Web – саҳифа ва Web – сомона (web-сайт)
Web-саҳифа (Web-страница) ин ҳуҷҷати алоҳидаест, ки дар Web нашр шудааст ва дилхоҳ намуди иттилоотро (матн, расм, овоз, видео) дар бар мегирад. Web-саҳифаҳо дар диски компютерҳое, ки Web – сервер ном доранд нигоҳ дошта мешаванд ва ба ҳама истифодабарандагони шабака барои хондан дастрас мебошанд.
Аксар вақт дар телевизион ва ё дар саҳифаҳои рузномаҳо навиштҳои зайл https://tojikon.com ва ғайраро вохурдан мумкин аст, ки онҳо суроғаҳои сомонаҳо (Web-сайт) ном доранд.
Сайтҳо (Web-Site) – бахши тори анкабути ҷаҳонӣ ба шумор рафта аз маҷмӯи саҳифаҳо (файлҳо)-и дар забони HTML навишташуда ва байни худу дигар сайтҳо бо ёрии фаропайвандҳо пайвастшуда иборат мебошад. Ҳар як сомона ҳадди ақал дорои як саҳифа мебошад. Сомонаҳо ба ягон ташкилот, муассиса ё ба шахс тааллуқ дошта одатан оид ба ягон мавзӯъ сохта шудаанд.Ҳангоми тамошои сомона аввал саҳифаи аввал, яъне асосии он инъикос мегардад. Имконияти гузариш аз як саҳифа ба саҳифаи дигар ва ҳатто ба дигар сомонаҳо дар саҳифаҳои сомона дида мешавад.
Аввалин сомона дар ҷаҳон бо номи info.cem.ch соли 1990 сохта шудааст. Муаллифи он олими британӣ Тим Бернере-Ли дар он технологияи нави World Wide Web-po дар асоси протоколҳои интиколи маълумотҳо HTTP, системаи суроғагузорию равонкунии URI ва забони нишонагузории HTML таҷассум намуда буд.
Ҳар як саҳифаи Web суроғаи шахсии худро дорад, ки он URL ном гирифтааст.
URL (Uniform Resource Locator) – cypoғaи компютерии яке аз объектҳои интернетӣ мебошад.
Навишти суроғаҳои сомонаҳо асосан аз 3 қисм иборат буда, қисмҳо мафҳуми ба худашон хосро дар бар гирифтаанд. Масалан tojikon.net. Қисми аввали суроға сервери онро ифода мекунад. Қисми дуюм номи истифодабаранда ва ё ширкатро мефаҳмонад, ки ҳангоми бақайдгирӣ аз тарафи истифодабаранда ё ширкат муқаррар карда мешавад. Қисми сеюм номи домении сервере мебошад, ки дар он ин сомона ба қайд гирифта шудааст.