дар бадан ҳусни инсонро мекоҳонад.

Ҳар як шахс ҳар рӯз чандин нақша дорад. Масалан, ба таҳсил ё кор меравад ва баъди он ба тӯй, маҳфил, машқ ё сайругашт раҳсипор мешавад. Ё худ, шахс вақти холии худро дар хона мегузаронад. Дар хотир бояд дошт, ки шароиту талаботи таҳсилу кор дигар аст ва шароиту талаботи тӯй, хона ё машқҳои варзишӣ дигар. Бо ҳамин сабаб дар баробари донистани рангу мӯди мувофиқ ва андозаи либоси ба худ зебанда, донистан ва риоя намудани либоспӯшӣ дар ҷойҳои гуногун ва аз кадом навъи матоъ будани либос ҳам ба ҳар як шахс зарур аст. Дар асоси ҳамаи ин омилҳо либосҳоро аз ҷиҳати мавқеи истифодаашон ба либосҳои хонагӣ, хобу таҳпӯш, рӯзмарра, корӣ, мактабӣ, маросимӣ, сафарӣ, варзишӣ ва ѓайра тақсим намудан мумкин аст. Либос нишонаҳои миллӣ ҳам дорад. Ҳар яке аз ин навъи либосҳои зикршуда мувофиқи талаботу шароити зарурӣ интихоб ва ба бар карда мешаванд.

Либоси миллӣ — либосҳои занонаю мардонаеро, ки бо тарзи дӯхт, таносуби рангҳои худ фарқ карда, чун ҷузъи маданияту фарҳанг ба ин ё он халқ тааллуқ доранд, либоси миллӣ мегӯянд. Либоси миллии ҳар як халқ дар тӯли асрҳо мутобиқи шароити ҷуѓрофӣ, тарзи истеҳсолот, дараҷаи рушди фарҳангии ин халқ ба вуҷуд омада, тибқи талаботи замон инкишоф меёбанд.

Либоси миллии ҳар халқ ганҷинаи гаронбаҳои фарҳанги умумибашарӣ ба шумор меравад. Маҳз бо хусусияти хос доштан ва бо завқи мардум наздик будан ва ормонҳои мардумиро ифода кардан чун анъана дар шароити имрӯза низ тарроҳон намунаҳои беҳтарини либосҳои миллиро дӯхта, ба муштариёни худ манзур намуда истодаанд. Тарроҳон ва муштариён бояд асолати миллии либосҳоро бояд ҳамеша нигоҳ доранд ва асосҳои миллии онро аз назар дур насозанд. Аз ин рӯ сазовори таъкид аст, ки эҳтироми миллати худ дар кӯҳнапарастона ҳимоя намудани урфу одатҳои қафомонда нест, балки ба талаботи вақту замон мувофиқ кардани ҳамаи либосҳо ва арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин асос интихоби пӯшидани либоси миллӣ ё аврупоии занона ва мардона имрӯз бояд танҳо ба завқи эстетикию фарҳангии ҳар як шахси ба камол расида вогузор карда шавад ва онҳо дар доираи фарҳанги либоспӯшӣ бояд дар интихоби дурусти либосҳо сайъу талош намоянд. Барои хонандагон бошад, то ба камол расиданашон дар интихоби шакли либос бояд падару модар, аҳли хонадон мутобиқ ба тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф роҳнамоӣ намоянд.

Либоси миллӣ одатан ба намояндагони ҳамон миллат зебанда мебошад. Бинобар ин бояд шаҳрванд ин талаботро риоя намояд. Баъзан чунин ҳам ба мушоҳида мерасад, ки иддаи аз ҳамватанони мо тақлидкории сунъӣ ба сару либосҳои миллатҳои дигар намуда, ҳусну таровати зебоии хешро бо пӯшидани либосҳои ѓайр коҳиш медиҳанд. Ин низ ба фарҳанги либоспӯшӣ мувофиқ нест. Аз ин рӯ пӯшидани либосҳои миллии халқҳои дигар (ба истиснои чорабинихои фарҳангию маҳфилҳои вобаста ба ҷашнҳои миллии халқият ва халқҳои дигар, ки дар чорчӯбаи ягон чорабинӣ ташкил мешавад) бо иллати зебо будани он ва ё ба талаботи динию мазҳабӣ мувофиқат кардани онҳо дар ҷомеаи дигар ва аз тарафи намояндагони миллати дигар дар ягон кишвари олам қобили қабул нест. Либоси миллии тоҷикӣ ҷавобгӯи тамоми талаботи ҷуѓрофӣ, фарҳангӣ ва динии миллати мо буда, барои пӯшидани либосҳои миллии халқҳои дигар ягон ҳоҷате вуҷуд надорад.

