Доменҳои ҷуғрофӣ ва мавзӯӣ (тематикӣ)

Домен қисми сеюми суроғаи сомона ба шумор рафта ҷуғрофӣ ва мавзӯӣ мешаванд. Доменҳои ҷуғрофӣ ба ҳар як давлат тааллуқ дошта, доменҳои мавзӯӣ бошанд вобаста ба мавзӯи сомона интихоб мегарданд.

Доменҳои ҷуғрофӣ ба давлатҳо барои пайвастшавӣ ба шабака муқаррар карда мешаванд ва бо ду ҳарфи лотинӣ ишора мегарданд:

  • tj Тоҷикистон
  • at Австрия
  • аn Австралия
  • be Белгия
  • bg Булғория
  • ca Канада
  • ch Швейтсария
  • cy Кипр
  • de Олмон
  • es Испания
  • fi Финляндия
  • fr Фаронса
  • gr Юнон
  • it Италия
  • jp Ҷопон
  • hl Голландия
  • no Норвегия
  • pl Полша
  • ru Россия
  • se Шветсия
  • tr Туркия
  • tw Тайван
  • uk Британияи Кабир
  • ua Украина
  • us ИМА

Домеҳои мавзӯӣ (тематикӣ) бошанд намуди фаъолиятро дар сомона ифода мекунанд ва бо зиёда аз се ҳарф ишора машаванд:

  • gov муассисаи ҳукуматӣ
  • com ташкилоти тиҷоратӣ
  • net ташкилоти шабакавӣ
  • mil ташкилоти ҳарбӣ
  • int ташкилоти байналмиллалӣ
  • edu ташкилоти таълимӣ
  • shop мағозаи шабакавӣ
  • pro муассисаи тахассусӣ
  • museum осорхонавӣ
  • coop иттиҳодиявӣ
  • biz лоиҳаи корӣ
  • info равияи иттилоотӣ
  • aero индустрияи (саноати) авиатсионӣ
  • name саҳифаҳои шахсӣ
  • web веб-ташкилот
  • store мағозаи вертуалӣ
  • arts ташкилоти маданӣ

Доменҳо дар ширкати махсуси ICANN (The Internet Corporation for Assigned Names and Numbers) ба қайд гирифта мешаванд. Cypoғаи сомонаи ин ширкат чунин аст: www.icann.org.

Доменҳои мавзӯиро метавон аз сомонаҳои гуногун харидорӣ намуд. Ширкатҳои тоҷикӣ низ мавҷуданд, ки ба фурӯши доменҳо машғуланд, аммо мо барои шумо ҳангоми харидории домени мавзӯӣ (тематикӣ, .com, .info, .edu ва ғ.) ширкатҳои хориҷиро тавсия менамоем, чунки арзон ва хизматрасонии хуб доранд. Аммо барои харидани домени тоҷикии .tj ширкатҳои ватанӣ тавсия дода мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯши доменҳо якчанд ширкатҳои мобилӣ, якчанд сомона ва ширкатҳои хусусӣ машғуланд. Мисли Amriddin Web (amriddin.com), Тоҷиктелеком, Вавилон Мобайл ва ғайра.

274
Нет комментариев. Ваш будет первым!