Маълумот дар бораи Web сервер

Вазифаи Web-сервер дар он аст, ки алоқаро бо браузер таъмин менамояд ва ба дархостҳои он ҳуҷҷатҳои HTML равон месозад. Ин ҷараён бо истифода аз протоколи HTTP сурат мегирад. Web-сервер компютерест, ки ба шабака пайваст буда, бо барномаҳои махсусгардонидашуда таъмин аст. Ин компютери серверӣ бояд суръати баланди пайвастшавӣ (суръати баландтар аз суръати модемҳои оддӣ) бо интернетро дошта бошад. Инчунин дар он бояд имконияти кор бо якчанд истифодабаранда дида шавад. Барои Web-серверҳо системаҳои омилии устувор интихоб карда мешавад (ба монанди Linux Ubuntu-server, Linux Virtual Server ва Windows Server 2012). Инчунин барномаҳоеро, ки аз истифодабарандагон дархостҳоро қабул намуда ҷавоб мегардонанд Web-cepвep низ меноманд.

Аксарияти ташкилотҳо ва ширкатҳои калон Web-серверҳои шахсии худро доранд, ки онҳо алоқаи беистро байни компютери истифодабарандагон ва маълумотҳои серверӣ ба воситаи интернет таъмин мекунанд.

Барои лоиҳаи сохташуда ё саҳифаи сохташудаи HTML-ро дар Web-cepвep ҷойгир намудан иҷозати дастрасӣ ба Web-сервер лозим аст. Ин дархост ҳангоми харидории сатҳи холигии диск дар Web-cepвep (хостинг) аз провайдерони интернетӣ амалӣ мегардад.

Интернет-провайдер ширкатест, ки истифодабарандагони компютерро бо интеренет таъмин менамояд.

Ин ширкат Web-сервери шахсии худро дошта, ҳамеша бо интернет пайваст мебошад. Инчунин хизматрасониҳои дастрасӣ ба интернетро ба шахсони алоҳида ва ё ба ташкилотҳо мефурушад.

478
Нет комментариев. Ваш будет первым!