Протоколҳои махсуси TCP/IP
Transmission Control Protocol / Internet Protocol (TCP/IP) дастаи махсуси қоидаҳоест, ки стандарти новобастаи интиқоли додаҳоро таъмин мекунад. Ба воситаи он компютерҳои алоҳида ба як шабака муттаҳид мегарданд.
Протоколҳо шарҳи ҳоли физикӣ ва мантиқии шабакаро ифода карда метавонанд. Шарҳи ҳоли физикиро (ба монанди сатҳ ва шакли сигналҳо дар хати алоқа, таҷҳизотҳои қабулкунанда равонкунандаи иттилоот, кортҳои шабакавӣ ва ғ.) протоколҳои сатҳи поёнӣ ифода мекунанд.
Internet Protocol (IP) – ин протоколи сатҳи поёнӣ буда тарзи ирсоли якчанд дастаи иттилоотро муайян мекунад. Transmission Control Protocol (TCP) – ин протоколи сатҳи баланд буда ба шарҳи ҳоли мантиқии шабака ҷавобгӯйбуда, шакли маълумотҳои ирсол мешударо муайян намуда, ҳифзи онҳоро аз халалсозӣ ва махфиятии онҳоро таъмин месозад. Фаъолияти интернет дар асоси ин ду протокол амалӣ мегардад.
Гипермуроҷиат (Гиперссылки) қисми матн ё расм буда ҳамчун ишора барои гузаштан ба дигар файл ё ба дигар объект дар Web-саҳифаҳо истифода мешаванд.