Либоси хонагӣ — ин курта, шим, поҷома, ҷома, тоқӣ ва либосҳои дигаре аст, ки фақат дар хона ва саҳни ҳавлии шахсӣ пӯшида мешаванд. Одатан шахс пас аз таҳсилу кор либосҳояшро ба ин навъ иваз мекунад. Аз рӯи одоб ва гигиена пас аз шустушӯ либоси хонагиро мепӯшанд. Бо ин либос шахс дар сари мизи хӯрок ва корӣ менишинад, дар назди аҳли оила мегардад. Либоси хонагӣ бояд аз матои муносиб, тоза, шинам, ба синну сол ва мавсим мувофиқ бошад.

Либоси хоб ва таҳпӯш — курта, поҷома, майка ва навъҳои дигари либос, ки барои хоб рафтан ё пӯшидан аз таги либосҳои дигар истифода мешаванд. Агарчи либосҳои мазкур хусусияти фардӣ доранд, вале ҳамеша онҳоро тоза нигоҳ доштан лозим аст. Бо чунин либосҳо дар айвон (балкон) ё кӯча гаштугузор кардан нишонаи беодобист.

Либоси рӯзмарра ва кӯча — пироҳан, костюм, шим, тоқӣ, боронӣ, палто ва либосҳои дигар, ки ҳангоми ба кӯча, сайругашт, меҳмонӣ, ба тамошои синамо, театр, осорхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ рафтан пӯшида мешаванд (ба истиснои ҷойи таҳсил ё кор). Либосҳои мазкур бояд мувофиқи фасли солу вазъи обу ҳаво бошанд ва ҳатман ба талаботи замона ва ҷое, ки меравед, ҷавоб гӯянд.

Либосҳои маросимӣ — чунин либосҳо дар тӯй, рӯзҳои иду хурсандӣ ва ё баръакс, дар лаҳзаҳои нохушӣ ба бар карда мешаванд. Барои тӯю ид ҳар кас мувофиқи завқи худ либос интихоб мекунад. Ба хонандагон дар ин кор падару модар ва аҳли хонадон бояд кӯмак кунанд. Дар лаҳзаҳои нохушӣ бошад, мувофиқи расму оини аҷдодони худ тоҷикон одатан либосҳои кабуд, сабз ва ё сиёҳ мепӯшанд. Риоя кардан ва ё риоя накардани пӯшидани либосҳои маросимӣ ба ихтиёри худи шахс ва оила аст.

Либоси корӣ — либосҳое, ки дар вақти кор дар муассисаю ташкилоти давлатию ѓайридавлатӣ пӯшида мешаванд. Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки самаранокӣ ва сифати меҳнат ба навъи либоси корӣ низ вобаста аст. Аз ин рӯ барои озодона меҳнат кардан либоси кории ҳар як шахс бояд ба шароити кори ӯ мувофиқ бошад. Агар дар корхона ё ташкилот навъи ягонаи либос ва ранги муайяни он таъин шуда бошад, риояи он барои ҳама ҳатмист. Дар навбати худ тозагӣ, назорати либоси корӣ на фақат гарави устувории саломатист, балки дараҷаи интизому одоби кормандро нишон медиҳад. Бо либоси махсуси корӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ намераванд.

Либосҳои протоколӣ – либосҳое мебошанд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо Президент, маҷлисҳои расмӣ, ҷаласаҳои ҳукуматӣ, вохӯрӣ бо шахсиятҳои расмӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ пӯшида мешаванд. Ин гунна либос ҳам барои мардон ва ҳам барои занон махсус буда, пӯшидани он ва риоя кардани он дар ҷойҳои таъкидшуда ҳатмӣ мебошад. Ин ҳусни инсон ва фарҳанги ӯро нишон медиҳад.

Умуман ба ҳар як шахс зарур аст, ки чӣ тавр либоси тозаву озода пӯшидан, мутобиқ ба либос оро додани мӯю рӯй, гӯш ва зоҳири худро дар маҷмӯъ ба хубӣ бидонад, мутобиқ ба муҳити иҷтимоию ҷуѓрофӣ сару либос ба бар кунад ва дар сурати мавҷуд будани талаботи ҳатмӣ дар ҷои таҳсилу кор онҳоро риоя намояд. Риояи одоби либоспӯшӣ шахсро ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо намуда, дар назди ҳамнишинон ва ҳамсӯҳбатон эътибори ӯро даҳчанд мекунад.

1.72K
Нет комментариев. Ваш будет первым!